ДАЪВАТ ДАР ПАРТАВИ ҚУРЪОНИ КАРИМ

Дар минбари Паёмбар (с) нишастан ва аз он ҷои муқаддас раҳнамойии мардум касбияту ҷиддиятро талаб мекунад ва адои рисолату масъулиятшиносӣ низ дар бар мегирад. Минбар ҷои мӯъҷазбаёниву содафаҳмонии мардум бо алфози гӯшнавозу суханҳои дилнишин аст, на чизи дигар. Зеро, Қуръони карим аз Худои пок чунин паём мерасонад: «Чӣ касеро сухан некӯтар аз сухани он, ки ба сӯи Худо даъват мекунад ва корҳои шоиста анҷом медиҳад ва мегӯяд, албатта, ки ман аз мусалмононам?» (сураи Фуссилат, ояи 33)
Даъват ё ба истилоҳ амри маъруф кардан дар ҷомеаи кунунӣ «муд» шудааст. Хатибон бо истифода аз таҷҳизоти навин аудиторияи худро фаротар аз масҷид ҷамъ мекунанд. Мавҷи пурсуръати хутбаҳои онҳо тавонистааст, ки аксари деҳаҳои дурдастро низ бахш кунад Аммо, аз чӣ бошад, ки дар хутба ва суханрониҳои рӯҳониёни кишвар аксар маврид ба ҷои нармгуфторӣ, тундгӯӣ, сахтгӯӣ, тангназарӣ ва баъзан суханҳои гӯшхароше шунида мешавад, ки аз онҳо бӯи ғараз ва насими нафратовар ба машом мерасад.
Ҳол он, ки Қуръони карим яке аз сабабҳои калидии имон овардан ва ҷамъ шудани сангиндилони арабу аҷамро дар атрофи ҳазрати Муҳаммад (с) чунин арзёбӣ мекунад: «Ба сабаби раҳмати Худост, ки ту бо онҳо инчунин хушхӯю меҳрубон ҳастӣ. Агар тундхӯву сахтдил мебудӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас бар онҳо бубахшой ва бар онҳо омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо эшон машварат кун ва чун қасди коре кунӣ, бар Худо таваккул кун, ки Худо таваккулкунандагонро дӯст дорад» (сураи Оли Имрон, ояи 159).
Дар ин ояи карима чанд нукта ва бардоштҳое вуҷуд дорад, ки касро ба тафаккур кардан водор месозад: Хушхӯӣ ва меҳрубонӣ, хатиби муваффақ касе ҳаст ки аз ин ду хисалати ҳамида ба хубӣ кор мегирад. Сомеъини хутбаҳо сазовори онанд, ки аз меҳрубонии хатиб баҳрвар шаванд. Чаро, ки ӯ бо аввалин суханони муқаддимавиаш, аз бахшандагиву меҳрубонии Худованд сар мекунад. Мардум қабл аз он ки садои ӯро бишнаванд, сирати ӯро дида, хулосаи худро нисбати хатиб мебароранд, ки ӯ чӣ касе ҳаст? Барои ҳамин тундхӯиву сахтдилӣ, хутбаро ҳадафрас карда наметавонад.
Қуръони карим дар ҳамин хусус дар ҷои дигар гуфтааст: «Мардумро бо ҳикмату панди некӯ ба роҳи Парвардигорат бихон ва бо беҳтарин тарз бо онон муҷодала кун. Зеро Парвардигори ту ба касоне, ки аз роҳи ӯ каҷрав шудаанд, огоҳтар аст ва ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад» (сураи Наҳл, ояи 125). Ин ояи шарифа аз ҳикмат кор гирифтанро шарт медонад. Дар ривояте мехонем «Ҳикмат гумшудаи мусалмон аст, ҳар ҷо, ки онро пайдо кунад моли вай аст».
Мурод аз ҳикмат ҳар чизеро ба ҷои худ гузоштан, хатиб бояд дар интихоби мавзӯъ, тарзи баён, истифода аз вақт ва либлоспӯшӣ низ аз ҳикмат кор бигирад, то хутбаи ӯ ҳадафрас бошад. Дар ин ояи карима чизи дигаре, ки андеша карданро лозим медонад ин бо беҳтарин шева баҳсу муҷодала, мунозара ва гуфтугӯ кардан аст.
Ин китоби осмонӣ гуфтугӯ ва муҷодаларо танҳо хоси мӯъминон қарор надодааст балки, таъкид кардааст, ки бо аҳли китоб низ аз ин шева кор гирифт: «Бо аҳли китоб ба некӯтарин шевае муҷодала кунед. Магар бо онҳое, ки ситам пеша карданд. Ва бигӯед: «Ба он чӣ бар мо нозил шуда ва он чӣ бар шумо нозил шудааст, имон овардем. Ва Худои мову Худои шумо якест ва мо дар баробари ӯ гардан ниҳодем (сураи Анкабут)».
Худованди карим дар ҷои дигар диндории мусалмононро тавсиф карда мегӯяд: «Дини чӣ касе беҳтар аз дини касест, ки ба ихлос рӯй ба ҷониби Худо кард ва некӯкор буд ва аз дини ҳанифи Иброҳим пайравӣ кард? Ва Худо Иброҳимро ба дӯстии худ баргузид. Гузиниши Иброҳим (с) аз рафтори ҳасана, ахлоқи ҳамида ва ихлос дар амалҳои ӯ дарак медиҳад. Аз ояҳои дар боло оварда шуда ҳам чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки хатиби муваффақ касе шуда метавонад, ки худро бо хислатҳое чун ихлос дар амал, нармгӯӣ, бурдуборӣ, хушхӯиву меҳрубонӣ ва ғайра зиннат дода, аз сахтдиливу каҷрафторӣ парҳез кунад.
Амруллоҳи Низом, бознашр аз «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3232-2010-09-29-05-39-46.html