15:02:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Обу ҳавои чоршанбе, 21-уми август

Таҳлили омори гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар нишон медиҳад, ки пагоҳ, 21-уми август сардии ҳаворо бштар дар ВМКБ ҳисс мекунанд. Бахусус дар Мурғоб 0+2°, дар шарқи вилоят шабона -2+3° дараҷа хоҳад буд. Дар боқӣ қисматҳои мамлакат низ ҳарорати ҳаво назар ба рӯзҳои пеш каме поин меравад. Аз бодҳои суръаташон пуршиддат ҳам ҳарфе нест

1 meteo ruzgor.tj 54124554Дар гузориши созмони ҳавошиносии кишвар гуфта мешавад, ки 21 август дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр асту бебориш, шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорат шабона 13+15°, рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад. 

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст ва ҳарорат дар водиҳо шабона 12+17°, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15°, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳаво камабр асту бебориш, шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/c мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 16+18°, рӯзона 33+35° гарм мешавад. 

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18°, рӯзона 30+35° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10°, рӯзона 22+27° гарм мешавад.  

Ҳавои шаҳри Хоруғ ҳаво тағйирёбандаву бебориш хоҳад буд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 13+15°, рӯзона 30+32° гарм мешавад.

Дар ноҳияи Мурғоб низ бориш намешавад, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2°, рӯзона 17+19° гарм мешавад. 

Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаву бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самтишарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15°, рӯзона 29+34° гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3°, рӯзона 15+20° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст, ҳаво шабона 16+18°, рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад. 

Дар шаҳри Кӯлоб ҳавои камабри бебориш. Ҳарорати ҳаво шабона 16+18°, рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад. 

Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво камаб асту бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 16+21°, рӯзона 33+38° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17°, рӯзона 26+31° гарм мешавад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi