04:05:56 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Бар асари роҳандозии як силсила амалиётҳои фаврӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафарро барои ширкат дар муомилоти ғайриқонунӣ боздошт кардаанд. Тавре Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи ниҳод ба "Рӯзгор" гуфт, дар амалиёти аввал, ки дар ноҳияи ба номи Ҷомии вилояти Хатлон сурат гирифт 5 нафар сари тиҷорати бастаҳои мухаддирот боздошт шудаанд.

124554khabarho-2014-2015Вай гуфт, ки дар пойтахти кишвар низ як тане мавриди боздошт қарор гирифт, ки аз ин пештар ба ҷурми содир намудани ҷинояти мухаддиротӣ аз озодӣ маҳрум шуда будааст. Бино ба иттилои манбаъ дар қаламрави ноҳияи Мурғоби ВМКБ кормандони Раёсати Агентӣ дар як пинҳонгоҳ аслиҳа дарёфт кардаанд. Аз рӯйи ин се ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани афроди дигари дар ин ҷиноятҳо дастдошта чораҷӯӣ мешавад.

ххх

Дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон афроди номаълум ба  бинои Комиссиюни мустақили интихоботӣ (КМИ) дар Кобул ҳамла карданд. Сарвари пулиси пойтахти Афғонистон Ҳашмат Станакзай гуфт, ки ҳамлаварон 3 ё 4 нафар буданд. Ҳамагӣ як рӯз пеш аз ин гуруҳи Толибон ба як меҳмонсарои хурд дар Кобул ду нафарро куштанд ва чаҳор тан муҳофизонро маҷрӯҳ намуданд. Аммо мақомоти давлатӣ дар ин иртибот аз кушта шудани панҷ ҳамлавар хабар доданд. 

ххх

Шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори баргузории ниммарафони V-уми байнулмилалӣ дар шаҳри Душанберо имзо намуд, ки 19 апрел доир мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии мақомоти шаҳрдории пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хадамоти дахлдори шаҳр оид ба муайян кардани ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни ниммарафон дастуру супориш додааст. Гуфта мешавад, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии пойтахт ҷиҳати ҷалби сарпарастон барои саҳм гузоштан дар баргузории мусобиқаи зикргардида ва мутобиқ намудани он ба сатҳи байналмилалӣ вазифадор карда шудааст.

ххх

Барои таҳкими бехатарӣ дар кишварҳои назди Балтик ИМА қасд дорад дар кутоҳтарин фурсат ба Латвия хизматчиёни ҳарбии худро эъзом кунад. Ин ҷо сухан дар бораи бригадаи вокуниши сареъи Strykerмеравад, ки бо ҷадидтарин ва модернтарин силоҳи муосир муҷаҳҳаз мебошад,-хабар медиҳад пойгоҳи иттилоотии Delfi. Ин бригада аз 1 000 то 8 000 сарбоз дорад ва нашрияи ёдшуда барои қиёс ин рақамҳоро овардааст: дар артиши касбии Латвия 4 ҳазор сарбозону афсарон ифои вазифа мекунанд. Ва дар муқоиса ба ин амрикоиҳо мехоҳанд як артиши томи мусаллаҳро дар қаламрави ин кишвар ҷо ба ҷо созанд. Бригадаи мазкур беш аз 300 мошини сабукрави Strykerдар ихтиёр хоҳад дошт, ки онҳоро метавон аз тариқи тайёраҳо ворид намуд. 

ххх

Парвандаи пурсарусадои Расули Амонулло, писари собиқ сарвари КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Амонулло Ҳукуматулло барои тафтиши иловагӣ аз Прокуратураи генералӣ ба Вазорати умури дохила баргардонида шуд. Расули Амонулло сабабгори садамаи ҳалокатбор ва марги се нафар шуда буд. Садама як нимишабии моҳи октябри соли гузашта дар хиёбони ба номи Рӯдакии пойтахт рух дода буд. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ Расули Амонуллои 16-сола дар вақти бо суръати баланд рондани автомашинаи "БМВ" ба мошини тамғаи "ВАЗ 21-014" бархӯрд. Бар асари ин ҳодисаи нохӯш 3 нафар ба ҳалокат расиданд ва мусофирони дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бистарӣ шуданд. 

ххх

Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузории лоиҳаи интиқол ва тиҷорати энержии барқии Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ (CASA-100)-ро барои чор кишвар: Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон тасдиқ намуд. Тибқи иттилоияи Бонки умумиҷаҳонӣ ин ниҳод барои татбиқи лоиҳа ба Афғонистон 316,5 миллион доллари ИМА дар шакли грант, ба Покистон ба маблағи 120 миллион доллар қарз ва барои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба маблағи 45 миллион долларӣ чун грант ҷудо мекунад. Дар доираи лоиҳаи CASA-1000 хати интиқоли энержии барқӣ ба масофаи умумии бештар аз 1200 километр ва бунёди пойгоҳҳои лозимӣ барои интиқоли энержии барқи ба Афғонистон ва Покистон дар назар дошта шудааст. 

ххх

Белоруссия ба таҳкими марзҳои Тоҷикистон 3 миллион доллар ҷудо кард. Дар ин бора Сафири Белоруссия дар Тоҷикистон Олга Гаврук зимни суханронӣ дар конфронси байналмилалии "Масъалаҳои бехатарии давлатҳои АвруОсиёи Марказӣ дар шароити назми ҷаҳони муосир: тамоилҳо ва равишҳои таъмини субот" хабар дод. "Дар айни замон раванди таҳияи ҳолатҳои техники расонидани ин кӯмак дар ҳоли баррасист ва масоили ташкилии дигар ҳам бояд мавриди ҳаллу фасл қарор гиранд",-гуфтааст сафир.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi