07:04:35 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳашт голи беҷавоби "Истиқлол" ба дарвозаи "Парвоз"

Даври сеюми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми шанбеи 25 апрел натиҷагирӣ шуд.

football_5465655.jpgБозиҳои даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 24 апрел бо бозӣ байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфт. Ин бозӣ, ки дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд, бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби бузурги 8-0 ба анҷом расид.

Чаҳор бозии дигари даври сеюм рӯзи шанбеи 25 апрел барпо гардид. «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан дар майдони худ бар«Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 3-0, «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар «Барқи тоҷик»-и Душанбе бо ҳисоби якхелаи 1-0 ғолиб омаданд. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа аз дастаи меҳмон - «Равшан»-и Кӯлоб – бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се давр дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 9 имтиёз пешсаф аст. “Регар-ТадАЗ” бо 7 имиёз дар зинаи дуюм қарор дорад.“Хуҷанд” ва“Хайр” 6-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Хуҷанд” дар зинаи сеюм ва “Хайр” дар зинаи чорум чорум ҷойгир шудаанд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«ИСТИҚЛОЛ» — «ПАРВОЗ» — 8:0

Голҳо: Дилшод Восиев, 13 (1:0). Бледа Родригес, 29 (2:0). Парвизҷон Умарбоев, 47 (3:0). Ромиш Ҷалилов, 57 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 62 (5:0). Соҳиб Саванқулов, 75 (6:0). Умедҷон Шарифов, 77 (7:0). Дилшод Восиев, 88 (8:0).

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — «ХАЙР» — 3:0

Голҳо: Соломон Течи, 8 (1:0). Идибек Ҳабибуллоев, 45+1 – ба дарвозаи худ(2:0). Илҳом Баротов, 48 (3:0).

«ВАХШ» — «РАВШАН» — 0:1

Гол: Наврӯз Рустамов, аз пеналтӣ.

«ХУҶАНД» — ССКА «ПОМИР» — 1:0

Гол:Ҳасан Рустамов.

«РЕГАР-ТАДАЗ» — «БАРҚИ ТОҶИК» — 1:0

Гол: Комил Саидов, 38.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi