15:07:22 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАСТРАСӢ БА ОБИ ТОЗАИ НӮШОКӢ ДАР НОҲИЯИ ТУРСУНЗОДА БЕҲТАР ШУД

Сокинони деҳаи Якуми Майи ноҳияи Турсунзода аз нарасидани оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд, ки ин боиси паҳншавии бемориҳои сироятии пешгиранда дар ин минтақа гардид.

/images/stories/2011/12/01_usaid_3-11211.jpgБарои беҳтар намудани дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дар чорчӯбаи фаъолияти лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” ва дар ҳамкорӣ бо ҳукумати маҳаллию аҳли маҳалла “Нақшаи амалиёти маҳалла оид ба ҳалли масоили об ва саломатӣ” таҳия карда шуд. 29-уми ноябри соли 2011 хонум Сера Пенхюн, муовини сардори намояндагии ИМА дар Тоҷикистон барои ширкат дар маросими ифтитоҳи расмии ба истифода додани сохтори нави обтаъминкунӣ ба деҳаи Якуми Май, ки дар ҷануби ноҳияи Турсунзода ҷойгир аст, ташриф овард.

Дар ин маросим инчунин сардорони маҳалла ширкат варзиданд ва аз ҷониби мактаббачагон намоиши таълимию тарбиявӣ оид ба аҳамияти оби тозаи нӯшокӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошт пешниҳод гардид.

/images/stories/2011/12/01_usaid_1-11211.jpgЛоиҳаи мазкур дар деҳаи Якуми Май яке аз ҳафдаҳ лоиҳаҳои хурди обтаъмикунӣ буда, аз ҷониби лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон соли 2011 амалӣ гаштааст. Бо дастгирии лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” инҷониб  76, 744 нафар аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд ва то ба анҷом расидани фаъолияти ин лоиҳаи сесола умуман зиёда аз 100, 000 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин ҳоҳад гардид.

/images/stories/2011/12/01_usaid_2-11211.jpg“Ҳадафи асосии мо дастгирии деҳаҳои Тоҷикистон дар беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва ояндаи хуби сокинони онҳо тавассути ҳамкорӣ ва сафарбар намудани ҳама гуна заҳираҳои корӣ ва молиявӣ аст”, - дар суханронии хеш қайд намуд хонум Пенхюн. Лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмаки мардуми Амрико мебошад, ки тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб барои амалӣ гардонидани барномаҳои дастгирии рушди институтҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва иқтисодиёт дар Тоҷикистон тақрибан 984 милион доллар ҷудо намудааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi