03:33:31 25-уми Майи 2025 сол

РОҲИБИ ИФРОТГАРО ДАСТ БА ТАВҲИНИ НАВБАТӢ МЕЗАНАД

терри чонсТеррӣ Ҷонс, роҳиби ифротгарои яке аз калисоҳои иёлоти Флоридаи Амрико, ки чанде пеш дар тасмими густохонаи худ, 11-уми сентябрро ба унвони “Рӯзи ҷаҳонии оташ задании Қуръон” номида буд, дар иқдоми навбатии худ рӯзеро ба унвони “Рӯзи муҳокимаи Қуръон” эълон кардааст. Бар асоси ин гузориш, Ҷонс якшанбе - 20-уми мартро ба ин манзур ихтисос додаст ва дар як навори видеоие, ки тавассути сомонаи интернетии «youtube» қарор додааст, чунин эълон намудааст: “Қуръон дар баробари шоҳидон ва ҳомиёнаш муҳокима хоҳад шуд”.

 

Ин роҳиби ифротгаро дар ин навори тавҳиномезаш аз мудофиъони Қуръони карим хостааст, ки фардеро барои дифоъ аз он интихоб кунанд ва гуфтааст: “Мо мудофиъони Қуръонро ба чолиш мекашем ва мо аз вакилону ҳомиёни он дифоъӣ амалӣ мехоҳем”.

 

Дар ҳамин ҳол, Абдулмӯътӣ Бюмӣ, узви маҷмаъи мутолиоти ал-Азҳар, бо радди муҳокимаи Қуръон ба унвони матни Илоҳӣ гуфт: «Мо дар айни ҳол ҳозирем дар мунозираи мавзӯъӣ ва одилона дар бораи маъонии Қуръон ширкат кунем. Мо метавонем он чӣ кӣ дар Қуръон омадаро барои ҷаҳониён шарҳ диҳем».

 

Ин иқдоми роҳиби масеҳӣ ҷомеаи мусалмононро бетараф гузошта натавонист ва аксар кишварҳои исломӣ расман ин иқдомро маҳкум карданд ва зимни изҳор бо такя ба донишманду муфассирони Қуръон, ки дар ҷомеа доранд, барои посух гуфтан ба ин роҳиб изҳори омодагӣ кардаанд. Ҳамчунин, аз тамомии мусалмонон хостаанд, ки ҳеч гоҳ ба эҳсосот дода нашаванд ва барои дарк ва дуруст фаҳмидану фаҳмонидани маъонии Қуръони карим ҳамеша бо такя ба далелҳои ақлӣ ва нақлӣ талош карда ва дар ҳолати зарурӣ ба олимону донишмандони соҳа руҷӯъ намоянд, то ки аз баъзе бардоштҳои ғалати худ каси дигареро ба роҳи каҷ роҳнамоӣ нанамоянд.

 

Тоҷикистони азизи мо низ дар ин хусус худро бетараф нагузошт. Ба ҳамин хотир дар робита ба ин хабар, хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» ба раиси Маркази Исломии Тоҷикистон, Сайидмукаррам Абдуқодиров ҳамсӯҳбат шуд, ки фишурдаи он чунин аст:

 

Сайидмукаррам Абдуқодиров- Оқои Муфтӣ, Террӣ Ҷонз, кашише, ки қабалан 11-уми сентябрро «рӯзи оташ задании Қуръон» эълон карда буд, рӯзе пеш  навореро дар сомонаи «youtube» пахш кард, ки тариқи он рӯзи 20-уми мартро «Рӯзи муҳокимаи Қуръон» эълон кардааст. Дар ҳамин замина пурсидан мехостем, ки шумо ҳамчун олитарин марҷаъи динии Тоҷикистон ва пешвои мусалмонони тоҷик, дар ҳамин рӯз агар лозим шавад касеро пешниҳод карда метавонистед, ки аз Қуръони карим ҳимоят кунад? Ҳарчанд Қуръони карим каломи Худованд аст ва ҳимояти он ҳам ба дӯши худи ҳазрати Ҳаққ (ҷ) мебошад.

 

- Албатта, ҳозир ҳастем, ки мо худ аз Қуръон дифоъ кунем ва низ ҳозир ҳастем, ки як нафар не, чанд нафар пешниҳод кунем, ки ба пуррагӣ аз ҳикмату фалсафа, манфиъат, башардӯстӣ, ҷомеапарварӣ, ҳидоят ва баракат, ки ҳамаи ин барои пешрафти инсоният аст ва барои худи он ҳамчун китоби осмонӣ ва муқаддас буданаш, исбот кунанд ва ҳимоя кунанд.

 

-Дар ҳамин хусус, мо дар баробари ин роҳиб гуфта метавонем, агар онҳо Қуръони каримро ба чолиш бикашанд, мо тибқи ояҳои Қуръонӣ метавонем, ки Инҷилро ба муҳокима бикашем? Бо вуҷуди он ки инҷилҳое, ки мо имрӯз дар даст дорем, таърих собит мекунад, тақрибан баъди саду панҷоҳ сол ва то сесад сол тавассути Исои Масеҳ ва ёрони ҳамзамонаш не, балки тавассути афроди дигар навишта шудаанд ва онҳо аз ҳам тафовут доранд.

 

 - Албатта, мо ҳуқуқи муҳокима кардан, сӯзонидан ва ё таҳқир кардани Инҷилро надорем. Мо эътиқод дорем, ки Инҷил ҳам китоби осмонӣ ҳаст, аммо худи олимон ва мутахассисони соҳа ё дин худ эътироф кардаанд, ки борҳо дар ин Инҷил тағйирот ва иловаҳо ворид шудааст. Масалан, панҷ намуд аз Инҷил, аз қабили Мато, Луқо ва ғайра, ки вуҷуд доранд, онҳо бо ҳам мувофиқ нестанд. Бо вуҷуди он ки асли ин китоб бе тағйирот ба ҳазрати Исои Масеҳ нозил шуда буд ва мо ба он Инҷил эътиқод дорем. Ҳамчунин, аз фитрати инсони солим ва мусалмони комил ҳам нест, ки иддае аз мардум ба он китобе эътиқод доранд, мо онро ба сӯзиш бикашем, таҳқир кунем, муҳокима намоему пайравонашро таҳқир кунем. Чаро ки Қуръон ба мо мегӯяд, ки мо бояд муомилаи нек дошта бошем. Ин аст аз фитрати солими мусалмонӣ ва ақлу фаросати инсонӣ.

 

- Шумо аз фитрати инсонӣ ва ақли солим сухан кардед, ба ақидаи Шумо, шахсе, ки Қуръонро ба муҳокима кашиданӣ ҳаст, дар ақли худ нуқсон дороад?

 

- Ман як чизро ошкору равшан бояд бигӯям, ки таассуб инсонро кару кӯр мекунад. Вақте ки инсон ба таассуб меравад, ҳеч ҳақиқатеро дида ва ҳеҷ ҳақиқатеро шунида наметавонад. Ман фикр мекунам, он шахсияте, ки ба ин кор даст зада истодааст, гирифтори бемории васвос аст ва мутаассибе ҳаст, ки ҳам кар асту ҳам кӯр. Қуръон дар хусуси ин намуди одамҳо чунин мегӯяд: ҳам гунг ҳастанду ҳам кӯр ва ҳам кар ҳастанд, ки ақлро истифода карда наметавонанд. Ин шахс, ки дар Ғарб бори дуввум чунин иддао мекунад ва изҳорот медиҳад, яъне аз зумраи шахсиятҳои мутаассибе ҳаст, ки ҳамон таассубаш ӯро ҳам кару ҳам кӯр ва ҳам гунгу ботилбину ноҳақбин кардааст.

 

-Оқои муфтӣ, гурӯҳе, ки дар боло зикр кардед, агар лозим шавад теъдоди онҳо то даҳ нафар аз мутахассисону донишманд шуда метавонад, ки аз Қуръон ҳамчун аз китоби Илоҳӣ ҳимоя кунанд ва ояҳои онро ба мардум тавре, ки мебояд, шарҳ бидиҳанд?

 

- Бале, гурӯҳи мо зиёда аз даҳ нафар мебошанд ва омодаанд, ки аз Қуръони карим дар мавридҳои лозима ҳам чун китоби осмонӣ ҳимоят кунанд.

 

-Ташаккури зиёд барои ин маълумотҳо барои ишғоли вақт узр!

 

-Саломат бошед, Худо баракат диҳад!

 

Гуфта мешавад, ки дар замони нозилшавии Қуръон, мардуми араб, ки бо фасоҳату балоғати калом хеле шӯҳрат доштанд, борҳо ба сиҳҳат доштани ин китоби осмонӣ садо баланд карда буданд, аммо Худои карим тавассути паёмбараш Ҳазрати Муҳаммад(с) аз онҳо хост, ки агар шумо ба китоби Илоҳӣ будани Қуръон шакку шубҳа доред, пас ҳаммонанди вай китобе биоред. Онҳо оҷиз монданд, дубора хост, ки агар наметавонед як сура биоред ва дар навбати охир аз онҳо хост, ки як оят биоред, аммо аз он ҳам оҷиз монданд ва натавонистанд. Ҳадди ақал як оя ҳам монанди Қуръон аз худ бигӯянд.. ва дар вақти нузулаш Худои пок ҳифз ва нигоҳубини китобашро ба зиммаи худ гирифт ва он замон то кунун дар Қуръон ҳеч тағйир ва иловае касе ворид накардааст ва ҳамоно то қиёмат тавре нозил шуда буд, боқӣ хоҳад монд!

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4243-2011-01-24-13-37-16.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ