16:44:23 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Кумитаи дин: Хутбаи "пешазинтихоботӣ" тавсиявист, на маҷбурӣ

Ба имом-хатибони масҷидҳои Тоҷикистон тавсия додаанд, ки дар намози ҷумъаи 27 феврал бештар аз "бадӣ"-ҳои ҳизби наҳзати исломӣ ва "хубӣ"-ҳои ҳукумати кунунӣ сӯҳбат кунанд.

kumitai-din_54124554.jpgДар ихтиёри мо матни мавъизае қарор гирифт, ки бовар меравад, аз сӯи Маркази исломӣ (муфтиёти собиқ) ба имом-хатибони масоҷиди ҷомеъ барои мавъизаҳои намози ҷумъаи 27 феврал тавсия шудааст. Ин намози ҷумъа охирин чунин намоз қабл аз интихоботи парлумонии 1 март аст ва ба ин далел барои мавъизаҳои ин ҳафтаи имом-хатибон мавзӯи «Интихобот дар Ислом»-ро интихоб кардаанд.

Тибқи сенария, имом-хатибон, албатта, бидуни бурдани ном, бояд ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистонро  бо шадидтарин лаҳн интиқод ва боз ҳам бидуни бурдани ном мардумро ба пуштибонӣ аз ҳукумати кунунӣ даъват кунанд.

Афшин Муқимӣ, сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва расму оини Тоҷикистон рӯзи 26−уми феврал дар сӯҳбат бо мо гуфт, матни мавъиза барои имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ барои қироат дар намози ҷумъаи рӯзи фардо аз сӯи муттахасисони Маркази исломӣ омода карда шудааст: ”Ин мавъиза хислати тавсиявӣ дорад. Яъне мо имомхатибонро маҷбур насохтаем, ки ҳатман ҳамин матнро фардо қироат кунанд. Онҳо ҳамчун намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фикри худро дар мавриди интихобот баён мекунанд. Аммо дар он матни тавсиявӣ ягон тарғиботи сиёсӣ вуҷуд надорад.”

Ҷаноби Муқимӣ афзуд, дар ягон ҷои матни мавъиза аз кадом ҳизби сиёсие ном бурда намешавад ва аз мардум ҳам даъват нашудааст, ки ба тарафдории ин ё он ҳизб овоз диҳанд.      

Дар ин мавъиза, ки тибқи маъмул, бо иқтибосе аз як суханронии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ мешавад, омадааст, «масъалаи интихоби пешво ва интихоби вакил барои дини мубини Ислом бегона нест.» Дар ин робита ду мисол – аз байни 20 олим интихоб шудани як нафари ғолиб барои мунозира бо Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва бар хилофи хости умматаш қабл аз вафот аз таъини халифа ба ҳайси ворисаш худдорӣ кардани Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) - оварда шуда ва  гуфта мешавад, «мардум борҳо дархост намуданд, ки касеро халифа таъйин намояд, аммо Расули Худо(с) хомӯш истоданд. Ҳамин тариқ, чаҳор халифаи рошид тариқи интихобот халифа интихоб карданд.»

Дар идомаи мавъиза бо даъвати мардум ба ширкати фаъолона дар интихобот ва овоз додан ба номзадҳои арзанда ҳамчунин гуфта мешавад: “Имрӯз баъзе сару садоҳо пайдо мешаванд, ки гӯё ҳар кас номи ҳизберо хат занад, номи исломро хат задааст. Ин суханон муҳоботе беш нестанд. Ин суханони онҳое аст, ки Исломро моли худ ва воситаи расидан ба ғаразҳои дунявӣқарор дода, мардумро бо дину диёнат, бо Худову Расул метарсонанд.»

Дар ин бобат гӯшзад мешавад, ки “дар варақаҳои овоздиҳӣ аслан хат задани номи ҳизбе пешбинӣ нашудааст. Баръакс шаҳрванд дар баробари ҳизб ё шахси дилхоҳаш аломати ҷамъ мегузорад.” Имом-хатибон ба думбол ҳамон далелҳои кӯҳнаеро, ки мухолифони ҳизби наҳзат ду сол боз бо талаби бастани ин ҳизб матраҳ мекунанд, дар миён мекашанд ва мегӯянд: “Дар дини мубини Ислом ҳизб нест! Агар зарурат ба ҳизб мебуд, Паёмбар(с), саҳобагони киром, мутақаддимину мутааххирон ҳизби исломӣ созмон медоданд. Эй мардум, огоҳ бошед, ки дар охират аз шумо билети ҳизбӣ намепурсанд, аз шумо амали солеҳ мепурсанд!”

Дар идома бо як-як баршумурдани ин ки “дар кишварҳои ҳамсоя, ки чандин ҳизбу равия ва гурӯҳҳои исломӣ фаъолият мекунанд, имрӯз ҳама ба хоку хун омехта аст, якҳизбӣҳизбии дигарро мекушад, як мусулмон масҷидро метарконад, мардуми осоишта кушта мешавад, ҳазорон кӯдакон ятим мемонанд”, имом-хатибон бояд, тибқи сенарияи омада дар мавъизаи барояшон тавсияшуда мардумро ҳушдор бидиҳанд, ки ин аст натиҷаи ҳизбу гурӯҳбозӣ!”

Исми ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оварда нашудааст, вале аз равиши мавъиза рӯшан бармеояд, ки воизон ҳамин гурӯҳро дар назар доранд. Имом-хатибон бояд дар мавъизаи “пешазинтихоботӣ” бо зикри дасти “ҳамин ҳизб” дар ҷанги хунини солҳои 90 ва боздошти як узви аршади он бо яроқаш, ки “барои рӯзи “мабодо” пинҳон карда мондааст”, ба намозгузорон “фаҳмонанд”, ки “Яроқ ба муқобили кӣ? Муқобили халқи шарифи Тоҷикистон, муқобили мову шумо!”

Дар идомааш мавъизаи тавсиявӣ лаҳни боз ҳам тундтаре мегирад: “Магар ҳамин ҳизб набуд, ки мардумро ба гурӯҳҳо тақсим кард? Магар ҳамин ҳизб набуд, ки шуморо ба Афғонистон бурд, ба сари мардум гуруснагиву қашшоқӣ, бадиву бадбахтӣ овард? Имрӯз бояд моро боз аз номи Худову Расул(с) метарсонад. “

Дар инҷо, тибқи сенария имом-хатибон бояд изҳори итминон кунанд, ки “мардуми шарифи тоҷик, ки як бор ба доми фиреб афтодааст, дигар ба чунин суханҳо бовар намекунад. Чунонки Расули Худо(с) фармудаанд: “Ло юлдағу-л-мӯъмину минал ҷуҳри марратайн” - Мӯъмин аз як сӯрохӣ ду бор газида намешавад.”

Дар мавъиза ба мушкилоти имрӯзаи кишвар, мисли бекорию камбуди барқ ва маҳдудииятҳои эҷодшуда дар роҳи озодиҳои мазҳабӣ ишорае нест, вале да поёни мавъиза, албатта, бидуни бурдани ном, имом-хатибон бояд бо ишораҳо мардумро ба пуштибонӣ аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ даъват кунанд: “Мо бояд ба касе овоз диҳем, ки натиҷаи фаъолияташро дидаем, ҳизберо дастгирӣ намоем, ки ба халқи тоҷик сулҳ овард, бо баргузории симпозиуми байналмилалӣ Имоми Аъзамро дар саросари ҷаҳон муаррифӣ кард, дар ҷумҳурӣ фаъолияти беш аз 4000 масҷидро таъмин намуд.”

Ва билофосила баъди ин таблиғот ин ҷумла барои гуфтани имом-хатибон тавсия шудааст ки: “Мақсади мо тарғиби кадом гурӯҳе нест. Танҳо хотиррасон менамоем, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба гуфтаи ҳар кас фирефта нашавем... вагарна он талхиҳое, ки имрӯз ба сари  мардуми мусалмон дар Сурияву Ироқ, Либияву Яман омадааст, ба мо низ таҳмил мекунанд.”

Маъвизаи “пешазинтихоботӣ”, чун дигар мавъизаҳое, ки аз сӯи Кумитаи дин ва Шӯрои уламо ҳар ҳафта барои хутбаи намози ҷумъа ба имом-хатибон фиристода мешаванд, бо дуои тӯлоние бо талаби суботи пешрафти кишвар ва дар ҳаққи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон анҷом мешавад: “Бигузор Худованд Сарвари давлатамонро, ки тамоми ҳастиашро барои беҳбудии ин миллат бахшидааст ва барои зиндагии саодатмандонаи онҳо ҷонбозиҳо мекунад, аз тамоми газандҳо нигоҳ дорад!”

Ин мавъиза барои охирин намози ҷумъаи пеш аз интихоботи порлумонии 1 март дар ҳоле тавсия шудааст, ки тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, ин кишвар худро давлати дунявӣ эълон карда, дахолати дин дар умури давлатро манъ кардааст. Аммо дар корзори интихоботи имсола рӯҳониёни расмӣ ба таври густарда дар маъракаҳои сиёсӣ ва асосан ба зидди ҳизби наҳзати исломӣ истифода шуданд. Аз ҷумла Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо аз ин ҳизб даъват кард, ки дар таблиғоти худ аз номи дин истифода накунанд.

Дар ин шабу рӯз аз номи гурӯҳҳои мухталиф дар матбуот даъватҳои зиёде ҳам нашр шуд, ки ҳизби наҳзати исломро ба ҳазфи сифати “исломӣ” аз номаш ва олуда накардани Ислом бо сиёсат даъват мекарданд. Намояндагони ҳизби наҳзат ин ҳамаро идомаи маъракаи фишори густардаи мақомот алайҳи ин ҳизби мухолиф меноманд ва мегӯянд, боло рафтани маҳбубияти ин ташаккули сиёсӣ дар чашми мардум доираҳои ҳокимро дар пешорӯи интихоботи 1 март тарсонда, маҷбур ба роҳандозии чунин шеваҳои, ба гуфтаи наҳзатиҳо, “ноҷавонмардона”-и мубориза кардааст.

Дар интихоботи порлумонии соли 2010 ҳизби наҳзати исломӣ, бино ба иддаои худаш, бо ҷалби электорати эътирозӣ 30-35 фоиз овоз гирифт, вале тибқи натиҷаҳои расмӣ, ба ин ҳизб ҳудуди 9 дарсад ва ҳамон ду курсии қаблиашро дар парлумон лоиқ диданд. Аммо аҳли назар мегӯянд,  фишорҳои густардаи солҳои охир тавони ин ҳизби як замон пурнуфузро хеле коҳиш додааст ва ин навбат наҳзат дар интихобот ҳадди аксар барои ҳифзи ақалан ҳузураш дар Маҷлиси намояндагон пой хоҳад зад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi