19:48:24 01-уми Июни 2025 сол

ЧОПИ НАШРИЯҲОИ “НИГОҲ” ВА “ФАРАЖ” АЗ САР ГИРИФТА ШУД

Ҳафтаномаҳои “Фараж” ва “Нигоҳ” баът аз таъвиқи думоҳа муҷададдан мунташир шуданд. Шумораи ҷадиди “Нигоҳ” дар матбаъаи давлатии “Шарқи озод” ва нашрияи “Фараж” дар интишороти хусусии “Ҳоҷӣ Ҳасан” мунташир шудаанд.

 

farajИн дар ҳолест, ки дар авохири ҳафтаи гузашта дастрасӣ ба сойти интернетии хабаргузории “Авеста”, яке аз панҷ сойтҳои масдудшуда дар Тоҷикистон, низ дубора имконпазир шуд. Саймуддин Дӯстов, муассис ва сардабири “Нигоҳ”, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран онҳо ба бархе аз интишороти хусусӣ дар бораи чопи шумораи ҷадиди ин нашрия муроҷеъа карда ва посухи рад гирифтаанд. Вале ба номаи расмии “Нигоҳ” интишороти давлатии “Шарқи озод” посухи мусбат дода ва масъулонаш гуфтаанд, ки метавонанд шумораи ҷадиди ҳафтаномаро мунташир кунанд. Оқои Дӯстов афзуд: "Мо интизор доштем, ки матолиби шумораи ҷадиди мо сонсур хоҳад шуд. Вале ин амр иттифоқ науфтод. Шумораи ҷадиди “Нигоҳ” ҳамчунон аз матолиби ҷолиби интиқодӣ иборат аст."

 

Вай афзуд, ки ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар оянда низ аз сиёсати пешинаи худ дар заминаи таҳияи матолиби хабариву таҳлилӣ ва интиқодӣ даст нахоҳад кашид. Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи "Фараж", мегӯяд, ки дар гузашта ин нашрия дар интишороти хусусии “Оила-принт” мунташир мешуд, вале масъулони он то ҳол барои азсаргирии чопи ин ҳафтанома изҳори омодагӣ накардаанд.

 

Вай гуфт: "Интишороти хусусии “Ҳоҷӣ Ҳасан” чопи шумораи ҷадиди “Фараж”-ро ба ӯҳда гирифт. Вале ин ҳафта мо нашрияи худро дар ҳаҷми 8 саҳифа мунташир кардем. Ҳарчанд барои чопи он омода будем, вале ин ба истилоҳ шумораи “санҷишӣ” аст. Бояд бубинем, ки вокуниши мақомот чи гуна хоҳад буд."

 

Оқои Атовулло афзуд, ки агар ҳафтаи оянда дар чопи шумораи ҷадиди “Фараж” мушкиле пеш наояд, онҳо ба гунаи пешин ҳафтаномаро дар ҳаҷми 24 саҳифа мунташир хоҳанд кард ва ба ин манзур бархе аз кормандони худро, ки дар таътили иҷборӣ ҳастанд, дубора ба кор ҷалб хоҳанд сохт.

 

Мушкили чопи нашрияҳои “Нигоҳ”, “Фараж” ва “Пайкон” ва дастарсӣ ба бархе аз сойтҳои интернетӣ баъд аз оғози амалиёти густардаи нерӯҳои давлатӣ алайҳи пайкорҷӯён дар шарқи Тоҷикистон ба миён омад. Бархе аз нашрияҳо дар матолиби худ мақомоти низомии Тоҷикистонро дар анҷоми амалиёте бебарор, ки дар пайи он сарбозони эъзомшуда кушта шуданд, муқассир донистанд.

 

Женерол Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, бо пахши баёнияе бархе аз нашрияҳоро ба "пуштибонӣ аз теруристҳо" муттаҳам кард. Президент Раҳмон низ зимни як суханронии худ изҳор дошт, ки "бархе аз расонаҳои гурӯҳӣ ҷангҷӯ шудаанд." Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва кишварҳои ғарбӣ дар муроҷеъоти худ ба мақомоти Тоҷикистон аз онҳо риъояти таъаҳҳудоти байналмилалии ин кишвар дар заминаи озодии баёнро тақозо кардаанд.

 

Ва дар ниҳоят, дар поёни ҳафтаи гузашта нахуст дастрасӣ ба чанд сойти интернетӣ, аз ҷумла ба сойти хабаргузории “Авеста”, имконпазир шуд ва ин ҳафта ду нашрия ҳам чоп шудаанд. Соҳибназарон зимни истиқбол аз чопи дубораи нашрияҳо дар Тоҷикистон, мегӯянд, ки бо ин вуҷуд фишорҳои ахири давлат алайҳи расонаҳои мустақил паёмадҳои номатлубе дар пай хоҳад дошт.

 

Ба гуфтаи онҳо, дар як соли ахир хабарнигорони тоҷик батадриҷ аз таъсири чандсолаи худсонсурӣ дар фаъолияти хеш раҳо мешуданд ва аз чоп мондани нашрияҳо дар соли ҷорӣ метавонад дубора аз рушди рӯзноманигорӣ монеъ шавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3595-2010-11-17-18-20-03.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854