03:20:38 27-уми Январи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 23
24 25 26 27 28 29 30

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҚАНОТИ ҶАВОНОНИ ҲХДТ "РОҲНАМОИ МУҲОҶИРОН"-РО МАҲКУМ КАРД

"Созандагони Ватан" чопу тавзеи Роҳнамои муҳоҷирони кориро дар ҳаққи шаҳрвандони Тоҷикистон таҳқир донистааст. "Созандагони Ватан", қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, нашри "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ" дар Санкт-Петербургро маҳкум карда, онро "таҳқири миллати тоҷик" донистааст.

/images/stories/2012/10/22_karikatura-221012.jpgАдҳам Мирсаидов, раҳбари "Созандагони Ватан" дар сӯҳбат бо мо гуфт, дар воқеъ дар ин "Раҳнамо" таҳқири рӯйирости муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, мушоҳида мешавад. "Зеро муҳоҷирони тоҷик асбоби корӣ нестанд, ки бояд ба ин шакл дар як роҳнамо тасвир ёбанд",-гуфт ӯ.

Ҷаноби Мирсаидов мегӯяд, "бояд мардуми Русия эътироф кунанд, ки муҳоҷирони кории тоҷик нисбат ба мардуми ин кишвар бештарин нафъро ба хонаводаҳояшон меоранд." Ба ин далел, Адҳам Мирсаидов, пешниҳод дорад, "Раҳнамои муҳоҷирони корӣ" куллан барчида ва нашру пахши он манъ карда шавад.

"Созандагони Ватан", қаноти ҷавонони ҲХДТ, нахустин ташкилоти сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки нисбат ба  нашри "Раҳнамои муҳоҷирони корӣ" вокуниш мекунад. Ин дар ҳолест, ки масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи шанбе, 20-уми октябр, ваъда дода буданд, ба ин иқдоми ҷониби Русия расман вокуниш нишон хоҳанд дод.

Масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ин мавзӯъ дар сатҳи раҳбарият матраҳ шуда ва интизор меравад, изҳороти расмии ин ниҳоди давлатӣ ҳам ба нашр расад.

Консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург низ эълом кардааст, ки ба Георгий Полтавченко - мири ин шаҳр барои нашри “Раҳнамои муҳоҷирони корӣ” номаи эътирозӣ хоҳад фиристод. Дар ин бора Назари Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, ба матбуот хабар додааст.

Ӯ гуфтааст, истифода аз ин раҳнамо бояд ҳатман мамнӯъ эълон шавад. Ба гуфтаи консули ифтихорӣ, нашри чунин раҳнамо тавҳину таҳқир аст ва он дар Санкт-Петербург тафриқаи миллиро бармеангезад.

Ахиран дар Санкт-Петербург "Раҳнамои муҳоҷири корӣ" ба нашр расид ва дар он муҳоҷирон дар сурати ҷорӯбу чӯткаи рангмолӣ ва асбоби андова нишон дода шудаанд. Ин раҳнамо ба забонҳои тоҷикиву узбакӣ ва қирғизӣ тарҷума ва нашр шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi