18:55:16 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Озодии ман то нӯги бинии рақибам ҳаст?!

Мулоҳизаҳо дар ҷамъбасти мониторинги Шӯрои ВАО

Бо ибтикори Шӯрои ВАО, аз нимаи дуюми моҳи июл то охири декабри соли гузашта, вобаста ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», пайгирии (мониторинги) воситаҳои ахбори омма гузаронида шуд. Пайгирии мазкур 43 нашрияи чопӣ ва 10 нашрияҳои электрони (интернетӣ)-ро, ки миёнашон нашрияҳои ҳукуматӣ (давлатӣ), ҷамъиятӣ, ҳизбӣ ва хусусӣ буданд, дар бар гирифт.

logo-vao 1121212Дар натиҷа чунин ба назар расид, ки аксари ВАО-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро эътироф карда, дар риояи меъёрҳои касбӣ бе тафовут ҳастанд. Рӯзномаву ҳафтанома ва маҷаллаҳои кишвар ҳангоми инъикоси ҳодисаву воқеаҳо, ахбору гузоришҳо бинобар ба эътибор нагирифтани Одобномаи касбии худ ба камбудиҳо, аз қабили мавриди санҷиш қарор надодани мавод, бидуни таҳрир рӯи чоп овардани ахбор, дарки касбият накардани нигорандагон, риоя накардани ҳамрайъии касбӣ, паст задани шаъну шараф, фош кардани шахсияти ноболиғ, нодида гирифтани иффат ва фарҳангӣ миллӣ, таблиғи фисқу фуҷур, асардуздӣ, беэътиборӣ дар нисбати сарчашмаи итттилоот, сареҳияти ахбор, таърифи ноҷо, хатоҳои забониву имлоӣ ва амсоли инҳо, роҳ додаанд.

Дар замоне, ки ВАО бо усули худтанзикунӣ қадамҳои дилпурона ба пеш мегузорад, ҷой доштани чунин камбудиҳо танҳо ва танҳо ба зарари кор буда, онҳо обрӯ ва эътибори ВАО-ро коста мегардонанд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯз то рӯз рушд дорад ва ин далолат аз он мекунад, ки мардум баробари рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва дар он мавҷуд будани омилҳои демократӣ, аз ҳуқуқу манфиатҳои худ бархурдор гашта, ба ҳар ҳарфи навиштаву гуфтаи рӯзноманигорон аз лиҳози ҳуқуқӣ назар меафкананд. Ва мо шоҳиди бисёр ҳаводисе гардидаем, ки бинобар риоя накардани меъёрҳои ахлоқӣ ҳамкасбони мӯҳтарами мо то зинаҳои судӣ даст ба гиребон гашта, ба нокомиҳо рӯёрӯ омадаанд. Зеро ҷомеа ҳар рӯз беш аз пештара нозуку ҳушманд гардида, барои ҳимояи шаъну шараф ва ормонҳои милливу фарҳангияш дар талош мешавад.

Пас, мо рӯзноманигоронро низ зарурате пеш омадаст, ки дар баёни каломи худ бисёр дақиқсанҷ, боназокат, пурэътимод, холисона, бо назардошти «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» рафтор намуда, дар бунёди ҷомеаи солиму бомаърифат саҳмгир бошем.

Як омиле, ки дар аксари рӯзномаву ҳафтаномаҳои мо гӯё ба расмият даромадаст, бидуни таҳрир ва санҷидани далоил рӯи чоп овардани маводи аз ҷониби марказҳои иттилоотии мақомоти қудратӣ, аз қабили милитсия, амният, суду прокуратура мебошад, ки дар натиҷаи рӯи чоп омадани маводи ин марказҳо, ВАО ба нақзи меъёрҳои ахлоқӣ роҳ медиҳад. Дуруст аст, ки сарчашмаи иттилоъ мақомоти қудратӣ ба шумор мераванд, вале дар паҳн намудану таблиғи ин гуна мавод ВАО саҳмгузор мебошад. Пас, масъулияти аввалиндараҷа бар дӯши васоити ахбори омма вогузор мегардад.

Зеродарҳолатҳоизарурӣвабоқонунсарикоргирифтан, инмақомоттанҳомавқеисарчашмаробахудкасбкарда, тарзидурустиибаён, сареҳиятиахборбарзиммаиВАОбормегардад. Ғайр аз ин, чунин ахбору гузоришҳои ғаразнок, шубҳаовар, манфиатҷӯ, ки дар онҳо ба иззати шаъну шарафи ин ё он шахс иснод оварда мешавад, боиси паст гардидани манзалати ВАО дар байни хонандаи худ мегардад. Дар замони басо ҳассосе, ки мавқеи ВАО-и чопӣ бо ба миён омадани сомонаҳои интернетӣ оҳиста-оҳиста коста мегардад, бояд бештар ба он кӯшанд, ки майдони иттилоотиро соҳибӣ карда тавонанд, вагарна бо чопи маводи пастсифат ва орӣ аз одоби нигорандагӣ, хоҳанд – нахоҳанд, аз майдон канора мешаванд.

Дар даврае, ки аз ҷониби Шӯрои ВАО-и ҶТ мониторинг бурда мешуд, ВАО-и чопии кишвар бо се намуд зуҳур намуданд:

ВАО-и солим, ки бо назардошти «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» амал мекунанд: («Нигоҳ», «Рӯзгор», «Фараж», «Озодагон», «Адабиёт ва санъат», «Азия-плюс», маҷаллаҳои «Бонувон», «Чашма», «Навниҳол» ва ғ.);

ВАО-и калаванда, ки гоҳо рӯ ба меъёрҳои ахлоқи касбӣ меоваранду гоҳе аз он берун мераванд (рӯзномаҳои «Садои мардум», «Народная газета», «Имрӯз-News», ҳафтаномаҳои «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Чархи гардун», «СССР», «Миллат», «Ману ту»);

ВАО-и носолим, ки ғутавари фисқу фуҷур, фаҳш ва пастзанандаи шаъну шараф ва ҳайсиятанд (аз қабили рӯзномаи «Ҷумҳурият», ҳафтаномаҳои «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард» ва амсоли инҳо.

Мо ҳамчунин иқрор бар он ҳастем, ки дар натиҷаи пайгирии ВАО, ҳафтаномаҳое чун «Чархи гардун», «Тоҷикистон», рӯзномаи «Имрӯз-News», пас аз эродҳо маҷрои худро тағйир дода, ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» пардохтанд. Кормандони ин нашрияҳо ба хубӣ дарк карданд, ки эътироф ва риояи меъёрҳои касбӣ ба фоидаи худи онҳост. Дар ин самт махсусан аҳли эҷоди рӯзномаи «Имрӯз-News» аз эродҳои пайгирон хуш пазироӣ карда, барои рафъи камбудҳояшон сари вақт кӯшиданд. Эшон дарк карданд, ки эрод гирифтаи пайгирон беғаразона буда, онҳо барои манофеи аҳли эҷоди рӯзнома нигаронида шудаанд.

Дар корбурди рӯзномаҳои ба истилоҳ «давлатӣ» мо шоҳиди он мегардем, ки бо пиёда намудани бозиҳои сиёсӣ талаботи эҳтиром гузоштан ба шахс барҳам хӯрда, ҳаёти шахсии баъзе ашхос чунон мавриди носазогӯйиҳо қарор мегирад, ки он аз доираи одоби касбӣ берун меравад. Шаъну шараф ва эътибори баъзе ашхосро тавассути алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез, аксу тасвирҳои номуносиб, ҳамчунин туҳмат, паст мезананд. Ғайр аз ин, бо ситоишҳои беҷо ва ночаспон, эътимод ба худро коста мегардонанд.

Вале сад афсӯс, ки ҳафтаномаҳое чун «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард», барои ислоҳи хеш накӯшиданд. Балки онҳо аз шумора то шумораи навбатиашон чунон илҳом мегиранд, ки қиссаҳои бофтаву дуруғинашон аз пештара бештар дар гирдоби фисқу фуҷур ғӯтаваранд. Чунин маводро чанд сол пештар дар ҳафтаномаи «Крим-инфо» рӯи чоп меоварданд ва доираи хонандагони ин ҳафтаноам он қадар доманадор набуд. Лек имрӯз намедонем аз чӣ бошад, ки нашрияҳои номбурда аз фисқу фуҷур менависанду саҳнаҳои номатлубро таблиғ менамоянд.

Ростӣ, чунин гузоришҳову маводи пур аз фаҳшро дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ хонда, бо тамоми овоз фарёд заданӣ мешавем, ки магар ин миллат саропо дар гирдоби фисқу фуҷур ғутавар гаштааст, ки ҳама ҷо аз ин хусус мегӯянду менависанд?! Агар чунин аст, пас, ин маризиро кӣ бояд даво бахшад? Агар на, пас ай бародарону хоҳарони азизу меҳрубон, ин ҳама тарғиби бадкориҳои додарону хоҳарон ба манфиати кист?! Магар ин ҳама арзише бар он доранд, ки мо рӯзноманигорон, он ҳамаро нарезондаву начаконида, обу ранги бадеӣ бахшида, рӯи саҳифаи чопӣ кашем?!

Оё ин аз ҷониби мо хизмати хирсона барои ин миллати сарсахт бозгӯ нест?! Имрӯз он ҳафтаномаи «Крим-инфо» агар рӯи чоп наояд, вале ҳафтаномаҳои дигаре «анъанаи» он ҳафтаномаро думболагир гашта, аз фаҳшу фоҳишӣ ҳарф зада, саҳнаҳои зиштро барои бадному сияҳ намудани миллати худ истифода мебаранд! Бадбахтии дигар дар он аст, ки баъзе ҳафтаномаҳо барои рӯи чоп овардани чунин қиссаҳои нангину пур фисқу фуҷур озмунҳои гуногун эълон дошта, мардумро бар он водор месозанд, ки хештанро бо дасти худ рӯсияҳ бисозанд.

Мо чунин матолиби нангину бешармонаро мунтазам хонда, чаро хомӯширо афзалтар шуморем? Охир, бо чунин нигоштаҳо огоҳона ва ё ноогоҳ, таблиғгари саҳнаҳои номатлуб байни ҷомеа мегардем. Мутаассифона, иддае аз рӯзноманигорон озодии баёнро сипар карда, ҳар он чизи ба даҳон омадаву дар майна гардиш хӯрдаро рӯи коғаз рехтаанду бо ин нигоштаҳо иффату фарҳанги миллиро нодида гирифта, хилофи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» амал кардаанд.

Агар мо мониторинги зиёда аз 5 моҳаи Шӯрои ВАО-ро ҷамъбаст намоем, маълум мегардад, ки ВАО-и чопии кишвар дар рафти фаъолияташ бештар бандҳои 1.(«Рисолати ВАО ва журналист»), 2.(«Сареҳияти ахбор»), 3.(«Ҳифзи манбаи ахбор»), 5.(«Иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр»), 6.(«Эҳтироми ҳаёти шахсӣ»), 7.(«Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс»), 10.(«Гузоришҳои барангезанда ва ҳифзи ноболиғон»), 12.(«Ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама»), 14.(«Асардуздӣ»), 16.(«Ҳамраъйии касбӣ»)-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро риоя нанамудаанд.

Бо вуҷуди ин, аз натиҷаҳои мониторинги мазкур ба хулосае омадан мумкин аст, ки гузаронидани чунин пайгириҳо манфиатовар будааст. Мо бар онем, ки иқдоми пешгирифтаи Шӯрои ВАО- ро ҳамкасбони гиромӣ, идораи рӯзномаю маҷаллаҳо, инчунин мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дастгирӣ менамоянд ва якҷоя барои пешрафт ва рушди журналистикаи тоҷик саҳм мегузорем.

Саидмухтор Боқизода, Абдувоҳид Маликов,

Манбаъ: www.odob.tj



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi