18:33:28 02-уми Июни 2025 сол

МАВЗУНА ЧОРИЕВА ДАР ЧИН РОҲХАТИ ОЛИМПИРО БА ДАСТ ОВАРД

Муштзани маъруфи тоҷик, Мавзуна Чориева, дар мусобиқаи қаҳрамонӣ дар Чин соҳиби роҳхати олимпӣ гардид. Мавзуна Чориева , варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи VII қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Чин ҷараён дорад, баъди пирӯзӣ дар даври севум ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад ва соҳиби роҳхат ба Олипиадаи Лондон-2012 гардид.

/images/stories/2012/05/15_mavzuna-chorieva-15512.jpgВай имрӯз, 15-уми май дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило дар даври ҳаштякниҳоӣ бар Антонина Шевченко (Қирғизистон) аз рӯи холҳо бо ҳисоби 10:2 (5:1, 5:1, 0:0, 0:0 ) дастболо шуд. Ёдовар мешавем, Мавзуна дар нахустин даври мусобиқа бар муштзани Беларус Алла Яршевич дар раунди чорум бинобар бартарии комил пирӯз гардид. Ӯ дар даври баъдӣ Каролина Грасюки лаҳистониро аз рӯи холҳо бо ҳисоби 20:10 (1:1, 6:2, 5:2, 8:5) шикаст дод.

Ба ин тартиб, Мавзунаи 19-сола муборизаро барои унвони қаҳрамони ҷаҳон ва медалҳои мусобиқа идома медиҳад. Ӯ дар чаҳорякфинал бо Истели Моссели (Фаронса) рӯзи 16-уми май рақобат мекунад.

То имрӯз варзишгарони Тоҷикистон ба Олимпиадаи Лондон 13 роҳхат ба даст овардаанд, ки миёни онҳо Мавзуна Чориева ягона бонуи варзишгар аст. Инҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гуштии озод) мебошанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854