06:54:01 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 28 29 30 31

Илму фарҳанг дар Паёми солонаи Президент

23-уми апрели соли равон чун анъанаи солҳои пеш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа кард. Паём фарогири муҳимтарин масъалаҳои зиндагӣ, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар буда, чун дастури корӣ барои як сол хидмат мекунад. Дар зер чанд иқтибос аз Паём дар мавриди илму техника ва фарҳангу маърифат меорем.

Истифодаи таҷрибаи пешқадам ва Маркази миллии тестӣ

emomali-rahmon 454578454"Муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро лозим аст, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонанд ва то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилотро таъмин намоянд".

Соли ҷорӣ қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бори аввал тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда мешавад. Мо ба ин кор дар асоси хоҳишу дархости зиёди падару модарон ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи кадрҳо, инчунин пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ дар ҷараёни имтиҳоноти қабул иқдом намудем.

Дар иртибот ба ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ҳамасола муайян ва ба аҳли ҷомеа пешниҳод намояд, то ки довталабон ихтисос ва мактаби олиро дуруст интихоб карда тавонанд".

Таваҷҷуҳ ба рушди илми ватанӣ

 "Мо барои тараққӣ додани илми ватанӣ дар 15 соли охир 362 миллион сомонӣ сарф намудем ва пешбинӣ кардаем, ки дар 7 соли оянда ба ин самт зиёда аз 600 миллион сомонӣ равона созем. Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои академӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтирооти нав, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.

Аз ҷумла муассисаҳои Академияи илмҳо вазифадоранд, ки дар иҷрои се ҳадафи стратегии давлат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ нақши фаъолона дошта бошанд. Ягона тақозои давлат аз олимону муҳаққиқон ин аст, ки илмро ҳамқадами замон созанд. Ба ибораи дигар, илм бояд ба халқ хизмат кунад ва ба пешрафти давлат мусоидат намояд.

Фарҳанг ва зиёӣ дар Паём

"Имрӯз тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг аз ҷумлаи проблемаҳои глобалии асри ХХI мебошад. Вобаста ба ин, мо бояд имрӯз низоми нави рушди соҳаи фарҳангро ташаккул диҳем, ки мазмуну мундариҷаи он ба ташаккули симои нави маънавии инсон таъсири амиқ гузошта, тафаккур, заковати фитрӣ, маънавиёт, майлу рағбати зебоипарастӣ ва ҳунари эҷодгариву анъанаҳои бузурги фарҳангсолории халқамонро инкишоф диҳад.

Иҷрои ин рисолати муҳимми миллӣ, ҳамчунин дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон решадор сохтани ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ба раванди ободониву созандагӣ даъвату сафарбар намудани мардум вазифаи аҳли зиё низ мебошад. Зеро зиёиён посдорони нангу номуси миллӣ ва равшангарони роҳи фардои миллатанд".

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 30 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi