12:03:31 01-уми Июли 2025 сол

ИСРОИЛОВ: “МИЁНАРАВҲО МАСЪУЛИ АФЗОИШИ ҚИМАТҲО ҲАСТАНД”

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон афрод ва гурӯҳҳои миёнаравро дар болоравии арзиши маводди ғизоӣ дар ин кишвар масъул медонад.

sijouddin iamoilovСиҷоуддин Исроилов, муъовини вазири кишоварзӣ, рӯзи сешанбеи 19 апрел дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба он ки фаъолияти миёнаравҳо ё даллолон (посредник) дар бозори дохилӣ чандон назорат ё танзим намешавад, онҳо ба хотири ба даст овардани даромади бештар қимати маводди ғизоиро боло мебаранд.

Оқои Исроилов ба унвони мисол ба корхонаҳои парандапарварии Тоҷикистон ишора карда ва гуфт, ки дар ин корхонаҳо арзиши як адад тухми мурғ аз 39 то 40 дирам буда ва пас аз интиқоли ин мавод ба фурӯшгоҳҳои шаҳрҳо арзиши он то ду баробар афзоиш меёбад.

Ӯ гуфт, ки анвоъи сабзиҷоту меваҷот низ тавассути афрод ё гурӯҳҳои миёнарав ё даллол ба бозори дохилӣ арза шуда ва ин амр ба арзиши ниҳоии маводди ғизоӣ асари ҷиддӣ доштааст. Масъулони вазорати кишоварзӣ гуфтанд, ки ҳамакнун давлати Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкил тадобири мушаххасе меандешад.

Аз ҷумла, ба гуфтаи дуктур Рустам Қудратов, корманди Фарҳангистони улуми кишоварзӣ, дар назар дар ояндаи наздик дар наздикии шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон анборҳои бузург барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ бунёд шавад.

Оқои Қудратов гуфт, ки дар мавсими ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ дар фаслҳои тобистону тирамоҳ, ки қимати як килуграм пиёз то 40 дирам ва катошка ё себзаминӣ 50 дирам арзиш дорад, ниҳодҳои зирабт ба миқдори кофӣ ин маҳсулотро харидорӣ карда ва дар фасли зимистон бо баҳои пойин ба муштариён арза мекунанд.

Сиҷоуддин Исроилов, муъовини вазири кишоварзӣ, афзоиши сареъи қимати маводди ғизоӣ, назири шакар, рӯғани наботӣ, орд ва гӯштро ба боло рафтани таъруфаҳои тронзитӣ дар роҳи оҳани Ӯзбакистон ва арзиши маводди сӯхтӣ марбут хонданд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Бонки Ҷаҳонӣ ду рӯз қабл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Вошингтун иброз доштанд, ки ба далели афзоиши қимати маводди ғизоӣ ва сӯхтӣ 5,3 милюн тан аз сокинони кишварҳои дар ҳоли тавсеъаи Урупо ва Осиёи Марказӣ бо фақр рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Бахусус, ин вазъият барои кишварҳои “воридкунанда”, назири Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон, Мулдовӣ ва Тоҷикистон созгор нахоҳад буд. Бар асоси пешбинии Бонки Ҷаҳонӣ, мумкин аст дар соли ҷорӣ мизони фақр дар Тоҷикистон 8 дар сад боло равад.

Вале масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон нигарониҳо дар бораи афзоиши сареъи мизони фақр дар ин кишварро бепоя хонда ва гуфтанд, ки давлат барои ҷилавгирӣ аз вуқӯъи чунин вазъ тарҳҳои мушаххасеро рӯйи даст гирифтааст.

Гуфта мешавад дар сурати иҷрои ин тарҳҳо дар соли 2016 на танҳо сабзиҷоту меваҷот ва маҳсулоти гӯшту моҳӣ дар бозори дохилии Тоҷикистон таъмин мешавад, балки ин кишвар ба як содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ мубаддал хоҳад шуд. Коршиносони умури кишоварзӣ гуфтанд, ки феълан дар ниҳодҳои кишоварзӣ танҳо 60 дар сади маҳсулоти мавриди ниёзи ин кишвар тавлид шуда ва бахши дигар аз хориҷ ворид мегардад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ