22:18:57 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БУЗУРГМАРДЕ, КИ БА ОЯНДА МУТААЛИҚ БУД-3

Аз ин боис ба ин ҳама хотима додан лозим меомад. Хуллас, Латифиро аз миён бардоштан зарурат шуда буд акнун. Чӣ хел наметавонӣ ҳикмати доноёни чинро ёд наоварӣ вобастаи ин амал: «агар оқилонро аз миён бубарӣ он гаҳ аблаҳон оқил битобанд!». Қатли Латифӣ–огаҳии навбатӣ буд ба касоне, ки барои Тоҷикистон дар ҳақиқат нумӯву шукуфоӣ хоҳон буда, огаҳии ҷиддӣ буд барои ҳар каси мағздору баистеъдод, ки патенсионали рӯҳониашро барои меҳану ватан бахшидан мехост. 

Ва онҳое, ки дар ҷумҳурӣ сиёсати худро пиёда карданӣ мешуданд, бо будани Латифӣ барин ашхосе эътиборашон ба шубҳаву гумон мефитода-мехостанд баъзе касонро таъкид бикунанд, ки шуморо низ ҳамон қисмати фоҷиабор интизор бошад, ки Латифӣ чашида; варна фаромӯш накунед, болои гӯрпуштаҳои Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Муҳиддин Олимпур ва басо шахсиятҳои дурахшону дигари Тоҷикистон аллакай чандин сол боз сабзаҳо рӯида ва хушк гардидаанд.

Агар ҳукумати коалитсионӣ бихоҳад гуноҳи худро нисбати марги Латифӣ сабук кунад, бояд хотираи ин марди беҳамтои бузургро гиромӣ дорад, барои абадӣ гардонидани гиромидошти вай талош ба харҷ бидиҳад. Хоса, ки барои ин маблағу хароҷоти зиёд лозим нест. Бояд лавҳасанги ёдгор насб гардад дар бинои Маҷлиси Олӣ, ки он ҷо 16 сол утоқи кории мухбири беҳамтои «Правда» ҷойгир буд; ҳамчунин санги ёдгорӣ бояд насб кард дар бинои кӯчаи Киров, ки Латифӣ ин ҷо солҳо иқомат мекард.

Билохир Латифии журналист ба он биарзад, ки дар шаҳристони куҳани Қӯрғонтеппа ҳайкалаш барафрохта бишавад. Зеро кам касон медонанд як далели таърихии вобастаи эҷодномаи Латифиро. Яъне Латифӣ ба маънои аслаш аз нобудшавӣ наҷот дода буд водии азими Вахши зарбахшро, водие, ки варо дурдонаи Тоҷикистон номанд. Зеро дар умқи идораи Госплани СССР (идораи лоиҳакашие, ки зиндагии ояндаи Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи он ҷараён мегирифт), лоиҳаи хатарборе, балки нақшаи даҳшатборе ба миён омада буд, ки дар резишгоҳи (поёноби) водии Вахш ГЭС-и аз Норак азимтар бо сарбанди азамате бунёд биёбад ва тамоми водӣ ба обистони азим бадал дода бишавад ва аҳолии қариб якмиллионаи он ба даштҳои Қаршии ӯзбекистон кӯчонида шавад. Ва дар болои Қӯрғонтеппа баландии об бояд на камтар аз 18 метр мешуд!…

Ин лоиҳаро зери тозиёнаи танқид гирифтан бефоида буд дар он замона ва натиҷаи дилхоҳ ба бор намеовард. (Бо гуфтан ҳам фаҳмидан намехостанд, ки чунин ГЭС-ҳоро дар тангно ва кӯҳпораҳои камзамин бояд сохт). Баръакс муқобилистии рӯирост хоҳиши муаллифони лоиҳаро бештар мекарда барои зудтар ҷомаи амал пӯшондани он. Пас чӣ бояд кард дар чунин вазъи буғранҷе?

Ин вақт Латифӣ-мухбири махсуси «Комсомольская правда» дар Осиёи Миёна ҳикмату оқилии бемислу монанде зоҳир намуд: зери рубликаи «Ба таваҷҷӯҳи Госплани СССР» маводе ба нашр расонид, ки дар он зикр шуда буд: барои чӣ сохтмони ГЭС-и навро шурӯъ бикунем, даме, ки ба охир нарасонидаем ҳоло сохтмони нерӯгоҳи Норакро, балки ҳанӯз нима насохтаем ин иншооти азиматро. Пас тақсим кардани нерӯ ва ҳисса кардани маблағ ба ду ҷониб сохтмону бунёди ду нерӯгоҳро ба солҳои зиёди басо зиёде қафопарто карданаш яқин бошад.

Шӯрои Вазирони СССР ба ин ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир намуд ва ақидаи ин навиштаро дурусту саривақтӣ гуморид. Қарор карда шуд маблағ ва нерӯи ҳозира барои анҷоми сохтмони ГЭС-и Норак равона бишавад. (Ана барои чӣ Латифӣ шаҳрванди ифтихории Норак эълон шуда буд дар он солҳо!). Ва ин имкон дод Тоҷикистон аз ҷиҳати вақт бурд бикунад. Ва водии мӯъҷизасои Вахш ҳам наҷот биёбад. (Ва аҳолии водии Вахш ҳам сокини даштҳои Қаршии ӯзбекистон шуда, амсоли тоҷикони Самарқанду Бухоро онҳоро ӯзбекикунонии иҷбории шадид таҳдид накунад).

Солҳо гузаштанд ва ин лоиҳае, ки водии мӯъҷизасоро ба нестии мутлақ мекашид ва сохтмони Нораки бузургро ба чандин даҳсолаҳои дигар ақибпарто мекард ё сохтмони он то пош хӯрдани СССР умуман ба анҷом расонида намешуд ва ба гӯрхонаи таърих супорида мешуд.

Ҳолоти кунунии ҷумҳурӣ умеди басо қавие зери дил бедор намекунад ба ояндаи басо дурахшоне, (яқинтараш мӯъҷизаи беҳамтову азими иқтисодӣ). На вобаста ба ин бихоҳам эътимод бикунам, ки тоҷиконро дигар тақсим насозанд ба кӯлобиву ғармӣ, хуҷандиву бадахшиву зарафшонӣ дар зиндагии ҳамарӯза ва соҳаҳои дигари кишвар. Дар ҳама ҷо ва ҳама ҷода. Он вақт зодрӯзи ояндаи Латифӣ-асосгузори равияи нави журналистикаи меҳандӯсту миллатдӯсти тоҷик, нависанда ва публисист, ходими азими ҷамъиятӣ мерасад ва мо онро ҳамагӣ ҷашн хоҳем гирифтан.

Аз тарафи дигар барои чӣ маҳз ҷашнвораи ин марди бузургро мунтазир бишавем? Балки аз худи ҳозир бояд даст занем барои эҳёи осори вай ва эҳёи ниятҳои наҷиби вай баҳри беҳбудии миллаташ. Осори Латифиро ба фаромӯшӣ партофтан ин маънои ба фаромӯшӣ партофтани ҷараёни беҳтарини журналистикаи тоҷик бошад. Билохир, эҷодиёти Латифӣ-ин ҷузъе аз фарҳангу тамаддуни муосири тоҷик бошад ва чунин хоҳад мондан...

Мо Шуморо фаромӯш накардаем ва Шуморо ёд дорем, устоди беҳамто Отахони Латифӣ!

Тарҷума аз китоби «ЛЮДИ И ВЕРШИНЫ», чопи МАСКАВ

Р.S.: Ҳоло доири сулҳу сафо ҳарф задан гуворову дилнишин бошад. Вале дар оғоз, дар солҳои муқобилияти шадиди тоҷикона доири ин ҳарф задан ва бар замми ин тарафҳои даргирро, ки ҳар рӯз ҳамдигарро таҳқир, несту нобуд ва гумном кардан мехостанд, ба ҳам овардану ба ҳам нишондан, гӯё кори ношудание буд ва ҳатто нафаре, ки ин тур талош зоҳир мекард ба нафрат ва бадбинӣ ва шубҳаву гумони ду тарафи даргир гирифтор мегардид.. Зеро ҳар ду тараф боварӣ дошт, маҳз ҷониби худаш ҳақ бошаду маҳз ҷониби худаш пирӯз мешавад.

Аммо нафарони дигаре буданд, ки медонистанд: муқобилистии шадиди беохир миллатро ночизу хароб ва кишварро пора мекунад ва ба манфиати рақибони атрофу акнофи Тоҷикистон буда бошад, хоса ба манфиати ӯзбекистону баъзи мамолики дигари қудратхоҳ. Барои ҳамин ҷонашонро сипар мекарданд ин нафарон, ки ду тарафро ба ҳам биоваранд ва кину буғсу бадбиниро ба нишасту гуфтушунид бикашанд. Зеро бе нишасту гуфтугӯи нахустин давраҳои дигари нишаст ва гуфтушуниди тоҷикон барои сулҳу ризоияти оянда ба миён намеомад.

Ва инро, дар нахуст, маҳз Латифӣ карда тавониста буд бо Маркази ба ҳам овардани нерӯҳои Тоҷикистон, ки худаш дар Русия созмон дода. Ва худи Латифӣ дар гуфтушуниди аввали миёни ду тарафи даргири Тоҷикистон сарварӣ ва роҳбарӣ ва раисӣ карда буд, ки он дар пойтахти Русия—Маскав амалӣ гардид.

Ва ин солҳое буд, ки ба ҳам омадани тоҷиконро басо нерӯҳои худӣ ва неруҳои манфиатхоҳу тафриқаандози хориҷ намехостанд ва аз ин боис дар Маскав, дар утоқи зисташ ба устод Латифӣ сӯиқасд карда шуд ва дар кӯчаи Маскав мошине ба ҳамсари Латифӣ бархӯрд ва ӯро садҳо метр кашола карда бурд. Ва шояд барои он, ки кори саркардаи Латифӣ доири ҳамнишинӣ ва гуфтугӯзори тоҷикон амали хайрандешона буду ба Худованди бинову доно писанд меомад, ки дар натиҷа ҷони Латифӣ ва ҳамсари вай аз марги яқин раҳоӣ ёфт ва онҳо он замон, зинда монданд…

Саломиддин МИРЗОРАҲМАТОВ.

(Алма-Ато, Қазоқистон)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi