23:53:57 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қодиршои Муруват: "Паёми Ала Тоо" - садои ҳамватан аст"

Ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо шахсияти фарҳангии кишварро дар ақсои олам парешон кард. Имрӯз касе шумори дақиқи омӯзгорон, рӯзноманигорон, олимон ва фозилони миллатро намедонад, ки дар он солҳо тарки Ватан карданд ва дар кишварҳои дигар барои пайдо кардани макони амну осоиш ва дарёфти қут барои худу фарзандонашон саргардон шуданд. Иддае рафтанду баргаштанд, вале иддае дигар бо гузашти солҳо дар мулки дигар ҳам соҳибобрӯ шуданд, на танҳо кору зиндагӣ карданд, балки шамъи маҳфили фарҳангу адаби милиро фурузон карданд ва ҳоло ҳам онро рушану барҷаста нигоҳ медоранд.

qodir-muruvvat-45124545Ба шарофати ин афрод дар кишвари паҳновари Русия ва дигар мамолики дуру наздик бо номҳои гуногун созмонҳои тоҷикон таъсис шуданду амал мекунанд. Бархе шӯълаи норушан доранд, вале бахши дигар машъалафрӯзи фарҳангу тамаддуни миллат гаштанд. Яке аз ин афрод Қодиршои Муруват, пажуҳишгар ва рӯзноманигори тоҷик аст, ки беш аз бист сол ба инҷониб дар Бишкек, пойтахти давлати Қирғизистон зиндагонӣ мекунад.

Муҳаббат ба Ватан, садоқат ба ормонҳои миллӣӯро пайваста водор кард, ки ҷӯёи ҳоли ҳаммиллатони худ бошад. Ва ин талошаш замоне самараи бештар дод, ки дар Қирғизистон Созмони тоҷикони ба номи устод Рӯдакӣ таъсис гардид. Аз ин рӯйдод 20 сол сипарӣ шуд ва тӯли ин бист сол Қодиршо муовини Раиси ин созмон аст ва баъдан маҳз бо талоши дигари ӯ нашрияи ин созмон бо номи "Паёми Ала-Тоо" низ нашр гардид. 

Ин созмони ҷамъиятӣ тайи ин мудат дар роҳи ҳифз ва рушди забону фарҳанг ва расму ойини ниёконамон дар ин кишвари ҳамсоя хизматҳои шоистаро анҷом додаааст. Ва "Рӯзгор" дар сӯҳбате бо Қодиршои Муруват аввал аз ангезаи таъсиси он суол кард, ки посух чунин буд:  

-Фурӯпошии Шӯравии бузург ва рӯи кор омадани кишварҳои мустақил, ба ҳолу авзои он қишри ҷомеъа, ки акнун чун ақкалиятҳои миллӣ баррасӣ мешуданд, таъсиргузор буд. Тоҷикони Қирғизистон низ дар ин росто истисно набуданд ва онҳоро лозим омад, дар шароити ҷадиди иҷтимоӣ ва сиёсӣ зиндагӣ карда, роҳу равиши ҳифзи забону фарҳанги гузаштагонашонро дарёбанд. Ба ҳамин манзур моҳи ноябри соли 1993 гуруҳи равшанфикрони тоҷик дар рустои Учқургони вилояти Ӯш (ҳоло вилояти Бодкан) маҷлис ороста, ба таъсиси созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон иқдом намуданд. Дере нагузашта Вазорати адлия ин созмони тозатаъсисро ба таври расмӣ ба қайд гирифт ва аз моҳи ноябри соли 1993 фаъолияти Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ оғоз ёфт.

Аввалин раиси ин созмон академик Абдуҳалим Раҳимҷонов, табиби шинохтаи ҷумҳурӣ буд, ки бурдборона ва хастагинопазирона тайи 15 сол аз он сарпарастӣ намуд. Панҷ соли ахир устод Абдуҳалим Раҳимҷонов ба унвони раиси ифтихории Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикон барои пешрафти кор машваратҳои худро вогузор мекунад. Бояд зикр кард, ки то соли 2008 дафтари марказии созмони тоҷикон дар рустои Учқӯрғон қарор дошт ва фаъолияти он ҳамаи тоҷикони ҷумҳуриро дар бар намегирифт. Пас аз интихоби раёсати нави созмони тоҷикон дар таърихи 12 августи соли 2008, тасмим шуд дафтари марказӣ ба Бишкек кӯчонида шавад.

Ба дунболи он, мо ба ҳамаи минтақаҳои тоҷикнишини ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, ҳамзабононро ба ҳамкорӣ даъват намудем. Ҳамин тариқ, дар деҳаҳои Коргон ва Андараки ноҳияи Лайлаки вилояти Бодкан, шаҳраки Ҳайдаркон, ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш, шаҳри Қара-болтаи вилояти Чуй низ марказҳои фарҳангии тоҷиконро таъсис намудем. Дар ҳоли ҳозир дар 9 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шуъбаву бахшҳои Созмони тоҷикон ба номи устод Рӯдакӣ амал мекунанд ва сарпарастии онҳо аз Бишкек сурат мегирад. Ин тарзи кор имкон медиҳад фаъолияти иттиҳодия пуррангтар шуда ва ҷиҳати бароварда шудани ниёзҳои ҳамзабонон дар Қирғизистон иқдомҳои лозим ва саривақтӣ гирифта шавад.

-Тайи панҷ соли ахир созмони тоҷикон ба чопи нашрияи худ иқдом кардааст. Сармоягузории "Паёми Ала-тоо" чӣ гуна анҷом мегирад?

-Бояд бигӯям, ки тоҷикони Қирғизистон ба чунин нашрия сахт ниёз доштанд ва метавон гуфт, ки ин орзуи деринаи онҳо буд. Ҳанӯз даврони побарҷо будани Шӯравии собиқ, соли 1958 дар деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо (он замон Учқӯрғон ноҳияи мустақил буд), нашрияи тоҷикӣ, бо номҳои "Байрақи мусобиқа" ва баъдан (соли 1993) "Мавҷи Исфайрам" ба чоп мерасид. Ин нашрияҳо ба теъдоди маҳдуд чоп шуда ва фақат миёни сокинони ҳамин деҳа паҳн карда мешуданд.

Бинобар далоили мухталиф ин рӯзномаҳо низ аз фаъолият бозмонданд ва тоҷикони ҷумҳурӣ тайи мудати мадид аз хондани нашрияи оммавӣ ба забони модарӣ маҳрум буданд. Пас аз гузашти беш аз 20 сол ин холигоҳ пур гардид ва акнун ҳамзабононамон имкон пайдо намуданд, дубора бо забони Рӯдакиву Фирдавсиву Саъдӣ, матолиб ва рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷиро бихонанд. То кунун 29 шумораи "Паёми Ала-Тоо" ба дасти ҳамзабонон расонида шудааст.

Қобили таъкид аст, ки Созмони тоҷикон ба унвони як ниҳоди ҷамъиятӣ аз ҳиҷҷой ҳимояти молӣ намешавад ва тамоми барномаҳои мо аз ҳисоби кумакҳои шахсӣ ва довталабонаи фаъолони он иҷро мешаванд. Аз ҷумла нашри "Паёми Ала-Тоо" низ аз ҳамин тариқ сурат мегирад. Дар ин росто аз ҳиммати афроди миллатдӯст, чун Равшанбек Собиров, Зафарбек Юсупов, Субҳонқул Мардонқулов, Абдукарим Одинаев, Мавлонҷон Абдураззоқов, Саидмурод Давлатов, Азимбек Отамбеков ва чанде дигарон ибрози сипос мекунам.

-Чаро "Паёми Ала Тоо", на ягон номи дигар?

payomi-ala-too-2013-Таври маълум ақвоми тоҷик ва қирғиз аз аҳди қадим паҳлӯи ҳам, дар фазои дӯстӣ ва бародарӣ ба сар мебаранд. Дигар ин, ки дар айёми бесомониҳои Тоҷикистон мардуми  қирғиз ва давлати Қирғизистон оворагони тоҷикро ҷой дод. Мо хуб медонем, ки барои мардуми қирғиз, дар баробари кӯли зебои Исиқ-кӯл, Баҳодур Манас ва нависандаи Ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов, инчунин қуллаҳои ҳамеша барфпӯши Ала Тоо муқаддас мебошанд. Бинобар ин ба эҳтироми ин сарзамин, обу хок ва мардумони сарбаландаш, номи нашрияро "Паёми Ала Тоо" гузоштем. Итминон дорам, ки мавод ва матолиби ин нашрия дар таҳкими дӯстии миллатҳо ва ақвоми сокини Қирғизистон нақш гузошта, дар як вақт барои ҳамгироӣ ва наздиксозии мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистон хидмат мекунанд.

-Дар Қирғизистон чӣ кадар ҳамзабонон зиндагӣ мекунад?

-Тибқи саршумориҳои ахир, ки дар ҷумҳурӣ анҷом гирифт, шумораи тоҷикон ба 55 ҳазор мерасад. Тоҷикон аз аҳди қадим дар ин сарзамин сукунат доштаанд ва мурури кӯтоҳ ба номҳои ҷуғофиёи минтақаҳои ҷанубии Қирғизистон ин гуфтаро таъйид менамояд. Дар вилоятҳои Бодкан ва Ӯш бо номҳое чун Самарқандак, Зардолу, Ҷалолобод, Қадамҷо, Шоҳимардон ва даҳҳо истилоҳоти соф тоҷикӣ метавон дучор шуд, ки шарҳу тавзеҳи изофиро намехоҳад. Дар ҳудуди 35 ҳазор ҳамзабонон дар рустоҳои вилояти Бодкан зиндагӣ дошта, боқӣ дар дигар вилояту шаҳрҳои ҷумҳурӣ иқомат доранд.

-Фаъолони созмони тоҷикон то имрӯз чӣ корҳоеро анҷом додаанд?

-Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикон ба номи устод Рӯдакӣ дар ин 20 сол он қадар  корҳоеро ба сомон расонид, ки шумориши онҳо дар доираи ин мусоҳиба ғайриимкон аст. Вале ба назари ман, хидмати асосӣ ва шарофатмандонаи созмон, фаъолони иттиҳодия дар он аст, ки аз фаромӯшӣ ва маҳви забону фарҳанги ниёконамон дар ин кишвари ҳамсоя пешгирӣ намуданд. Бар асари талошу пофишориҳои маҳз фаъолони созмон, фаъолияти мактабу маорифи тоҷикон идома ёфта, ҳоло дар 9 мактаби таҳсилоти ҳамагони тоҷикбачаҳо ба забони модарӣ таҳсил мекунанд. Албатта, дар ин росто кӯмаку мадад ва ҳимоятҳои маънавии Тоҷикистон нақши муҳимро дорад. Дар доираи барномаи кӯмак ба ҳамзабонони бурунмарзӣ, ки Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон аз он ҳимоят мекунад, 210 ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд ба хониш фаро гирифта шудаанд.

Дар таърихи 5 октябри соли равон як гуруҳи эҷодии телевизионҳои Тоҷикистон аз деҳаи Учқӯрғон боздид ва намоишҳои вижаро оиди рӯзгори тоҷикон таҳия ва пахш карданд.Устод Шарифҷони Учқӯрғонӣ, пири равшанзамир ва ҳомиву пуштибони фарҳангу забони модарӣ, зимни суҳбат аз шабакаи якуми ТВ Тоҷикистон матлаберо изҳор намуд, ки баёнгари гуфтаҳои боло мебошад. Вай бо ибрози сипос аз таваҷҷӯҳи мақомоти Тоҷикистон ба сарнавишти ҳамзабонон дар Қирғизистон, таъкид намуд, ки маҳз ҳамин ҳимоятҳо мавриди руҳбаландии тоҷикон шуда ва умеди онҳоро ба ояндаи равшану беҳтар тақвият мебахшад. 

-Бори дигар ба намояндагӣ аз қаламкашони Тоҷикистон Шумо ва ҳамаи фаъолони созмони тоҷиконро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрик менамоям ва дар роҳи ҳифз ва муаррафии тамаддун ва забони ноби тоҷикӣ бурдбориро орзу дорам.

-Як ҷаҳон ташаккур. Воқеъан, мо ба ҳимоят ва пуштибонии маънавии қаламкашони тоҷик ниёз дорем. Фикр мекунам таваҷҷӯҳ ва ташвиқи ҳамқаламон дар ҷодаи пурбортар шудани фаъолияти созмони Рӯдакӣ мусоидат хоҳад кард.

Сӯҳбати Бобоҷони Шафеъ, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №27, 04 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi