14:43:49 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

HRW: МУҲОҶИРОНИ КОРӢ ДАР РУСИЯ ИСТИСМОР МЕШАВАНД

Human Rights Watch мегӯяд, ҳазорон нафар муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ дар Русия ба фиреби корфармоён рӯ ба рӯ шудаанд.

/images/stories/2013/02/06_migrant-060213.jpgДидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch мегӯяд, ҳазорон нафар муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ, ки дар Русия дар сохтмонҳои олимпии шаҳри Сочӣ кор мекунанд, ба фиреби корфармоён рӯ ба рӯ шудаанд. Онҳо дастмузди худро чанд боз моҳ нагирифтаанд ва корфармоён онҳоро беш аз меъёр кор фармудаанд.

Human Rights Watch дар сохтмонҳои гуногуни олимпӣ бо муҳоҷирони корӣ дар бораи шароити кору зисташон сӯҳбат кардааст ва дар гузориши худ навиштааст, ки Русия бояд ба зудӣ чунин тарзи муносибат бо муҳоҷирони кориро тағйир диҳад.

Дар сохтмонҳои олимпии Сочӣ 16 ҳазор муҳоҷири кории хориҷӣ ба кор ҷалб шудаанд. Шумораи аниқи муҳоҷирони кории тоҷик дар ин сохтмонҳо дақиқ нест. Ҷамъиятҳои тоҷикони ин шаҳр мегӯянд, дар Сочӣ тақрибан 20 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик ҳам дар сохтмонҳои олимпӣ ва ҳам дар бахшҳои дигар кор мекунанд.

Дар ҳоле, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ натавонистаанд шаҳрвандони худро бо ҷойи кор таъмин кунанд, сохтмони олимпии Сочӣ як имкони дигарест, ки рӯзгори ҳазорон оиларо дар минтақа таъмин ва маблағҳои ба ватан фиристодаи онҳоро бештар кардааст. Аммо мавридҳои фиребхурдани муҳоҷирон аз тарафи кордиҳандаи беинсоф низ кам нестанд.

Муҳаммадраҳим - сокини шаҳри Қӯрғонтеппа яке аз онҳост, ки чанд сол боз дар Сочӣ бо корҳои гуногун машғул будааст. Ӯ ва ҳамроҳонаш, ки 20 нафар ва ҳамагӣ шаҳрванди Тоҷикистон будаанд, ба умеди дарёфти пули бештар дар шаҳри Красная Поляна кор пайдо карданд, вале ба зудӣ ба фиреби корфармо дучор шудаанд.

Баҳори соли 2012 ширкати сохтмонӣ ба онҳо, яъне ба 20 коргари сохтмон аз Тоҷикистон, 700 ҳазор рубли русӣ ҳаққи заҳматашонро пардохт накардааст ва аз гуфтаи Муҳаммадраҳим бармеояд, ки 20 муҳоҷири тоҷик дар сохтмон ду моҳ бепул кор кардаанд:

“Дар фирмаи Олимпстрой дар сохтмон кор мекардем. Рости гап, аз ин  кор афтодем. Ду моҳ дар ҳамон ҷо хоб рафтем, ки пулро диҳанд, лекин гурехта рафтанд. Аз ду фирма пули моро надоданд. Мо бисёрием, 20 нафар. 700 ҳазор рубли русии мо дар ҳамон фирма монд. Ба гуфтаи худашон ҳамон фирма банкрот шудааст”.

Кумитаи Олимпӣ чун фармоишгар ширкатҳои сохтмонии мухталифро барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ҷалб мекунад ва онҳо муҳоҷирони кориро ба кор мегиранд.

Фаррух Миров - раҳбари бахши “Иттиҳодияи тоҷикони Русия” дар Сочӣ мегӯяд, борҳо муҳоҷирони тоҷик аз ҷамъияти онҳо барои дарёфти музди кори худ кӯмак хостаанд. Вале, вақте ки ҷамъият ба кӯмаки муҳоҷирони тоҷик шитофтааст, ширкатҳои сохтмонӣ масъулиятро аз дӯши худ соқит кардаанд:

“Вақте, ки мо ба сохтмонҳои олимпӣ муроҷиат мекунем, онҳо мегӯянд, раҳбари сохтмон ё бригадир одами мо нест. Мо бо дигарон қарордод доштем ва он одам аз мо маоши ин коргаронро гирифта рафтааст. Шумо метавонед ба он одам муроҷиат кунед. Мо чанд бор бо ҳамон одамони дасти дуввуму севвум алоқа кардем ва пули баъзе аз мардуми худамонро гирифта додем. Вале онҳое ҳам ҳастанд, ки мо ҷустуҷӯ мекунем, вале намеёбем”.

Ширкатҳои сохтмонии Русия, ки бо Кумитаи Олимпӣ қарордод имзо кардаанд, муҳоҷирони кориро аз Арманистону Қирғизистон, Тоҷикистону Узбакистон, Украинаву Сербистон ба кор гирифтаанд.

HRW мегӯяд, бо 66 муҳоҷири ин кишварҳо сӯҳбат кардааст ва баъзеи онҳо гуфтаанд, ки 12-соатӣ кор мекунанд ва онҳо ба корҳое сафарбар шудаанд, ки вазнин асту дастмузди ночиз дорад. Гоҳо ҳамин дастмузди ночизро ҳам ба онҳо ба ҳар баҳона пурра намедиҳанд.

Юлия Горбунова - корманди HRW дар шаҳри Маскав мегӯяд: “Мо дарёфтем, ки ҳуқуқи даҳҳо нафар чунин коргарон поймол шудааст ва ҳангоми кор дар сохтмонҳои аслии олимпӣ онҳо истисмор шудаанд, ба онҳо музди корашонро пардохт накардаанд, хеле дер пардохт кардаанд, аз соати корӣ бештар кор фармудаанд. Ба онҳо қарордоди корӣ надодаанд ва шароити кориашон бад будааст”.

Муҳоҷирони хориҷӣ гуфтаанд, мавориде низ вуҷуд доштааст, ки дар сурати шикоят бурдан аз чунин маҳрумиятҳо ба муассисаҳои зидахл, коргаронро ба ҳар баҳона аз кор рондаанд ва ё онҳоро аз Русия, ба қавле, депорт ҳам кардаанд.

Ширкати давлатии “Олимпстрой”-и Русия уҳдадор шудааст, ки тибқи қонунҳои худи Русия ва қонунҳои байналмиллалӣ аз ҳуқуқи коргарон ҳимоят кунад. Вале ин қонунҳо аслан иҷро намешаванд. Тибқи ин қонунҳо коргар бояд рӯзе 8 соат ва ҳафтае 40 соат кор кунад. Вале муҳоҷирони корӣ 12-соатӣ кор мекунанд ва рӯзҳои шанбеву якшанбе истироҳат надоранд. Танҳо дар ду ҳафта барои онҳо як рӯз истироҳат медиҳанд.

Русия бо чунин нақзи ҳуқуқи коргарон мехоҳад шаҳри соҳилии Сочиро ба шаҳри зебои бозиҳои зимистонии олимпӣ табдил диҳад ва бештар дар бораи имкони пирӯзии варзишгаронаш лоф мезанад. Вале дар ин рӯзҳо, ки як соли дигар ба оғози ин бозиҳо дар Сочӣ вақт мондааст, оё касе хоҳад гуфт, ки муҳоҷирони корӣ дар ин сохтмонҳо истисмор шудаанд ва мисли ғулом кор кардаанд ва пулеро, ки барои корашон бояд бигиранд, ба онҳо намедиҳанд?

Ин ҳам дар ҳолест, ки барои сохтмонҳои олимпӣ 10 миллиарду 85 миллион доллар ихтисос дода шудааст ва дар сурати чунин муносибат бо коргар аз эҳтимол дур нест, ки бо ин пулҳо касоне дасту дили худро гарм кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi