23:08:01 24-уми Майи 2025 сол

ФАРЗАНДХОНӢ ДАР ИСЛОМ

Ҳакиме гуфтааст, бандагӣ мактаби сабр ва давои дарди бефарзандӣ аст. Бесабрӣ нисбат ба ин дард боис шудааст, ки бунёди чандин оила решакан шавад. Ҳамзамон чандин тифли ятиммонда ё бесарпаноҳ бо ин сабаб сазовори зиндагии беҳтар ва хубтар гардида ҳамчун фарзандхон ба воя расидааст. Ё ин ки оилае бо гузашти ду сол, дигаре баъд аз даҳ сол ва саввумӣ дар поёни умр фарзандор шуда, ин мактабро бо сарбаландӣ паси сар кардааст. Бо пайгирӣ аз ин мавзӯъ ногоҳ нигоҳам ба қиссаи ҳазрати Закариё афтод. Паёмбари Худо(а) аз пиронсолии худ, нозойии завҷааш ва таъхир дар фарзандёбӣ нигаронӣ карда бо Худои худ чунин муноҷот мекунад: «Эй Парвардигори ман, устухони ман суст гашта ва сарам аз пирӣ сафед шудааст ва ҳаргиз дар дуъо ба даргоҳи ту, эй Парвардигори ман, бебаҳра набудаам.

 

Ман пас аз марги хеш аз хешовандонам бимнокам ва занам зоянда нест. Маро аз ҷониби Худ фарзанде ато кун, ки меросбари ман ва меросбари хонадони Яъқуб бошад ва ӯ ро, эй Парвардигори ман, шоиставу писандида гардон» (сураи Марям, ояи 4-6). Дар ҷои дигар Закариё (а) бо чунин алфоз Худоро ёд кардааст: «Эй Парвардигори ман, маро аз ҷониби худ фарзанде покиза ато кун, ҳамоно, ки Ту дуъоро мешунавӣ» (сураи Оли Имрон, ояи 38).

 

Худои бузург низ дуои Паёмбарашро  қабул карда, дар ҳол Пайки Ҳақ ба ӯ мужда мерасанад «Эй Закариё, Мо туро ба писаре ба номи Яҳё мужда медиҳем. Аз ин пеш касеро ҳамноми ӯ насохтаем» (сураи Марям, ояи 7). Пире, ки чандин сари сол барои адои рисолат заҳмат кашида буд, ҳоло тавзех Пайки Ҳаққро ҷӯё мешавад: «Эй Парвардигори ман, маро аз куҷо писаре бошад, ҳол он ки занам зоянда аст ва ман худ дар пирӣ ба фартутӣ расидаам». Пайки Ҳақ дар ҷавоб гуфт: «Парвардигорат инчунин гуфтааст: «Ин барои Ман осон аст» (ҳамин сура ояҳои8,9).

 

Дар мавриди авлодёбӣ ба ҳамин монанд Қуръони карим чанд қиссаи дигаре, ҳам дорад, ки бандагони назидики Худованд барои наслгузорӣ пеши Худо дуо кардаанд. Ҳамзамон Қуръон қиссаи дигаре ҳам дорад, ки бузургони кишвар ба монанди Фиръавн ва Азиз Миср талаби писархондагӣ кардаанд. Ин писарон низ аз мардуми омма не, балки яке паёмбари улулъазм- Мӯсо(а)-ро ҳамчун фарзанд дар хонаи худ роҳ додаст. 

 

Зани Фиръавн (Осия) гуфт: «Ин мояи шодмонии ману туст. ӯро макушед, шояд ба мо суде бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ гирем» (сураи Қасас, ояи 9). Азизи Миср низ Юсуфро ҳамчун фарди судовар қабул кардааст: «Ва касе аз мардуми Миср (яъне азизи Миср), ки ӯро харида буд, ба занаш гуфт: «То дар ин ҷост, гиромияш бидор, шояд  ба мо суде бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем» (сураи Юсуф, ояи 21).

 

Қуръони карим дар сураи Аҳзоб мавзӯи фарзандхониро жарфтар пайгирӣ карда, таъкид кардааст, ки бояд фарзандон бо номи падарони худ номгузорӣ шаванд ва тағйири ном дар насаби онҳо ноинсофона аст. Ин ояи карима дар шаъни ҳазрати Муҳаммад (с) нозил шудааст. Чун он Ҳазрат(с) ҳангоме, ки бо Хадиҷа бинти Хувайлид издивоҷ кардаанд, завҷаашон ғуломеро бо номи Зайд ба Паёмбари Акрам(с) тӯҳфа карданд. Мардум ин ғулом-Зайдро  бо исми параш не, балки Зайд писари Муҳаммад ёд мекарданд.

 

Ин чиз ба Худои карим писанд наомад. Пайки Ҳақ чунин паём овард: «Писархондагонро ба номи падарашон бихонед, ки дар назди Худо мувофиқи инсоф аст. Агар падарашонро намешиносед, бародарони динӣ ва маволии (дӯстони) шумо бошанд. Агар пеш аз ин хатое кардаед, боке нест, магар он, ки ба қасди дил кунед. Ва Худо омурзандаву меҳрубон аст! Паёмбар ба мӯъминон аз худашон сазовортар аст ва занонаш модарони мӯъминон ҳастанд ва дар китоби Худо хешовандони насабӣ аз мӯъминону муҳоҷирон ба якдигар сазовортаранд, магар он, ки бихоҳед ба яке аз дӯстони худ некӣ кунед. Бошад ин ҳукм дар китоби Худо навишташуда» (сураи Аҳзоб, ояти 5,6).

 

Тавре дар боло ишора кардем, Қуръони карим дар ин сура мавзӯи фарзандхониро ба баҳс кашида, барои барқарории адолат дар ҳаққи фарзанд баъзе аз қонунҳои амалкунандаро ноисофона хонда онҳоро лағв кард. Яке аз онҳо ин фарзандхонӣ буд, ки дар он замон кас ҳуқуқ надошт ҳамсари фарзандхонашро ба занӣ бигирад. Зайд, то хабардор шудан ва омадани падараш ба Макка, дар хонадони Паёмбар ҳамчун ғулом ба воя мерасид.

 

Баъд аз он ки падараш, аз ҳазрати Муҳаммад(с) хоҳиш кард, ки фарзандаш ба ӯ бозгардонида шавад, Паёмбари ислом гуфт, Зайд худаш интихоб кунад, агар хоҳиш рафтан бо шуморо дошта бошад, бигзор равад ва агар бо ман бимонад касе ӯро маҷбур карда наметавонад, ки инҷо тарк кунад. Ҳангоме, ки Зайдро дар ин масъала пурсиданд, хонадони нубувватро аз хонаи падарии худ авлотар донист ва аз рафтан бо падараш худдорӣ кард. Баъд аз ин воқеа ҳазрати Муҳаммад Зайдро ҳамчун фарзанд қабул кард.

 

Мардум низ онро писари Муҳаммад гуфта садо мекарданд. Баъд аз балоғат Паёмбари ислом Зайнаб-духтари аммаашро ба никоҳи писархондаш даровард. Зайду Зайнаб, ки собиқаи насабӣ ва саргузашти зиндагиашон аз ҳам фарқ мекард, зиндагии оилавиашон созгор ва пойдор боқӣ монда натавонист. Қуръони карим қиссаи онҳоро чунин нақл мекунад:

 

Ва ту ва он мард, ки Худо неъматаш дода буд ва ту низ неъматаш дода будӣ, гуфтӣ: «Занатро барои худ нигаҳ дор ва аз Худо битарс». Дар ҳоле ки дар дили худ, он чизро, ки Худо ошкор сохт, махфӣ дошта будӣ ва аз мардум метарсидӣ, ҳол он ки Худо аз ҳар каси дигар сазовортар буд, ки аз ӯ битарсӣ. Пас, чун Зайд аз ӯ ҳоҷати хеш бигузорад, ба ҳамсарии туаш даровардем, то мӯъминонро дар заношӯӣ бо занони фарзандхондагони худ, агар ҳоҷати хеш аз ӯ бигузорида бошад, манъе набошад. Ва ҳукми Худованд шуданист» (сураи Аҳзоб, ояти 37).

 

Худо худаш беҳтар медонад, вале тавре аз ин пажӯҳиш ба мо маълум мешавад, Худованд бо ин носозгорӣ дар хонадони онҳо чанд ҳукм ва ҳикматеро баён дошт. Барои мисол, аз нигоҳи омӯзаҳои шариати ислом, хукми фарзандхонӣ мансух карда шуд. Дигар ин, ки кас метавонад ҳамсари фарзандхондашро ба занӣ бигирад ва он зан келини ҳақиқӣ ҳисобида намешавад. Аз нигоҳи омӯзаҳои шариати ислом фарзандхонд ҳеҷ гоҳ ҷои фарзандро гирифта наметавонад. 

 

Писархондашуда аз мероси «волидонаш» ҳақбар буда наметавонад. Фарзандхон барои апаву акаву додару хоҳар ва модари онҳо шахси номаҳрам ҳисобида шуда, баъд аз балоғат робита гирифтани ӯ бо онҳо шаръан ҷоиз нест. Бо ин вуҷуд, роҳи дигаре ҳам дар ислом ҳаст, ки дар мавридҳои алоҳида кас метавонад, фарзанди каси дигарро маҳрам ва ба ҷои фарзанд барои худ қабул кунад. Яъне, дар ислом ширхорагӣ вуҷуд дорад, ки ба анҷом додани он фарзанди бегона ҳуқуқи маҳрамӣ пайдо мекунад ва аз тамоми ҳуқуқҳои фарзандӣ метавонад баҳравар шавад.

 

Амруллоҳи Низом, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3179-2010-09-22-05-11-58.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ