12:43:18 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ТАКЯ БА ХУДО КУНЕД, ИНШОАЛЛОҲ, ЧИЗЕ РУХ НАМЕДИҲАД!

Дар байни мардум, ба хусус сокинони шаҳри Душанбе, овозае паҳн шудааст, ки гӯё рӯзи шанбе, 21-уми майи 2011 баъд аз як заминҷунбии шадид дунё ба охир мерасад ва барои наҷот ёфтан аз ин заминҷунбӣ баъзеҳо дар ҳолати «омодабош» қарор доранд. Ин хабари шум бисёриҳоро нороҳат карда, мардуми зудбовари камэътиқодро то ҷое маҷбӯр кардааст, ки ба орзуву омолҳои неки худ «Ёсин» бихонанд.

gorsel_dua1452.jpgАммо Аршед Каримов, доктори илмҳои физика ва риёзиёт, мудири лабораторияи мушоҳидаҳои коплексии геофизикӣ дар Иниститути геологияи сохтмонии ба заминларза тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои кишварамон, дар ояндаи наздик ба вуқуъ пайвастани заминларзаи шадид ё заминҷунбии калонеро дар Тоҷикистон рад кард ва гуфт:

«Мушоҳидаҳо ва хулосаҳои  мо ҳама  дар асоси илм ҳастанд, Тибқи мушоҳидаҳои  сейсмологӣ, илми зилзилишиносӣ мо ягон  асос надорем, ки бигӯем  тағйирот ё рафтори ғайриоддӣ ҳаст дар ҳамон параметрҳое, ки мо мушоҳида мекунем дар ҳамин шабу рӯз ба назар расида истодааст. Аз ин рӯ мо ошкоро мегӯем, ки  барои тасдиқ кардани он, ки фалон рӯзу фалон соат, ё ба наздикӣ заминҷунбӣ мешаванд, асос надорем. Аз дигар тараф, имрӯзҳо заминҷунбӣ зиёд шуда истодааст. Яъне ҳар як дақиқа дар ҳамин курраи замин  заминҷунбӣ  мешавад, лекин бисёр вақт одамон  онҳоро ҳис намекунанд, онҳо ҳис нашавандаанд. Онҳо танҳо тавассути асбобҳо ба қайд гирифта мешаванд. Нисбат ба заминҷунбиҳои шадид ё заминҷунбиҳои калон дар ҳамон пойгоҳҳо ва озмоишгоҳҳое, ки дорем, мо ягон хел  нишонае  дар даст надорем».

Ба маълумоти хонандагони мӯҳтарам мерасонем, ки агар воқеан ҳам ба Худои худ бовар доранд ва ба Паёмбари гиромиашон имон овардаанд, бояд бидонанд, ки тибқи гуфтаи онҳо қиёмати ҳар фард баъд аз вафот ёфтани ӯ оғоз мегардад. Аммо ин маънои онро надорад, ки маҳз 21-уми майи соли 2011 ва ё соли 2012 баъд аз як заминҷунбӣ дунё ба охир мерасад.

Афзун бар он зикр кардан ба маврид аст, ки баъд аз ба паёмбарӣ мушарраф шудани Расули Худо Муҳаммад (с), худи он Ҳазрат (с) дар як маврид қайд карда гуфтанд: ман ва «ас-соъат» (қиёмат) тавъам фиристода шудаем ва қариб буд, ки қиёмат аз ман пештар бирасад».

Худои таъоло дар Қуръони карим низ дар посух ба ин ки чӣ замоне қиёмат барпо хоҳад шуд, ҷавоб гуфтааст. Ӯ таъоло хитоб ба расулаш ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд: «Туро (эй Паёмбар), аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ мешавад? Туро чӣ огоҳӣ ва чӣ хабар аз он (яъне, ту чизе аз он намедонӣ)? Интиҳои илми он назди Парвардгори туст. Фақат ва фақат ту касонеро, ки аз он рӯз битарсанд, бим медиҳӣ. Чун онро бубинанд, пиндоранд, ки гӯё дар ин ҷаҳон ҷуз як шомгоҳ ё чошт наистодаанд!» (Нозиъот, ояҳои 42 то 46).

Дар ривоёт мехонем, ки аломат ё нишонаҳои қиёмат ба гурӯҳ ҷудо мешаванд:

а)  нишонаҳои суғро  (хурд).

б) нишонаҳои кубро (калон).

Аз замони Пёмбари Акрам (с) то кунун хеле аз нишонаҳои суғроро, ки он Ҳазрат (с) баён карда буданд, мардум бо чашми сар дидаанд. Барои мисол: паҳн гардидани зино, зиёд шудани шаробнӯшӣ, касрати фасод, шаҳодати бардурӯғ, зиёд шудани талоқ, марги уламо, бебаракатӣ дар вақт, ба китоби Худо ҳукм накардан, канда шудани риштаи хешутаборӣ, анҷом додани фоҳишагарӣ дар шоҳроҳ ва…Ин ва аломатҳои дигаре, ки зикри номашонро дар ин матлаб раво надидем. Шояд аксари онҳоро мо дар ин замон бо чашми худ дида бошем.

Ба гунаи мисол: зинокорӣ, ки имрӯзҳо дар ҷомеа афзоиш ёфтаасту тибқи оморҳо наздик ба 70- дар сад аз мардуми Ғарб (ба истиснои мусалмонон) падарҳои худро намешиносанд, яъне аз роҳи ғайри шаръӣ-зино ба дунё омадаанд,  дар ҷомеаи мо низ ин падидаи зишт хеле роиҷ шудаасту дар шоҳроҳҳои ҳамин шаҳрамон Душанбе низ бо фоҳишаҳо ҳангоми фоҳишагарӣ кардан вомехӯрем.., ин ҳама аз нишонҳои суғро ба ҳисоб мераванд ва шояд то кунун қисме аз ин аломатҳои суғро боқӣ мондааст, аммо ин маънои онро надорад, ки пешгӯиҳои Ванга барин пешгӯҳо сад дар сад дуруст  ва амалишаванда бошаду ба ҷои Каломи Илоҳӣ ба он эътимод намоянд. Чунки илму дин дар мавриди қиёмат ва нишонаҳои боризи он бархилофи вангаҳҳо моро фаҳмонидаанд.

Дар мавриди аломатҳои кубро бошад, гуфтан ба маврид аст, ки теъдоди онҳо аз аломатҳои суғро камтар аст, вале таъсирашон зиёдтар. Дар ҷамъи ин аломатҳо чизҳое вуҷуд дорад, ки бо хуруҷ ё зуҳури яке аз онҳо дар ҷаҳон дигаргунӣ мешавад. Барои мисол: баромадани офтоб аз мағриб, яъне то имрӯз офтоб аз машриқ мебарояду дар мағриб менишинад, агар вақте офтоб ҷои баромади худро тағйир бидиҳад, низоми табиат, ҳатман, ки халалдор мегардад. Зуҳури имом Маҳдӣ, нузули Ҳазрати Исо, хуруҷи «Даҷҷол» ва кушта шудани он тавассути Исои Масеҳ, вайрон кардани Каъба ва хуруҷи насими фораме, ки арвоҳи мӯъминонро қабз мекунад…

Мардуми мусалмон, ки ба Худову Расул (с) имон доранд, хуб медонанд, ки тамоми гуфтаҳои  Ҳазрати Ҳаққ таъоло ва Расули Акрам (с) ҳақ мебошанд. Ба ин хотир ба ҳақиқати овозаҳои дар боло зикр шуда бовар надоранд. Чун медонанд, то ҳол нишонаҳои куброи қиёмат пайдо нашудаанду қиёмати ҳар фард бо марги ӯ шурӯъ мегардад. Ба ибораи дигар, марг сароғози зиндагии нав ва ибтидои қиёмат барои ӯ мебошад. Чун ки мо эътиқод дорем, ки ҳар мурдаро дар қабр мепурсанд ва ҳамин пурсиш оғози ҷавоб гуфтан ба кардаи худ асту қиёмати инсон сар мешавад.

Бо ин вуҷуд, Комил Бекзода, файласуфи тоҷик дар посух ба ин ки, чаро мардуми мо ин қадар тезбоваранд ва ба омадани қиёмат ин қадар «хушбин» мебошанд, гуфт: «Сабабаш он аст, ки мо мардуми тоҷик, ҳозир дар асри XXI зиндагӣ надорем, мо фақат ҷисмамон дар асри XXI, лекин фикри мо дар асри VIII-IX-и асри миёна аст. Барои ҳамин мо ба ҳамаи ин чизҳо боварӣ дорем, чунки мардуми асри VIII-IX, дар ҳамин митақаи Хуросон, ба ҳамин ақидаҳо боварӣ доштанд. Яъне, ки мо ҳазор сол қафо мондаем аз ҷаҳони имрӯз. Барои ҳамин ин хурофоту ин масалан қиёматҳову мана ҳамин заминларзаҳое, ки мебароянд, ҳеч як решаи илмиву воқеӣ надоранд. Ба ин маъност, ки агар воқеан мо қавми фарҳангӣ мебудему бо ҷаҳони худамон бо асри худамон дар тамоси воқеӣ қарор медоштем, ҳеч вақт ба ин хурофот бовар намекардем. Лекин аз он, ки мутаассифона, ин замону асрҳо аз болои мо мегузаранду мо ҳамин ҳолате, ки доштем, дар ҳамон ҳолат қарор дорем, бо ҳамон маъное, ки «Руди ман олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ ҳамон», ҳамин формулаи асосие, ки гуфтааст, албатта ин назари шоир дар дигар масъала аст, ман фақат қолаби зоҳирии шеърро гирифтаам, лекин ба ин маъно, ки мо аз ҳамон қолаби асри VIII-IX, ҳозир ҳеч тағйироте накардем».

Бекзода баъд аз зикри иллати зудбовар будани мардум ва ин дурӯғбофиву иттилооти бардурӯғпаҳнкуниро моли тоҷикон наҳисобид, вай афзӯд: «Ин чизҳое, ки татбиқ мешаванд, дар муҳити мо, чизҳои аз берун овардаи бегонагонанд, ки ба гардани мо бор мекунанду худашон навигарӣ месозанду боз аз байн мераванду тарк мекунанд моро ва боз меоянд… ин тағйироте, ки дар назари мо, ба тоҷик нисбат дорад, ба худи тоҷик дахл надорад. Ин тағйиротест, ки бегонагон меоянду эҷод мекунанду аз байн мебаранду боз аз нав таҷриба мегузаронанд..».

Хайёмшинос Шарифи Ниёз мегӯяд: «Аз як тараф мардум дӯст медоранд, ки воҳима созанд, худрову дигаронро тарс диҳанду зери калом қарор диҳанд. Аз тарафи дигар, бо эҷоди чун ин воҳимаю овозаҳо шояд гурӯҳе мехоҳанд як дуздии калонро анҷом диҳанд, шояд мехоҳанд як дигаргунии сиёсиро амалӣ созанд. Албатта, мардуми содабовар дар ин ҳол тарки хонаву коргоҳ мекунанду худ ба дасти дузд чароғ медиҳанд, то амволашонро ба осонӣ ғорат кунанд.

Айб аст, - мегӯяд Шарифи Ниёз, - мо даъвои мусулмонӣ дорем, агар имону эътиқодамон ин қадар заиф аст, пас бояд ин даъворо хушк ҳисоб кунем. Оне, ки ба Худои ягонаву Китоби Ӯ ва Расули Ӯ боварии комил дорад, набояд ба чунин овозаҳо бовар кунад. Такя ба Худо кунед, иншоаллоҳ чизе рух намедиҳад». 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi