Боздошти як зани тоҷик бо гумони танфурӯшӣ дар Русия
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо иттиҳоми танфурӯшӣ дастгир шудааст. Дафтари матбуоти идораи умури дохилаи шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград хабар дод, ки мақомоти пулиси ноҳияи Фрунзе рӯзи 3 июл аз идомаи фаъолияти як фоҳишахона пешгирӣ кардаанд.
Маъмурони пулис дар як манзил дар кӯчаи Ярослав Ҳашеки Петербург 4 зани аз 35 то 53-соларо дастгир кардаанд, ки ба гуфтаи мақомот, машғули танфурӯшӣ будаанд. Пулис мегӯяд, ин 4 зан атбоъи Русия, Узбакистон ва Тоҷикистонанд. Ҳамроҳ бо онҳо як зани 53-солаи зодаи вилояти Перми Русияро ҳам дастгир кардаанд, ки ҳам ба танфурӯшӣ ва ҳам ба ташкили ин фоҳишахона айбдор мешавад.
Пулис мегӯяд, алайҳи боздоштшудагон бар асоси моддаи 6.11-и Кодекси қонуншиканиҳои маъмурияии Русия (танфурӯшӣ) протоколҳои маъмурӣ тартиб додаанд. Чунин навъи қонуншиканӣ дар Русия маъмулан бо ҷарима муҷозот мешавад. Аммо алайҳи зани зодаи Перм, ки ташкилкунандаи ин шабакаи танфурӯшӣ, ё ба истилоҳи дигар, «Мама Роза» шинохта мешавад, тибқи моддаи 241-уми Кодекси ҷиноии Русия(ташкили танфурӯшӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ин фоҳишахона дар минтақаи Купчино воқеъ буда, асосан танфурӯшони «синну соли Балзак»-ро фаро мегирифт ва «муштариён»-аш асосан муҳоҷирони корӣ будаанд.
Ин яке аз нахустин мавридҳои расонаишудаи боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми танфурӯшист. Аммо муруре дар сомонаҳои «гарм»-и сегменти русии Интернет нишон медиҳад, ки шабакаҳои танфурӯшии Русия, ки худро маъмулан чун «салони массаж», «сауна», ё «хадамоти эскорт» муаррифӣ мекунанд, ба муштариёнашон танфурӯшони тоҷик ё аз Тоҷикистонро низ зиёд пешниҳод мекунанд. Ҳамин тавр, дар Интернет наворҳои зиёди равобити ҷинсӣ нашр шудааст, ки «секс а таджичкой» ё мисли ин номгузорӣ шудаанд.
Мавҷи муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон, ки солона дар давру бари 1 миллион нафар гуфта мешавад, муҳоҷирати ҷамъи бузурге аз занони тоҷикро низ ба ҳамроҳ доштааст. Бино ба ҳисобҳо, тақрибан 250 000 зан аз Тоҷикистон ҳар сол ба муҳоҷирати корӣ меравад. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, теъдоди хеле кам, вале ба ҳар сурат теъдоде аз ин занҳои муҳоҷир, вақте дар Русия шуғли муносибе пайдо намекунанд ва дар рӯи роҳ мемонанд, метавонанд тӯъмаи шабакаҳои ҷиноие шаванд, ки занону духтаронро ба танфурӯшӣҷалб мекунанд. Ҳамин тавр, як бахши онҳое ки дар Тоҷикистон ҳам шуғлашон танфурӯшӣ буд, низ аз паси «муштарӣ»-ҳои худ ҳар сол ба Русия ё Қазоқистон мерафтаанд.
Ба гуфтаи коршиносони масоили муҳоҷират, дар хориҷ аз кишвар ва он ҳам барои моҳҳо дур аз ҳамсарони худ қарор доштани садҳо ҳазор мард, ки аксарияти куллаш дар синну соли репродуктивист, бозори арзаи хадамоти шаҳвонӣ барои ин тоифаро дар Русия низ хеле гарм кардааст. Аммо ин бозори гарм тарафи дигар низ дорад. Мақомоти тиббии Тоҷикистон ҳоло дар баробари танфурӯшӣ ва мӯътодӣ ба маводи мухаддир муҳоҷиратро низ як манбаъи умдаи афзоиши шумори гирифторон ба бемории қаттоли СПИД ном мебаранд ва мегӯяд, равобити ҷинсӣ бо афроди тасодуфӣ ва он ҳам дар ҳолати ноогоҳии муҳоҷирон аз маърифати ҷинсӣ ва қоидаҳои алоқаи амни ҷинсӣ ин мардумро дар баробари эҳтимоли печидан ба амрози ҷинсӣ ё вируси ВИЧ дар як шароити хеле осебпазир қарор медиҳад.
Ду сол пеш дар Интернет наворе нашр шуда буд, ки муҳоҷирони қирғиз як зани ҷавони ҳамватани худро барои алоқаи ҷинсиаш бо як муҳоҷири тоҷик азият медоданд. Як ҳомии ҳуқуқи занони тоҷик қаблан дар Озодӣ аз раҳбари як ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар Екатеринбурги Русия қисса карда буд, ки мӯи сари занони тоҷики гумонбар дар танфурӯширо тарошида, онҳоро иҷборан ба Тоҷикистон пас мефиристодааст.
Аммо ба хотири қути лоямуте рафтан ба пайроҳаи танфурӯшӣ хоси фақат муҳоҷирони зан набудааст. Дар соли 2008 Додгоҳи олии Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро - бо ҷурми қатли Илёс Шӯрпоев, хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия (ОРТ) дар шаҳри Маскав 21-солӣ ҳукми зиндон дод. Матбуоти Русия он замон навишта буд, ки хабарнигор бо қотилони худ дар гулгаште дар маркази Маскав, ки ҳамчун макони мулоқоти ақалиятҳои ҷинсӣ маъруф аст, шинос шудааст.
«Озодӣ»