САФАРИ ВАЗИРИ ХОРИҶАИ ТОҶИКИСТОН БА ТУРКМАНИСТОН
02.08.2011 16:51
1428
Ҳамрохон Зарифӣ - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, барои анҷоми музокироти иқтисодӣ ва сиёсӣ ба Ашқобод сафар кард. Ба гузориши хабаргузории «Форс» дафтари матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар иттилоияе мулоқоти ...
БАЛҶУВОН, ТАНҲО НОҲИЯИ ОРӢ АЗ ЭЙЧ-ОЙ-ВӢ ВА СПИД ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
02.08.2011 14:37
1284
Маркази мубталоён ба вируси камбуди масунияти бадан ё Эйч-ой-вии вилояти Хатлон баъд аз анҷоми як таҳқиқот эълом кард, ки ноҳияи Балҷувон ягона ноҳияе будааст, ки касе дар онҷо мубталои вируси Эйч-ой-вӣ нест.
ЧАҲОР ХОНАВОДАИ ТОҶИКИСТОНӢ АЗ РУСИЯ ДИПОРТ МЕШАВАНД
01.08.2011 17:49
1479
Чаҳор хонаводаи Тоҷикистон ба иттиҳоми гадоӣ аз шаҳри Челянбински Русия ихроҷ хоҳанд шуд. Игор Иванов, раҳбари бахши Вазорати умури дохилаи Русия дар шаҳри Челябинск ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, ки ин афрод аз Тоҷикистон ба хотири дарёфти кор ин шаҳр омада, ахиран бидуни сарпаноҳ монда ва ба гадоӣ машғул шудаанд.
САРМУРАББИИ ДАСТАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ИСТЕЪФО ДОД
01.08.2011 17:49
1756
Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон аз мақоми худ истеъфо дод. Рӯзи 1-уми август дар ҷаласаи шӯрои кумитаи иҷроияи ФФТ аризаи истеъфои Пӯлод Қодиров аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон пазируфта шуд.
"ФАСОДКОРИИ" 19 МАҚОМИ МАҲАЛЛИИ ХАТЛОН ОШКОР ШУД
01.08.2011 17:48
2276
Бахши ожонсии мубориза бо фасод дар Хатлон дар нимсолаи аввал алайҳи 19 нафар аз кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар робита ба 50 ҷиноят парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
НООРОМИҲО ДАР МИНТАҚАИ МАРЗИИ ЧИН БО ТОҶИКИСТОН 15 КУШТА ДОД
01.08.2011 13:28
1363
Бар асоси иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ дар даргириҳои рӯзҳои шанбеву якшанбе, дар ноҳияи Шинҷон, минтақаи ҳаммарзи Тоҷикистон бо Чин, дасти кам 15 нафар кушта шудаанд. Хушунатҳо рӯзи шанбе, бо ҳодисае оғоз шуданд, ки ду нафар мошини борбарро берун аз роҳ, ба сӯйи одамон ронда ва одамон бо корд ҳамла мекунанд.
АСРОР ВОҲИДОВ – ҚАҲРАМОНИ БОКСИ ҶАҲОН МИЁНИ НАВРАСОН
31.07.2011 13:10
1836
Асрор Воҳидов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни наврасон дар Остона соҳиби медали тилло гардид.
ЭРОН ДАР БУНЁДИ СОХТУМОНҲОИ МАСКУНӢ БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕКУНАД
29.07.2011 16:40
1617
Имрӯз 28-уми июл, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо Маҳмадсаид Убайдуллоев шаҳрдори Душанбе, омодагии бахшҳои хусусӣ ва давлатии кшварашро барои сохтани сохтмонҳои маскунӣ дар Тоҷикистон бо қиммати арзон ва болотарин стандартҳо ...
ДОЛЛАРИ АМРИКО МУҚОВИМАТИ ХУДРО ДАР ҶАҲОН АЗ ДАСТ ДОДААСТ
29.07.2011 16:21
1510
Имрӯз ҷумъа, 28-уми июл дар ҷамъи хабарнигорон Гаргин Тувсунян раиси Иттиҳоди бонкҳои Русия бо ишора ба бӯҳрони қарзи Амрико ва иқдоми пешгирифтаи ин кишвар эълон кард, ки доллари амрикоӣ мавқеияти худро дар арсаи ҷаҳонӣ аз даст додааст ...
ҲУШДОРИ ЧИН БА АМРИКО ДАР БОРАИ ФУРӮШИ АСЛИҲА БА ТАЙВАН
29.07.2011 16:18
1430
Имрӯз 29-уми июл, Ванг И раиси идораи умури Тайван дар давлати Чин ба Амрико ҳушдор додааст, ки фурӯши аслиҳаҳо ба Тайван паёмадҳои хубе нахоҳад дошт, дар ин бора хабаргузории Синхуа хабар медиҳад. Тибқи хабаргузории Синхуа вай дар як дидор бо гурӯҳи аз коршиносони ...
70 НАФАР МУҲОҶИРОНИ КОРИИ ТОҶИКУ УЗБАК БОЗДОШТ ШУДАНД
29.07.2011 14:57
1683
РИА Новости хабар додааст, ки шаби панҷшанбе дар қисмати ҷанубии шаҳри Маскав шаҳраки муҳоҷирони ғайриқонуниро пайдо кардаанд.
ИНФИҶОР ДАР ҶАНУБИ АФҒОНИСТОН ДАСТИКАМ ҲАЖДАҲ ҒАЙРИНИЗОМИРО КУШТ
29.07.2011 14:57
1445
Бумби коргузошташуда дар канори ҷодае дар наздикии Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳелманд, дар ҷануби Афғонистон, дар масири як минибуси ғайринизомӣ мунфаҷир шудааст ва дар натиҷаи он дастикам ҳаждаҳ нафар, аз ҷумла чанд кӯдак кушта ва шуморе захмӣ шудаанд.
ДАР УКРАИНА ДАР ҲОДИСАИ ДУ КОНИ АНГИШТ 17 КАС КУШТА ШУД
29.07.2011 14:56
1524
Вазорати умури изтирории Украина мегӯяд, имрӯз дар ду ҳодисаи алоҳида дар конҳои ангишт 17 нафар кушта шудаанд. Дар кони Луганск 16 нафар кушта, 2 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
ДАР ДУШАНБЕ 18 НУҚТАИ ДАНДОНПИЗИШКӢ БАСТА ШУД
29.07.2011 14:55
1344
Хабаргузории REGNUM иттилоъ додааст, ки дар шаҳри Душанбе 18 нуқтаи хусусии дандонпизишкӣ баста шудааст.
ФАРМОНДЕҲИ МУХОЛИФОНИ ҚАЗЗОФӢ КУШТА ШУД
29.07.2011 09:58
1476
Мухолифони мусаллаҳи раҳбари Либӣ эълом кардаанд, ки Абдулфаттоҳ Юнус, фармондеҳи низомии аршади онҳо кушта шудааст. Мустафо Абдулҷалил, раиси Шӯрои интиқолии миллии Либӣ, ин хабарро панҷшанбе дар як кунфронси хабарӣ дар шаҳри Бенғозӣ, маркази мухолифон, эълом кард.