Бонки ҷаҳонӣ CASA-1000-ро барои рушди минтақа муҳим хонд
Бонки ҷаҳонӣ тарҳи "CASA-1000"- ро барои таъмини устувори рушди иқтисоди минтақа муҳим хонд ва рафти корҳои омодасозии ин тарҳро қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Ин матлабро Изабел Гуэреро- муовини президенти Бонки Ҷаҳонӣ дар брифинги муштарак бахшида ба баррасии рафти амалисозии ин тарҳ, баён кард. Ин нишаст рӯзи 18 апрел дар чаҳорчӯби Иҷлосияи баҳории Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон бо ташаббуси ниҳоди мазкур ва ҳайатҳои кишварҳои амалисозандаи лоиҳаи лоиҳаи CASA-1000 (Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон) баргузор шуд.
Дар ин нишаст, Ҳазрат Умар Заҳалвол– вазири молияи Афғонистон, Изабел Гуэреро- муовини президенти Бонки Ҷаҳонӣ доир ба умури кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, сафирони кишварҳои CASA-1000, намояндагони Бонки рушди исломӣ, Бонки АвруОсиёӣ, Департаменти давлатии ИМА, СММ, Иттиҳоди Аврупо ва мушовирони Бонки Ҷаҳонӣ ширкат варзиданд.
Муовини президенти Бонки Ҷаҳонӣ зимни ишора ба ин нуқта, ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун кишварҳои дорои сарватҳои ғании обӣ ва энержӣ дар ҷаҳон ва минтақа ба шумор мераванд, гуфта, ки Тоҷикистон ҳатто бе имконияти ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ, қодир аст, ки ҳаҷми содироти қувваи барқашро ба Афғонистон ва Покистон ба миқдори 3 750 Гватт аз ҳисоби истеҳсоли барқи изофӣ дар фасли тобистон, таъмин намояд.
Дар ҳамин ҳол вазири молия Афғонистон Ҳазрат Умар Заҳавол ва сафири Покистон дар Амрико хонум Шерри Раҳмон, аз таваҷҷуҳи кишварҳояшон барои анҷоми корҳои омӯзишӣ, таҳияву ба имзо расонидани санадҳои байниҳукуматӣ ва такмили сармоягузории лоиҳа, хабар доданд.
Дар ин нишаст, сафири Тоҷикистон дар Амрико Нуриддин Шамсов аз Бонки ҷаҳонӣ, кишварҳои шарик ва созмонҳои кӯмакрасон даъват кард, ки ҷиҳати амалисозии тарҳи мазкур талоши бештар ба харҷ диҳанд. Ба гуфтаи оқои Шамсов, Тоҷикистон бо мақсади расонидани мусоидати амалӣ ба татбиқи лоиҳаи CASA-1000, аллакай моҳи декабри соли гузашта тими воҳиди мушовирони маҳаллӣ ва хориҷиро таъсис додааст ва дар фаъолияти зеркумита оид ба умури ҳуқуқӣ саҳмгузор аст. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки кишварҳои дахлдор то охири соли 2013 санаду аҳдномаҳои мушаххасро ба имзо расонида, барои оғози татбиқи амалии лоиҳа заминаи зарурӣ фароҳам меоранд.
Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ мавсум ба CASA-1000 аз тарҳҳои бузурги минтақавист, ки умдатан интиқоли барқи нерӯгоҳҳои "Қамбарота"-и Қирғизистон ва "Роғун"-и Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистонро дар назар дорад.
Гуфта мешавад барои иҷрои ин тарҳ, ки нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон интиқол хоҳад дод, беш аз 950 миллион доллар зарур аст, ки 251 миллионаш барои сохтани як қисмати ин хатти барқ ва зеристгоҳҳояш дар ҳудуди Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Парлумони Тоҷикистон ҳанӯз дар оғози моҳи январи соли 2010 созишномаи Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистонро дар бораи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи "CASA-1000"-ро тасвиб карда буд.
Вале бархе аз соҳибназарони тоҷик мегӯянд, Тоҷикистон, ки худ ба камбуди барқ рӯбарӯст, танҳо дар сурати сохтани нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" метавонад ба Покистону Афғонистон барқи бештар интиқол бидиҳад. Дар ҳоле, ки сарнавишти ин нерӯгоҳи азим норӯшан боқӣ мондааст ва Бонки Ҷаҳонӣ низ ташхиси ниҳоии тарҳи "Роғун"-ро то ҳол эълон накардааст.
«Озодӣ»