00:45:38 14-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров: "Орзу доштам, ки нақши Чатскийро бозӣ кунам"

Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров, ҳунарманди маъруфи Театри давлатӣ- академии ба номи устод Лоҳутӣ, ба синни мубораки 60 қадам гузошт. Мардум мегӯянд, ки дар синни шастӣ ҳамеша башастӣ. Дар ҳақиқат, Бурхвалӣ имрӯз ҳам як ҷавони ҳузарбро мемонад. Баробари ӯро дидан асло розӣ шуда наметавонед, ки ӯро  ҷавон нагӯед. Ҳоло ҳам чаққону чусту чолок, хулоса ҳоло ҳам ҷавон аст. Бо вуҷуди он ки аз хурдсолӣ сарнавишти талхеро таҳаммул кардааст. Баъди муборакбодӣ нахуст аз зиндагиномааш пурсон шудем.

1 burkhvali 2013-Ман соли 1954 дар деҳаи Пошхарви ноҳияи Дарвоз, собиқ ноҳияи Қалъаи Хумб, таваллуд шудаам. Деҳаи мо аз машҳуртарин деҳаи Дарвоз, деҳаи Курговад, зодгоҳи устод Мӯмин Қаноат, чандон дур нест. Аз як тараф деҳаи мо бо Пшихарв ҳамсарҳад аст. Пшихарве, ки устод Мӯмин Қаноат дар достони "Падар" васфи онро кардааст.Маҳз дар ҳамин деҳа яке аз муборизони зидди сохти шӯравӣ Диловаршоҳи далер  ба муқобили Артиши Сурхи сар то по мусаллаҳ бо пилтакамон сангар мегирад. Ман фахр мекунам, ки ҳамдеҳаи ҳамин Диловаршоҳам. Ҳанӯз шашмоҳа будаам, ки модарам дар 29-солагӣ  вафот мекунад. Дар синни сесолагиям аз падар маҳрум мешавам. Падарам раиси ҷамоат буд. Худо раҳматаш кунад, ҷавон вафот мекунад. Дар синни 45-солагӣ.

Мактаби ибтидоиро дар деҳаамон хондам. Ҳоким  Маҳмадов гуфтанӣ як муаллими хуб доштем. Моро ҳамчун фарзандаш дӯст медошт. Дилаш барои ҳар яки мо месӯхт. Заҳмати зиёд мекашид. Хату саводро мо аз ӯ омӯхтем. Баъди хатми синфи се мо таҳсили худро дар деҳаи Қалъаи Хумб идома додем. Дар он вақт ноҳияи Дарвоз вуҷуд надошт. Ноҳияҳои Рӯшону Қалъаи Хумбу Ванҷ як ноҳия буданд ва марказ дар ноҳияи Ванҷ буд. Чанд муддат дар мактаб интернати Ванҷ таҳсиламро идома додам. Баъд боз Қалъаи Хумб ноҳия шуд. Чанд муддати дигар дар Қалъаи Хумб мактаби миёнаро хондам.

-Аз кай боз Шумо ба кори театр ва актёрӣ меҳру дилбастагӣ пайдо кардед?

-Рости гапро гӯям, мегӯянд, ки падари шодравонам овозхони бад набудааст. Ман ҳам сурудхониро аз овони мактабхонӣ дӯст медоштам. Вале шарм медоштам, ки дар байни мардум сурудхонӣ кунам. Боз тамошои филмҳои бадеиро, махсусан филмҳои ҳиндиро хеле зиёд дӯст медоштам. Тамошои филмҳои "Гули чангзеркарда", "Сангам", "Ҷаноби 420", "Овора" ва ғайра ба ман ҳаловат мебахшид. Ба тарзи либоспӯшии каҳрамонони ин филмҳо пайравӣ мекардам.

Баъзе аз ин актёрҳои ҳиндӣ ба хобам медаромад. Масалан, Раҷ Капур чанд бор ба хобам даромад. Росташро гӯям варзишгари бад низ набудам. Баскетболбозиро дӯст медоштам. Ҳанӯз дар синфи нуҳум хонданам унвони варзишгари дараҷаи як миёни ҷавонони баскетболбозро гирифтам. Мегуфтанд, ки дар Институти тарбияи ҷисмонӣ бо чунин унвон маро бе имтиҳон қабул мекарданд.

Ман ҳам  соли 1971 баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро барои супурдан ба Институти тарбияи ҷисмонӣ омода кардам. Вале дар Душанбе, тағоям Одинаев Асо Абдуллоевич, ки ҳамон вақт корманди хадамоти амниятии шӯравӣ буд, ҳидоят кард, ки ҳуҷҷатҳоямро ба факултети нав таъсисшудаи санъати Институти Омӯзгории шаҳри Душанбе супорам. Супоридам ва дохил шудам. Чаҳор сол таҳсили илм кардам ва соли 1975 онро хатм намудам.

-Аз кадом устодони санъат  таълим гирифтед?

-Устодони аввалини мо хатмкунандагони Институти Давлатии театрии ба номи Луначарскии шаҳри Масква буданд, ки баъдан дар соҳаи театри тоҷик хеле машҳур шуданд. Инҳо устодон Шодӣ Солеҳ, Ислом Ғолибов, Асалбегим Саодатова, Тағоймурод Розиқов ва дигарон буданд. Инҳо соли аввал ба мо дарс гуфтанд.

Баъдан ба кори театр гузаштанд. Ба ҷои онҳо аз Маскав мутахассиси ин соҳа Маслюков омад. Устоди ҳунар, ки имрӯз хеле маъруф аст, устод Асалбек Назриев ба мо дарс медоданд. Лекин хизмати зиёдро дар ташаккули ман ва дигар ҳамкурсонам ҳамчун актёри оянда муаллимаи азиз Тамара Махсумовна Абдушукурова кардаанд, ки аз он кас мо як умр миннатдорем.

-Баъди хатми мактаби олӣ дар куҷо корро шурӯъ кардед?

2 burkhvali 2013-Баъди хатми донишкадаи санъат танҳо ба се нафар роҳхат доданд, ки дар Театр кор кунанд. Ба боқимондаҳо гуфтанд, ки худатон ҷои коратонро ёбед.  Ман ҳам аз ҷумлаи ҳамон боқимондаҳо будам. Хушбахтона, устод Ислом Саломов ва Сайрам-апа Исоева аз театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд, бозии маро дар саҳна ҳангоми донишҷӯ буданам тамошо карда буданд ва баъди хатми донишгоҳ ба ман пешниҳод карданд, ки ба театри онҳо ба кор биёям.

Ман ҳам бо ҷону дил розӣ шуда ба театри Хуҷанд ба кор рафтам. Он вақт роҳбари бадеии театр Одилҷон Назаров буданд. Бо чеҳраи кушод маро истиқбол гирифтанд ва тарбия намуданд. Ҷои хобам низ дар ҳамон як ҳуҷраи театр буд. Бо актёрони машҳури ҳамон давр ба мисли  Солеҳ Фармонов, Ойдина Усмонова, Муътабар Иброҳимова, Аскар Одинаев, акаи Абдуҳамид ва махсусан устод Ислом Саломов дар ҳаққи ман хизматҳои хуб кардаанд, ки як умр аз онҳо миннатдорам.

-Чанд муддат дар театри Хуҷанд будед ва кадом нақшҳоро дар саҳнаи ин театр бозӣ кардед?

-То соли 1978 дар он ҷо кор кардам. Дар ин байн ду сол хизмати аскариро низ ба ҷо овардам. Дар театри Хуҷанд нақши шоҳзодаро дар "Рамаяна" бозӣ кардам. Коргардонаш устод Ислом Саломов буданд. Дар намоишномаи "Ашрофпараст"-и Молиер нақши Кленкро бозӣ кардам. Дар спектакли "Хушдоман" нақш доштам, дар "Авлодони шайтон"- Карло Голдони нақш бозӣ кардам.

Дар намоишномаи "Камоли Хуҷандӣ" нақши Алоуддинро иҷро кардам. Дар "Хонашерони майдонғариб"-и Шамсӣ Қиёмов нақши Ҳодӣ, дар "Исёни арӯсон" нақши рӯзноманигорро бозӣ кардам. Хулоса соли 1978 маро ба Душанбе оварданд. Дар он вақт саррежиссёри театри давлатӣ-академии ба номи устод Лоҳутӣ Николай Кузмич Детсик буданд. Қариб шаш моҳ бекор истодам.

Баъдан Детсик "Ҳамлет"-и Шекспирро ба саҳна гузошт. Дар он нақши асосӣ-Ҳамлетро устод Ҳошим Гадо бозӣ мекард,  шодравон устод Ато Муҳаммадҷонов нақши Клавдиро бозӣ мекарданд. Ба мо бовар карда нақши Мартселро доданд. Баъди иҷрои ин нақш дигар роҳи ман дар театри ба номи устод Лоҳутӣ кушода шуд.

-Кадом нақшро мехостед, ки дар саҳна бозӣ кунед, вале бо сабабҳое ин кор бароятон муяссар нашуд?

-Ман бисёр орзу доштам, ки дар саҳнаи театр нақши Чатскийро аз намоишномаи "Дод аз дасти ақл"-и Грибоедов бозӣ кунам. Муҳаббати ин нақшро дар дили ман ҳанӯз дар овони донишҷӯӣ муаллими гиромии мо устод Низом Нурҷонов ҷо карда буданд. Дар вақти дарс Чатскийро бисёр таъриф мекарданд. Мегуфтанд, ки як ҷавони бисёр ростгӯву росткор буд. Бисёр мехостам, ки ҳамин гуна ҷавонро дар саҳна бозӣ кунам.

Вале насиб набудааст. Албатта, ман мехостам, ки Ҳамлетро бозӣ кунам, Чатскийро бозӣ кунам. Имрӯз мехоҳам, ки Макбетро бозӣ кунам. Ромеоро бозӣ кунам. Вале нақши Отеллоро ман талабгор нестам. Бояд одилона бигӯям, ки шояд зарфияту истеъдоди ман ҳанӯз омодаи иҷрои чунин нақше набошад. Бале, орзуҳои ман ҷомаи амал напӯшиданд. Вале ҷомаи амал пӯшидани ин орзуҳо танҳо аз ман вобаста набуд. Режиссёрҳо бояд маро медиданд.

-Шумо чанд муддат аз театр дур шудед ва ба дигар корҳо машғул будед? Чаро чунин шуд?

3 burkhvali 2013-Боре нақшаи гастроли театр  ба Бишкекро кашидем. Охири солҳои навадум буд. Яке аз ташаббускорони  ин иқдом ман будам. Аз сабаби ҳамоҳангии дуруст нашудан сафарамон бебарор анҷом гирифт. Ман, ки аз ҳисоби маблағи қарз харҷи ин сафарро таҳия  кардам, қарздор шудам. Ба хотири баргардондани қарз ба Русия  ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтам. Вале ҳамеша дар ёдам театр буд.

-Масалан киро ва ё чи чизи театрро бештар ёд мекардед?

-Бештар рафиқонамро, ҳамкоронамро ёд мекардам. Доим дар фикри он будам, ки фалонӣ дар чи ҳол бошаду беҳмадонӣ чӣ кор мекарда бошад. Ҳатто дарбону фаррошу ороишгарони театрро ба ёд оварда дилам гум мезад.

-Барои шумо мушкилтарин лаҳзаи актёр дар саҳна кадом аст?

-Фикр мекунам на танҳо барои ман, балки барои тамоми ҳунармандони театр мушкилтарин лаҳзаи дар саҳна буданашон ҳамон лаҳзаест, ки дар вақти иҷрои нақш риштаи суханро аз даст медиҳанд ё соддатар гӯем суханашонро фаромӯш мекунанд. Ин ҳолатест, ки фикр мекунӣ на сухан, балки ҳаво ё оксиген бароят намерасад. Ин як даҳшат аст!  Бо ман чунин ҳолат дар як сабти телевизионӣ рух дода буд.

-Гуворотарин лаҳза барои актёр кадом аст?

-Ҳамон лаҳзаест, ки ту сухан мегӯиву толори пур аз тамошобин бо таваҷҷуҳи бузурге ба ту гӯш медиҳад  ва баъди хатми намоиш барои ҳунарат кафкӯбиҳои самимонаи давомдор мекунад. Инҳо беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти ҳар як актёр ҳастанд. Чӣ лаззате мебарӣ аз дидани ин лаҳзаҳо! Ҳар як актёр хушбахтии худро дар ҳамин мебинад. Албатта, агар кафкӯбиҳо самимонаву аз таҳти дил бошанд.

-Худи шумо ҳангоми тамошобин буданатон ба бозии кадоме аз ҳамкорон ва дӯстонатон  дар саҳна самимона кафкӯбӣ кардаед?

-Ростӣ, ман кам дар толор мешинаму бозии ҳамкоронамро тамошо мекунам. Зеро худам низ дар намоишномаҳо банд ҳастам.

- Аз ҳунармандони дигар театрҳо ба бозии кадом актёрон кафкӯбиҳои самимӣ кардаед?

-Вақтҳои охир яке аз намоишномаҳои Мирзоватан Мировро дар Театри давлатии ҷавонон дида, ба бозии ҳунармандон самимона кафкӯбиҳо кардам. Ҳамин гуна кафкӯбиҳои самимонаро баъди намоишномаи"Гуноҳи Қобил"-и Баҳодур Миралибеков дар Театри давлатии ба номи Маяковский аз ҷой бархоста кардам. Ман ҳамчун тамошобин ба ваҷд омада будам.

-Ташаккур барои суҳбат. Орзумандем, маҳбубият ва маъруфияти шумо аз ин ҳам бештар бошаду офаридани он нақшҳое, ки дар дил орзуяшонро мепарваред, бароятон муяссар гардад.

-Ташаккур

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi