Бадахшон пас аз як соли амалиёти ҳарбӣ
Ҳарчанд аз амалиёти ҳарбӣ дар Хоруғ як соли расо гузашт, таҳлилгарон дар мавриди онҳо ҳамоно ақидаҳои мухталиф доранд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар остонаи солгарди амалиёти низомӣ дар Хоруғ, маркази маъмурии Бадахшон гуфт, амалиёти Хоруғ ба ҳадафи мубориза бо гуруҳҳои муташаккил анҷом шуд ва ҳеҷ рабте ба равишҳои геополитикӣ надошт. «Мо мушаххасан мегӯем, ки зидди ҷинояткорони муташаккил ҷангида будем. Ин гуруҳи муташаккил бо истифода аз яроқ муқобилият нишон дода буд, ки ҳама шоҳиди ин будем. Ин гуруҳҳо зеру забар шуданд. Мутаассифона, дар ҷараёни амалиёт чанд шаҳрванди бегуноҳ ҳам кушта шуданд. Дигар ягон геополитика ва таъқиби мардуми бегуноҳ ин ҷо вуҷуд надорад,» - гуфт Рамазон Раҳимов
Амалиёти Бадахшон субҳи 24 июл шурӯъ шуд ва дар муқоиса бо ҷангҳои дигари ҳукумат бо гурӯҳҳои саркаш тӯлонӣ набуд. Куштори сарвари Раёсати КДАМ-и вилоят генерал Абдулло Назаров аз сабабҳое номбар мешавад, ки ҳукуматро ба анҷоми як чунин амалиёт дар минтақаи стратегии Бадахон такон додааст. Аммо ақидаҳои дигаре низ мавҷуданд, ки ҳадафҳои амалиётро фаротар аз як даргирии дохилӣ мешуморанд ва домани онро ба бозиҳои геопролитикӣ пайванд мекунанд.
Генерал Абдулло Назаров шоми шанбеи 21-уми июл ҳангоми бозгашт аз сафари хидматӣ аз ноҳияи Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ ба қатл расид. Амалиёти нирӯҳои ҳукумат 24 июн дар маҳалҳои мухталифи шаҳри Хоруғ идома кард. Ҳукумат чаҳор нафар -- Имомназар Имомназаров, Ёдгор Маҳмадасламов, Толиб Айёмбеков ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро сарварони гурӯҳҳои ғайриқонунии фаъол дар Бадахшон ва аз тарҳрезони куштори генерали КГБ унвон кард. Додситонии кулли Тоҷикистон дар он рӯзҳо бо нашри як баёния аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ зидди ин афрод хабар дода буд.
Як сол баъд...
Имомназар Имомназаров, ки гуфта мешуд, лидери ғайрирасмии Бадахшон аст, пас аз як моҳи амалиёт дар шароити мармуз дар манзили зисташ кушта шуд ва бақия се пешвои ғайрирасмии ин вилоят Ёдгор Маҳмадасламов, Толиб Айёмбеков ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров сарфи назар аз иттиҳоми расмии даст доштан дар терроризм, қочоқӣ инсон ва қочоқи маводи мухаддир ҳанӯз дар озодӣ ба сар мебаранд. намуд. Дар ин амалиёт тибқи иттилои расмӣ, аз ду тараф дастикам 70 кас, ба шумули 21 мулкӣ кушта ва теъдоде захмӣ шудаанд. Омори ғайрирасмӣ ин арқомро бамаротиб бештар нишон медиҳанд.
Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ аз байн бурдани гурӯҳҳои саркаш ва мусодираи миқдори зиёди силоҳу лавоимоти ҷанргиро аз мувафақиятҳои ин амалиёт унвон мекунад. Аммо аксаран муваффақияти оромии баъдӣ дар Бадахон ва таслими ихтиёрии силоҳ аз тарафи гурӯҳҳои масуллаҳро бештар ба ҷомеъаи шаҳрвандии Бадахшон нисбат медиҳанд, ки дар он шабу рӯ нақши миёнрав дар байни ҳукумату гуурӯҳҳои мусаллаҳро бозид ва субот дар Хору саҳм гузошт.
Ҳоло дар солгарди амалиёти амниятӣ дар Бадахон, таҳлилгарон ва нозирон, ки барои қазоват як соли дарозро дар ихтиёр доштанд, бурду бохти ин ҳодисаҳоро ба тарозуи мантиқ мегузоранд ва натиҷагирӣ мекунанд. Суҳроб Шарипов, намояндаи парлумон аз ҲХДТ мегӯяд, ин як амалиёти вижа ва боаҳамият буд, зеро суҳбат аз ҷиноятҳои фаромиллӣ ва ҷинояткорони фаромиллӣ мерафт. Ӯ амалиёти Бадахшонро бо даргириҳои дигари мақомот бо гурӯҳҳои мусаллаҳ қиёс мекунад ва мегӯяд:
«Ин амалиёти муваффақ буд, чун фарди калидӣ дар миёни гуруҳҳои террористӣ аз байн бурда шуд. Агар ҳамчунин зарурат боз пеш ояд, боз чунин амалиёт бояд роҳандозӣ шавад. Амалиёти гузашта нозукиҳои зиёд дошт ва маълум набуд, ки террористон чӣ мехоҳанд ва онҳо бо кушта шудан фикрҳои худро ҳам ба худ бурданд».
Дар умум таърифи мақомот аз вазъи Бадахшон чунин буд, ки дар ин ҷо чор гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ бо қочоқи маводи мухаддиру тамоку, инсонфурӯшӣ ва фаъолиятҳои террористӣ машғуланд ва на танҳо ҳолу ҳавои сиёсиву иқтисодии вилоятро муайян мекунанд, балки монеи фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла милисаву додгоҳҳо мешаванд. Аммо коршиноси масоили сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, фазои сиёсии Бадахшон дар муқоиса бо давраи то амалиёт хеле тағйир ёфтааст. Ба гуфтаи ин коршинос, амалиёти соли 2012 мавқеи пешвоёни ғайрирасмиро боз ҳам қавитар кард:
«Бадахшон вилояте буд, ки нисбат ба ҳокимияти давлатӣ муносибати хуб дошт, албатта, норозиҳо буданд, аммо дар умум мардум ҳеҷ мушкиле бо ҳукумат надошт. Вилоят берун аз сиёсат буд. Дахл ва ҳатто манфиату хоҳише дар сиёсат надоштанд. Ман борҳо сафар карда, ҳатто ба ҳайрат афтода будам, ки президент Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо дар қиёс бо дигар вилоятҳо, ҳатто Кӯлоб бештар маҳбубият дошт. Аз он вилояти ҷонибдори ҳукумату президент як минтақаи мухолифинро ба вуҷуд оварда истодаанд.»
Ёрмуҳаммади Сучонӣ, пажуҳишгари умури фарҳанг ва таърих мегӯяд, ҳукумат метавонист ин амалиётро чаҳор-панҷ соли пеш анҷом диҳад, аммо доираҳои ворид ба қочоқи маводи мухаддир ва тиҷоратҳои фоидаовари дигар, ки бо пешвоёни маҳаллӣ ҳамдастӣ мекарданд, ба ин имкон надоданд:
«Тайи як соли охир парлумон ягон комиссияе ташкил накард, ки ин ҳодисаро таҳқиқ кунад. Пас чаро мардум ҳукуматро бовар ва эътироф кунад? Мардум мебинад, ки қумондонҳо ба кору бори худ гаштаанд, ҳатто нуфузашон бештар шуд. Мардум хулоса кард, ки аз дасти ин ҳукумат чизе намеомадааст. Албатта, ба ин ҳақиқат он қишре расидааст, ки андак ақли таҳлилро дорад.»
Дар ҳоле, ки аксари коршиносон мегӯянд, ҳукумат бо ин амалиёт бештар аз бурд бохти зиёд ва ҳатто хатарнок дошт, пас суол мешавад, ки чаро дастандаркорон ин ҳамаро пешбинӣ накарданд? Пас мешавад ба он фарзияҳое бовар кард, ки дар ин амалиёт дасти хориҷӣ буд ва аҳдофи муайянеро пайгирӣ мекард? Рӯзноманигор Марат Мамадшоев, ки ҳоло дар Хоруғ аст, ҳадафи амалиёт ва натиҷаи онро комилан дар хостаҳои мақомот марбут мекунад:
«Як ҳадаф на, як маҷмӯи аҳдоф буданд. Қабл аз ҳама сабабҳои моддӣ. Ин як мубориза барои бозорҳои нав аст, то рақибонро аз самтҳои Чину Афғонистон танг карда бароранд. Мисоли барҷаста, тиҷорати тамоку аст, ки ҳоло аз ихтиёри фармондеҳони Бадахшон баромад. Сабабҳои сиёсӣ қабл аз ҳама таҳти назорат даровардани Бадахшон буд. Аммо ба ин зӯри неруҳои ҳукуматӣ намерасид, чун он аз дарун хароб шудааст.»
Фарзиияҳои дигаре низ мавҷуд буданд, ки ба дасти Русия дар нооромии Бадахшон ишора мекарданд. Вале, таҳлилгарон мегӯянд, ҳарчанд исбот кардани дасти Русия дар ташкили нооромиҳои Холруғ душвор аст, ҳадс задан мушкил нест, ки агар даргириҳо то чанд рӯзи дигар идома мекард, Русия ҳатман аз он ба манфиати худ истифода мекард.
Мақомоти Русия орзуи бозгашт ба марзи Тоҷистон, махсусан дар минтақаи буферии Бадахшонро, ки бо Чину Покистону Афғонистон марзи муштарак дорад, аз сар дур накардаанд. Мансабдорони сатҳи мухталифи Кремлин борҳо гуфтаанд, ки дар замони ҳузури онҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, вазъи амниятӣ дар марз ба маротиб беҳтар буд.
Бархе аз коршиносони тоҷик мегӯянд, амалиёти Хоруғ анҷом наёфтааст, на ба он хотир, ки омилони он ҳанӯз зиндаанд, балки барои он, ки аҳамияти ин минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилал дар Афғонистон бештар мешавад.
«Озодӣ»