Хазина аз
МОДАРИ Б.ШОДИЕВ: "БА ДОДГОҲ ШИКОЯТ МЕБАРАМ"
Иҷтимоъ
07.11.2011 21:02
1046
Модари Баҳромиддин Шодиев мегӯяд, аз чораи мақомот нисбати маъмурони пулис розӣ нест ва алайҳи онҳо ба додгоҳ шикоят мебарад. Ниёзбибӣ Бӯриева, модари Баҳромиддин Шодиев- 28 сола, ки бар асари латтукӯби милисаҳо дар беморхона ҷон додааст ...
РУСИЯ: СКИНҲЕД ОЗОД ШУД, МУҲОҶИР МАҲКУМ
Иҷтимоъ
07.11.2011 20:59
1045
Додгоҳи ноҳияи Красноселский дар Маскав Анвар Юсуфов - шаҳрванди Тоҷикистонро ба 6 моҳи ҳабс маҳкум кард. Анвар бо ду нафари дигар аз муҳоҷирони корӣ, Абдулазиз Тошев -- сокини ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон ва Шокир Абдулазизов ...
МАРГИ СЕ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ
Муҳоҷират
07.11.2011 20:56
4206
Бар асари сӯхтор дар як корхонаи кимиёвӣ воқеъ дар канори Маскав, се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Исоҷон Мӯсоев ва Олимҷон Раҳматов, сокинони ҷамоати ба номи Лоиқ Шералии ноҳияи Панҷакент ва сокини шаҳраки Ҳисор...
ЗИЛЗИЛАЕ ХОКИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОНРО ТАКОН ДОД
Хабар
07.11.2011 20:55
1177
Имрӯз дар марзи Тоҷикистону Афғонистон зилзилае ба шиддати 5,6 дараҷаи Риҳтер рух дод. Итар-Тасс мегӯяд, ба иттилои хадамоти геофизикии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, маркази зилзила дар 275 километрии ҷанубу шарқи Душанбе дар хоки Афғонистон сабт шудааст. Ҳеҷ хабаре дар бораи хисороти баъдизилзила дар даст нест.
ВАЗИРИ ХОРИҶАИ РУСИЯ АЛАЙҲИ ҲАМЛА БОЛОИ ЭРОН ҲУШДОР ДОД
Хабар
07.11.2011 20:54
1151
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз ҳушдор дод, ки ҳамлаи эҳтимолии мусаллаҳона алайҳи Эрон “иштибоҳи хеле ҷиддӣ” хоҳад буд. Вай гуфт: “Ин як иштибоҳи хеле ҷиддӣ хоҳад буд, ки паёмадҳои ғайри қобили тасаввур хоҳад дошт. Барномаи ҳастаии Эрон мисли ҳар масъалаи дигари замони имрӯз ҳилли низомӣ надорад”.
ДАР САДАМАЕ ДАР МИСР 11 МАҶОРИСТОНӢ ҶОН ДОДАНД
Хабар
07.11.2011 20:53
1222
Мақомоти Миср мегӯянд, бар асари садамаи як автобуси мусофирбар, 11 саёҳи маҷористонӣ кушта ва 27 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
ОҒОЗИ БОЗСОЗИИ РОҲИ ДУШАНБЕ-ТУРСУНЗОДА
Иҷтимоъ
07.11.2011 14:44
1111
Тарҳи бозсозии роҳи Душанбе-Турсунзода ба беш аз сӣ милюн дулор афзоиш ёфтааст. Ин матлаб дар ҷараёни баргузории маросими оғози умури бозсозии ин роҳ, ки рӯзи душанбеи 7 ноябр баргузор шуд, эълом гардид.
СӮҲРОБ ШАРИФОВ: ШАРОИТИ СИЁСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҒЙИР КАРДААСТ
Сиёсат
07.11.2011 14:41
1114
Номзадии Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, як ниҳоди вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷкистон, аз ҷониби ҳизби ҳокими халқӣ-демукрот ба интихоботи миёндаврӣ ба порлумони ин кишвар пешниҳод шудааст.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СИАОЮ ЖАОРО
Хабар
07.11.2011 14:38
1010
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Бонки осиёии рушд баррасӣ шуд.