22:09:04 01-уми Июли 2025 сол

ТАСМИМ ДАР БОРАИ ИХРОҶИ 100 МУҲОҶИРИ ТОҶИК АЗ РУСИЯ

Идораи муҳоҷирати Русия эълом кардааст, ки ҳудуди 100 нафар аз муҳоҷирони тоҷикро аз он кишвар ихроҷ хоҳад кард. Алорағми боварҳои соҳибназарон дар бораи "қасдгирона" будани ин тасмими давлати Русия дар пайи ҳукми додгоҳи Тоҷикистон алайҳи халабонҳои рус, мақомоти Русия мегӯянд, ин афрод ба хотири нақзи муқаррароти муҳоҷират ихроҷ хоҳанд шуд.

/images/stories/2011/11/12_migrants_tajik_2011.jpgЗалина Корнолова, масъули идораи федероли муҳоҷират инро, ки тасмими идораи муҳоҷирати Русия дар бораи ихроҷи ин гурӯҳи бузург аз муҳоҷирони тоҷик ба қазияи додгоҳи халабонҳои рус ва эстунӣ дар Тоҷикистон марбут аст ё хайр, такзиб ё таъйид накард. Дар ҳамин ҳол бархе аз тоҷикони муқими Русия ва муҳоҷирони тоҷик дар он кишвар мегӯянд, шаби 10 ноябр дар шаҳри Маскав боздошти теъдоди зиёде аз муҳоҷирон мушоҳида шудааст.

Аммо мақомоти пулиси Русия мегӯянд, ки фаъоляти кормандони интизомии он кишвар тибқи маъмул сурат мегирад. Вале бино ба гузориши Риа Новости Константин Ромодановский, раиси идораи федероли муҳоҷирати Русия гуфтааст, ки ахиран 134 шаҳрванди Тоҷикистон ба далели нақзи муқарароти муҳоҷират боздошт шуда ва депорт хоҳанд шуд.

Мурод Холиқзода, шаҳрванди тоҷиктабори Русия мегӯяд, ки шоҳиди боздошт шудани даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар ноҳяи Юго-Западнийи шаҳри Маскав шудааст. Вай гуфт: “Шаби дирӯз (10 ноябр) ба ман яке аз дӯстонам ин хабаро дод ва ман дафъатан ба боздоштгоҳ рафтам ва шоҳиди он будам, ки даҳҳо нафар аз муҳоҷирон дар он ҷо қарор доштанд.”

Мурод Холиқзода мегӯяд, ки бархе аз ин боздоштшудагон мадорики лозими сабти ном ва қарордодҳои корӣ доштаанд. Оқои Холиқзода ба ин бовар аст, ки ин иқдоми пулиси Русия ба қазияи зиндонӣ шудани Владимир Садовничий, халабони рус ва Алексей Руденко, халабони Эстонӣ дар Тоҷикистон бастагӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол Павел Климовский, сухангӯйи Вазорати умури дохилави Русия, рӯзи ҷумъаи 11 ноябр, дар гуфтугӯяи телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки пулиси Русия дунболи боздошти қасдӣ ва гурӯҳии тоҷикон нест, балки ба монанди ҳамеша фаъолият мекунад. Оқои Климовский гуфт: “Дар сурати адами сабти расмӣ дар Русия тамоми сокинони хориҷӣ барои риъоят накардани қонуни кишвар боздошт ва муҷозот мешаванд.”

Хабари тасмими ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия дар вокуниш ба зандонӣ шудани халабонҳо, бисёре аз коршинсон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистонро ғофилгир кард. Маъсуд Собиров, раиси ҳизби демукроти Тоҷикистон мегӯяд ин амр дар вокуниш ба қазияи халабонҳо будааст ва афзуд, ки "ин иқдоми Русия нодуруст будааст.”

Бо ин вуҷуд вай дар иваз аз мақомоти Тоҷикистон шикоят мекунад. Ӯ мегӯяд: “Аз Русия ҳамасола ҳудуди 700-800 тобут бо ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ағлабашон муҳоҷирони корӣ ҳастанд, ба ватанашон интиқол меёбад. Бархе аз ин муҳҷирон кушта шудаанд. Чаро давлати Тоҷикистон дар бораи ин кушторҳо ба мақомоти Русия шикоят намебаранд.”

Аммо ба эътиқоди Исмоил Талбаков, муъовнини ҳизби кумунисти Тоҷикистон ҳукми додгоҳи шаҳри Қурғонтеппаро мунсифона хонд ва гуфт: "фарди ҷинояткор, хоҳ вай хориҷӣ бошад ва ё шаҳрванди тоҷик бояд муҷозот шавад.”

Вай гуфт, имкон дорад муҳоҷирони тоҷик низ муқарраротеро дар РУсия нақз кардаанд, аммо афзуд, ки бархе аз сиёсатмадорони рус, аз ҷумла намояндагони Думо-и Русия бо изҳори назарҳое дар ин робита мехоҳанд аз ин қазия барои таблиғи сиёсиашон истифода кунанд.

Нигарониҳо дар заминаи эҳтимоли вахимтар шудани вазъи муҳоҷирони корӣ дар ҳолест, ки созмонҳои ҳуқуқи башар ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия чандин сол аз ин ки муҳоҷирони тоҷик аз табъиз ва бадрафтории корфармоёни рус ранҷ мебаранд, гузориш додаанд.

Дар ҳамин ҳол гузориш шудааст, ки Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе бо Эмомалӣ Раҳмон дидор дошта ва сипас озими Маскав шудааст ва эҳтимол меравад, ки ин сафари вай ба қазияи халабонҳо бастагӣ доштааст.

Заринаи Хушвақт, Би-би-сӣ, Душанбе

Назари Шумо

Security code
навсозӣ