НОКОМИИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР “JUDO GRAND SLAM”
Мусобиқаи дзюдо бо номи “Judo Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузурги дзюдо”) дар Ҷопон ба анҷом расид. Дар ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ, ки аз 9-ум то 11-уми декабр дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио баргузор шуд, ҳудуди 500 варзишгар аз 73 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.
Мусобиқа дар толори варзишии Tokyo Metropolitan Gymnasium” миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн мардон ва 7 вазн занон) сурат гирифт. Маблағи ҷавоизи мусобиқот 154 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Барои ҷои аввал 5 ҳазор доллар, барои ҷои дуюм 3 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм якуним ҳазор долларӣ мукофотпулӣ супурда шуд.
Маҳмуди Абдуллоҳ, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, “Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду гуштигири маъруфи кишвар - Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни то 100 кило намояндагӣ карданд. Вале ҳарду дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон (аз Сенегал ва Фаронса) мағлуб шуда, аз идомаи мубориза маҳрум гаштанд. Ин охирин мусобиқаи байналмилалӣ барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпӣ дар мавсими имсола буд.”
Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоҳ дар ин мусобиқа Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин, ба иллати латхӯрӣ дар машқҳо ширкат надошт. Дар сабқати мардон мизбонон – варзишгарони Ҷопон дар панҷ вазн ва гуштигирони Русия дар ду вазн пирӯз шуданд.
Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»