17:03:44 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Сафар Ҳакдодов: "Синамо бе дастгирии давлат рушд намекунад"

-Аз Шумо ҳамчун аз Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон аввалан мехоҳам бипурсам, ки фаъолияти ин иттиҳодия имрӯз дар кадом сатҳ аст?

safar haqdod 2013 1-Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон бо ибтикори яке аз бузургмардони синамои тоҷик Борис Кимёгаров ҳанӯз 50-сол пеш таъсис ёфта, гумон мекунам таъсиси иттиҳодия ҳам дар доираи талаботҳои сохтори ҳамон давра сурат гирифта буд. Солҳои зиёд ин иттиҳодияро шахсони гуногун аз аҳли ҳунар роҳбарӣ мекарданд. Ду сол қабл дар Анҷумани даҳуми Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ман ҳамчун раис интихоб шудам.

Иттиҳодия як ташкилоти ҷамъиятӣ аст, ки дар асоси Низомнома фаъолият дорад ва мақсади аслияш ҳам дар як ташкилоти ғайридавлатӣҷамъ овардани синамогарони ҳирфаӣ аст. Вобаста ба ҳамин низомнома мо пеш аз ҳама ба тарғиби синамои асили тоҷик ва ҳамзамон бо доир кардани ҳафтаи филмҳои кишварҳои гуногун ба тарғиби синамои ҷаҳонӣ машғул ҳастем. Ҳамчунин мо пуле ҳастем барои бурдани осори филмофарони тоҷик ба ҷашнвораҳои хориҷ.

Дар конфронсҳои байналмилалӣ ҳар сари чанд вақт намояндагони иттиҳодия ё филмсозон иштирок мекунанд ва ба ин васила равандҳои гуногуни синамои ҷаҳониро меомӯзему огоҳ ҳастем. Ин аст вазифаҳои аслие, ки Низомномаи мо муайян кардааст. Аз тарафи дигар, аз ҳаёти шахсии ҳар нафар узви иттиҳодия огоҳ буда, ба қадри имкон ба онҳо кӯмак мерасонему дар ҳолати мушкилияшон дастгирӣ менамоем.

-Пас, Иттифоқи синамогарони имкони молӣ дорад, ки синамогаронро дар вазъи мушкилашон дастгирӣ карда тавонад?

-Мутассифона, ба аъзои худ дар чанд соли охир кӯмаки бевоситаи молӣ расонида натавонистем, барои он ки вақте дар марказ будем, як андоза имкон доштем, аммо дар ду соли охир хеле аз тавонмандиҳоямон барои дубора барқарор кардани ин бинои нав, яъне хонаи кинои "Зебуниссо" сарф шуд. Вақте, ки мо аз марказ омадем, дар инҷо на курсӣ буд на пардаи синамо, танҳо чор девори холӣ буд. Ва маҷбур шудем, ки бозёфтҳоямонро барои ба як маркази филмнамоишдиҳӣ табдил додани "Зебуниссо" харҷ кунем ва аз ин сабаб идрорпулӣ ё кӯмакпулие, ки ба синамогарон дар ҳар се моҳ медодем, дар ин ду сол дода натавонистем.

-Даромади моли Иттиҳодия аз кадом ҳисоб аст?

-Мо як ташкилоте ҳастем, ки аз буҷаи давлат ягон танга намегирем ва даромади аслии мо аз ҳисоби пайдо кардани кӯмакпуливу грантҳо ва дар доираи баргузор кардани ягон чорабинӣ ба даст меояд. Бояд зикр кунам, ки давоми ин ду сол мо аз ташкилотҳои байналмилалӣ боз як гранте пайдо кардем ва Энсклопедияи кинои тоҷикро ба чоп омода намудем. Шояд агар як сохтори вижа ба ин кор машғул мешуд, маблағҳои зиёде сарф мекард, аммо мо чанд нафаре, ки дар садорати иттиҳодия будем, ба ин кор машғул шудем. Мутаассифона, ҳанӯз як роҳи коммерсиеро наёфтаем, ки маблағҳои бештаре рӯйи даст дошта бошем ва гумон мекунам ин ҳам вобаста ба мушкилиҳои синамои тоҷик аст.

-Чаро то имрӯз филми тоҷикӣ барои филмбардор даромад намеорад?

-Мо анъанаи дар кинтеатрҳо баргузор кардани намоиши филмҳоро аз даст додем. Ҳамин раванд ба фаъолияти мо ҳам асар гузошт, яъне дигар филмофарон натавонистанд бо ҷалби тамошобин аз филми сохтаи худ сармояе ба каф оранд. Дигар кишварҳо дубора кинотеатрҳои худро фаъол карданд, масалан дар Русия, Қирғизистон, Қазоқистон тамошобин ба синамо меравад ва аз харидани билет як маблағе ба хазинаи ташкилотҳои синамоӣ дохил мешавад. Мо то имрӯз ин анъанаро барқарор карда натавонистем ва ин яке аз мушкилиҳои умдаи мо аст.

-Чаро барқарор карда натавонистем?

-Пас аз воқеаҳои солҳои навадум як шакли мутамаркази маблағгузорӣ ба синамо, ки дар замони Шӯравӣ буд, аз байн рафт ва ин асар гузошт қариб то солҳои 2000-ум. Ҳамаи кишварҳои собиқи Шӯравӣ то андозае аз истеҳсоли филм дур монданд. Вале аксари онҳо кинотеатрҳои худро нигоҳ доштанд ва тавонистанд, ки филмҳои хориҷиро ворид кунанду дар кинотеатрҳо ба намоиш гузоранд.

Кинотеатрҳои худро ҷавобгӯ ба талаботи замони нав намуданд, то бинандаро ҷалб карда тавонанд ва бо иҷрои ин кор як сармояи муайяне вориди хазинаи ташкилотҳои синамоии онҳо шуд. Мо ин корро карда натавонистем. Истеҳсоли филм он айём дар Тоҷикистон қариб ки аз байн рафта буд. Агар дар сол филме истеҳсол мешуд, онро тариқи телевизион пахш мекарданд. Намоиши филмҳо ба бозорҳо, ба утоқҳои тангу торик рафт, тамошобин аз кинотеатрҳо дур монд. Баъдтар технология бештар рушд карду интернету шабакаҳои моҳворавӣ иқтидори синаморо ба дасти худ гирифт. Толорҳо холӣ монданду шакли худро тағйир доданд. Мо чун дидем, ки бо лавозимоти аз даврони Шӯравӣ монда дигар филм намоиш дода намешавад, роҳҳои дигари пахши филмро накофтем.

-Пас аз тамошои филмҳои ҳамсоякишварҳои мо, амсоли Қирғизистон, Узбекистон ва ҳатто Афғонистони ноором кас мушоҳида мекунад, ки сатҳи филмҳои тоҷикӣ дар муқоиса бо филмҳои онҳо хеле паст аст. Сабабаш дар чӣ бошад?

-Як сабабаш шояд дар дур шудани таваҷҷуҳи мо ба синамо бошад. Дар паси воқеаҳои маълуми солҳои 90-ум мо як фурсатеро дар синамо аз даст додем ва кишварҳои дигар чанд қадаме аз мо пеш гузаштанд. Бо касофатии он рӯзҳо мо, синамогарон, як давраи таърихиро аз даст додем. Сабаби дуюмаш дар он буд, ки мутахассисони соҳа аз кишвар рафтанд, чӣ мутахассисони техникиву фаннӣ ва чӣ коргардону ҳунармандон. Бояд дар ин давра насли ҷавоне ба вуҷуд меомад, ки ин халогиро пур мекард.

Ҳатто ҳамон васоил ё технологияи филмофарии замони Шӯравӣ кор мекард, вале чун мутахассисон рафтанд, касе онҳоро истифода бурда натавонист. Чун инсон ҳамеша ба чизи нав таваҷҷуҳ дорад, ҷавонон ба интернет рӯй оварданд ва ҳама дар ҳалқаҳои хонаводагиву гуруҳии худашон маҳдуд шуданд. Ҳамин тавр ҳамаи ин омилҳо зарбае шуд ба синамои ҳирфаӣ. Чун синамогарони ҳирфаӣ рафтанд, насли ҷавони мо ба душвории норасоии маблағ ва дастрас набудани технология мувоҷеҳ гардид. Аммо баъдтар ҷавононе пайдо шуданд, ки бо маблағи камтарин ба филмофарӣ даст заданд ва чанде аз онҳо муваффақ шуданду чанди дигар на.

-Аммо синамое, ки ҷавонони мо меофаранд, аксаран аз ҷониби синамогарони ҳирфаӣ мавриди танқид қарор мегирад…

safar haqdod 2013 2-Синамо як тарзи тиҷорат аст. Ба вай сармоя мегузоранд ва истеҳсол мешавад. Синамо мол аст. Адабиёт моли интеллектуалӣ аст, синамо ҳам интеллектуалӣ ҳасту ҳам бозорӣ. Вақте, ки як синамогари муваффақ дар Узбекистон ё Қирғизистон пайдо мешавад, аллакай тамоми пахшкунандаҳо, тамоми кинотетарҳои ҷумҳурӣ ба вай фармоиш медиҳанд ва дар санаи муайян омода шудани филми ӯро интизор мешаванд ва ҳисоб мекунанд, ки ба филми ӯ чӣ қадар тамошобин меояду чӣ қадр сармоя ба даст меояд.

Кори филм ҳанӯз ба анҷом нарасида, онҳо таблиғи филмро шуруъ мекунанд. Масалан, дар Бишкек ду донишгоҳ ҳаст, ки ҳамасола то сад нафар мутахассисони соҳаи синаморо тарбия мекунад. Боз ҷавонони онҳо ба Аврупову Амрико рафта санъати синаморо аз худ мекунанд. Тамоми кинотеатрҳояшон фаъол аст. Бубинед, дар Фаронса чунин аст, ки тамоми телевизионҳо вазифадор шудаанд, ки филм истеҳсол кунанд ва филмро фақат баъди пурра паҳн шуданаш дар кинотеатрҳо дар телевизион намоиш медиҳанд ё дар дискҳо ба бозор мебароранд.

Ҳатто телевизионҳо ҳақ надоранд, ки дар вақти намоиши филм дар кинотеатр барнома ё илмҳои хориҷии ҷолиб нишон диҳанд, то тамошобинро ба худ ҷалб накунанд. Давлат инро аз тариқи сохтори миллии синамои Фаронса танзим мекунад. Билети филми фаронсавӣ 5 доллар асту билети филми амрикоӣ 10-доллар ва панҷ доллар аз билети филми амрикоӣ ба рушди синамои миллии Фаронса сарф мешавад.

Яъне, ба ҳар роҳу восита филмофари ватанӣ дастгирӣ карда мешавад. Ман ба боварӣ мегӯям, ки бидуни дастгирии давлат ҳеҷ гуна синамо рушд намекунад. Дар Узбекистон давлат солона барои сохтани ҳафтод филм кӯмак мекунад. Дар Қирғизистон ҳам аз буҷаи давлат барои таҳияи филмҳо маблағ ҷудо мешавад. Баъд сарватмандонашон ҳам мебинанд, ки ба синамо маблағ гузоштан фоидаовар аст, сармоя мегузоранд.

-Шумо дуруст гуфтед, маркази миллии синамо барои рушди синамо дар ҳар кишвар зарур аст. Аммо оё Тоҷиккино ё Тоҷикфилм ин рисолатро иҷро карда наметавонанд?

-Тоҷиккино ҳам ба он сохторе, ки имрӯз дорад, дар ихтиёри Кумитаи телевизион ва радио аст. Ҳозир ҳамаи қудрати онҳо ба назорати филмҳои хориҷие, ки ба бозори Тоҷикистон ворид мешавад, равона шудааст. Бояд онҳо ба пахши филмҳо таваҷҷуҳ кунанд. Пахши филмҳо ба воситаи кинотеатрҳои хуб сурат мегирад. Аммо таъсиси кинотеатри хуб сармоя ва технологияи муосир мехоҳад.

-Пас Шумо кадом омилро дар рушди синамои миллӣ таъсиргузор медонед?

-Як сохторе бошад, ки шабу рӯз андешаи синаморо кунад. Роҳҳои гуногуни рушди синаморо таҳқиқ карда, ба давлат пешниҳод кунад ва давлат онро дастгирӣ намояд.

-Иттиҳодияи синамогарон ин корро намекунад?

-Иттиҳодияи синамогарон ташкилоти ҷамъиятӣ аст. Барои иҷрои ин сохтори давлатӣ лозим аст. Дар давлат қонунҳое ба вуҷуд оянд, ки комплексӣ ин чизҳоро баррасӣ кунанд. Вақте, ки ин гуна маркази миллии синамо ба вуҷуд меояд, ҳамаи масоили синамо ба тадриҷ роҳи ҳалли худро пайдо мекунад. Ин марказ метавонад бо тоҷирон дар мавриди сармоягузорӣ кардан дар таҳияи филмҳо ҳамкорӣ намояд.

-Иттиҳодияи синамогарон боре барои таъсиси ҳамин гуна марказ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод ирсол намудааст?

-Ба Ҳукумат мактуб навиштем, ҳатто ҳамон модели фаронсавиро ҳам пешниҳод кардем. Вале то ҳанӯз ҷавоб нагирифтаем. Шояд дар ҳоли омӯзиш бошад.

-Хуб ташаккур барои суҳбат.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi