05:51:10 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲИМОЯТИ АМРИКО АЗ ТАРҲИ НАВСОЗИИ ПОСГОҲҲОИ ГУМРУКӢ

Бонки Осиёии Тавсеъа ва сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба ҳимояти муштараки молӣ аз иҷрои тарҳе дар заминаи навсозии системи гумрукӣ ва тавсеъаи зербиноӣ иқдом кардаанд. Макото Оҷиро, раиси дафтари Бонки Осиёии Тавсеъа (БОТ) ва Ниша Кваст, кордори сафорати Амрико дар Душанбе, рӯзи ҷумъаи 21 август дар як маросим созишномае дар ин бора дар ҳузури Неъматҷон Буриев, мушовири аршади раиси ҷумҳурӣ дар умури иқтисодӣ ва Женерол Неъматбой Раҳматов, муъовини аввали раиси Идораи гумруки Тоҷикистон имзо карданд.

Тибқи ин тавофуқ, мақомоти Амрикоӣ маблағи 1,6 милюн дулор кумаки билоъиваз барои бозсозии ду посгоҳи марзӣ дар Кулма, дар марз бо Чин, ва Қизиларт, дар марз бо Қирғизистон, ихтисос додаанд. Гуфта мешавад таҷдиду навсозии таъсисот дар ин ду гузаргоҳи марзӣ ба густариши муъомилоти тиҷории байналмилалии Тоҷикистон бо Чин ва Қирғизистон ва ба ҷараёни ҳамлу нақли коло ва мусофирон дар ин ду гузаргоҳ мусоъидат хоҳад кард.

Ба гуфтаи масъулони Бонки Осиёии Тавсеъа, кумаки билоъивази давлати Амрико барои иҷрои комили тарҳи ин бонк дар заминаи навсозии системи гумрукӣ дар Тоҷикистон ва таҷҳизи он бо дастгоҳҳои мухобиротӣ замина фароҳам хоҳад кард.

Ҳазинаи куллии ин тарҳ ҳудуди 15 милюн дулор аст, ки он ҳамчунин шомили 10,7 милюн дулор эътибори молии Бонки Осиёӣ ва 2,68 милюн дулор саҳми давлати Тоҷикистон мешавад.

Ниша Кваст, кордори сафорати Амрико, пас аз имзои қарордод гуфт: "Ин тарҳ имкон медиҳад, ки марзбонон, командони гумрук ва ниҳодҳои дигаре, ки дар ин посгоҳҳо кор мекунанд, шароити беҳтари зиндагӣ ва кор дошта бошанд. Дар натиҷа, онҳо барои ҷилавгирӣ аз вуруди асноди тақаллубӣ, маводди мухаддир, маводди шимиёӣ ва ғайра тавоноии бештаре хоҳанд ёфт."

Дар ҳамин ҳол, коршиносон маъоши андак ва шароити бади кориро аз авомили аслии даст ба ришвахорӣ ва фасод задани кормандони гумрук дар Тоҷикистон медонанд.

Ин тарҳ имкон медиҳад, ки марзбонон, командони гумрук ва ниҳодҳои дигаре, ки дар ин посгоҳҳо кор мекунанд, шароити беҳтари зиндагӣ ва кор дошта ва барои ҷилавгирӣ аз вуруди асноди тақаллубӣ, маводди мухаддир, маводди шимиёӣ ва ғайра тавоноии бештаре ёбанд.

Аз сӯйи дигар, Макото Оҷиро, раиси намояндагии БОТ дар Душанбе, ба навбаи худ ин тарҳро барои тақвияти Барномаи Ҳамкориии Минтақаии Иқтисодӣ дар Осиёи Миёна ва густариши тиҷорат дар ин минтақа муҳим хонд.

Вай афзуд: "Мо ҳамчунин таваққуъ дорем, ки ин тарҳ ба беҳтар шудани фазои тиҷорат ва муҳити зист дар Осиёи Миёна кумак кунад. Ин тарҳ хароҷот барои муъомилоти тиҷоратиро низ коҳиш хоҳад дод ва аз он савдогарону бозаргонҳои камбизоъат суд мебаранд."

Зимнан, аз замони ифтитоҳи роҳи Кулма-Қароқурум дар соли 2004 тиҷорат миёни Тоҷикистону Чин аз тариқи устони кӯҳистонии Бадахшон рушди қобили мулоҳизае кардааст, аммо бозаргонҳои маҳаллӣ аз хароҷоти зиёд ва мавонеъи гумрукӣ борҳо шиква кардаанд.

Манобеъи сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯянд, ки Иёлоти Муттаҳида дар 17 соли ахир беш аз 900 милюн дулор дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Мизони тиҷорати солона байни ду кишвар аз 10 милюн дулор дар авоили солҳои 1990 ба ҳудуди 270 милюн дулор боло рафтааст.

Ин сафоратхона ҳамкориҳои амниятӣ ва ҳамчунин ислоҳоти иқтисодию демукротикро дар меҳвари фаъолиятҳои худ қарор дода ва ин умурро барои ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва дастёбӣ ба суботи пойдор дар ин кишвар муҳим арзёбӣ мекунад.

Бонки Осиёии Тавсеъа аз сармоягузорони аслӣ дар тарҳҳои иқтисодию иҷтимоъии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва то кунун беш аз 370 милюн дулор эътибори молӣ ба ин кишвар ихтисос додааст.

Аз замони пайвастани Тоҷикистон ба ин бонк дар соли 1998, ин ниҳоди молии байналмилалӣ ҳамчунин маблағи ҳудуди 34 милюн дулор кумакҳои фаннӣ ва беш аз 140 милюн кумакҳои билоъиваз барои иҷрои тарҳҳои мухталиф дар ин кишвар ихтисос додааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi