14:30:44 01-уми Июли 2025 сол

БОЗДОШТИ 19 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ

Расонаҳои Русия мегӯянд, пулиси шаҳри Маскав 19 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қасди ғорати як амбор боздошт кардааст.

Бино ба хабарҳо, ин афрод ҳангоми ҳамла ба яке аз амборҳои воқеъ дар кӯчаи Боровая дар пойтахти Русия замоне дастгир шуданд, ки бо таҳдид аз туфангча посбононро баста, молҳои амборро ба ду мошини боркаш бор мекарданд. Гуфта мешавад, аз аъзои ин гурӯҳ  як туфангчаи навъи “Оса” ва як норинҷаки худсохт мусодира шудааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ