06:19:36 06-уми Июни 2025 сол

ТОҶИКИСТОНРО БА НАМОИШГОҲИ "АГРО- 2021" ДАЪВАТ КАРДАНД

7 июли соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муовини вазири кишоварзии вилояти Челябински Федератсияи Россия Инна Подшивалова мулоқот кард.

consol tajik 202111111Ҳини мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байниминтақавиро дар арсаҳои кишоварзӣ ва туризм бар пояи санадҳои мавҷудаи марбута муфассалан арзёбӣ намуданд. Дар ин пасманзар таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатон ба мавзӯи марбут ба бузургтарин намоишгоҳ-ярмаркаи агросаноатӣ дар минтақаи Урал таҳти унвони «Агро-2021», ки қарор аст дар шаҳри Челябинск 19-21 августи соли 2021 бо иштироки Губернатори вилояти Челябинск ва намояндагони муассисаҳои махсусгардонидашудаи федералии Россия баргузор шавад, равона гардид.

Инна Подшивалова дар ин иртибот ҳайати Тоҷикистонро аз ҷумлаи намояндагони доираҳои расмӣ ва соҳибкорӣ даъват кард, ки ба "Агро-2021" ташриф оварда, бахши миллии кишварашонро дар ин намоиш-ярмарка ба маърази тамошо гузоранд. Таъкид гардид, ки имсол дар «Агро-2021» масъалаҳои асосии мубоҳиса робитаҳои тиҷорати хориҷӣ ва содирот хоҳанд буд.

Дар мубодилаи афкору пешниҳодот сардори Раёсати Вазорати кишоварзии вилояти Челябинск Игор Ворожцов, директори иҷроияи Ассотсиатсияи созмонҳои мунисипалии вилояти Челябинск "Горный Урал" Александр Решетов ва раиси ноҳияи мунисипалии Катав-Ивановский Николай Шиманович фаъолона ширкат варзиданд.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854