00:02:32 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мирзоватан Миров: «Ман ба Афғонистон ба мардикорӣ не, бо даъвати расмӣ рафта будам»

Сӯҳбаторо Бурҳон Салмонов

Ходими санъати Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, коргардон, оҳангсозу овозхони писандида Мирзоватан Миров соли 2012 бо даъвати Вазорати иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии исломии Афғонистон муддати як сол бо сафари хидматӣ дар ин кишвар қарор дошт. Бо бозгашт дар ҷойи кори пештарааш- саркоргардони Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов баъди расо 40 рӯз барқарор гашт.

1.mirzovatan-mirov 2013Масъулини вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ наздикшавии синну соли ин ҳунарманди камназирро ба бознишастагӣ баҳона пеш меоварданд, ҳоло он ки то мӯҳлати гусели Мирзоватан Миров ба "истироҳати пирӣ" ду-се моҳи дигар монда буд. Ба ҷойе шикоят набурд, хуб медонист, ки ҷойи ӯ дар театр холӣ аст ва муддати як соли аз ватан дур будан нақшаҳои зиёди эҷодияш ҷомаи амал напӯшида. Шабу рӯз бо ҷамъи ҳамкорон заҳмат мекашид: намойишномаҳоро ба саҳна мегузошту тамошобинро ба театр меовард. Аз ҳама муҳим, барои ҳунармандони театр қути лоямут дарёфт мекард…

Дар ҷустуҷуйи ин ҳунарманди асил ба Театри ҷавонон сар задем. Сарсупурдаҳои ин ҳунари воло театрро ҷойи муқаддас ва "хонаи дуюм"-и худ медонанд. Устоди ҳунар Мирзоватан Мировро дар театр дарёфтем. Бо вуҷуде, ки дар рӯйихати бознишастагон қарор дорад, наметавонад аз ин даргоҳи муқаддас лаҳзае дурӣ дошта бошад. Сӯҳбати мо бо устод Мирзоватан Миров атрофи театру тамошобин, мушкилоти ин соҳа, бархӯрди ғайримунсифона бо ҳунармандони асиле, ки синну солашон ба бознишастагӣ расидааст ва таассуроти эшон аз сафри хидматиаш ба Афғонистон давр хӯрд, ки муҳтавои он пешкаши хонандагон мегардад.

-Устод, театрро дар ҳар давру замон бо рамз "ойинаи зиндагӣ" меноманд ва он ғубори рӯзгорро дар хеш муҷалло месозад. Дар ин бора бисёр навиштаанд ва ҳарфҳои зиёде ироа шудааст. Манзури мо театри касбии тоҷик аст, ки тайи 20-соли соҳибистиқлолии кишвар дар поксозии ғуборе, ки дар ин "ойинаи рӯзгор" падид омадааст, чӣ нақше бозида?

-Ташаккур, мо ҳамагон хуб медонем, ки барои покиза сохтани ахлоқ ва тақвияти шуури ҷомеа адабиёт, театр, синамо, тамошои осорхонҳо ва санъати тасвирӣ нақши хеле бузург доранд. Натиҷаи мусбии онро вақт муайян месозад. Дунёи пешрафта рушди ҷомеаро бе театру кино тасаввур намесозад. Яке аз муҳаққиқони рӯзгори собиқ президенти Амрико Франклин Рузвелт навиштааст, ки Рузвелт дар оғози номаҳояш ба сарвазири Ингилистон Черчил ҳамеша ӯро аз вазъи фарҳангӣ- рушди киною театр дар Амрико ва тарбияи ахлоқии мардум огоҳ месохтааст ва ӯ таъқид медошт, ки ин ду кишвари ҳамзабон метавонанд бо ба роҳ андохтани неҳзатҳои фарҳангӣҷаҳонро идора кунанд. Ин сухани одӣ нест; агарчанде он аз дипломатия об ҳам хӯрад, ҳадафи амиқро дар он замону дар ин айём дар пай дорад.

Вақте мо театру тамошобин мегӯем, бояд сари як масъала таваҷҷуҳ мабзул дорем, ки театр ба фаҳмиши васеаш дар ҳар давру замон барои дилхушии одамон набуда, балки барои ислоҳи ҷомеа хидмати сутурге анҷом додаасту медиҳад. Ҳамин ибораи рамзноки "ойинаи рӯзгор" маънии вожаи театрро то ҷойе равшан мекунад. Асарҳое, ки болои саҳнаи театр меоянд, хоҳ фоҷеа ва хоҳ мазҳака бошанд, он барои ашк рехтану ханда нест, балки нӯшдоруест барои тарбияи маънавии одамон. Баъзеҳо, вақте ки симои каҷи хешро дар ин ойина мебинанд, мехоҳанд ин ойинаро ҳатто бишкананд ва аз ин ойина то ҷойе интизоранд, ки онҳоро хушахлоқ, ростқавлу родмарду озодманишу бо сифатҳои волои инсонӣ нишон бидиҳад. Вақте ки болои театр чунин фармонфармоӣ шуд, театр асолаташро аз даст медиҳад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ театри касбии мо, истисно аз чанд соли рукуд, тавонист бо мазмуну муҳтавои нав зуҳур намояд. Насли калонсол то ҷойе вазифаи ба дӯшашон доштаро иҷро ҳам карданд. Драманависонамон бо мушкилоте, ки ҷой дошт, (моддӣ-маънавӣ) то ҳадди имкон асарҳои саҳнавӣ офарида, ба тамошобинон пешкаш намуданд. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки театри мо дар пиёдасозии хадафҳои фарҳангии ҳукумату давлат гомҳои устувор гузошт, ки инро набояд нодида гирифт.

-Баъзе ҳунармандони шинохта, коршиносон ва ҳатто адибон дилсӯзона иброз медоранд, ки яке аз сабабҳои дурии мардум аз театр, ин кӯлвори холии театрҳост; манзури эшон набудани драматургияи муосир, дилсардии нависандагон, рафтани коргардонҳои ботаҷриба аз кори театр ва якчанд омилҳои сунъӣ аст.Чунин ба назар мерасад, ки театрҳои касбии мо коргардонҳои касбӣ надоранд? Дар ин бора назари шумо чӣ гуна аст?

- Ба андешаи ман кӯлвори театрҳо холӣ нест. Хусусан дар театрҳои пойтахт намойишҳои диданӣ хеле бисёранд. Дар қатори мавҷуд будани драмаи хубу режиссураи олиҷаноб, оройиши саҳна, бозигарон ва мусиқии ҷаззоб, боз як бахши муҳимми ҷудонашаванда ва пешбарандаи театр, бахусус муайянсозандаи бадеияти асари саҳна-тамошобин маҳсуб меёбад. Вале толорҳои мо беодам аст. Ин, албатта, мушкилоти театри мост.

Пӯшида нест, ки дар ҷомеа иҷборӣ ба театр кашондани тамошобин аз ҳисоби хонандагони мактаб ва донишҷӯёну сарбозон таҷриба шудааст. Ман зидди ин нестам ва ин амал ба нафъи хурдсолону ҷавонон аст, ки дар зиндагии воқеиашон боре театрро, саҳнаи онро, ва, аз ҳама муҳим, ҳунармандонро мебинанд. Ба як бору ду бор онҳо театрро чӣ гуна кашф мекунанд ва чӣ лаззати маънавӣ мебардоранд, ин мавзӯи дигар аст. Мо бояд ҳама ба театр равем, ҳеҷ набошад моҳе як бор.

Давлатмардони мо бояд, пеш аз ҳама, рӯй ба театр биёранд, зеро онҳо тақдирҷунбони ҷомеа ҳастанд. Вақте ки як вазир ва чанд нухбагон ба театр ташриф биёранд ин таъсири мусбате дар ҷомеа хоҳад гузошт. Афсӯс, ки анъанаи театрравии мардуми мо хеле ҳам коста гардидааст. Дар кишварҳои дигар ин тавр нест.

Масалан, ҳатто театри назарногири музофотии кишвари Русия тамошобини худро дорад, мардум соатҳо барои дастрас кардани билет дар назди театрҳо навбат мепоянд. Баъзеҳо сабаби холигии театрҳои моро аз тамошобин ба ҷойи аввал баромадани нақши телевизиону дигар васоити иттилоотрасонӣ арзёбӣ мекунанд, ки ин билкул ғалат аст. Театр ҷой ва мақоми худро дар ҷомеа дошт ва ин фазоро ҳеҷ чизи дигар ишғол карда наметавонад.

Сари андешае, ки мо коргардонҳои ботаҷриба ндорем, ин ҳарф бепоя аст. Кам ҳам бошад, мо коргардонҳои шинохтаеро ба мисли Ҳабибулло Абдураззоқов, Давлат Убайдуллоев, Убайдулло Раҷабов, Султон Усмонов, Барзу Абдураззоқов, Баҳодур Миралибеков, Зафар Ҷаводов, Абдулҳафиз Қодиров, Шералӣ Абдулқайсов ва чанде дигаронро, ки дар вилоятҳо кору фаъолияти шоиста анҷом медиҳанд ва аксарашон коргардонҳои касбианд, номбар карда метавонем, ки аз иҷрои ин пешаи хеле ҳам сангин сарбаландона баромада метавонанд.

Мо бо драматургҳоямон, аз ҷумла Меҳмон Бахтӣ, Нур Табаров Шодӣ Солеҳов, Нурулло Абдуллоев, Тоҳир Мамадризоев, Мансур Суруш ва Тӯрахон Аҳмадхонов ифтихор дорем, ки дар ҳар давру замоне барои театри касбии тоҷик асарҳои хубу марғуб навиштаанд. Чаро драматургони мо кам менависанд? Ин вобаста аст ба ҳавасмандгардонии эшон аз нигоҳи моддӣ ва маънавӣ. Бетаваҷҷуҳӣ ба ин соҳа, бахусус ҳаққи қалами ночиз аксари драматурону нависандагонамонро дилсард сохтааст ва чанд омили дигари сунъӣ имкон надодаасту намедиҳад, ки онҳо бо дасту дили гарм нури чашм аз даст бидиҳанду асаре биофаранд.

Дар пастманзари ин мушкилот мехостам аз дур рафтани коргардонҳои ботаҷриба аз театр рӯшанӣ андозам. Умуман барои ҳунурманди касбӣ синну сол бетафовут аст. Ҳунарманди асил театрро "хонаи дуюм"- и худ медонад ва тору пудаш бо театр пайванди ногусастание дорад. Инро бояд дарк кард. Аммо, мутаассифона, дар мо чунин нест. Як ҳунарманди асил, ки синнаш ба бознишастагӣ расид, зуд "кафшашро пеши пояш" мегузоранд ва ҳатто баъди чанд солаке ӯро фаромӯш ҳам мекунанд.

Ҳамин буд,ки Ҳабибулло Абдураззоқов бо баҳонаи синнаш ба бознишасагӣ расидан доираи фаъолияти эшонро дар театр танг намуданд. Ҳунарманде, ки ӯро берун аз Тоҷикистон хуб мешиносанд, маҷбур шуд театри рақсии "Падида"-ро таъсис бидиҳад. Ҳунармандони маъруф Набиҷон Ҷалолов, Убайдулло Раҷабов, Шавкат Халилов бошанд, пурра ба омодагардонии консертҳои сатҳи ҳукуматӣ миён бастанд.

Сабаби дигари коҳиши меҳру муҳаббати коргардонҳо аз театр ин набудани фазои дурусти кору фаъолияти эҷодӣ аст. Шахсони тасодуфӣ, ки аз кори театр хеле дурӣ доранд, барои амалигардонии андешаҳои волои коргардон ғавчӯб шуда, дониста надониста ба коргардон-ҳунарманде, ки 40-50 сол чанги саҳнаро фурӯ бурдааст, "муаллим" мешаванд. Бинобар он, бо пайдо гардидани ҳеҷ набошад ним имконият чунин ҳунармандон худро ба ҷойи дигар мезананд…

-Шуморо дар ҷумҳурӣ ҳама ба ҳайси як соҳибкасби аз сар то пой ҳунарманд мешиносанд. М.Миров дар театри тоҷик зиёда аз 80 асарҳои гуногунжанрро ба саҳна гузоштааст. Ёд дорем: асарҳое, ки шумо таҳия намудед, аз ҷониби тамошобин гарму ҷӯшон истиқбол меёфт ва коршиносон шуморо коргардони навовар ва муваффақ медонанд. Чаро имрӯз устод Мирзоватан Миров даст ба таҳияи асарҳое чун "Чашмони бародари қиёматӣ" намезанад? Сабаб чист?

- Ба ростӣ, масъулини вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ он чи ба ҳамкасбоне, ки зикри номашон дар боло рафту раво диданд, ман ҳам аз он бенасиб намондам. Соли гузашта банда ва хунёгари мумтоз Умари Темур бо даъвати Вазорати иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва "Бунёди фарҳанг ва ҷомеаи мадании Афғонистон" ба кор даъват шудем. Шахсан ман муддати як сол дар Телевизиони миллӣ, Пуҳантуни Кобул ва Театри миллии кишвари дӯсту ҳамзабон дарс гуфта, вақти фориғ аз иҷрои вазифаи хидматӣ тавонистам намойишномаи устод Меҳмон Бахтӣ "Фирдавсӣ"-ро дар онҷо таҳия намоям.

Инчунин дар ҳамкорӣ бо Ёрмуҳаммади Нурӣ китоби "Роҳнамои режиссёр"-и коргардони маъруфи замони шӯравӣ М.Туманишивилиро, ки устод Н. Табаров ба тоҷикӣ тарҷума намудааст, ба хати форсӣ баргардон намоем. Тӯли як соле, ки дар кишвари ҳамсоя будам, барои боз ҳам наздик овардани фарҳанги муштаракамон корҳои сутургеро анҷом додам. Кору заҳматам бо чандин тақдирномаҳои сатҳи болоии ҳукумати кишвари дӯсту бародар қадрдонӣ ёфт. Вақте як ҳунармандро дар хориҷа эътироф мекунанду ӯро чун мушовир ва ё устоди касб ба кор даъват менамоянд, ин ифтихори ҳамон миллату кишваре ҳаст, ки ҳунарманд дар он ҷо ба камол расидааст.

2.mirzovatan-mirov 2013

Бозгашти банда баъди хатми вазифаи хидматӣ ба Ватан ба тадбиқи дастури Дастгоҳи иҷрояи президенти ҷумҳурӣ бобати ба нафақаи пиронсолӣ гусел кардани ашхоси синну солашон ба бознишастагӣ мутобиқ, рост омад. Вазорат мутобиқи қонунгузории ҷорӣ маро мебоист сари вақт дар ҷойи корам барқарор менамуд, аммо баъди 40 рӯзи ваъдабозиҳо чунин фармонро ба дастам доданд: "Муваққатан то омода шудани ҳуҷҷатҳои нафақа ба кор барқарор карда шавад".Чунин бархурд барои ману ҳамкорон боиси ҳайрат буд; гӯё ки ман аз Афғонистон аз мардикорӣ баргашта бошам. Нотавонбинӣ, қадр накардани ҳунари ҳунарманд, бухлу бахилии тоҷикона аксар вақт шахси эҷодкорро ба кӯйи ноумедӣ мебарад. Вале барои ман,дар ҳама ҳолат, рӯҳафтодагӣ ва дилмурдагӣ хос нест.

Ба ҳар сурат, ман аз бознишастагӣ ғамгин нестам. Вазифаи саркоргардонӣ, ки баъзеҳо онро вазифаю шуҳрат медонанд, барои банда масъулияти бузург дар назди театру тамошобин ба ҳисоб мерафт. Ҳар ҳунарманде, ки синну солаш боло рафт, ба умри рафта бознигарӣ мекунад, ки чи кореро анҷом додаст ва боз чӣ кореро карда метавонад. Аз ҳама муҳим, оё аз иҷрои кору вазифаи прурмасъулият баромада метавонад?

- Шумо хуб медонед, ки насли калонсоли ҳунармандон тоҷик тайи 60-70 соли гузашта на танҳо дар шаклгирии Театри тоҷик саҳми бориз гузоштанд, балки фарҳанги қадими моро дар хориҷ ҳам муаррифӣ намуданд. Ин ҳунармандони фидоии театру фарҳангро, ки бо синну соли боло дар театр заҳмат мекашиданд, миёнашон коргардонҳои машҳур ҳам кам набуданд, касе "нафақахӯр" ва "сарборӣ" ном намебурд.

- Ман ишораи шуморо дуруст фаҳмидам. Умуман санъаткори асил ва ҳунарманди нотакрори синну солаш боло аз нигоҳи ҳунар пирӣ надорад. Кӣ коргардони ботаҷриба маҳсуб меёбад? Оне, ки мактаби худро дар режиссура дорад. Дур намеравем, масалан ,мактаби режиссураи Хушназар Майбалиев, Ҳошими Гадо, Ҳабибулло Абдураззоқов ва чанде аз устодони дигар аз мактаби нобиғаи театр Мителман, ки барои ривоҷу равнақи фарҳанги мо хизматҳои шоиста анҷом додаст, об мехӯрад.

Барои камолёбӣ ва тарбияи як коргардони ботаҷриба на камтар аз чоряк аср зурур аст. Ман аз ҳамкасбон ва хонандагони азиз пӯзиш мехоҳам, ки он чи дар бораи худ мегӯям, онро таърифу тавсифи банда қабул нанамоянд. Ман дар тӯли чил соли фаъолиятам дар баробари ҳунарманди театр будан, инчунин ҳунари коргардониро омӯхтам, ҳеҷ гоҳ аз кори худ қаноатманд нашуда, соли 1980 мактаби олии режиссураро дар Маскав хатм намудам.

Аз он ифтихор дорам, ки дар театри ҷавонони кишвар мактаби режиссураи худро бо диди нав ва вобаста ба талаботи замон таъсис додам. Дар тӯли даҳ соли охир асарҳое болои саҳна овардам, ки ба он мутахассисони соҳа баҳои баланд доданд. Шумо дар боло ишора кардед, ки баъзеҳо Мирзоватан Мировро ҳунарманди навовар дар театри касбии тоҷик меноманд. Маҷбур ҳастам, дар ин росто диламро "кафонам". Миёни аҳли ҳунар бухлу бахилӣ ва нодида гирифтани ҳунари якдигар ҳамеша ҷой дорад, инро бояд эътироф кард.

Дар Тоҷикистон кам шунидаам, ки маро коргардони навовар ном бурда бошанд. Шояд дар сӯҳбатҳои хосаи дӯстони беғараз ин ишора борҳо рафта бошад, вале коршиносони рус дар матбуоти расмӣ чунин андешаро нисбатам борҳо иброз дошта буданд. Доктори илмҳои санъатшиносӣ В.П. Михалёв (Маскав) ҳанӯз соли 1989, баъди тамошои намойишномаи банда -"Фишор" дар рӯзномаи машҳури ҳамон замон "Советская култура" ( 23.04. 1989) коргардонии маро бо ҳунари коргардони машҳури Аврупо Питер Брук дар як поя арзёбӣ намуд.

Дафъаи дигар, дар Ҳамойиши 111-уми умумиҷаҳонии театрҳо дар шаҳри Маскав, ки ман намойишномаи "Тӯй ё ишқи духтари ҳамсоя"-ро пешниҳод карда будам, мунаққиди театр Алла Часовникова мақолае навишта, дар баробари коргардони навовар номидани ман боз чунин сатрҳоро низ иброз дошт: " Намойишномаи Мирзоватан Миров " Тӯй ё ишқи духтари ҳамсоя" танҳо як падидаи хушоҳангу дилхушкунандаи руъёии мамлу аз суруду мусиқӣ ва рақс набуда, балки дар он фазои кайҳонӣ ба мушоҳида мерасид, дар он неруи зиндаи ҳақиқӣ метапад. Аз нуқтаи назари театрӣ ин намойиш фарогири намунаҳои пештози рушди театри ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад…".

-Ҳоло Мирзоватан Миров дар чӣ андеша асту вазъи Театри ҷавонон чӣ гуна?

-Ман ба ҳайси як ҳунарманду коргардон ҳаётамро бе театру тамошобин тасаввур карда наметавонам. Дар ҳама ҳолат андешаи ман ба ҳаёту зиндагӣ нек аст, ҳар ҳунарманд хоҳ ӯ навкор бошаду хоҳ мӯяшро дар ин пешаи хеле пурзаҳмат сафед карда бошад, дар дил орзу мепарварад, ки ба миллату ватан хизмати шоиста анҷом бидиҳад ва рисолати ба дӯшаш во гузошташударо бо имконоте, ки дорад, сарбаландона иҷро намояд.

Ман ҳоло дар вазифаи саркоргардони театр ҳам набошам, ғами театр ва ҳамкоронро мехӯрам. Бояд эҳсос кард, ки ҳунармандон аз он қишри ҷомеаанд, ки аз ҳаводиси рӯзгор пеш аз ҳама онҳо осеб мебинанду мебардоранд. Дар Театри ҷавонон насли ҳунармандоне заҳмат мекашанд,ки бо таъсиси театр (1971), баъди хатми ВГИК ба ин даргоҳ ба кор омадаанд. Онҳо он вақт ҷавонони 21-23 сола буданд. Аксари эшон бо гузашти чор даҳа унвонҳои баландро доранд ва синну солашон ба ҷойе расидааст.

Аммо ин маънои онро надорад, ки мо онҳоро бознишаста эълон кунему дари театрро ба рӯяшон бандем. Насли нави ҳунармандон дар театр ба камол расидааст, аммо дар иҷрои баъзе нақшҳо кам касон Ғолиб Исломов, Тағоймурод Розиқов, Раҷабгул Қосимова, Гулсара Абдуллоева, Асалбегим Саодатоваро иваз карда метавонанд, зеро онҳо, дар ҳақиқат, ҳунармандони асилу нотакрор ва дар ҷумҳурӣ машҳуру шинохташуда мебошанд.

Онҳое, ки мактуб ва ё дастури Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳуриро дар бораи бознишастагии ашхоси ҳунарманди дар синну соли камолот қарордоштаро иҷмолан татбиқ карданӣ мешаванд, аз олами ҳунару театр ва кино фарсахҳо дурӣ доранд ва ҷаҳонбиниашон хеле танг аст. Мо дар ҳама ҳолат, вақте ки ин ё он масъаларо мехоҳем исбот намоем, ба Русия рӯй меорем. Ман ба масъулине, ки "айбро дар мош нею дар ош" ҷустанӣ ҳастанд, ишора дорам, ки як ба вазъи театрии шаҳри Маскав таваҷҷуҳ намоянд, ки дар он ҷо бархурд ба насли калонсоли ҳунарманд чӣ гуна аст? Мусбӣ аст, манфӣ не!

Бояд ба як масъала рӯшанӣ андозам: бигузор дар вазорати фарҳанги кишвар аз ин кушодагӯйии ман наранҷанд, зеро шунидани сухани ҳақ талх ҳам бошад, баъд он комро ширин мекунад. Панҷ сол пеш вазорат Саид Абдуллоев ном шахсро, ки ҳоло чун фирорӣ дар Русия аст, директории театр таъин намуд. Ин одам аввалин коре, ки анҷом дод, собиқадорони театрро аз штати ишғоли вазифаашон сабукдӯш карда, бо онҳо аз тариқи шартнома ба миқдори 150 сомонигӣ маоши моҳона таъин намуд. Бояд гуфт, ки атрофи ин мавзӯъ байни мо ду моҳ баҳс сурат гирифт.

Зеро дар сурати театрро тарк намудани ин ҳунармандон, мактаби эҷодии театр аз байн мерафт ва барқарор намудани ҳайати эҷодии неруманд кори мушкил мегардид. Хушбахтона, вазири фарҳанг маоши ҳунармандонро боз 150 сомонии дигар боло бардошт. Худ қазоват кунед, ки як ҳунарманди тамоми ҳаёти ибратбахшашро ба кори театру фарҳанг бахшида, оё метавонад бо 300 сомонӣ зиндагиашро саришта кунад? Дунё ба умед гуфтаанд, мо ҳунармандон корамонро идома бахшидем ва боиси шукргузорист, ки шурӯъ аз аввали моҳи сентябри соли равон бо фармони президенти кишвар маоши кормандони соҳаи фарҳанг низ кам ҳам бошад, боз боло бардошта мешавад.

Аз мавзӯи С.Абдуллоев дур намеравем. Тӯли панҷ соле, ки ӯ дар ин даргоҳи муқаддас роҳбар буд, хотираи неке аз худ боқӣ нагузошт; ҳайати эҷодии театрро ба худиву бегона ҷудо кард, ниҳоят аз ҳама қарздор шуд. Вақте ки ӯро ба вазифаи ҷонишини директори театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ (муовин оид ба тиҷорат) таъин карданд, "тоҷир" фирор кард.

Ҳатто рӯзи гуселаш масъулини вазорат дар бораи "хидматҳо"-и панҷсолааш ҳамду сано хонданд. Ҳоло баъзеҳо чунин вазъи сунъиеро ба амал овардаанд, ки агар аз камбудиҳои соҳа ва роҳи ҳалли он сухане ё пешниҳоде намоед, шуморо нодуруст мефаҳманд, хулосаи ноҳақ мебароранд, ки ин ,албатта, ба зарари кор аст. Ана ҳамин ҷиҳати масъала аст, ки ҳол "сояи бандаро баъзеҳо аз девор метарошанд".

-Устод Мирзоватан Миров, аз сӯҳбате, ки бо шумо доштем, хеле хурсанду масрур гаштем ва бовар дорем, ки шумо бо ин неруи хастанопазире, ки доред, барои ривоҷу равнақи фарҳанги кишвар боз хидматҳои шоиста ва арзанда анҷом медиҳед. Боз чӣ таманниёте доред?

-Ташаккури зиёд, бародари гиромӣ. Ман ба ҳайси як ҳунарманду шаҳрванди одии ҷумҳурӣ мехоҳам, ки дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша сулҳу ваҳдат пойдор бошад ва мо, тамоми сокинони кишвар даст ба дасти ҳамдигар дода, ватани азизамонро боз ҳам шукуфотару пешрафта созем.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi