16:33:05 02-уми Июни 2025 сол

Таъсиси гӯшаи Исомиддин Соатов дар Китобхонаи миллӣ

Гӯшаи китобхонаи шахсии доктори илми тибб Исомиддин Соатов дар Китобхонаи миллӣ боз шуд.

kitobkhonai-milli-545487656Тавре ба "Рӯзгор" аз дафтари матбуотии китобхона иттилоъ доданд, ин гӯша дорои бештар аз 3 ҳазор китоб ва дастурамалҳое мебошад, ки ахиран оилаи Соатов ба китобхона тақдим намудааст. Дар маросими эҳдои китобҳо фарзандон, хешовандон, дӯстону ҳамкорон ва донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ ширкат карданд ва ҳамзамон шаби хотираи олими маъруф доир шуд.

Доктори илми тибб, профессор Исомиддин Соатов соли 2006, дар остонаи 63-умин солгарди ҳаёташ аз олам даргузашт. Марҳум саҳми боризе дар рушди дандонпизишкӣ гузошта, муаллифи бештар аз 170 кори илмӣ, аз ҷумлаи ду монография, ду китоби дарсӣ, чор дастурамали таълимӣ, ду луғати русӣ-тоҷикӣ ва русӣ-тоҷикӣ-форсӣ-инглисӣ ва чор тавсияномаи методӣ мебошад. Машҳуртарин китоби ӯ "Бемориҳои дандон ва равишҳои муолиҷаи он" аз беҳтарин китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ арзёбӣ мешавад. 

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854