17:13:44 02-уми Ноябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Парӣ аз паси Куҳи Қоф

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо ҳамдастии ҶММ «Тоҷикпалимер» таҳияи филми ҷадиди фоҷеавӣ-мазҳакавӣ-мусиқии «Парӣ аз паси Куҳи Қоф»-ро ба анҷом расонид, ки санаи 1-уми апрел дар Кохи Ҷомӣ пешниҳоди мардум гардонида шуд.

aksi-asosi_45986565.jpgДар баробари тарзи пешниҳоди нави филм ҷалби ҳунармандони ҳирфаӣ дар он аз ҷониби аввалин ҷамъомадагони саҳни Кох хеле мусбат арзёбӣ мешуд. Хоса коршиносону ҳунарварони ҳирфаие чун Саъдулло Раҳимову раиси «Тоҷиккино» Сафар Ҳақдоду Зулфия Содиқова аз бурдҳои синамои тоҷик дар вақтҳои охир ҳарф мезаданд. Ҳатто Сафар Ҳақдод, ки филмҳои ахири «Тоҷикфилм»-ро бо шумули мазҳакаи «Сафари ҳавоӣ» муваффақона хонда буд, ишора кард, ки аз ин филм низ интизории хуше дорад ва он қадами тозаву ҷиддии дигаре хоҳад буд дар бахши филми мазҳакавӣ.

1-pari 121212Ҳамонгуна, ки аз тамошобоб омадани филм дар пайи ҳунарнамоии актёрони ҳирфаӣ сухан мерафт, ду нафар иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ - Дилбар Умарова ва Гулсара Абдуллоева дар иҳотаи ҷавонону ҷамъомадагон монда буданд ва ҳар яке мехост аз ин ду бонуи ҳунар дар бораи ҷаззобияти филм маълумоте пайдо кунад. Дилбар Умарова бо оҳанги ҷиддии боварибахш гуфт, ки ин беҳтарин филм шинохта хоҳад шуд, чун инҷо беҳтарин ҳунармандон ҷамъ омада буданд. Бону Умарова ишора бар он ҳам кард, ки ба филм ҷавонони тозаэҷод низ ҷалб шудаанд.

Диққати моро миёни ҷавонони тамошогар духтараки малеҳсурате ҷалб кард, ки маълум шуд, дар ин филм нақш низ дорад. Мавзуна Шехова, донишҷӯйи курси якуми Донишгоҳи тиббӣ, ки ба изҳораш, бори аввал  аст дар синамо нақш меофарад, мегӯяд:

- Фикр мекунам, ки бояд филм ба ҳама писанд шавад, зеро ҳам филми мазҳакавӣ аст, ҳам фоҷеа ва ҳам мусиқӣ. Ман инҷо нақши ҳамшираи шафқатро офаридам, ки бо ҳусни худ беморонро табобат мекунад. Фикр мекунам, ба калонсолон ҳам маъқул мешавад, ба ҷавонон ҳам. Иштироки ман шояд тасодуфӣ шуд, аммо ба касбам наздик буд. Барои ҳамин нақш бозидаму фикр мекунам, ки хуб аз уҳдаи иҷрои он баромадам.

2-pari_121212.jpgБа Кох ҳунармандони шинохтаи театру синамо бародарон Нурулло Абдуллоев ва Фатҳулло Абдуллоев ворид шуданд, ки аз насли ҷавон ду нафар қаҳрамонони асосии филм онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд. Вақти муаррифӣ Нурулло Абудуллоев бо ҳикмати хос гуфт: «Ҳа духт, дидӣ, мо танҳо не, бо фарзандонамон омадем».

Агар ҳоло ин ду нафарро ном барем, яқинан онҳоро хоҳед шинохт, вале барои асли мақсади Нурулло Абдуллоевро рушан намудан, сабр мекунем, то филми нав дигарбора муаррифияшон кунад. Танҳо илова бояд кард, ки ба ин ҳайат яке аз ҳунарпешаҳои собиқадор Ҷумахон Сироҷев ва метавон гуфт, ҷавонтарин ҳунарпешаи наврас Сайидҷон Абдураҳмонов пайвастанд. Боз ҳам ҳисси кунҷковӣ нагузошт, то аз нафаре бародарон назар напурсем. Хоса вақте мебинӣ, ки аз саҳнаҳои хурд-хурди ҳаҷвӣ имрӯз мазҳака синамоӣ мешаваду инҷо ду актёри пурмаҳсули ин бахш - Абдуллоевҳо нақш доранд.

Тавре Фатҳулло Абдуллоев изҳори назар кард, «дар ин сана намоиши филм хеле хуб асту ҷолиб аз ҳама он, ки аз саҳнаҳои хурд-хурд мо ба калон гузаштем, ба спектакл. Лек имрӯз аз он хурсандам, ки «Тоҷикфилм» боз ба наворгирии мазҳака сар карду дар ин мазҳака беҳтарин мазҳакакоронро даъват намуданд. Бисёр як филми аҷоиб баромад. Аҷоибияш дар он аст, ки филм бештар дар кӯҳистон ба навор гирифта шуд. Худатон медонед, ки мардуми кӯҳистон бисёр мардуми шӯх ҳастанд. Мо ҳам аз шӯхиҳои ҳамонҳо ба ваҷд омада, нақшҳои худро офаридем».

3-pari 121212Яке аз шахсиятҳои калидии офариниши филм режисёри он Баҳром Сайфиддинов, ки дар лаҳзаҳои оғози намоиш хеле сертарадуд буд, бо имкони андаки вақт гуфт:

- Ин филми хеле навоварона аст, чун инҷо фоҷеа ҳам ҳасту мазҳака ҳам ҳасту мусиқӣ ҳам ва метавон гуфт, бо ҳирфаияти тамом офарида шудааст, чун ҳунарофарони он касбиянд. Воқеан, ман рӯйи ин сенария аз соли 2008-ум то 2012 кор кардам. Ин чиз дар тахайюли ман пайдо шуду рӯйи кор омад. Тайи чор сол дар ҳамин асос ман кор кардам ва хушбахтона, ин сенарияи ман соли 2013-ум дар Озмуни байналмилалии киносенариянависон дар шаҳри Сеули Корея аз миёни 350 сенарияи пешниҳодгардида ба қатори 7 сенарияи беҳтарин ворид шуд. Чун мавзуву муҳтавои филм сирф миллист, фикр мекунам, барои ҳамагон муҳиму писандида хоҳад буд.

4-pari_121212.jpgСаҳнаи филм оғоз шуд ва муовини раиси «Тоҷикфилм» Толиб Раҳматуллоев ҳозиронро хайрамақдам гуфта, филми «Парӣ аз паси Куҳи Қоф»-ро дар ҳаёти фарҳангии мо боз як воқеаи хуш унвон кард.

- Хуб, ки банаворгирии филми «Парӣ аз паси Куҳи Қоф» ба анҷом расид ва шумо аввалин тамошобинони ин филм ҳастед. Филм дар жанри мураккаби мазҳакавии фоҷеа ба навор гирифта шудааст ва ман дар бораи он ҳоло чизе намегӯям. Пас аз тамошои филм худ қазоват мекунед. Инҷо танҳо мехоҳам ба мардуми деҳаи Вешаб, масъулони ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ, ки ҳунармандони мо онҷо се моҳ наворбардорӣ доштанд, арзи сипос намоям,- афзуд ӯ.

5-pari 121212Пасон ҳунармандони дар филм нақшдошта Роҳатхон (Дилбар Умарова), Ғиёс (Нурулло Абдуллоев), ҳамсари Ғиёс (Гулсара Абдуллоева), бародари Ғиёс - Қудратбойи халачӯб (Фатҳулло Абдуллоев), ҳамсари Қудратбойи халачӯб - Гулҷамол (Амина Табарова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, директори Театри ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб), духтари Ғиёс - Моҳпарӣ (Савлатмоҳ Холиқназарова), писари Қудратбойи халачӯб - Ворис (Фарҳод Холов), раиси деҳа (ҳунарманди собиқадор Ҷумахон Сироҷев), Абуи шӯх (ҷавонтарин ҳунарпешаи наврас Сайидҷон Абдураҳмонов) ва дигарон, дар қатори актёрони саҳмдошта, чун бахши мусиқии филм ба қавле қавист, матнависи сурудҳои филм Ҷамшеди Ромишгар ва бастакор Ҳотами Равшан ба саҳна хонда шуданд.

Муовини раиси «Тоҷикфилм» бо як эҳтироми хоса «сухани аввал ба Ҳоҷибобо Нурулло Абдулло» гуфта, ҳунармандро ба нутқ даъват кард.

Нурулло Аблулло ҳазломез гуфт: «Ростӣ, намедонам дар чанд филм нақш офаридаам. Аммо медонам, ин бори аввал аст, ки пеш аз намоиш сухан мекунам. Дар саҳнаи театр ҳунари моро рӯйрост мебинанд, барои ҳамин камтар ҳаяҷон аст. Инҷо сужаҳо ки пешакӣ сабту омода мешаванд, камтар рафъи ҳаяҷонзадагист. Охир, кӣ медонад, ки ман онҷо чӣ номаъқулиҳо кардам…».

Баъдан комилан ҷиддӣ изҳор кард, ки «чиқадар зебост деҳаи Вешаб, мардумаш инқадар зебо, ҳама самимӣ, ҳатто вақте мардуми бисёрро ҷамъ карданӣ шудему бояд дар филм нақш медоштанд, режисёрро осон омад. Касе ба инҳо фармон надод, ки ин корро кунед ё он корро, ҳама рамузфаҳму меҳрубону бо ҳамон ҳазлу шӯхии мардумӣ. Ин муддат барои мо тӯй буд. Воқеан, филм бояд онгуна бошад, ки фараҳ бахшад. Ин филм фараҳ мебахшад».

Режисёри филм Баҳром Сайфиддинов дар навбати худ ба аҳли деҳоти Вешаб ва ҷамоатчигии ону ҳукумати ноҳия ва дар шахси раиси ҶММ «Тоҷикпалимер» Амиршоҳ Гулов миннатдории худро баён дошту бо лутф гуфт: «Марҳамат ба тӯйи кинои тоҷик, ба тӯйи кинои ман, ба тӯйи ҳунармандони тоҷик».

6-pari_121212.jpgВа оғоз шуд филм аз баромадани офтобу рӯ ба рӯи он гуфтугӯи писараки наврас, қаҳрамони филм Абу. Ин гуфтугӯ бо овозаи занон, ки аз тарс ҷинзада шудани сокини аҷибхислати деҳа Қудратбойи халачӯбро дарак медиҳад, тобиш мегирад. Ҳама атрофи ӯ ҷамъ. Ҳамсараш Гулҷамол оҳу шеван мекунад, ки шавҳараш ба чи балои баде гирфтор шудааст. Бародараш Ғиёс ба даму дуохонӣ медарояд. Ҳамсари ӯ бошад, ба хотири он, ки ҳолати беморро хуб фаҳмад, ки ба худ меояд ё на, «ман янгаат, маро шинохтӣ?» гуфта, зуд-зуд пусуҷӯяш мекунад. Аммо бемор бо лабу даҳони каҷ суханҳои ҳавоӣ мегӯяду ҳатто писараш Ворисро бо васиятҳо гӯё ба гӯручӯби худ омода мекунад ва духтуронро ба назди худ роҳ намедиҳад.

Гарчи аҳли деҳ инро ҳарзагӯиву таъсири ваҳму тарс медонанд. Дар ҳамин миён ҳолати дигари монанде рух медиҳад. Амакдухтари Ворис, яъне духтари ягонаи Ғиёс - Моҳпарӣ, ки ин ҷавонписар ба ӯ меҳру муҳаббати зиёд дошт, аз хобҳои ғайр шабонаҳо берун мебарояду таъсиргузор аст, вақте ба сурати модараш зане дар хобаш даромада мегӯяд, ки «хез, аспи падаратро об бидеҳ», аммо асп худ аз худ аз мех кушода шуда, деҳаро давр мегардаду баъди нопадид шудану баъд падид омаданаш дар деҳа овозаи пайдо шудани деву париву дузд чарх мезанад. Ин ба ҳаёти рангини қаҳрамондухтар Моҳпарӣ, ки чанд сужаи филм лаҳзаҳои пурнишоти ҳаёташро нишон медиҳад, таъсир мегузорад.

Саҳнаҳои рангине марбут ба ҳаёти ҷавонон ва мардуми расму русумпарвари мо дар филм вуҷуд дорад, ки барои мисол, ҳарчанд Ворис Моҳпариро зиёд дӯст медорад, наметавонад инро беибо ба дӯстдоштааш бирасонад ва дар ин кор Абуи доно мусоидаташ мекунаду бемузд ҳам не. Масалан, вақте Вориси боғбон себҳои хубониро обӣ карда, мефармояд, ки «рафта ба Моҳпарӣ бигӯ то аз поён онҳоро бидорад» ё хабаре дигар, ӯ ҳатман барои ин ҳадя як сомонӣ ҳақмузд мепурсад ва ҳамеша бо подош пайғоми ошиқонаро мерасонад. Дурӣ ҷустанҳои Моҳпарӣ аз Ворис боз ҳам муҳаббати ҷавонро қавӣ мегардонад. Бо шифо ёфтани падараш ӯ бештар дар фикри ба даст овардани дили маҳбубаи худ мешавад.

7-pari_121212.jpgШифоёбии Қудратбойи Халачӯб ҳам сужаи аҷиб дорад. Барои ӯро аз ҳолати ваҳму парешонҳолӣ баровардан духтури кордида ҷавондухтари зебои духтурро барои гузаронидани сӯзандору назди бемор медарорад ва бемор шефтаи ҳусни духтар, бегуфтугӯ розӣ мешавад, ки ӯро муолиҷа кунанд. Ин нақшро Мавзуна Шеховаи воқеан табиб бад наофаридааст.

Сурудхонии ҳунарпешаи хушовоз Кабкинисо бо доира дар боғ ҳам ҳангоми вохӯрии дилдодагон хеле хуш аст, хоса вақте матни суруд ҳам бо зикри исми Ворис офарида шудааст. Боз ҳам барҷаста дар ин филм нақши Роҳатой аст, ки онро Дилбар Умарова офаридааст. Қиссаи Роҳатой бо он бештар рушан мегардад, ки Абуи шӯх аз номи ӯ ба раиси маҳалла номаи ошиқона менависад ва байни зани раису Роҳатхон моҷаро мехезад. Бештар аз ин, раис ба ин нома бовар карда, ба дидори зани зебову ҷавон умед мебандад. Дар пайи ин Роҳатхон тақдири талхашро ба ёд меорад, ки дар нақли дугонаи ӯ модари Моҳпарӣ ба духтараш возеҳтар нишон дода мешавад. Аз рӯйи нақл, Роҳатой аз ҳама ҷавони зебову дӯстоштаи худро номзад хоста, тӯй мешавад. Аммо, дар лаҳзаҳои пеш аз висол ба домод заҳр мехӯронанду Роҳатой якумрӣ бахташро аз даст медиҳад. Бо вуҷуди гузашти солҳо, ӯ ба муҳаббати худ содиқ монда, ёди дилдодаашро пос медорад. Азият, бемории руҳие, ки ӯ дорад ва матонати зан, барои Моҳпарӣ намуна мегардад, ки гарчи ӯро бемори руҳӣ ҳам мехонанду дар маҷлиси маҳал бо роҳбарии раис назди ҳатто падару модараш акнун ҷойи холии протоколи ба ҷин айбмониро бо исми ӯ пур карданӣ мешаванд, маҳз бо кӯшишҳои дӯстдоштааш ба васли якдигарӣ мерасанд. Зеро, Ворис пеши падару модараш қарор мегузорад, ки танҳо амакдухтари худро ба занӣ хоҳад гирифт. Ва Моҳпарие, ки ҳатто шабе бо даъвати шабаҳи дар хобаш омада, рафта бо ғазаб нимашаб дар боғ гиребонгири Ворис мешавад, бе ёддошти ин ҳолат дар ҳамин гуна моҳтобшабӣ, вале бархилофи он ҳолат шоми базми арӯсии ҳамдеҳаашон изҳори муҳаббати дӯстдоштаашро қабул медораду ҳатто нимашаб бо хобу хаёли дидани симои модараш, ки даъват ба тӯяш дорад, хеста куртаи арӯсияшро медӯзаду дар лаҳзаҳои хуш бо худ мехонад:

Чӣ зебо аст ин дунё,

Агар ишқ аст дар дилҳо,

Намедонӣ…

Ҳамон лаҳзаҳо, ки вақти хостгорӣ сари молу манолу ҷиҳози арӯс баҳси падару модар меравад, ҳарду мебароянду мегӯянд:

- Мо шуморо ба тӯй даъват мекунем…

Фарҷоми филм, ки бо тӯй анҷом ёфту бо шарҳи мавзуъ, ки гӯё ба ривояте воқеан Куҳи Қоф хонда мешаваду васфи хубрӯёнро дар пай дорад, падару модар хурсанд ҳардуро ба шаҳр гуселонданд…

Тамошогарону ҳунармандон низ аз ин саҳна бо хурсандӣ берун мешуданду Баҳром Сайфиддинов қонеъ мегуфт: «Ман дар ин филм такя танҳо ба ҳунармандони ҳирфаӣ кардам, ба Дилбар Умарова, Нурулло Абдуллоев, Гулсара Абдуллоева, Фатҳулло Абдуллоев, ба Нигина Табарова. Зеро онҳо шахсиятҳои воқеан чеҳра ҳастанд. Нақши қаҳрамонҳои асосии филмро ҳам шогирдони худам аз Донишкадаи санъат бозиданд».

Бояд гуфт, ҳунарманди навраси ин филм Саидҷон, ки ба гуфтаи модараш Санавбар Абдуллоева, бо Театри ҷавонон ҳамкорӣ дорад, гарчи синфи ҳафт аст, дар филмҳои зиёде, минҷумла «Оинаи беҷило», «Гули ашк», «Доғ» нақш офаридааст.

8-pari_121212.jpgСавлатбону бошад, хушҳолона мегӯяд: «Ин сеюмин филм аст, ки ман дар нақши асосӣ ҳастам». Ӯ мафзояд, ки «ман ихтисоманди соҳа ҳастаму донишҷӯйи курси панҷуми Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода мебошам. Айни ҳол дар курси панҷум фаъолият карда истодаам. Аз курси дуюм ба Театри академӣ-драмавии «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ба кор даромадам ва дар спектаклҳои театр ҳам нақш меофарам. Ба санъати сарояндагӣ низ шуғл дорам ва мехоҳам яке аз ҳунармандони касбӣ бошам. Либосҳои миллӣ, хоса сарбанди заргарониро, ки дар ин филм зиёд истифода кардаам, хеле меписандам. Фарҳод дар курси актёрӣ аст, ман бошам, дар бахши шуъбаи фарҳангшиносӣ».

Фарҳод Холов дар навбати худ шавқу рағбаташ ба санъатро асоси пешравияш медонад ва чӣ дар ин филму чӣ дар ҳаёти воқеӣ қавлу қарору муҳаббатро асос мехонаду мегӯяд:

- Муҳим аст, ки инсон бо ҳама буду набуд ва каму кост зиндагиву атрофиёнро дӯст дорад. Издивоҷи қаҳрамои ман - Ворис ба дӯстдоштааш Моҳпарӣ бо вуҷуди овозаҳои касалманд будани ӯ, аз муҳаббат ангеза мегирад. Дар ҳаёти воқеӣ низ ман ҷонибдори муҳаббати самимӣ ҳастам.

Зулолаи НУР, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi