10:34:01 01-уми Июли 2025 сол

АЗ ДУШАНБЕ БА ШАҲРҲОИ ДИГАР: АВТОБУСҲО ДУБОРА ФАЪОЛ МЕШАВАНД

Ширкати хусусии “Asian Express” мегӯяд, ки аз моҳи оянда автобусҳои ҷадиди ин ширкат аз терминоли мусофирбарии шаҳри Душанбе рафту омад ба навоҳии мухталифи Тоҷикистонро оғоз мекунанд. Терминоли автобусҳо дар шаҳри Душанбе, ки бештар бо номи "Автовокзал" маъруф аст, дар соли 1978 таъсис шуда ва пас аз ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 дар Тоҷикистон тақрибан аз фаъолият боз монда буд.

/images/stories/2011/12/24_asianexpress_2011.jpgСохтмони ин терминол ё поёна фарсуда шуда ва автобусҳо низ аз кор бозмонда буданд. Александр Шукуренко, як масъули Вазорати роҳу таробарии Тоҷикистон, гуфт, ки тайи солҳои ахир фаъолияти “автовокзал” хеле заъиф шуда буд. Вай афзуд: “Васоили мусофирбарии ин ширкат фарсуда шуда буданд, дар ҳоле ки акнун ҳам истондордҳои мусофирбарӣ ва ҳам даромади ширкат, ҳам шароити зистмуҳитӣ барои мусофирбарӣ тағйир кардааст.”

Ширкати “Asian Express”, ки поёнаи мусофирбарии шаҳри Душанбе дар тирамоҳи соли ҷорӣ ба моликияти он даромада, ба манзури аз сар гирифтани рафту омади автобусҳо миёни пойтахт ва ноҳияҳои кишвар 20 автобус харидорӣ карда ва таъмири комили поёнаро оғоз кардааст. Ба гуфтаи Қаҳор Холов, сармуҳосиби ширкати “Asian Express”, қарор аст ин ширкат чандин автобуси кучак низ харидорӣ кунад.

То ҳол "Автовокзал" ба далели аз кор мондани ҳамаи васоили мусофирбарияш чанд автобус ва минибуси хусусиро кироя карда ва гаҳ-гоҳе ба баъзе аз ноҳияҳо мусофир мекашонад. Оқои Холов гуфт: “Ҳоло дар шаҳри Душанбе нуқтаҳои ғарйирасмии минибусҳо ё автобусҳои мусофирбари хусусӣ зиёд шудаанд, ки мо бояд бо онҳо рақобат кунем. Вале ман мутмаиннам, ки мо муштарӣ меёбем, зеро қиматҳои мо пойинтар ва сафар бо васоили мусофирбарии мо роҳаттар хоҳад буд.”

Ба гуфтаи сармуҳосиби “Asian Express”, қимати сафар бо автобусҳои ин ширкат низ арзонтар хоҳад буд. Вай гуфт: “Агар ҳоло мошинҳои хусусии сари роҳ аз Душанбе то Панҷ 35 сомонӣ гиранд, тибқи нархномаи мо қимати сафари Душанбе–Панҷ 27 сомонӣ хоҳад буд.”

Вай гуфт, ки автобусҳои навъи “MAN”, ки ширкати “Asian Express” харидорӣ кардааст, сохти Олмон буда ва ҳар мусофир дар он шароити тамошои филм ё гӯш додан ба родию ва истифода аз интернетро хоҳад дошт. Тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, ин навъи автобусҳо аз Эрон ба Тоҷикистон ворид карда хоҳанд шуд, аммо масъулони ширкати "Asian Express" ин мавзӯъро таъйид накардаанд.

Аммо масъулони ширкати хусусии “Asian Express” аз ин ки мумкин аст ин таҷҳизот базудӣ хароб шавад, нигарон ҳастанд. Оқои Холов дар ин бора гуфт: “Мусофирони мо ба чунин автобусҳои дорои истондордҳои байналмилалӣ одат накапрдаанд. Мо нигаронем, ки онҳо техникаи дохили автобусҳоро вайрон накунанд. Ҳоло дар бораи ҳамин фикр карда истодаем, ки чи кор бояд кард?”

Масъулони ширкати “Asian Express” гуфтанд, ки то анҷоми корҳои сохтмонӣ дар тунели Анзоб автобусҳои онҳо ба самти шимоли Тоҷикистон ҳаракат нахоҳанд кард. Ба гуфтаи Қаҳор Холов, қарор аст, терминол ё поёнаи ҷадид дар Наврӯзи соли 2013 ифтитоҳ шавад, аммо сафари автобусҳо аз Душанбе ба даҳ нуқта аз моҳи оянда оғоз хоҳад шуд.

Аз ҷумла интизор меравад автобусҳои “Asian Express” ҳар ҳафта ду маротиба дар масирҳои Душанбе–Панҷ, Душанбе–Дӯстӣ, Душанбе–Темурмалик, Душанбе–Ҷ. Румӣ, Душанбе–Шаҳритус, Душанбе–Норак, Душанбе–Кӯлоб, Душанбе–Ҳамадонӣ, Душанбе–Данғара, Душанбе-Оби Гарм–Роғун рафтуомад кунанд.

Автовокзал ё поёнаи мусофирбарии Душанбе, ки аз соли 1978 моликияти давлат будааст, дар соли 2007 хусусӣ шуда ва дар тирамоҳи соли ҷорӣ ба моликияти ширкати тозатаъсиси “AsianExpress” даромадааст. Дар бораи соҳибони ин ширкат иттилоъи дақиқе дар даст нест.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ