АБДУҚОДИРЗОДА: БО ТӮРАҶОНЗОДАҲО ХУСУМАТ НАДОРАМ
Дар зарфи се ҳафтаи ахир миёни Шӯрои уламои исломию Кумиаи дини Тоҷикистон аз як тараф ва хонаводаи Тӯраҷонзода, уламои саршиноси исломии кишвар аз тарафи дигар баҳсу мухолифтаҳо дар атрофи баргузории маросими Ошуро дар масҷиди “Муҳаммадия” анҷом шуда ва дар ниҳоят, ба баста шудани ин масҷид ва ба идораи додситонӣ даъват шудани Нуриддин ва Акбари Тӯраҷонзода, ду руҳонии бонуфуз мунҷар шуд. Дар сӯҳбати ихтисосие, ки бо Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон доштам, нахуст назари ӯро дар бораи маросими Ошуро пурсидам, ки чаро набояд ин маросим дар миёни пайравони мазҳаби ҳанафӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад?
Бисмиллоҳир-раҳмон-ир-раҳим.
-Дар баргузории маросими Ошуро миёни мазоҳиби суннӣ ва шиъа тафовут вуҷуд дорад. Аҳли ташаюъ Ошуроро ҳамчун як рӯзи мотам ва сӯгворӣ таҷлил мекунанд. Ба қотилони Имом Ҳусайн лаънат мефиристанд, нафрин ва дашном мекунанд. Аммо дар мазҳаби Имоми Аъзам ин фоҷиъа ҳамчун рӯзи мотаму сӯгворӣ таҷлил намешавад. Ин фоҷиъа айби мусалмонон буд ва аз рӯйи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат аст, ки айби мусалмононро бояд пӯшид. Аҳли суннат Имом Ҳусайн ва хонаводаашро шаҳиди аъло ва аҳли ҷаннат медонанд. Аммо лаънат нафиристодан ба қотилони онҳо яке аз хусусиятҳои аҳли суннат ҳаст. Ба гузашта лаънат фиристодан маънӣ надорад.
Дар Қуръони маҷид низ омадааст, ки ҳар кас барои гуноҳи худ пурсида мешавад ва намепурсанд, ки чаро дигарон ин коррро анҷом доданд. Қатли Имом Ҳусайн мусибати мусалмонон ва айби мусалмонон аст, айбпӯшӣ кори савоб аст. Бахусус, дар мазҳаби Имоми Аъзам ба ин нукта таъкид шудааст. Паёмбари ислом дар бораи лаънат фиристодан гуфтаанд: “Шумо ҳамеша некиҳои гузаштаро зикр кунед, на лаънат ба гузаштаҳо кунед.” Дар кутуби фиқҳи Имоми Аъзам ва кутуби мӯътабари аҳли суннат ва ҷамоъат лаънат фиристодан ба шахсиятҳо қатъан манъ аст.
- Бархе аз уламои исломӣ мегӯянд, ки солҳои пеш, ҳатто дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ёдбуди имом Ҳусейн дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон баргузор мешуд. Албатта, на ҳамчун аҳли ташаюъ, ки онро бо азодорӣ баргузор мекунанд, балки бо хондани қиссаҳо дар бораи Имом Ҳусайн ва саҳнаи кушта шудани ӯ ва фарзандонаш. Аммо зоҳиран ҳеч кадоме аз уламои суннӣ ин маросимро таблиғи ақоиди шиъа нахондаанд?
-Бале, агар бидуни фиғону лаънат фиристодан бошад, баргузории ёдбуди марги фоҷиъабори Имом Ҳусайн ва хонаводааш ҷоиз аст. Дар Тоҷикистон аз хулафои рошидин, яъне, Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ ёдоварӣ мешавад. Дар бораи Имом Ҳусайн ва Имом Ҳасан сӯҳбат мешавад. Дар Тоҷикистон соли бузургдошти Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ ва Имом Ғазолӣ таҷлил шуд. Ҳамеша аз бузургон ва уламои маъруфи ислом ёд мешаванд. Аммо Ошуроро ба мусибат табдил додан ва мотаму сӯгворӣ кардан ба мазҳаби Имоми Аъзам бегона аст. Дар масоҷид низ маросими сӯгворӣ баргузор намешавад.
Лаънат фиристодан ба Муъовия, ки саҳоба, котиби ваҳйи Паёмбар ва аз нахустин халифаҳои ислом буд, ӯро золим, хиёнаткор ва дурӯғгӯ гуфтан дуруст нест. Аз Умар Абдулазиз, ки аз маъруфтарин уламои ислом дар қуруни аввали ҳиҷрӣ буд, аз қазияи кушта шудани Имом Ҳусайн ва хонаводааш суол карданд, гуфт, ки мо бояд шукр кунем, ки шамшерҳои мо аз он хунҳо пок аст. Мо бояд забони худро нигоҳ дорем. Тавсияи мазҳаби Ҳанафия чунин аст, ҳар фитнае буд дар миёни мусалмонон гузашт, бояд забони худро аз лаънат гуфтан нигоҳ дорем. Ифшо кардани ин фитна оқибати хубе надорад.
Масалан, агар мо дар бораи ҷанги дохилие, ки дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 шуд, аз минбарҳо ҷузъиёти онро ба мардум ташреҳ диҳем, адовату кина зиёд намешавад? Аз ин лиҳоз, аҳли суннат ва ҷамоъат талош мекунанд, ин масъала матраҳ нашавад, то фитнаю адоват ва душманӣ зиёд нагардад. Адовати мазҳабӣ сабаб шуд, ки дар маросими Ошуро дар Кобул ва Мазори Шарифи Афғонистон нафарони зиёд кушта шуданд.
-Гуфта мешавад, дар зарфи 12 соли ахир дар масҷиди “Муҳаммадия” дар ноҳияи Ваҳдат маросими ёдбуди имом Ҳусайн баргузор мешавад. Аммо чаро Шӯрои уламои исломӣ тоза ба ин маросим вокуниши тунд нишон дод ва онро таблиғи ақоиди шиъиён хонд?
-Дар баъзе сӯҳбатҳо Эшони Нуриддин ва Акбари Тӯраҷонзода мегӯянд, ки муддати 50 сол ва дар баъзе сӯҳбатҳо 12 сол аз ин маросим таҷлил мекунанд. Акбари Тӯраҷонзода гуфтааст, ки вақти Қозии мусалмонони Тоҷикистон буданаш дар Маркази исломӣ Ошуроро таҷлил мекардааст. Аммо ҳеч кадоме аз уламои исломӣ дар Тоҷикистон чунин маросим баргузор намекарданд.
Бале, мо ҳама қотилони Имом Ҳусайн ва хонаводаашро нафрин мекунем. Аммо мо намехоҳем, ки дар миёни мусалмонони Тоҷикистон низоъ ё тафриқа ба вуҷуд ояд, ваҳдати мазҳабӣ нопойдор бошад, вазъияти Тоҷикистон ноором шавад. Ман бо бародарони шиъа муносибати нек дорам. Аммо вақти донишҷӯйӣ дар донишгоҳи Покистон шоҳиди мухолифату низоъи мазҳабӣ миёни аҳли суннат ва шиъа будам, ки ҳамдигарро мекуштанд. Ин хилофи таълимоти Паёмбари ислом аст.
Аз сӯйи дигар, дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор масҷид фаъолият карда, танҳо дар масҷиди “Муҳаммадия” Ошуро таҷлил шудааст. Аъзои Шӯрои уламои исломӣ дар ин маросим ширкат карда ва гуфтанд, ки чаро гузаштаҳои исломро лаънат гӯем. Агар лаънат фиристем Имом Ҳусайн зинда мешавад? Баёнияи Шӯрои уламои исломӣ назари банда нест, тамоми аъзои ин шӯро ин санадро имзо гузоштаанд. Имом-хатибони масоҷиди ҷомеъ низ ин амалро маҳкум карданд.
Ман бо бародарони Тӯраҷонзодаҳо ҳеч гуна хусумати шахсӣ надорам. Миёни мо ғараз ё душманӣ вуҷуд надорад. Ин иқдоми сиёсӣ ҳам нест. Аммо лаънат фиристодан ба хулафои Уммавӣ дуруст нест. Бори дигар таъкид мекунам, ки Муъовия котиби ваҳй ва аз наздикони Расули акрам буд. Ва Эшони Нуриддин Муъовия ва хулафои Уммавиро хиёнаткор гуфта ва ба онҳо лаънат фиристодааст. Шӯрои исломӣ танҳо аз тарзи баргузори Ошуро интиқод карда ва ба хотири ҷилавгирӣ аз низоъу тафриқа миёни мусалмонон чунин баёния содир кард.
-Агар чунин буд чаро шахсияти ҷонибҳо матраҳ шудааст? Масалан, Акбари Тӯраҷонзода дар посух ба баёнияи Шӯрои уламои исломӣ Шуморо ба доштани ақоиди салафӣ ва ваҳҳобӣ муттаҳам карда ва мегӯяд, ки танҳо салафиҳову ваҳҳобиҳо бо ёдбуди Имом Ҳусайн мухолифанд? Назари Шумо дар ин бора чист?
-Ҳар касе дар бораи шахси дигар чизе мегӯяд ё мекунад, посухашро дар ин ҷаҳону дар он ҷаҳон худаш медиҳад. Акбари Тӯраҷонзода инсони комилҳуқуқ аст, ҳар чи хоҳад бигӯяд. Дар иртибот ба ваҳҳобӣ ё салафӣ нисбат додани банда чунин мегӯям, ки ман дар донишгоҳи хориҷӣ таҳсил кардам, қабл аз таҳсил Қуръони маҷидро ба пуррагӣ ҳифз карда будам.
Дар авохири солҳои 1980 дар таровеҳи масоҷиди Душанбе ва атрофи он ҳамроҳи ҳамсабақон Қуръонро хатм кардаам. Қабл аз ҳифзи Қуръон дар назди қиблагоҳам кутуби фиқҳиеро, чун “Мухтасар-ул-Виқоя”, “Шарҳ-ул-Виқоя”, “Ҳидоя” ва “Фиқҳи акбар” хатм карда ва маълумоти ибтидоӣ гирифта будам. Яъне, ҳам аз лиҳози фиқҳ ва ҳам ақида огоҳ будам. Қиблагоҳ насиҳат мекард, ки якмазҳабу якақида бошам.
Қиблагоҳи ман бо Акбари Тӯраҷонзода, ки он замон Қозии мусалмонони Тоҷикистон буд, сӯҳбатҳо карда ва ба гурӯҳи 100 нафарие, ки барои аввалин бор дар соли 1990 аз Тоҷикистон озими ҳаҷҷи акбар шуда буданд, шомил шуда буд.
Қиблагоҳи банда зимни ситоиш аз фаъолияти хуби Акбари Тӯраҷонзода ба ӯ ҳушдор дода буд, ки “корро ба хилофони мазҳаб дода истодаед, ки сабаби низоъю нифоқ ва бадбахтӣ хоҳад шуд.” Дар ин сӯҳбат Ҳабибуллохони Аъзамхон, котиби вақти Акбари Тӯраҷонзода ва ҳоло хатиби масҷиди Сари Осиёб ҳузур дошта ва Тӯраҷонзода гуфтааст, ки суханони домуллоро бинависед. Воқеъан ба чашми сар дидем, авоқиби хилофи ақидавӣ ва хилофи мазҳабӣ чи бадбахтие ба мардуми Тоҷикистон овард.
Шӯрои уламои исломӣ танҳо аз шахси банда иборат нест. Ҳамаи аъзои шӯро ба истиснои як нафари бемор дар баёния имзо гузоштаанд. Ин ҷо ғарази шахсӣ нест. Касе маро ваҳҳобӣ ё салафӣ мегӯяд, собит кунад ки ман кай, дар куҷо ва чи гуна рафтор ё даъвати салафиро пеш бурдаам.
Ман 8 сол муъовини раиси Донишгоҳи исломии Тоҷикистон буда ва мақомҳоеро дар Кумисиюни танзими расму маросим ва Кумитаи дин ба ӯҳда доштам. Агар салафӣ мебудам, ҳатман даъват ё рафтори ман ошкор мешуд. Бо аксари кулли оро раиси Шӯрои уламои исломӣ ё муфтӣ интихоб шудам. Ман ҳеч гоҳ аз ҳеч равия ё мазҳаби дигар пайравӣ накардаам.
- Бархе аз нашрияҳои Тоҷикистон ҳадс задаанд, ки мумкин аст хадамоти ҷосусии Омрико ба хотири барангехтани низоъ ё нифоқ миёни Тоҷикистону Эрон ба баҳси суннию шиъа дар Тоҷикистон доман мезананд. Шумо ба ин назар мувофиқ ҳастед?
-Ман на омрикоӣ ё на эрониро дидаам. Мо танҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз низоъю нифоқи мазҳабӣ дар Тоҷикистон чунин иқдом кардем. Ин ба бародарони эронӣ низ рабте надошта ва ин кори дохилии Шӯрои уламои исломӣ аст. Фарзи мисол, масҷиди Туркобод тибқи мазҳаби шиъаи исноъашария, шиъаи исмоъилия, шиъаи зайдия ва гурӯҳҳои дигари аҳли ташаъю сабти ном шуда ва низомномааш тибқи он мебуд, мо ҳеч сухане намегуфтем ва иқдоме намекардем.
Маркази Исмоъилия дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад ва мо ба онҳо коре надорем. Зеро онҳо роҳи вижаи интихобкардаи худро доранд. Вале дар масҷиде, ки фаъолияташ бар асоси мазҳаби Имоми Аъзам асту хилофи ин мазҳаб амале рух дод, мо онҳоро огоҳ кардем. Шӯрои уламои исломӣ маҳкум кард, ки ин амали онҳо ба ақоиди мазҳаби Ҳанафӣ мухолиф аст. Яъне, дар ин амал дастур ё фармоиши на Омрико ҳасту на кишварҳои дигар. Мо бо бародарони аҳли ташаюъ нияти нек дорем, муомилаю муошират дорем, рафту омад дорем ва ҳамдигарфаҳмӣ дорем.
-Аз сӯйи дигар, тибқи баъзе иттилоот дар маросими ёдбуди Имом Ҳусайн, ки дар масҷиди “Муҳаммадия” доир шуд, кормандони сафорати Эрон низ ҳузур доштаанд. Оё ба назари Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон кормандони ин сафорат ҳақ надоранд дар маросими динии ҳанафимазҳабон ширкат кунанд?
-Мо бо бародарони шиъаи эронӣ равобити хуб дорем. Дар баёнияи Шӯрои уламои исломӣ ишорае шуда буд, ки хуб мебуд масъулони сафорати Эрон моро огоҳ мекарданд, ки дар маросими Ошуро дар масҷиди “Муҳаммадия” ширкат мекунанд. Аммо аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон интиқод ё эътироз накардаем.
-Дар баёнияи Шӯрои уламои исломӣ пайвастани раҳбарияти Ҳизби назҳати исломӣ ба “Ҳаракати бедории исломӣ” навъе хатар барои ваҳдати мусалмонони Тоҷикистон талақӣ шудааст. Оё ба назари шумо, Ҳаракати бедории исломӣ чи созмонест ва аҳдофаш чист, ки Шумо қабул надоред? Хатаре, ки мегӯед, чист?
-Чаро мо дар ин замина вокуниш кардем. Мусаллам аст, ки гурӯҳ ва созмонҳои тундрав ва бегонае, ки рафторҳои хилофи мазҳаб карданд, муҷозот шудаанд. Борҳо бо намояндагони ин гурӯҳҳо вориди баҳсу муноқиша шуда будем. Имоми масҷиди ноҳияи Фархор, ки пайрави равияи салафӣ буд, аз симаташ барканор шуд. Касе ба ин тасмими Шӯрои уламои исломӣ эътироз накард.
“Ҳаракати бедории исломӣ” созмони Эрон аст. Чун Муҳиддин Кабирӣ муъовини раиси ин ниҳод интихоб шуд, набояд мардумро ба ақоиди бегона даъват кунад ё бибарад. Ин буд ҳадафи Шӯрои уламои исломӣ. Зеро дар ҷаҳони ислом байни шиъаю суннӣ мухолифатҳое вуҷуд дорад ва душманони ислом миёни ин ду мазҳаб низоъу нифоқ меангезанд.
-Агар Шӯрои уламои исломӣ баргузории маросими Ошуроро хатаре ба ваҳдати мусалмонони Тоҷикистон талақӣ мекунад, назари ин ниҳод дар бораи таҷлил аз Соли нави мелодӣ чи гуна аст?
-Соли нави мелодӣ маросими динӣ нест. Мо ба маросими Ошуро танҳо ба хотири дар масҷиди мазҳаби Ҳанафӣ баргузор шудани он эътироз кардем. Ин маросим ба мазҳаби мо бегона аст. Аз сӯйи дигар, Тоҷикистон муддати беш аз 70 сол аз ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешуд. Аз ин лиҳоз урфу одати бегона ба мардуми мо таҳмил шуд. Ҳатто дар даврони шӯравӣ ҳам иддаъи зиёди мусалмонони кишвар Соли навро ба мазҳаби худ бегона хонда ва аз он таҷлил намекарданд.
Назари Шӯрои уламои исломӣ дар қиболи Соли нави мелодӣ чунин аст: ин урфу одати бегона ва берун аз дини мо аст. Худи ман аз мардум даъват мекунам, ки аз харҷи зиёд ба ҳангоми истиқболи Соли нави мелодӣ худдорӣ карда, ба афроди фақир ё ятим кумак кунанд. Харҷи зиёд дар ҷашни бегона гуноҳ буда, беҳтар аст ин маблағро дар кори савоб истифода кунанд, ки аз ин тариқ боиси муҳаббату дӯстии афроди фақирро ба даст меоранд. Аз назари шариъат низ Соли нави мелодӣ аз ислом бегона аст ва агар дар ин ҷашн исрофкорӣ шуд, исрофкорӣ дар ислом ҳаром аст.
-Бархеҳо аз густариши таблиғоти адён ва мазоҳиби ғайриҳанафӣ, аз ҷумла ташаййюъ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ мекунанд. Баъзеҳо иддаъо мекунанд, ки созмонҳои хайрияи Эрон аз тариқи кумак ба ниёзмандон онҳоро ба равияи ташаюъ ҷалб мекунад. Ин мавзуъҳо оё воқеъият дорад?
-Ман чунин хабарро нашунидаам. Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст.Ҳар кас дар интихоби дину мазҳаб озод аст. Аммо шароъит нишон дод, ки дар даврони нооромиҳо дар Тоҷикистон баъзан кумакҳои башардӯстонаи боғаразона барои ҷалб ба дини дигар истифода шуда, теъдоде аз мусалмонон низ аз дини худ баргаштанд. Ҳатто ба мазҳабҳои тундрав пайвастаанд.
Воқеъан, мавзеъи Шӯрои уламои исломӣ дар бораи гурӯҳҳои мамнӯъае монанди Ҳизби Таҳрир ва Салафия чист? Оё онҳо ҳанафӣ маҳсуб намешаванд? Ҳизби Таҳрир ва Салафия аҳзоби сиёсии тундрав ҳастанд, ки пайравони равияҳои дигари исломро кофир ё мушрик мегӯянд. Ҳатто агар онҳо иддаъо кунанд, ки дар мазҳаби Ҳанафӣ ҳастанд, аммо мазҳаби Ҳанафӣ чунин нест.
Мазҳаби Ҳанафӣ, Имом Абӯҳанифа дар фиқҳи акбар мегӯяд, ки инсон бо гуноҳ кардан кофир намешавад. Масалан, намоз нахондан гуноҳ аст, хамр хӯрдан ҳаром аст. Аммо мо ин афродро ҳукм ба куфр карда наметавонем. Равияҳои тундрав онҳоро ба куфр ҳукм мекунанд.
-Шӯрои уламои исломӣ, ки дар бораи таҳдидҳое ба мазҳаби Ҳанафӣ ва ваҳдати маҳзабӣ дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, чаро дар бораи манъи рафтани ҷавонони то 18 сола ба масҷид садо баланд накардааст? Магар намоз барои ҷавонон фарз нест?
-Давлати Тоҷикистон демократӣ аст. Қонунро порлумон тасвиб кардааст. Вақти баррасӣ ва тасвиби Қонуни “Масъулияти падару модар дар тарбияти фарзанд” Шӯрои уламои исломӣ назароти худро дар ин масъала ба таври катбӣ ба порлумон пешниҳод карда ва бештари ин пешниҳодот ба эътибор гирифта шуд.
Давлат ибодати ҷавононро мамнӯъ накардааст, онҳо метавонанд дар хона бо падару бародарон намоз гузоранд. Мо бояд дар канори ташвиқ ба ибодат, ба таҳсили улуми дунявӣ низ ҷавононро ташвиқ кунем. Расули акрам гуфтаанд: “Талаб кардани илм фарз аст барои ҳар мусалмон чи мард бошад чи зан.” Дар ҷомеъаи бесавод ҳамарӯза хунрезию нооромӣ рух медиҳад. Баръакс, ҷомеъаи босаводу бомаърифат муваффақ аст.
Талаб кардани илме, ки ба манфиати ҷомеъа аст фарз аст. Қуръони маҷид низ бо “Иқро” (Бихон!) шурӯъ шуда ва ба омӯзиши куллияи илм таъкид кардааст. Фарзандони мо бояд илми муосирро омӯзанд, то кишвари мо аз ақибмондагӣ раҳо шавад.
-Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон танҳо шӯрои уламои ҳанафӣ аст ё пайравони мазоҳиби дигарро низ дар бар мегирад? Чун қисмате аз мусалмонони Тоҷикистон пайрави Исмоъилия ҳастанд ва шояд гурӯҳҳои исноъашарӣ низ мавҷуд бошанд? Оё намояндагони мазоҳиби дигари исломӣ низ шомили ин шӯро ҳастанд? Агар не, чаро?
-Маркази уламои исломӣ тибқи оинномаи худ дар чаҳорчӯби тариқаи мазҳаби Имоми Аъзам амал карда ва низомномаи тамоми масоҷиде, ки дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, тибқи равияи Имоми Аъзам фаъолият мекунанд. Куллияи уламои мазҳабӣ, ки аз тамоми манотиқи Тоҷикистон интихоб шудаанд, пайравони равияи Имоми Аъзам ҳастанд.
Вале ин маънои онро надорад, ки ки мо дар маҷолиси худ бародарони худ аз мазҳаби Исмоъилияро даъват накунем. Агар зарурат пеш ояд даъват мешаванд. Барои ҳамкории танготанг омода ҳастем. Мазҳаби мо таҳамммулгаро ва васат аст, чуноне ки шоъир гуфтааст: Васатро макун аз кафраҳо, Ки гуфтанд, хайрулумури авсатаҳо.
-Барои сӯҳбат ташаккур!
Мардони Муҳаммад, Би-би-сӣ, Душанбе
Шарҳҳо
RSS Обуна