02:39:07 25-уми Майи 2025 сол

КУФРИ АКБАР ВА КУФРИ АСҒАР ДАР БАЁНИ ҚУРЪОН ВА ҲАДИС

Гоҳо дар Қуръони карим ва ҳадис манзур аз куфр, куфри акбар аст, ки дар аҳкоми дунявӣ муҷиби хурӯҷ аз ислом ва дар охират муҷиби ҷовидон мондан дар оташи дӯзах мегардад. Ва гоҳе мурод аз куфр, куфри асғар аст, ки мутаззамини ваъид ва азоб барои муртакиби он аст, вале на чунон азобе, ки мутаззамини хулуд дар ҷаҳаннам бошад ва ба далели гуноҳе, ки карда аз дини ислом хориҷ нахоҳад шуд, балки танҳо мавсуф фосиқ ва нафармони Худованд мешавад.

kitobi-kuroni-karim0002.jpgКуфр ба маънои аввал,  куфре аст, ки  мабнӣ бар адами пазириш ва инкори огоҳона нисбат ба он чӣ Муҳаммад (с) ба он хотир мабъус шуда аст, хоҳ тамомии он чӣ эшон овардаандро мункир гардад, ё баъзе аз онро, агар онҳо аз заруриёти дин бошанд. Куфр ба маънои дуввум: ин навъи куфр, шомили гуноҳоне аст, ки дар бардорандаи мухолифати амр ё наҳйи сареҳи Худованди мутаъол бошад.

Дар мавриди ин навъ аз куфр,  аҳодиси зиёде ворид шудаанд, аз ҷумла: «Агар касе ба ғайри Худо қасам ёд кунад мушрик шудааст» ва низ омадааст: «Дашном додан ба мусалмон муҷиби фисқ аст ва ситез бо мусалмон муҷиби куфр аст» ва дар ривоят мехонем: «Баъд аз ман кофир нагардед, чунонки гардани якдигарро бизанед» ва низ «Аз падаронатон рӯйгардон нашавед, ки ҳар касе аз падараш рӯйгардон шавад, кофир аст» ва «Ҳар кас ба бародари мӯъминаш бигӯяд: «Кофир! Яке аз он ду кофир мешаванд».

Ин, ки гуфтем куфре, ки дар ин нусус ва амсоли он баён шуда аст, чунон куфре нест, ки муртакиби онро аз дини ислом хориҷ созад, далоил дигар дар ин замина вуҷуд дорад. Аз ҷумла он, ки асҳоби киром бо якдигар ба ҷанг ва қитол пардохтанд, бидуни ин, ки якдигарро кофир бидонанд ва аз Амирулмӯъминин Алӣ бени Абитолиб(р) ба таври қатъ ривоят шуда, ки эшон касонеро, ки дар набарди «Ҷамал» ё «Сиффин» бо ӯ ба ҷанг пардохтанд, кофир ба ҳисоб намеовард, балки ононро «боғӣ», яъне таҷовузгар, қаламдод менамуд. Чунон, ки дар ҳадиси саҳеҳ аз  ҳазрати Расул(с) ривоят шудааст, ки ба Аммор фармуд: «Гурӯҳи таҷовузгарон туро хоҳанд кушт.»

Ва низ дар ҳадиси саҳеҳ дар хусуси хавориҷ ворид шудааст, ки: «Наздиктарин гурӯҳ ба ҳаққ бо онон ба ҷанг ва набард хоҳанд пардохт». Ва амалан, Алӣ бен Абитолиб (р) ва пайравонаш бо онон ҷангиданд ва низ чунон, ки Қуръони карим барои ду гурӯҳи мусалмон дар ҳоли ҷанг бо якдигар қоил ба имон шуда аст, он ҷо, ки мефармояд: «Ва ин тоифатони миналмӯъмининақтаталӯ» ҳамон тавр, ки қоил ба ухувват ва бародарии онон аст ва мефармояд:

«Иннамалмӯъминуна ихватун фааслиҳу байна ахавайкум» камо ин, ки дар ҳадиси «ҳар ки бародараш бигӯяд эй кофир!», сухан аз ухувват ба миён омадааст ва чун қатъан миёни мусалмон ва кофир ухувват барқарор нест, ин гуна баёнот далолат доранд бар ин, ки муртакибони ин маъосӣ аз ислом хориҷ намешаванд ва низ ҳамчунон, ки дар иртибот бо ҳадиси «Ман ҳалафа биғайрилЛоҳи фақад кафар ав ашрака» ё ҳадиси : «Ман ато ъаррофан ав коҳинан фасаддақаҳу бимо яқулуҳу фақад кафара бимо анзалалЛоҳу ъало Муҳаммадин» ва амсоли он, ҳеҷ як аз уламои исломӣ дар қарнҳои мухталиф чунон куфреро барои ба куфри воқеӣ, ки муҷиби иртидод ё хурӯҷ муртакиби он аз ислом гардад, манзур надоштаанд.

Чӣ басо мардум дар асрҳои мухталиф, қасам ба ғайри Худо ёд мекардаанд, ё фолгирон ва коҳинонро бовар медоштаанд ва олимони динӣ фақат мункири чунон аъмоле мешудаанд ва муртакиби онро фосиқ ва гумроҳ ба ҳисоб меовардаанд, лекин ҳаргиз ҳукм ба иртидоди онон надодаанд ва миёни онон ва ҳамсаронашон ҷудоӣ наафкандаанд ва дастур надодаанд, ки бар ҷанозаи онон намоз гузорида нашавад, ё дар қабристони мусалмонон дафн нагарданд, ҳамчунин, мулоҳиза мекунем, ки дар ҳадиси машҳури Набавӣ омадааст, ки ин уммат ҳаргиз ба гумроҳӣ иҷмоъ намекунанд.

Ибни Қаййим низ, аҳодисе, ки муштамил бар вожаи куфр аст, дар ҳоле, ки бар исён далолат дорад, ҷамъоварӣ менамояд ва он гоҳ мегӯяд: «Мақсуд ин аст, ки ин гуна маъосӣ ва гуноҳон ҳама аз навъи куфри асғаранд, зеро, ки ин навъи маъосӣ ҳама зидди шукранд, ки иборат аз Худост. Тавзеҳи ин, ки саъй ва кӯшиши инсон ё дар ростои шукр аст ё дар ростои куфр, ё дар ҷиҳати саввуме, ки ҳеҷ як аз ин ду нест».

Натиҷа мегирем, ки куфри ба маънои нахуст, куфри акбар, дар муқобили имон қарор мегирад ва гуфта мешавад, мӯъмин ва кофир, ҳамонтавре, ки дар ин оя Худованди мутаъол мефармояд: «Пас баъзе аз онон касоне буданд, ки имон оварданд ва баъзе аз онон касоне буданд, ки куфр варзидаанд» ва дар ояи дигаре мефармояд: «Худованд сарвари касоне аст, имон овардаанд, ононро аз торикиҳо ба сӯи рӯшноӣ ба дар мебарад, вале касоне, ки куфр варзидаанд сарваронашон тоғутанд, ки ононро аз рушноӣ ба сӯи торикиҳо ба дар мебаранд» ва боз мефармояд: «Чӣ гуна Худованд гурӯҳеро, ки баъд аз имон овардан кофир шуданд, ҳидоят менамояд»

Аммо куфр ба маънои дувум, яъне куфри асғар, дар муқобили шукр воқеъ мешавад ва инсон дар қиболи неъматҳои Илоҳӣ ё шокир аст, ё носипос, яъне ҳаққи неъматро ба ҷой намеоварад агар чӣ нисбат ба мунъим (инъомкунанда) кофир набошад ва мӯъмин бошад. Худованди карим дар васфи инсон мефармояд: «Мо роҳро бар инсон намудем ва ӯст, ки ё сипос мегӯяд ва ё роҳи носипосӣ ва куфронро дар пеш мегирад».

Ва «Ва агар касе сипос гӯяд, сӯди он мутаваҷҷиҳи ӯ хоҳад буд ва касе, ки куфрон кунад бояд бидонад, ки Худованд бениёз ва бузургвор аст». Дар Саҳеҳи Бухорӣ зимни ҳадисе пас аз зикри иллати вуруди занон ба ҷаҳаннам, омадааст: «Онон куфр меварзанд, арз карданд: «Эй Расули Худо! Оё ба Худованд куфр меварзанд? Фармуд: «Нисбат ба шавҳарони худ ва некиҳоие, ки ба онон мекунанд, носипосӣ мекунанд.»

Ба ҳамин ҷиҳат, он ҷо, ки Ибни Ҳаҷар ин иборатро аз Қуртубӣ нақл кардааст, ки вақте «куфр» ба таври мутлақ бар забони Шориъ ҷорӣ мегардад, манзур аз он инкори яке аз заруриятҳои дин аст, ба дунболи он ин тавзеҳро меоварад: «Куфр» дар шаръ ба маънои носипосӣ аз неъматҳои Худованд ва тарки шукри мунъим ва ҳаққи неъмати ӯро баҷо наовардан низ, омадааст, чунон, ки дар китоби имон дар боби «куфрун дуна куфрин»:(мартабаи поини куфр).

Дар ҳадиси Абӯсаъид омадааст: «якфурналиҳсона…» ва ин бадон хотир аст, ки Имом Бухорӣ (р) дар китоби имон чандин боб ба радди хавориҷ, ки мусалмононро ба сабаби иртикоби гуноҳони кабира, такфир мекарданд, ихтисос додааст, аз ҷумла: боби «куфронулъашир ва куфрун дуна куфрин» ва ин иборати (куфрун дуна куфрин) аз ҳадиси Ибни Аббос ва баъзе аз тобеъин дар тафсири ояи 44 сураи Моида «Касоне, ки ба он чӣ Худованд нозил фармуда ҳукм накунад аз кофиронанд», иқтибос шудааст.

Ин худ далел аст бар ин, ки тақсимбандии куфр ба дараҷоти мухталиф аз ҷумла куфри асғар ва куфри акбар тақсиме маъсур аз салафи солеҳ мебошад ва ҳамин тақсим дар хусуси ширк ва нифоқ ва фисқ ва зулм низ ҷорӣ аст ва  ҳар як аз онҳо ба «акбар», ки муҷиби хулуд дар оташ ва «асғар», ки бархилофи он аст ва муртакибини онро аз ислом хориҷ намесозад, тақсим мешавад. Бухорӣ дар Саҳеҳи худ боберо таҳти унвони «зулмун дуна зулмин»: гушуда ва ба ҳадиси Ибни Масъуд истидлол кардааст, ки гӯяд: ҳангоми нузули ояи 82-уми сураи Анъом «Онон, ки имон оварданд ва имони худро ба ширк намеолоянд эминӣ аз они эшон аст ва эшон имонёфтагонанд».

Саҳоба арз намуданд: «Эй Паёмбарии Худо (с) кадом як аз мост, ки бар нафси хеш зулм накарда бошад? Ҳазрат фармуд: «Чунин нест, ки пиндоштаед, манзур он аст, ки онон имонашонро ба зулм, яъне ба ширк, оғӯшта намесозанд, магар нашунидаед, ки Худованди мутаъол мефармояд: «Ҳамоно ширк «зулм»-и бузурге аст».

Далолати ҳадис бино ба назари Шайх Бухорӣ чунин аст, ки Саҳобаи киром ибтидо аз «зулм» чунон фаҳмиданд, ки тамоми гуноҳонро шомил мешавад ва Расули Худо ононро аз ин фаҳм боз надошт, балки барояшон ташреҳ намуд, ки дар ин ҷо мақсуд аз зулм бузургтарин навъи он, яъне ширк аст ва низ боз далолат дорад бар ин, ки зулм дорои маротиб ва дараҷоти мухталифе аст.

Таҳиякунанда Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ