53 КУШТА ДАР ПАИ СУҚУТИ ҲАВОПАЙМОИ КОНГО
09.07.2011 08:09
1293
Бовар меравад, ки дар суқути ҳавопаймое, ки 112 мусофирро ба фурудгоҳи Кисангании минтақаи шарқи Ҷумҳурии демократии Конго интиқол медод, 53 нафар кушта шуданд.
БОЗДОШТИ РАҲБАРИ ШӮЪБАИ "ОРИЁНБОНК" ДАР МӮЪМИНОБОД
07.07.2011 23:03
2350
То ҳанӯз макони буду боши Сафармад Рустамов, мулаққаб ба "Кабуд" барои наздиконаш маълум нест. Нурулло Рустамов, бародари ӯ мегӯяд, ҳафтае пеш бародарашро чанд тан аз намояндагони мақомоти интизомӣ боздошт карда, ба Душанбе ...
АМРИКО ДАР ТОҶИКИСТОН МАЙДОНИ ТИРАНДОЗӢ МЕСОЗАД
07.07.2011 22:52
1672
Дар минтақаи Қаратоғ сохтмони Маркази байналмилалии таълимӣ барои Горди миллии Тоҷикистон шурӯъ гардид. Ҳазинаи умумии ин тарҳ 10 милюн дулор буда ва он аз ҷониби давлати Амрико пардохт шудааст.
ДАРГИРИИ САНГИН ДАР НУРИСТОН 70 КУШТА БАР ҶОЙ ГУЗОШТ
07.07.2011 22:48
1606
Мақомҳои афғон мегӯянд, дар натиҷаи як даргирии сангин дар вилояти Нуристон, дар шарқи Афғонистон, беш аз сӣ нафар аз маъмурони пулис кушта шудаанд. Ҷамолиддини Бадр, волии Нуристон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳафт сарбози дигар дар ин даргириҳо ...
ИЗҲОРОТИ НАМОЯНДАГИИ ИА ОИДИ БОЗДОШТИ УРУНБОЙ УСМОНОВ
07.07.2011 09:43
1435
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон тасмими баёншудаи ҳокимиятдорони тоҷикро оиди инкори иттиҳоми тахминшудаи хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов нисбати узвият дар гурӯҳи Ҳизб-ут-Таҳрир мепазирад.
ПОЁНИ ТАҲҚИҚИ ПАРВАНДАИ ШАБЕХУНИ КАМАРОБ
07.07.2011 09:26
1284
Додситонии низомии Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҳамла ба корвони артиш дар дараи Камаробро анҷом додааст. Ҳомидҷон Ибодов, ёвари аршади додситони низомии Тоҷикистон ба мо гуфт, ба муҷарради таҳияи айбномаи ниҳоӣ, ин парванда ба додгоҳ ...
АНҶОМИ ТАҲҚИҚИ ПАРВАНДАИ ШАБЕХУНИ КАМАРОБ
06.07.2011 14:18
1570
Додситонии низомии Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҳамлаи хунини шаби 19 сентябр ба як корвони артиши ин кишвар дар дараи Камаробро амалан анҷом додааст.
МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН КАЙ ОҒОЗ МЕШАВАД?
06.07.2011 14:17
1457
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, оғози дақиқи моҳи мубораки Рамазон дар авохири моҳи июл маълум хоҳад шуд.
ТАХТАҲОИ ИТТИЛООТӢ ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ
06.07.2011 14:16
1538
Дар пешайвон ва толорҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тахтаҳои иттилоотӣ барои мусофирон насб карда шуданд. Акнун мусофирон оид ба раванди бақайдгирӣ пеш аз парвоз, назорати махсус, раванди бақайдгирӣ баъд аз парвоз, хизматрасонии толорҳои тиҷоратӣ ва толори меҳмонони махсус, оид ба интиқоли бор, бағоҷ ва дигар қоидаҳои вобаста ба бахши ҳавопаймоӣ маълумоти ....
ҲАРАКАТ ДАР ХИЁБОНИ МАРКАЗӢ ҚАТЪ МЕГАРДАД
06.07.2011 14:14
1370
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди хиёбони Рӯдакӣ (аз бурриши кӯчаи Карамов то бурриши кӯчаи Теҳрон) марҳила ба марҳила муваққатан қатъ карда мешавад. Аз ҷумла, аз 7 то 9 июл ҳаракати нақлиёт аз бурриши кӯчаи Карамов то гардиш ба кӯчаи С.Носир, аз 9 то 11 июл аз гардиши кӯчаи С.Носир ....
ДОНИШЧӮЁНИ ТОҶИК САЗОВОРИ ИФТИХОРНОМАҲО
06.07.2011 14:13
1386
Таҳмина Алиева ва Хизр Ҳакимзода, ки хатмкунандагони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мебошанд, сазовори Ифтихорномаҳои фахрии Донишгоҳи дӯстии халҳои Русия гардиданд. Ин донишҷӯён соли аввали магистратураи донишгоҳи мазкурро аъло хатм намуда, дар чорабиниҳои донишҷӯён иштироки фаъол намудаанд.
ҒАРҚ ШУДАНИ СЕ КӮДАК ДАР КОНОЛИ "БАЧАМАЗОР"
06.07.2011 14:12
1439
Се кӯдак аз як хонавода ба ҳангоми оббозӣ дар коноли “Бачамазор”-и ноҳияи Рӯдакӣ ғарқ шудаанд. Бино ба иттилоъи Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, ин ҳодисаи субҳи сешанбеи 5 июл, соъати 8-у 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод.
МАРЗБОНОНИ ШӮРООБОД ВАКИЛОНИ МАҶЛИСРО ЛАТУ КӮБ КАРДАНД
05.07.2011 22:30
1436
Се афсари дорои рутбаи майори воҳидҳои марзбонии Тоҷикистон дар Шӯрообод, панҷ сокини ин минтақа, аз ҷумла ду вакили маҷлисро лату кӯб карданд. Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба ин се афсари Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
ДУ ИНФИҶОР ДАР ИРОҚ ТАЛАФОТИ САНГИНЕРО БАР ҶОЙ ГУЗОШТААСТ
05.07.2011 22:28
1471
Вуқӯъи ду инфиҷори ҷудогона дар шаҳри Тоҷӣ, воқеъ дар ҳудуди бисткилуметрии шимоли Бағдод, дастикам бисту ҳафт кушта ва дастикам панҷоҳ захмӣ бар ҷой гузоштааст.
ШИРИН БУНЁД АЗ ДУНЁ ДАРГУЗАШТ
04.07.2011 21:50
1594
Шоир- вассофи кӯҳистон ва раиси адибони Бадахшон Ширин Бунёд аз дунё даргузашт. Шоми рӯзи 3-юми июни соли ҷорӣ устод Ширин пас аз чанд моҳ бистарӣ буданаш дар хонаи худ ҷон ба Ҳақ супурд. Хонаи ӯ дар деҳаи Хидорҷеви ноҳияи Роштқалъа аз хешону наздикон ...