09:27:18 06-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Даврон Юсуфов: "Мақсади мо ба нафъи хонавода ва Ватан кор кардан аст"

Мусоҳиб Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Мо ба нашри мусоҳибаҳои хеш бо раҳбарони ҷамъиятҳои дар хориҷ будаи тоҷикони муҳоҷир идома мебахшем. Имрӯз бо яке аз роҳбарони ҷамъияти тоҷикони вилояти Самараи Русия Даврон Юсуфов суҳбате дорем.

davron-usufov 5544545Даврон Юсуфов 31 январи соли 1956 дар деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ дар оилаи куҳкан ба дунё омадааст. Баъди хатми синфи 8-ум ба шаҳри Панҷакент рафта ба Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуд ва баъди чор соли таҳсил онро хатм кард. Маъмулан баъди хатми Омӯзишгоҳ хатмкунандагон бояд ҳатман ду сол дар ягон мактаби миёна дарс диҳанд. Вале ӯ чун  Омӯзишгоҳро бо дипломи сурх хатм карда буд, барои дохилшавӣ ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Куйбишев, ҳоло Самара, роҳхат гирифт ва баъди бо баҳои аъло супоридани имтиҳони нахустин мушарраф ба номи донишҷӯ шуд. Ин соли 1976 буд. Биёед идомаи зиндагиномаи Давронро аз худи ӯ мешунавем.

-Баъди хатми Донишкадаи омӯзгорӣ ба хизмати Ватан рафтам. Пас аз адои хизмати аскарӣ баргаштам ба Самара ва дар онҷо дар яке аз мактабҳои миёна тахминан се сол муаллими забон ва адабиёти рус будам. Дар ҳамон ҷо ба як духтараки ҳамкурсам хонадор шудам.Тахминан соли 1985 буд, ки падарам аз ман хоҳиш карданд, ки ба деҳа баргардам. Ба гуфтаи он кас дар деҳа овоза шудааст, ки гӯё ман ягон мактаби олиро хатм накардаам ва гӯё бекор дар Россия мегардам. Бояд ба деҳа баргашта дар мактаби деҳа кор кунам ва бо ин исбот кунам, ки овозаҳо дуруғанд. Хуб, мо гапи қиблагоҳро гирифта ба Тоҷикистон баргаштем.

Чун дар вазорати маориф асноди маро диданд, яъне диплом, шарҳи ҳол ва ғайра хоҳиш карданд, ки дар худи Вазорати маориф корро идома диҳам. Вазифаҳои гуногунро пешниҳод карданд. Аммо падарам розӣ нашуданд. Гуфтанд, ки мехоҳанд ман дар мактаби деҳа кор кунам. Аз Вазорати маориф хоҳиш карданд, ки падарам розӣ шаванд, ки ақаллан дар шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ ҳамчун методист коркунам ва боз дар яке аз мактабҳои деҳоти атроф  аз фанни забони русӣ дарс гӯям. Падарам розӣ шуданд. Ман дар шуъбаи маориф методист ва дар мактаби шаҳрчаи куҳканҳо Сарвода, ки аз маркази ноҳия тақрибан 20-25 километр дуртар буд, аз фанни забон ва адабиёти рус дарс медодам. Тақрибан ҳаштод дар сади аҳолии ин шаҳрча русҳо ва мардуми русзабон буданд. Тоҷикҳо камтар буданд. Ман ҳам ба тоҷикҳо дарс медодам ва ҳам ба русҳо ва мардуми русзабон.

-Сабаби боз ба Русия баргаштанатон чӣ буд?

-Маълум, ки соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд. Ман он вақт дар мактаби рақами 44-и ноҳияи Октябр, ҳоло Исмоили Сомонӣ, кор мекардам. Писарам дар синфи 9 мехонд. Рости гап, чун давраи ҷанг буд, муллимон намерасиданд. Талабагон дарс намехонданд. Ба ҷои ин бо талабагони мактабҳои дигар ҷанг мекарданд. Тақдири писарам маро ба ташвиш овард. Бо хонумам маслиҳат кардем, ки ба Ватанаш баргардем. Дар он ҷо ҳарчи набошад сулҳу субот аст. Мешавад, ки ба тарбияи фарзандон беҳтар машғул шавем. Соли 1993 ба Самара рафтем.

ӣ шуд, ки  Шумо бо муҳоҷирини меҳнатӣ сару кор гирифтед?

-Дар Самара ман дар яке аз мактабҳои миёна муаллим шуда кор мекардам. Дар баробари ин ба гурезаҳои тоҷик, ки акнун дар ин шаҳр рӯз ба рӯз зиёд мешуданд, маслиҳат медодем, аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ мекардем. Он замон замони хеле душвор буд. Соли 1994 мо ба мақсади расондани кӯмаки муташаккилона ба муҳоҷирон бо номи "Сомониён" як ҷамъият созмон додем. Созмон то соли 2001 бо розигии ҳукуматдорон бидуни сабти ном дар мақомоти марбутаи Руссия фаъолият мекард.

Вале соли 2001 мо ҳамаи асноди созмонро аз оиннома шурӯъ карда то ҳуҷҷатҳои сабти ном дуруст карда худро расман дар раёсати дар Самара будаи вазорати адлияи Русия ба қайд гирифтем. Баъди ин аввалин кореро, ки кардем, мо дар Самара мактаби таълими муҳоҷиринро кушодем, ки он рӯзҳои шанбе ва якшанбе фаъолият мекард. Дар ин мактаб мо ба муҳоҷирини тоҷик ба ғайр аз таълими забони русӣ, ки ниҳоят барояшон зарур буд, боз аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ва таърихи Тоҷикистон дарс мегузаштем. Дар баробари ин барои кӯмаки муҳоҷирони меҳнатӣ чанд буклети раҳнамо таҳия намуда, нашр карда медодем. Аз ин буклетҳо онҳо тарзи муомила ва сухан гуфтан бо ҳукуматдорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, табибон ва ғайраро мефаҳмиданд, аз куҷо, чӣ гуна кор пайдо карданро ёд мегирифтанд. Буклетҳо ҳар чор-панҷ моҳ аз нав тартиб дода мешуданд.

-Расман роҳбари ҷамъият Шумо ҳастед?

-Не, роҳбари ҷамъият расман Мирзоев Саидасрор Давлатович мебошанд. Ҷавони ҳушёру серҳаракат. Аз соли 1994 ба ин тараф он кас ҳамчун президенти ҷамъияти тоҷикони Самара аз суи ҳукматдорони маҳал шинохта шудааст. Дар соҳаи гумруки вилояти Самара як вазифаи масъулиятнокро ба зимма дорад. Ман бошам дар навбати худ раиси раёсати ҷамъият ба шумор меравам. Ҷамъият раёсат, Шӯрои куҳансолон ва гуруҳи вокуниши сареъ дорад. Дар назди Хадамоти федералии муҳоҷират оид ба вилояти Самараи ФР як шӯрои ҷамъиятӣ амал мекунад, ки камина узви он Шӯро низ ҳастам ва тоҷиконро дар он намояндагӣ мекунам. Аксари масоили муҳоҷиринро мо тавассути ҳамин Шӯро ҳаллу фасл мекунем. Ман инчунин соҳибкор ҳастам, дар соҳаи сохтмон кор мекунам.

-Ба корҳои муҳоҷирини меҳнатӣ чӣ гуна ёрӣ мерасонед?

-Бояд гуфт, ки аввалҳо дар Самара мардуми моро корфармоҳо, ки асосан мардуми қафқозӣ буданд, бисёр  ғам медоданд. Ғам ба ин маънӣ ки кор мефармуданд, вале пулашро на танҳо сари вақт, балки баъзан умуман намедоданд. Муҳоҷирони меҳнатии мо, ки мутаассифона, аксарияташон забонро хуб намедонанд, асосан ба ҳамин иллат фиреб мехӯрданд. Мо, яъне ҳамон гуруҳи вокуниши сареъ, даррав ба маҳали воқеъа рафта ҳамон шахсонеро, ки муҳоҷирони меҳнатии моро фиреб карданд, пайдо намуда, бо роҳҳои қонунӣ ҳақро ба ҳақдор мерасондем.

Дар ҳайати ин гуруҳ одамони касбу кори гуногун, азҷумла ҳуқуқшиносҳо, низ ҳастанд, ки  талош мекунанд ҳамаи масъалаҳо асосан дар чаҳорчӯбаи қонун ҳаллу фасли худро ёбанд. Баъдан корро мо чунон ташкил кардем, ки тоҷикон дар оянда асосан дар зери дасти тоҷикон кор кунанд то фиреби дигаронро нахӯранд. Ба ғайр аз ин мо аз матбуоти даврӣ, ба хусус аз радиову телевизион, васеъ истифода мебурдем. Замоне буд, ки дар Самара ва атрофи он тоҷиконро дар расонаҳояшон ҳамчун қочоқчии маводи мухаддир ва талбанда муаррифӣ мекарданд.

Ин гуна даъвоҳо ба иззати нафси мо сахт расид ва мо ба идораҳои телевизион ва радио рафта хоҳиш мекардем, ки ба мо иҷозат диҳанд то мо аз тариқи телевизионҳо ҳақиқатро барояшон дар бораи миллати тоҷик бигӯем.Масалан ман шахсан борҳо аз тариқи телевизиони Самара дар бораи таърихи тоҷикон, адабиёту фарҳанги миллатамон суханрониҳои зиёде кардаам. Фаҳмондаам, ки талбандаҳои дар кӯчаҳои шаҳр гадоӣ мекардагӣ киҳо ҳастанду тоҷикон киҳо ҳастанд.

Мо бо барномаҳои радио ва телевизиони вилоятии Самара иктифо накардем. "Тоҷикони Русия" ном нашрияе ҳаст, ки он марбути созмони умумируссиягии тоҷикони муҳоҷир дар Русия мебошад. Банда узви раёсати ҳамин созмон ҳастам. Бо ҳамроҳии Абдуллоҳ Давлатов мо аз ташкилкунандагони ин созмон ҳастем. Дар ҷаласаи муассисони ин созмон дар толори "Президент ҳотел"-и машҳур суханронӣ кардам ва барои бо як ҳаяҷон суханронӣ карданам маро ҳатто "Левитани тоҷикон" низ гуфтанд.

Мо дар баробари "Тоҷикони Русия" аз соли 2010 нашрияи худамонро бо номи "Сомониён" ташкил кардем. Вале ахиран аз моҳи августи соли 2013 номи онро "Пайванд-Единство" мондем. Сармуҳаррираш худам ҳастам. Моҳе як маротиба нашр мешавад. Ду саҳифааш ба забони тоҷикӣ ва ду саҳифаи дигараш ба забони русӣ. Адади нашр чандон зиёд набошад ҳам, яъне 1200 нусха, вале хонандаи худро дар байни муҳоҷирин хеле зиёд пайдо карда истодааст.

-Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Самара чӣ қадар тоҷикҳо кору зиндагонӣ мекунанд?

-Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Самараи Федератсияи Русия беш аз 11 ҳазор тоҷикон расман ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 5900 нафарашон тоҷиконе ҳастанд, ки мақоми душаҳрвандӣ доранд. Яъне онҳо дар баробари шаҳрванди Тоҷикистон будан боз шаҳрванди Русия низ ҳастанд. Дар ҳамин ҳол боз тақрибан 12 ҳазор нафар тоҷики дигар ғайрирасмӣ дар ин вилоят кору зиндагонӣ мекунанд. Инҳо нафароне ҳастанд, ки ё шиноснома надоранд, ё расман ба қайд гирифта нашудаанд. Дар умум тақрибан 23 ҳазор нафар тоҷик ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ дар Самара кору зиндагонӣ мекунанд.

-Ба ғайр аз чопу нашр кардани моҳномаи "Пайванд- Единство" боз кадом корҳои фарҳангиву таблиғиро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ анҷом медиҳед?

-Мо тибқи як барномаи корӣ ҳар моҳ як маротиба дар Қасри фарҳанги шаҳри Самара маҳфиле бахшида ба санаҳои муҳим ва ё зодрӯзҳои шоирону нависандагни тоҷикро баргузор менамоем. Масалан дар як соли охир мо ҳамоишҳои фарҳангиеро бахшида ба 130-солагии зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ, бахшида ба 100-солагии зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода, бахшида ба зодрӯзи устод Лоиқ Шералӣ ва ғайра гузаронидем. Чаҳор ҷашне ҳаст, ки ҳарсола онҳоро мо таҷлил мекунем. Инҳо Иди Наврӯз, Рӯзи Истиқлолият, Иди Меҳргон ва Рӯзи забон мебошанд. Ин як анъана шудааст.

-Бо ҳамватаноне, ки дар ягон мусибат меафтанд, Шумо чӣ гуна муносибат мекунед?

-Саволи хуб додед. Мутаассифона, як гуруҳи калони ҳамватанони мо дар ин ғурбаткада гоҳо ба амалҳое даст мезананд, ки шоистаи як фарди тоҷик нестанд. Онҳо ба корҳои ғайриқонунӣ машғул шуда оқибат равонаи зиндон ҳам мешаванд. Аксари муҳоҷирони тоҷике, ки дар маҳбасҳои Самара зиндониянд, бо моддаи 228-и Кодекси ҷиноии ФР ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, яъне қочоқи маводи мухаддир. Дар суҳбатҳое, ки мо бо онҳо дар макони иҷрои ҷазо ҳар доим мекунем, мебинем, ки ибрози пушаймонӣ мекунанд.

Албатта мо ба онҳо бештар кӯмаки маънавӣ мекунем. Аз аҳволашон хабар гирифта меистем. Барояшон чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил мекунем. Агар имконият пайдо шавад баъзан ба аҳли оилаашон, ки дар ҳамон Самара зиндагонӣ мекунанд, кумакҳои моддӣ низ мерасонем. Ҳастанд нафарҳое, ки шиносномаҳояшонро гум мекунанд ё муҳлаташон мегузарад. Ин бошад бозгашт ба ватанро барояшон мушкил месозад.

Мо барои ба даст овардани санаде, ки ин мушкилро барояшон осон кунад, мусоидат мекунем. Баъзан ба бархе муҳоҷирони бемору дармонда кӯмаки молӣ низ мекунем. Масалан барои харидани билети ҳавопаймо ёрӣ мерасонем. Мо бо ҳамватанони донишҷӯямон, ки қариб дар тамоми 29 донишкадаи олии Самара мехонанд (барои мисол дар Донишгоҳи тиббӣ 229 нафар тоҷикистонӣ мехонад) дар робита ҳастем ва лозим шавад дасти ёрӣ дароз мекунем.

-Мо медонем, ки баъзан ба хотири мақсадҳои ғаразнок бархе одамон мавриди туҳмат қарор мегиранд. Дар таҷрибаи Шумо буданд ҳодисаҳое, ки тоҷикро туҳмат карданд ва ҷамъияти Шумо тавонист, ки бегуноҳии ӯро исбот кунад ва аз таъқибот наҷоташ диҳад?

-Чунин воқеаҳо буданд. Масалан боре ба хонаи яке аз муҳоҷирони тоҷик ду нафар мардони либоси мулкӣ дар тан  даромада як миқдор маводи мухаддирро мепартоянд ва ҳамон лаҳза кормандони полис низ дар либоси худашон пайдо мешаванд. Соҳиби хонаро боздошт намуда ба маҳбаси муваққатӣ мебаранд. Хуб шудааст, ки яке аз аъзои оила аз хона баромада ба мо занг мезанад ва ҳодисаро мегӯяд. Мо оҷилан ба ҷои воқеа рафта тавассути вакили дифоъ Сабинина Татьяна Павловна воқеаро таҳти назорати худ гирифтем. Ҳамин буд, ки сохтакорӣ будани саҳнаи ҷиноятро исбот кардем ва он соҳиби хонаро дар зарфи 24 соат аз маҳбас озод намудем.

- Дар ҳамин вилояти Самара ҳастанд тоҷиконе, ки ҳамватанони дигарамон аз мавҷудияти онҳо дар ин сарзамин ифтихор доранд. Манзурам тоҷиконе ҳастанд, ки бо фаъолияти худ обрӯи тоҷиконро баланд мебардоранд.

-Бале ҳастанд. Ва шукри Худо ки на яктову дуто. Масалан Аҳмадов Акрамҷон Давлатович, устоди Донишгоҳи сохтмонӣ-меъмории Самара, ки аз соли 1979 он ҷо кор мекунад, дотсент мудири кафедра, аз ҷумлаи онҳо мебошад. Холов Тоҳирҷон духтури машҳур, терапевт ва хирурги маъруф миёни на танҳо тоҷикон, балки дигар халқҳо низ обрӯманд мебошад. Шогирдони Қурбонов Баҳром Собирович сармураббии дастаи клуби марказии спортии артиш (ЦСКА) доир ба каратэ дар тамоми мусобиқаҳои умумироссиягиву байналмилалӣ ширкат мекунанд ва ҷойҳои сазоворро ишғол менамоянд.

-Маҳалгароӣ дар байни тоҷикони муҳоҷир дар вилояти Самара то кадом ҳад рушд кардааст?

-Мутаассифона, ин падидаи номатлуб дар мо низ гоҳ-гоҳ буруз мекунад. Лекин мо дар ҳамон оғозаш сади роҳи густариши он мешавем. Ва он касонеро, ки ин марази иҷтимоиро доман задан мехоҳанд, кафшашонро пеши пояшон мегузорем ва мегӯем, ки Самара ҷои маҳалгароӣ нест. Ваҳдати тоҷикон барои мо, дар хориҷ аз кишвар будагон  хеле муҳим аст. Мақсади мо дар Самара ба нафъи хонавода ва Ватан кор кардан аст, на бо ҳаммиллати хеш хархаша намудан! ҳамин нуктаро мо кӯшиш мекунем ба гӯши ақли ҳамватанон ҷой диҳем.

-Ташаккур барои суҳбат. Ҳамеша комёб бошед!

-Ба Шумо низ ташаккур, ки ин минбари баландро лаҳзае дар ихтиёри мо гузоштед.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №25, 20ноябри соли 2013

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi