13:46:32 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае,ки гузашт

Дар ҷараёни сафари кори худ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сохтмони корхонаи саноатии Ғаюр - Суғдсемент оғоз бахшид. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат ин корхонаи тавлиди семент дар масоҳати 20 гектар замини хушку саҳро бо маблағи 50 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби ширкати ватании Ғаюрсемент муштаракан бо шарикони чинии он аз ширкати Хуасин бунёд меёбад.

124554khabarho-2014-2015Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол 1,2 миллион тонна сементи навъи 500 буда, дар он қариб 1000 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд ва беш аз 85% коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Манбаъ мегӯяд, пеш аз омодашавии корхонаи сементи Ёвон наздики 100 нафар мутахассисони тоҷик дар филиалҳои ширкати Хуасин дар Ҷумҳурии Мардумии Чин омӯзиш диданд.

Навбати аввали корхонаи нав соли 2015 ва навбати дуюми он соли 2016 ба кор хоҳад даромад. Аҳамияти иқтисодию иҷтимоии ин корхона барои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вилояти Суғд ва умуман ҷумҳурӣ басо бузург аст, зеро ҳамасола беш аз 100 миллион сомонӣ ба давлат андоз хоҳад супорид.

ххх

Комиссияи марказии интихоботи Украина охири ҳафтаи гузашта сабти номи номзадҳо ба интихоботи президентиро ба анҷом расонид. Аз 46 аризаи воридшуда 23 дархост пазируфта шуд. Сабабҳои радди иддае аз пешниҳодҳо номвофиқатии аснод ва камбуди гаравпулӣ аст, ки қонун 2,5 миллион гривен (баробар 223 ҳазор доллар) муайян кардааст.

Тибқи иттилои расмии Комиссияи марказии интихобот Сергей Тигипко (аз ҳизби Минтақаҳо), сарвари собиқи вилояти Харков Михаил Добкин, президенти конгресси умумиукраинии яҳудиён, соҳибкор Вадим Рабинович, собиқ ҷонишини прокурори генералӣ Ренат Кузмин, собиқ ноиби сарвазир Юрий Бойко, директори генералии "Маркази барномаҳои зиддибуҳронӣ" Валерий Коновалюк, директори генералии "Интерагроэкспорт" Владимир Саранов, вакили ғайрифраксионии парламон Петр Порошенко, сарвари "Баткившина" Юлия Тимошенко, сарвари ҳизби Минтақаҳо Олега Ляшко,  собиқ сарвари хадамоти ҷосусии хориҷӣ Николай Маломуж, сарвари коммунистони Украина Петр Симоненко, соҳибкор Андрей Гриненко, сарвари "Правоий сго сектора" Дмитрия Яроша, украинского вектор" ва яке аз фаъолони Евромайдан Олга Богомолетс, сарвари ҳизби халқии Украина "Рух" Василий Куйбид ва чанд тани дигар ба қайд гирифта шуданд.   

ххх

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо хонум Кэрел Пэрес - Муовини аввали ёвари котиб аз Бюрои назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ИМА (INL) мулоқот кард. Тибқи иттилои сухангӯи ниҳод Хушнуд Раҳматуллоев сарвари Агентӣ меҳмононро бо таърих ва фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ шинос намуд, нисбати вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақа, рушди он, пайдоиши навъҳои нави маводи нашъаовар нақл намуд.

Соҳибмақоми Агентӣ изҳор дошт, ки  Тоҷикистон 3 барномаи миллии давлатӣ оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаоварро қабул ва амалӣ кардааст, 17 қарордоди байниҳукуматӣ, аз ҷумла бо Ҳукумати ИМА имзо гардида, "Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар барои солҳои 2013-2020" дар ҳоли иҷрост. Қайд гардид, ки дар якҷоягӣ бо ҳамкорони афғон 246 амалиёти муштарак гузаронида шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 15 тонна маводи нашъаовар мусодира гардид. Директори Агентӣ гуфт, ки дар Тоҷикистон уксуси кислотаи ангидрид, ки барои тайёр кардани героин истифода мешавад, тавлид намешавад ва ҳодисаҳои интиқоли қочоқии он аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қайд гирифта нашудаанд.

ххх

Аз аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон расман маъракаи ҷалби ҷавонон ба хизмати аскарӣ оғоз шуд. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд. Имсол Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ташкили даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро муовини нахуствазир оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Марҳабо Ҷабборӣ роҳбарӣ мекунад.

Ахиран Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супориш дода буд, ки ба "облава", яъне маҷбуран аз кӯча ба комисариатҳои ҳарбӣ бурдани ҷавонон хотима дода шавад. Ёдовар мешавем, ки ҳар сол барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Гуфта мешавад, ки ҳудудан 100 ҳазор нафар аз ҷумлаи ҷавонони ин синну сол дар муҳоҷирати меҳатӣ мебошанд.

ххх

Нерӯгоҳи обӣ-барқии "Сангтӯда-2", ки аз моҳи январ бо сабаби қарздор будани ШСХК "Барқи тоҷик" аз кор монда буд, аз аввали моҳи ҷорӣ дубора фаъолияти худро аз сар гирифт. Моҳи январ ҳаҷми қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз неругоҳ 133 млн. сомонӣ (27,8 млн. $) эълон шуда буд. Гуфтанист, ки сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" 20-уми феврали соли 2006 расман оғоз шуд. Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он  40 миллион доллар ва ҳиссаи Эрон 180 миллион долларро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар 120 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст. Тибқи муоҳадаи имзошуда 12,5 соли аввал даромади он пурра аз Эрон ва баъдан Тоҷикистон молики ягонаи он мешавад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi