13:17:13 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Волгоград – дарвозаи умеди деҳқони тоҷик

Талабшоҳи Салом, Волгоград, барои "Рӯзгор"

Саҳрои бекарон, вале сабзу хуррам... Дарахти тут ва суфаи зери он саҳрои Тоҷикистонро ба ёд меорад. Вале бо фарқ аз саҳрои Тоҷикистон, ки дар ин шабу рӯз ҳарорат хеле болост, шамоли сарднафасе дар мазраҳаи бедолу дарахт рӯй мелесад… Элназар Таджиков, сокини ҷамоати Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҳамроҳи писараш зери тут, болои суфа нишаста наҳорӣ мехӯрд.

volgograd 548796545

Мақсади мо, ки ошноӣ бо вазъи деҳқонони тоҷикистонии шаҳри Волгоград буд, пайти муносибе ёфтем, то ҳамсӯҳбат шавем. Ӯ, ки дар мазореъи Саидаҳмад Маҳмадов, раиси Ҷамъияти тоҷикони Волгоград ба фаъолият машғул аст, мегӯяд, дар Тоҷикистон ба ҷуз обмонии заминҳо дигар тахассусе надоштааст, бинобар ин дар Русия ҳам ба обмонӣ ва алафдаравӣ машғул аст. Ҳамзамон бо назардошти зарурат рӯзҳое ҳам мешаванд, ки Э. Таджиков гову гӯсфандчаронӣ низ намояд.

Талош барои халосӣ аз қарз

Элназар Таджиков ҳамагӣ 10 ҳазор рубли русӣ маош мегирад. Ин маблағ аслан, на он қадар маоши баланд аст, аммо вай мегӯяд, дар Тоҷикистон, ҷойи муайяни корӣ, ки надошт, тавассути бастани шартнома бо корфармо - Саидаҳмад Маҳмадов аз Тоҷикистон ба Волгоград омадааст ва тӯли ду моҳ аст, ки дар ин ҷо машғули кор аст.

Э. Таджиков мегӯяд: ғизо ва ҷойи хоби ман ройгон, ин ҷо беташвиш аст, аз пулис дар амнем, ҳамзамон мисли Тоҷикистон боду ҳаво дорад. Вале бо вуҷуди ин ҳама шароит ба ман пул даркор аст ва бо 10 ҳазор рубл наметавонам қарзҳои аз Тоҷикистон гирифтаамро баргардонам. Бинобар ин, тибқи шартнома, агар пулҳои масрафнамудаи Саидаҳмад Маҳмадовро барои ба ин ҷо расидани худу писарам бо кор баргадонем, ба Маскав меравем.

Бале, тавре Саидаҳмад Маҳмадов дар мусоҳиба гуфта буд, баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар надоштани маблағи кофӣ, ки наметавонанд ба ҷойи дилхоҳи Русия раванд, Волгогард омада, муваққатан ба коре шуғл меварзанд, то маблағе ба даст оранду аз пайи кор шаванд. Элназар Таджиков аз зумраи ҳамон гуна афрод аст. Ӯро ба Волгоград ноилоҷӣ бурдааст...

Чун бо Э. Таджиков суҳбат мекардем, аппаи Оимгул, ки ӯ низ шаҳрванди Тоҷикистон буда, ҳамроҳи шавҳараш ҳамкорони Элназар Таджиков ҳастанд, бо суҳбати мо ҳамроҳ шуд. Ӯ низ ба ивази 10 ҳазор рубл дар як моҳ дар саҳро барои деҳқонон таббохӣ намуда, ҳамзамон нигоҳубини теъдоде аз мурғобиҳо ба дӯши аппаи Оимгул аст.

Аппаи Оимгул нақл кард, ки то соли 1995 дар деҳаи ба номи Орджоникедзии собиқи колхози "Правда"-и ноҳияи Панҷ зиндагӣ мекардааст, аммо соли 1995 ба ҷамоати деҳоти ноҳияи Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ кӯч бастанд. Ӯро пурсидам, ки "магар дар Гулистон кор набуд, то ба ин ҷо наоед?", гуфт: дар Гулистон кор буд, аммо пули кофӣ ба даст оварда наметавонистем. Дар як моҳ 100 - 200 сомонӣ меёфтему халос".

"Дар Тоҷикистон хишт рехта, савдо мекардем, харбузаву тарбуз мекоридем, гандуму юнучқаи дигаронро дарав мекардем. Ҳамзамон худ сабзӣ кишта, ба савдо мегузоштем, аммо пуле, ки аз он ба даст меомад, нокофӣ буд, ҳатто масрафи худи ҳамон маҳсулотро намепӯшонд. Бинобар ин маҷбур шудем, ба ин ҷо ба кор оем, зеро барои мо пули калон лозим аст"-, афзуд аппаи Оимгул.

Аз суҳбат бо ӯ маълум шуд, ки апаи Оимгулу шавҳараш низ муваққатан дар Волгогард фаъолият менамоянд. Эшон низ, ки бо пули кордиҳанда ба Волгогард рафтаанд, бо баргардонидани қарзи масрафшуда он ҷоро тарк хоҳанд кард.

Шиква аз раҳбаладони қатора

Нур Мунавваров, дигаре аз муҳоҷирини тоҷик аст, ки 12 сол боз дар Волгоград ба сар мебарад. Ӯро замоне пайдо кардам, ки дар анборе барои нигоҳдории сабзавот ҳамроҳи дигар тоҷикбачаҳо машғули кор буд. Эшон анборро таъмиру дуруст мекарданд, то ҳосили ҷамъовардаашонро он ҷо захира намоянд.

Нур Мунавваров худ соҳибзамин нест, аммо дар ширкати кишоварзие бо номи ООО "Опел" ба ҳайси бригадир фаъолият менамояд. Ба қавли Нур Мунавваров, ширкати "Опел" дорои заминҳои корам буда, асосан пиёзу сабзӣ мекорад. "Алъон мо, 70 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ширкат кору фаъолият карда истодаем. Замонҳои аввали муҳоҷират бештар ба кишоварзӣ машғул буданд, ҳозир кам шудаанд, зеро бештари хоҷагиҳои корфармо муфлис гаштаанд. Ин ҳам ба он хотир буд, ки боду ҳаво тағйир ёфтасту ҳосили помидор чун пештара нест", афзуд ӯ.

Коргарони ин корхона низ 10 ҳазор рубл дар як моҳ гирифта, бо ҷойи хоби ройгону ғизо аз ҷониби ширкат таъмин шудаанд. Ҳамчунин роҳкироро аз Тоҷикистон ба Волгоград, пардохти маблағи иҷозаи кориро низ ширкат медодааст ва он ҳам бидуни бозгашт будааст. Аммо бо сабаби он ки корҳо дар саҳро мавсимиянд, шаш моҳ баъд шаҳрвандони кишварро лозим меояд, ки ба Тоҷикистон баргарданд. Дар чунин ҳол, роҳкирои бозгашт аз ҳисоби худи коргарон пардохт мешудааст.

Дар ҳамин ҳол, Саид Раҳматтулоев, яке аз дигар муҳоҷирини тоҷик аз ноҳияи Ғончӣ изҳор дошт, ки бо вуҷуди ройгон будани макони зисту озуқа ва гирифтани 10 ҳазор рубл дар як моҳ имконоти дигаре низ пайдо мешаванд, то пули иловагӣ ба даст биёранд. Аз ҷумла, ҷо ба ҷо намудани ҳосил дар анбор ва ҳамчунин ба мошинҳо бор кардани он ҳаққ-ул-заҳмати алоҳида доштааст.

Зимнан Саид Раҳматуллоев ва ҳамроҳонаш аз шароити корӣ ва будубош розиянд, аммо нигаронии Нур Мунавваров аз дигар чиз аст. Ӯ аз он шиква кард, ки аз хидматрасонии қатора мувофиқи шароити иқтисодии онҳо нест, ҳол он ки ягона воситаи боэътимоди равуо аз Тоҷикистон ба Волгоград ва баръакс, танҳо қатора аст. Ба гуфтаи ӯ, хидматрасонии гаронеро ба роҳ мондаанд масъулин.

"Агар як кифро дар 1000 рубл пур аз ашё намоем, то онҳоро ба хона бифристем, раҳбаладон (проводник)-и қатора 1000 рубли дигар талаб менамоянд. Боре ба ивази 1000 рубл равған харидам ба нияти ба Тоҷикистон равон кардан, барои бурдани он раҳбалад 1000 рубл талаб кард, вақте онҳо ба хона расонида шуданд, масрафи он ҳама зиёдтар аз нархи равған дар Тоҷикистон шуд", гуфт Нур Мунавваров.

Ба гуфтаи ӯ, агар роҳбаладони қатора то 500 рубл гиранд барои овардани кифи коло, эшон розиянд, аммо нархе, ки роҳбаладони қатора муайян кардаанд, хеле гарон аст. Ин ҳам дар ҳоле буда, ки ба қавли Н. Мунавваров, чанд маротиба холӣ рафтани қатораро мушоҳида кардааст.

Дар совхози "Карпов"

Тавре дар боло гуфтем, чун мақсад омӯзиши вазъи муҳоҷирин буд, ҳар ҷо, ки аз тоҷикон суроғ мегирифтем, кӯшиш менамудем, то бо эшон ҳамсуҳбат шавем. Бо ин мақсад ҳамроҳ бо Нусрат Исматов, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар манотиқи ҷанубии Федератсияи Русия роҳ пеш гирифтем сӯйи совхози "Карпов", ба тахмин 70 - 80 километр дуртар аз маркази вилояти Волгоград, маконе, ки тоҷикон машғули кор буданд. Дар он ҷо Анвар Холов, яке аз ҳамватанони мо пешвозамон гирифт. Дар ин совхоз 2 бригада, 90 нафар шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунанд.

Қабл аз он ки ба ташреҳи ҳоли муҳоҷирини кишвар дар ин ҷо пардозем, месазад, ки қиссаеро аз забони Анвар Холов пешкаши хонанда намоем, то ибрате шавад барои дигарон. Ӯ гуфт, ки азбаски дар шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекард, тавониста буд, ки панҷ-шаш адад дӯкон ташкил намуда, ба савдо шуғл варзад, аммо қадре пул, ки ба даст овард, ба қиморбозиву майнӯшӣ дода шуд. Дар натиҷа, мағозаҳо аз даст рафтанд, дигар чӣ кор карданашро намедонист. Дар чунин ҳол, ба ҳукумати ноҳияи Турсунзода мераваду огоҳ мешавад, ки шаҳрвандонро аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират ба Волгоград ба кор мебаранд. Билахира, тавассути ин барнома ба совхози "Карпов" ба кор оварда мешавад.

Воқеаи мазкур, ба нақли ӯ, 8 сол қабл иттифоқ афтода буд ва имсол 8 - ум сол аст, ки Анвар Холов, шаҳрванди Тоҷикистон корманди мавсимии совхози "Карпов" аст. "Соли аввал, чун расидем, 47 нафар будем, ки ҳамроҳҳоям маро ҳамчун бригардир интихоб намуданд. Ҳамин тариқ, баъди бригардирӣҷонишини раиси лагер, раиси лагер, сарошпаз ва ҳоло боз раиси лагер шуда, кор карда истодаам".

Дар иртибот ба маоши муҳоҷир-кормандони ин совхоз Анвар Холов, раиси лагер гуфт, маош вобаста ба кор буда, ҳамзамон макони зист, дуруст кардани аснод, аз қабили ҳуҷҷати будубошу иҷозаи корӣ ва 50 дар сад озуқа ройгон аст. Ба гуфтаи ӯ, маҳсулоти ғизоиро на ройгон, балки бо нархи арзон ба коргарон медиҳанд, ҳамзамон агар ҳосилу савдо нағз шавад, ҳамон 50 фоизро ҳам корфармо намегирад. Фарзан, соли 2010, тибқи шартнома, озуқаворӣ пулакӣ буд, вале вақте нархи пиёз дар бозор баланд шуду маҳсулот ба савдо рафт, корфармо барои масрафи озуқа чизе нагирифт, танҳо андоз аз даромад гирифта шуду халос.

Ба гуфтаи ӯ, ки дар ин совхоз одамони гуногунсоҳа фаъолият менамоянд, маош ҳам гуногун аст. Ӯ аз ҷумла, механизаторонро тамсил кард, ки дар давоми 8 моҳи корӣ 170 - 180 ҳазор рубл мегиранд.

Ёдоварии дигари ӯ ин буд, камтарин маошро соли гузашта зани 60-солаи тоҷик, ки косашӯӣ мекард, гирифта буд. Пули ба дастовардаи зани 60-сола 55 ҳазор рублро ташкил медодааст. Бо бардошт аз суҳбати Анвар Холов метавон гуфт, ба таври миёна кормандони совхози "Карпов" 70 -90 ҳазор рубл тайи як мавсими корӣ ба даст меоранд, ки бо ба ҳисоб гирифтани дигари масорифи эшон ҳадди ақали ҳаққи заҳмати онҳо 12-13 ҳазор рублро дар як моҳ ташкил медодааст.

Зимнан, Муҳайё Раҳмонова, сокини шаҳри Чкалови Тоҷикистон, ки чанд сол боз дар совхози "Карпов" фаъолият мекардааст, ин суханҳоро тасдиқ кард. Ҳамзамон Садаф Аҳёева, сокини шаҳри Душанбе ва Абдувалӣ Маҳкамов, сокини шаҳри Турсунзода ин суханҳоро тасдиқ намуда, ҷиҳати шароити фаъолияту зист қаноатмандии хешро изҳор намуданд.

Ба ҷойи охирсухан

Хусусияти умдае, ки дар ростои ҳамаи муҳоҷирини деҳқон мушоҳида шуд, ин аст, ки аввалан, онҳо шиносномаҳо ва маоши худро дар охири мавсим ба даст мегирифтаанд. Сабаби ин масъаларо Нусрат Исматов, ки бевосита ҷараёни фаъолияти муҳоҷиринро назорат менамояд, дар он арзёбӣ кард, ки агар маоши муҳоҷирин сари вақт дода шавад ва ҳамчунин дар даст шиноснома дошта бошанд, чун маош кам аст, эҳтимол гурезанд. Ҳолати мазкур борҳо ба мушоҳида расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки онҳо бо корфармо ба муҳлати 6-7 моҳ шартнома имзо менамоянд ва иҷозатномаи корӣ, ҳуҷҷату будубошу роҳкирои ба Волгоград омаданро кордиҳанда пардохт менамояд. Ҳол он ки дар тасдиқи гуфтаҳои Нусрат Исматов Саидаҳмад Маҳмадов ҳамчун "трамплин" истифода шудани Волгоградро аз ҷониби тоҷикон инкор намекунад.

Ба назари мо, мушкиле, ки муҳориҷини тоҷики волгоградиро ба дунбол дорад, ин надоштани суғуртаи тиббист. Дар иртибот ба ин масъала бошад, Нусрат Исматов гуфт, маҳз ҳамин масъаларо ҳузури корфармоён бардоштааст ва он бояд ҳалли худро ёбад. Вале барои таҳаққуқ ёфтани ин амал, албатта, вақт довар аст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi