01:15:20 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲАФТАНОМАҲО ЧӢ МЕНАВИСАНД?

Дар ҳафтае, ки гузашт Омбудсмен ё худ ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон Зариф Ализода бо хабарнигорон нишасти матбуотие доир намуд, ки дар ҷараёни он аз номаи модари 80-солаи Ёқуб Салимов, собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, ки ба ӯ расидааст, ёдовар шуд. Зариф Ализода агарчи дар нишасти матбуотӣ дар бораи мӯҳтавои ин нома чизе нагуфта бошад ҳам, вале якчанд нашрияи хусусии чопи Душанбе ин ҳафта мавзӯи асосии хешро ба инъикоси дархостҳои ин мактуби чанде пеш дар матбуот ба нашррасида, бахшидаанд.

Чуноне, ки дар мақолаи «Омбудсмен Ёқуб Салимовро озод мекунад», ки дар ҳафтаномаи «Миллат» ба нашр расидааст омадааст, дархости асосии ин мактуб интиқол додани собиқ вазири корҳои дохилаи кишвар аз боздоштгоҳ ба зиндон мебошад. «Миллат» менависад: 

«Наздикон ва вакилони мудофеъи Ёқуб Салимов мегӯянд, бо гузашти чаҳор сол аз маҳкумияти ӯ ҳанӯз ҳам Ёқуб аз боздоштгоҳ ба зиндон интиқол нашудааст. Бо вуҷуди пайваста матраҳ шудани мавзӯи интиқоли Ёқуб Салимов аз боздоштгоҳ ба зиндон аз тариқи расонаҳо, то кунун вазорати адлияи Тоҷикистон, ки масъули иҷрои ин амр аст, ба ин суол посухи мушаххасе надодааст, ҳатто пас аз судури фармони №622 низ. Тибқи иттилои масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон, дар боздоштгоҳе, ки дар маркази шаҳри Душанбе воқеъ аст, зиндони кӯчаке вуҷуд дорад, ки дар он ҷо Ёқуб Салимов мӯҳлати ҳабси худро сипарӣ мекунад».

Дар мақолаи журналисти муҳаққиқ Нуралӣ Давлатов «Номаи модари Ёқуб Салимов ба омбудсмен расид», ки дар ҳафтаномаи «Фараж» чоп шудааст, бештар ҳамин масъалаи қонунӣ ва ё ғайриқонунӣ дар боздоштгоҳ нигоҳ доштани Ёқуб Салимов мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. 

Ӯменависад: «Ба андешаи ҳуқуқшиносон нигоҳ доштани нафаре, ки ҳукми додгоҳ нисбаташ содир гаштааст дар Боздоштгоҳи муваққатӣ хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Посухҳое, ки намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид дода буданд, як хел ба назар намерасанд. Масалан, собиқ вазири адлияи кишвар Халифабобо Ҳомидов дар ин бора чунин ҷавоб гуфта буд, ки ҳоло баъзе паҳлӯҳо дар қазияи собиқ вазири корҳои дохилӣ боқӣ мондаанд, аз ин рӯ то замони равшан кардани ин паҳлӯҳо вайро дар Боздоштгоҳи муваққатӣ мемонанд. 

Дар моҳи ноябри соли 2008 вазири адлияи кунунӣ Бахтиёр Худоёров изҳор дошт, ки нигоҳ доштани Ёқуб Салимов дар Боздоштгоҳи муваққатӣ қонунист. Аммо баъди чанд рӯзи дигар намояндаи дигари ин вазоратхона Азизмад Имомов гуфт, ки қарорро дар бораи он ки маҳбус бояд дар куҷо нигоҳдорӣ шавад, додгоҳ мебарорад, на вазорати адлия. 

Аз ин қабл, ибтидои моҳи январи соли 2008 Раиси Суди олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев ба саволи он ки
«Чаро Ёқуб Салимов дар Боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешавад?», гуфт, ки ӯ дар Муассисаи ислоҳотии №1 умр ба сар мебарад. 

Намояндаи Прокуратураи Генералии Тоҷикистон Саидаҳмад Ҷамолов зимни мусоҳибаи худ ба хабарнигори «Факты и комментарии» дар ин маврид чунин посух дод: «Ин кори дохилии Раёсати корҳои ислоҳотӣ ҳаст. Бигузор онҳо барои кори худашон ҷавоб диҳанд. Мо танҳо дар сурате ба ин кор дахолат мекунем, ки агар наздикони маҳбус ба мо посухи хаттии вазири корҳои дохилӣ ва ё Раёсати корҳои ислоҳотиро биёранд».


Қиёми Саъд -хабарнигори ҳафтаномаи «Пайкон»дар посухи мақолаи худ «Омбудсмен тақдири Ёқубро тағйир медиҳад?» ибрози тардид менамояд, ки чунин кор аз дасти Зариф Ализода дар оянда мебаромада бошад. Барои исботи ин фарзияи хеш ӯ мақолаи худро бо суханони зерини коршинос Шокирҷон Ҳакимов ҷамъбаст менамояд: 

«Тибқи тартиби қонунгузорие, ки чумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дар ҳолатҳои мушаххас ваколатдори ҳуқуқи инсон метавонад арзу шикояти шаҳрвандонро дар робита ба моҳиятан баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ ва корҳои шаҳрвандӣ муҳокима кунад. Инчунин фикру мулоҳиза ва эродҳои худро ба мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва барқарор намудани адолати судӣ пешниҳод намояд. Вале бояд ба инобат гирифт, ки парвандаҳои ҷиноятӣ дар робита ба шахсияти Ёқуб Салимов, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев ва чанд нафари дигар таҳти назорати роҳбарияти сиёсии кишвар қарор доранд. Аз ин хотир, вобаста аз қисматҳои инсонӣ ва баъзе ҷиҳатҳои субъективӣ ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон барои моҳиятан баррасӣ кардани ин масъала, ки воқеан мушкилиҳои зиёд дорад, имконият намеёбад. Зеро масъалаи мазкур бештар на ҷиҳати хусусӣ, балки ҷиҳати сиёсӣ дорад. Ба ин мавзӯъ борҳо созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар низ таваҷҷӯҳи на танҳо додситони кулл, инчунин роҳбарияти сиёсии Тоҷикистонро ҷалб карда буданд. Вале аз тарси он, ки мабодо иваз шудани ҷои ҷазои Ёқуб Салимов боиси муташанниҷ шудани авзои иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон нагардад, хомӯшанд».

Мавзӯи асосии ҳафтаномаи «Нигоҳ»-ро мақолаи «Аз моҷарои Норак то дастурҳои Тошканд ё кӣ ва чаро системаи энергетикии кишварро ба ӯзбекистон тобеъ карда буд» ташкил додааст. Ҳафтанома менависад, ки «муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шариф Исоев кормандони ИБО-и «Норак»-ро ба обфурӯшӣ гунаҳкор карда, бо бадгумонӣ хоин номидааст. Ӯ ин мавқеашро дар сӯҳбати телефонӣ бо «Нигоҳ» низ баён дошт, ҳарчанд асосе оварда натавонист. Ба гуфтаи ӯ кормандони истгоҳ гӯё обро ба ҷумҳурии ҳамсоя фурӯхта ба манфиатҳои Тоҷикистон хиёнат кардаанд». Дар идомаи мақола муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки ин иддаъои Шариф Исоевро рад намояд.

«Ҳарчанд имрӯз марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҷисман миёни мо нест, аммо ӯ барои мо -пайравон бисёр ҳам анъанаҳои неке аз худ боқӣ гузоштааст. Яке аз чунин анъанаҳо баргузории хатми Қуръони карим дар даҳаи аввали Рамазон дар қароргоҳи марказии ҳизб мебошад. Ҳамин аст, ки рӯзи аввали ин моҳи муборак дар қароргоҳи марказии ҲНИТ барои 500 нафар дастархон ороста гардид»-, омадааст дар як матлабе дар ҳафтаномаи «Наҷот». 

Ҳозирини ин зиёфат суханронии видеоии раҳбари маънавии ҳизб устод Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро, ки чанд сол боз дар бистари беморианд, шуниданд. Ҳафтанома мӯҳтавои ин суханрониро таҳти унвони «Рамазон мавсими азим» ба таваҷҷӯҳи хонандагони худ пешкаш кардааст, ки хеле ҷолиб аст.

Нашрияи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» бошад нигаронии хешро аз болоравии нархҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳои Душанбе дар мақолаи «Моҳи хайру эҳсон, ибодат ва қабули дуоҳо ё моҳи нафсу тиҷорат ва фиреби фуқаро» иброз доштааст. 

Ба қавли муаллиф Салимзода то фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳои Душанбе нархи як кило шакар 3,80 дирам, 1 дона тухм 55-60 дирам, 1 кило картошка 1-1,20 дирам, як кило гӯшт 17-18 сомонӣ, 1 литр шир 2-2,5 сомонӣ буд. Дар арафаи фарорасии Рамазон нархҳо бадин минвол боло рафтанд: нархи як кило шакар 4,20 дирам, 1 дона тухм 65-70 дирам, 1 кило картошка 1,5-1,80 дирам, як кило гӯшт 18-19 сомонӣ, 1 литр шир 3 сомонӣ. Дар хулосаи мақола омадааст: 

«Гумон доред, ки бо сипарӣ шудани моҳи Рамазон нархҳо коҳиш ёфта қиммати анвоъ ба ҳолати аввала бармегардад? Тушбераро хом шумурдед. Бо нархҳои нав одат кунед.Аз ёд набароред, ки баъди ду моҳу даҳ рӯз иди Қурбон фаро мерасад ва «сюрприз»-и навбатӣ дар шакли болоравии нархҳо ба шумо чун «идгардак» пешкаш хоҳад шуд. Ё шояд шумо дастовези дигареро интизоред? Дар ҳар сурат, агар аз ин ҷаҳиши босуръати нархҳо буҷаи шаҳр пур мешуду бозорҳо обод, таҳаммули он сабуктар мешуд. Аммо афсӯс, ки чунин нест. Суоли мантиқист, ки пас ин ҳамаро иллат чист? Фикр мекунам ин ҷо Ислом ва Рамазон ҷурме надоранд ва ба қавли маъруф «Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост…».

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi