14:27:52 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

"Ҷоизаи Мустафо" (с) Нобели ҷаҳони Ислом барои ихтироъкорони мусалмон

"Садои Хуросон" ба нақл аз шабакаи иттилоотии "Ал-олам" хабар дод, ки ахиран Ҷумҳурии Исломии Эрон даст ба иқдомоте зад, ки дар таърихи ин кишвар ва ҷаҳони Ислом собиқа надошт. Маблағи ним миллион доллар барои ихтирооти донишмандони ҷаҳони Ислом ҷудо шуд, ки ҳамасола кашфиётҳои нави илмиро қадрдонӣ мекунад. Ибтикори мазкур дар остонаи Мавлуди Набии Акрам (с) сурат гирифт ва он "Ҷоизаи Мустафо" номида шудааст. 

jalasa-iran 454878778Доктор Абдусалом Маҷолӣ, раиси Академияи илмии ҷаҳони Ислом дар маросими эъломи ин ҷоиза гуфтааст, ки "Аз Эрон ба шоистагӣ таҷлил мекунем ва ҳам аз касоне, ки тасмим ба баргузории ин барнома гирифтаанд; зеро ин ҷоиза моро ташвиқ хоҳад кард, ки бори дигар ба сӯи илм ва пажӯҳиш ва ихтироъ баргардем ва даврони шукӯҳи ҷаҳони ислом ва бозёбии ҷойгоҳи воқеии худро дар ҷаҳон такрор кунем."

Қарор аст соли оянда дар ҳафтаи ваҳдати исломӣ бори аввал ин ҷоиза ба беҳтарин донишмандони фаъоли олами Ислом дар чор замина эъто гардад. Гуфта мешавад, ки арзиши ҷоиза барои ҳар фарди интихобшуда дар марҳилаи аввал 500 ҳазор доллар хоҳад буд. Афзоиши арзиши он дар ояндаи наздик пешбинӣ шудааст. 

Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар дуввумин нишасти Шӯрои сиёсатгузорӣ бо ишора ба иқдомоти ҳукумати ин кишвар гуфт: "Яке аз аҳдофи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамаи кишварҳои исломӣ иртиқои ҷойгоҳи илмии ҷаҳони Ислом аст". Вай ҳузури фаъоли ҷаҳони Ислом дар дониш ва фановариро мубтанӣ бар арзишҳои исломӣ хонд ва хотирнишон кард: "Умедворем "Ҷоизаи Мустафо" (с) битавонад нақши биcёр хубе дар заминаи густариши илм ва фановарӣ дар ҷаҳони Ислом ва ҷаҳон ифо кунад".

«Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi