22:59:05 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2042 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

БДА ДАРЁФТИ ҲУҶҶАТИ РОНАНДАГИРО МУШКИЛТАР МЕКУНАД

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон эълон кард, ки сар аз соли 2013 гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ мушкилтар мешавад. Убайдулло Раҳмонов, сардори Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, дар суҳбат бо мо гуфт, сар аз соли оянда талабот аз ронандагони эҳтимолӣ сахттар мешавад:

/images/stories/2012/12/26_bda-gbdd-2012.jpg"Ҳоло мо лоиҳаи барномаи қабули имтиҳонот аз ронандагони ҳамаи дараҷаҳо, ки тибқи он талаботи имтиҳонсупорӣ сахттар мегардад, таҳия карда истодаем. Яъне ҳоло агар 400 суол тартиб дода шуда, довталаб ба 10-тои он бояд ҷавоб диҳад, аз соли нав довталабонро зарур аст, ки аз 800 суол ба 20-тоаш ҷавоб гӯянд. Агар довталаб аз ҳамин 20 суол ба 2-тояш ҷавоб гуфта натавонад, аз имтиҳон намегузарад."

Ҷаноби Раҳмонов итминон дорад, ки бо ин тадбир дониши ронандагон боло рафта, садамаю қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд.

Шараф, як ҷавони тоҷик, ки чанде пеш ҳуҷҷати ронандагиро ба даст овардааст, мегӯяд,  имрӯз аксарияти ронандагон, алалхусус ҷавонон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро намедонанд: «Аксарият ҳуҷҷати ронандагиро мехаранд. Масалан, дар гурӯҳе, ки таҳсил кардам, бисёри ҳамсабақонам дар дарсҳо ҳузур надоштанд, вале бо вуҷуди ин, соҳиби ҳуҷҷат шуданд.»

​​Аммо Сироҷиддин, ҷавони дигар, ки таҷрибаи 8-солаи ронандагӣ дорад, сабаби афзоиши садамаҳои нақлиётиро дар беҷазо мондани вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ медонад. Ба гуфтаи Сироҷиддин баъзе ронандаҳо мутмаинанд, ки ҷазои қоидавайронкуниашон танҳо пардохти маблағи муайян аст ва аз ин хотир дар ин самт масъулияти ҷиддӣ эҳсос намекунанд:

«Ба чароғак нигоҳ намекунанд, мошинро дар рӯйи одам меронанд, аз тарафи дасти рост пойга мекунанд. Аксарияти чунин ронандагон шахсони мансабдору пулдоранд. Онҳо ё бо ходимони БДА шиносоӣ доранд ва ё 10 сомонӣ медиҳанду бо ҳамин халос мешаванд. Камбағал бошад, агар чунин корҳо кунад, дар  бало мемонад.»

Қурбонбой Шукуров, ки 30 сол боз омӯзгори яке аз мактабҳои ронандагии Тоҷикистон аст, аз хабари бештар шудани талабот барои  ронандагони эҳтимолӣ истиқбол мекунад. Аммо бар иловаи ин ӯ зарур медонад, ки дар самти гузаронидани дарсҳои амалӣ низ дар мактабҳои ронандагӣ тағйирот ворид шавад: «Азбаски машғулияти амалӣ аз ҳисоби довталаб аст, баъзеҳо маблағ надоранд ва аксаран аз чунин машғулиятҳо ақиб мемонанд.»

Аммо на ҳама иқдоми пешгирифтаи БДА-ро роҳи муносиби расидан ба аҳдоф мешуморанд.

Музаффар Мадалиев, як ронандаи таҷрибадор, иқдоми раёсати БДА-ро дастгирӣ намекунад. Ӯ мегӯяд 800 суол зарур нест: «Бигзор 200 суол бошад,  лекин бояд назорат аз болои риояи қоидаҳо бо таври бояду шояд ҷорӣ шавад.» Мадалиев муътақид аст, ки танҳо дар ин сурат дар роҳҳои Тоҷикистон тартибот таъмин мешавад.

Ӯ мегӯяд дар баробари ронандагон, нозирони роҳ низ бояд барои риоя кардани қоидаҳо масъулият дошта бошанд: «Агар ронандагон ҳис кунанд, ки бо пул аз ҷавобгарӣ халос  намешаванд ва аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум мегарданд, маҷбур мешаванд, ки қоидаҳоро риоя кунанд.»

​​Дар ҳамин ҳол, тибқи омори Раёсати БДА-и Тоҷикистон аз аввали соли равон то имрӯз дар роҳҳои кишвар 1351 садама ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 433 нафар ба ҳалокат расида, 1493 кас ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 дарсад коҳиш ёфта, теъдоди ҳалокшудагон 0,7 дарсад зиёд шудааст.

Ҳарчанд арқоми дақиқ вуҷуд надорад, вале ходимони БДА аксарияти ҳодисаҳои роҳу нақлиётро бо айби ҷавонон медонанд. Бештари садамаҳои нақлиётӣ бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракати мошин иттифоқ меафтад.

Ҳамин тавр, ба ақидаи коршиносон мушкил кардани шеваи дарёфти шаҳодатномаи ронандагӣ низ наметавонад, роҳи ҳал бошад. Аммо аксарият мегӯянд масъалаи аслӣ вуҷуди фасод дар ин бахш аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi