БИСТ ПАЙКОРҶӮИ ТОЛИБОН ДАР ҲИЛМАНД КУШТА ШУДАНД
Дар даргириҳои тозаи пайкорҷӯёни Толибон бо нерӯҳои афғон дар вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон дастикам бист нафар аз шуришиён ва ду маъмури пулис кушта шуданд. Дафтари устондори вилояти Ҳилманд гуфтааст, ки ин даргириҳо дирӯз дар вулусволиҳои Нодалӣ ва Мусоқалъаи ин вилоят рух дод.
Чаҳордаҳ нафар аз пайкорҷӯён ва ду нафар аз нерӯҳои пулис дар ҳамлаи пайкорҷӯён ба як исти бозрасӣ дар Мусоқалъа кушта шудаанд. Шаш нафари дигар аз аъзои Толибон ҳам дар даргириҳои дигаре, ки дар Нодалӣ рӯй дода буд, кушта шуданд. Ин дар ҳоле аст ки нерӯҳои амниятии афғон ҳафтаи гузашта масъулиятҳои амниятии шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилмандро аз нерӯҳои Бритониё таҳвил гирифтанд.
Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар дидор бо афсарони артиш ва пулиси Афғонистон гуфта буд, ки интиқоли масъулият ба нерӯҳои афғон "муваффақияти" бузурге барои нерӯҳои афғон аст.
Қарор аст то поёни соли 2014 Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НАТО) ба маъмурияти низомии худ дар Афғонистон поён диҳад, аммо масъулон бовар доранд, ки кишварҳои узви НАТО то солҳои зиёде бо Афғонистон дар заминаи бозсозӣ ва идораи давлат ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Би-Би-Си