14:02:29 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Шераки Ориён: «Адабиёти даврони истиқлоли мо адабиёти қавӣ аст»

Мусоҳибаи хабарнигори «Рӯзгор» бо нависандаи саршиноси тоҷик Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода)

-Устод, солҳои ҳаштодум ва оғози навадуми қарни гузашта як насли қолабшикан ба насри мо ворид шуда буд. Насли Баҳманёр, Ҷонибек, Муаззама, Сайф Раҳимзод, Муҳаммадзамон, Сайдар, Абудрофеъ Рабизода, Салими Аюбзод. Насле, ки насри моро ба маҷрои нав бурд. Имрӯз, ки 20-сол аз истиқлоли мо гузашта, чаро дар насри мо насле наомадааст, ки қолабшикан бошад? Ё чаро аққалан нафаре аз адибоне, ки тоза ба майдони адабиёт омадаанд, ба насли Шумо напайваст? Ба сатҳи Шумо нарасид… Сабаб дар чӣ бошад, ки насри мо пеш нарафт?

sheraki-oriyon 17062013- Пеш аз ба ин савол ҷавоб додан аввал диққати Шуморо ба тарафи дигари ин масъала ҷалб кардан мехоҳам. Умуман, оё мо медонем, ки адабиёти 20-соли истиқлол чӣ адабиёт аст ва дар борааш тасаввуроти дуруст дорем ё надорем. Бубинед, баъди давлати Сомониён танҳо дар соли 1924-ум давлати худмухтори Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон таъсис ёфт ва боиси таассуф ҳам ҳаст, ки он ҳама паҳноҳо аз даст рафту порчаяке дар куҳистон монд. Баъдан соли 1929- ум Тоҷикистон мустақил шуд дар ҳайати ИҶШС. Адабиёти нави тоҷик ҳам аз ҳамон соли 1929-ум шуруъ шуд. Вале ҳамааш шуда дар миёнаҳои солҳои сиюм аллакай дар адабиётшиносии советии тоҷик китобҳо арзи ҳастӣ карданд, албатта аввалин мусавадаҳо, аввалин ангезаҳо.

Аз истиқлоли мо 20- сол гузашта, аммо оё ягон китобе дорем, ки адабиёти ин давраро таҳлил карда бошад. Албатта ташаккур ба профессорон Худойназар Асоев, Кӯчарову дигарон. Онҳо китобе ҳам навиштанд дар бораи адабиёти тоҷик дар асри 20 ва ба он бобҳое ҳам илова намуданд, ки ба адабиёти даврони истиқлол бахшида шудааст. Лекин агар аз дигар нигоҳ бигирем адибони даврони истиқлол боз ҳамонҳое ҳастанд, ки аллакай 70-75 солаанд. Яъне мо адабиёти замони истиқлолро ё намедонем ё дарк кардан нахоҳем.

-Чаро?

-Албатта, баъзеҳо мегӯянд, ки адабиёти даврони истиқлол обаш бисёр. Одамон бекор монданд, бисёриҳо аз сари мансаб рафтанду ягон чӣ навиштанд. Пештар барои чопи китоб муаллифонро бисёр монеаҳо пеш меомад, онҳо бояд аз ин монеаҳо мегузаштанд, мисле ки Сиёвуш аз даруни оташ. Инҳоро касе монеъ нашуд, аз ин сабаб китоби бисёре ҳам ба нашр расид. Аммо новобаста аз ҳамаи ин гуфта намешавад, ки дар бист сол адабиёт набуд. Масалан гирем дар давраи

Шуравӣ дар як сол ҳамааш шуда камтар аз сад асар чоп мешуд Ҳоло камаш 3-ҳазор китоб дар як сол ба нашр мерасад.

Албатта бархе мегӯянд, ки бисёри ин китобҳо фачанд. Аммо бубинед рӯдоб кӯчак аст, аммо баҳр обаш бисёртар. Дар рӯдоб гулмоҳӣ ҳаст. Дар баҳри азим навъи бештари моҳӣ ҳаст, ҳазорҳо намудаш ҳаст. Ҳарчанд ки оби уқёнусу баҳрро хӯрда намешавад, лекин қаъри ӯ гавҳар дорад. Аз ин рӯ оё хато нест, ки гӯем адабиёт сероб аст, аммо хуб нест… Шояд ҷурм дар он бошад, ки мо ба қаъри ин адабиёт ғӯтта назадем ҳанӯз. Чун ба қаъри баҳр фурӯ наравед, дар бораи он андешаҳоятон рӯякӣ аст. Вобаста ба ҳамин ман гуфтанӣ ҳастам, ки адабиёти давраи истиқлол ҳанӯз кашшофӣ нашудааст. Ғаввосон фурӯ нарафтаанд, ки донанд дар қаъри он чӣ ҳаст.

-Чаро мунаққидон ба баррасии бештари ин асарҳо напардохтанд?

-Пештар ба адабиёт Иттифоқи нависандагон баҳо медод. Ман гумон мекунам, ки имрӯз дар шӯъбаҳои ИН нафароне нестанд, ки ҳамаи асарҳои дар ин солҳо нашршударо донанд ё хонда бошанд. Зеро барои хондан вақти бисёр лозим. Давраи истиқлол ба ҳама маълум аст, ки қариб 10-солаш сарфи кашмакашҳо шуд. Овора будем. Яъне ки давари аввали истиқлол пур аз фоҷеа, пур аз тӯфон буд. Вақте ки тӯфон мешавад, овоз бисёр мешавад.

Барои ҳамин ҳеҷ мумкин нест, ки дар адабиёти бист соли истиқлоли мо асарҳои барҷаста набошад. Адабиётҳои бузурги дунё дар даврони шикаст офарида мешаванд. Дар даврони Шӯравӣ Тоҷикистон як ҷузъи ин кишвари абарқудрат буд. Шӯравӣ чанд фоҷеаро аз сар гузаронид. Масалан инқилоби солҳои 17-ум. Бубинед баъди ин давра ки рӯй зад? Албатта пеш аз ҳама устод Айнӣ. Пеш аз ин ҳам устод Айнӣ менавиштанд. Аммо як шоири миёнаҳол. 

Лекин ҳамин инқилоб чунон тӯфонҳое дошт, ки ҳамаи потенсиали Айниро кушод. Акнун давраи дуюми шикастро бинем. Давраи ҷанги дуюми ҷаҳонро. Устод Улуғзода худашон журналист буданд дар майдонҳои ҷанг ё Фотеҳ Ниёзӣ. Инҳо дар миёни ҷанг рӯиданду қомат кашиданд. Ман ба он бовар ҳастам, ки ҳар давраи шикаст наслеро ба вуҷуд меоварад, ки баъзе чизҳоро гуфтанаш лозим аст. Худи мардум ба он ниёзманд мешавад.

Фоҷеаҳои давраи аввали истиқлол азимтар буд. Дар ин давра бояд адабиёти бузург сар зада бошад. Аммо бадбахтии адабиёти тоҷик дар он аст, ки хонанда надорад. Касе онро ҳанӯз пурра тадқиқ ҳам накардааст. Барои ба адабиёт баҳои сазовор додан онро бояд хонд. Боз ҳам мегӯям, ки ин кори осон нест. Аммо дар он даврон Иттифоқи нависандагон ин рисолатро иҷро мекард ва беҳтаринҳоро кашф менамуд Мисле ки Лоиқ, Бозор, Гулрухсор, Сорбон, Куҳзод, Абдулҳамиди Самад ва чандин нафари дигарро кашф карда буд. Ва онҳо аз мададгории Иттифоқ низ бархӯрдор буданд.

-Аз кадом нигоҳ Шумо ба адабиёти даврони истиқлол ин гуна баҳо медиҳед?

-Бубинед, адабиёт дар замони Шӯравӣ аслан офарида мешуд дар як худи Душанбе ё Хуҷанд. Ҳоло дар ҳама манотиқи Тоҷикистон, чӣ дар водии Зарафшон, чӣ дар Бадахшону Рашту Хатлон маҳфилҳои адабӣ амал мекунанд, ки албатта нафарони боистеъдод ҳам доранд. Ва танҳо ин ҳам не, ҳоло адабиёти мо адабиёти муҳоҷир шуд.

Дар як кишвари Красноярск дар як сол фақат 10 китоби шеъру ҳикояҳо нашр мешавад, ки беҳтарин ҳастанд. Дар тамоми Русия менависанд. Қариб 1, 5 миллион нафар тоҷикон дар муҳоҷиратанд. Соли 1929 ҳам аҳолии кишвари мо камобеш 1 миллион буд. Дар солҳои 30-юми қарни гузашта барои ҳамин як миллион тоҷик Айнӣ лозим буд, Миршакар лозим буд, Лоҳутӣ лозим буд. Пас муҳоҷирони мо ҳам адабиёти худашонро офариданду меофаранд.

-Шумо аз он асарҳое, ки дар хориҷ чоп шудаанд, кадомашро хондеду чӣ баҳо медиҳед?

-Масалан як китоби Шафоати Назар ба дастам расид. ӯ саргузашти худаш, ҳамаи азобҳои дар Русия кашидаашро ба воситаи нома ба духтараш навиштааст. Беҳтарин асар аст. Чаро мо онро эътироф накардем? Устод Турсунзода ҳар ҷое мерафтанд то рӯзномаҳои девориро ҷустуҷӯ мекарданд, ки ки нафареро баҳри адабиёт дарёбанд. Ин гунна асарҳо бисёранд. Мо бояд он адабиётеро, ки дар хориҷ аз кишвар навишта мешавад, хонему эътироф намоем, зеро он ҳам адабиёти мост.

- Имрӯз аксари нависандаҳои мо мегӯянд, ки бо номи ҳикоя, қисса, роман навиштаҳои зиёд чоп мешаванд, аммо аксари онҳо моли адабиёт нестанд, бори адабиётро намекашанду баръакс завқи хонандаро паст мекунанд.

- Ман бо боварии кул гуфта метавонам, ки адабиёти давраи истиқлоли мо аз адабиёти шӯравиямон пурзӯру тавонатар аст. Вақте 3000 нафар эҷод мекунанд, чаро дар байнашон 30- нафар набошад. Албатта ҳастанд нафароне чун Матлуба, Юнус Юсуфӣ, Баҳманёр.

Ҳатто бештари онҳое ки пештар низ менавишанд ба собика монанд нестанд. Хусусан дар насри мо. Сорбон аз асарҳои кӯчаке ки вобастаи деҳи худаш буд ба мавзуъҳои ҷаҳонӣ даст зад. Куҳзод ки бештар насри танқидӣ менавишт, ба насри ҳикмат гузашт. Аммо бадбахтии бачаҳое, ки дар даврони истиқлол ба адабиёт омаданд, дар он аст ки мо онҳоро эътироф накардем, мо назди онҳо гунаҳкорем. Баъди солҳои истиқлол мо ягон чавони синнаш аз шаст поёнро эътироф накардем. Ягона нафаре, ки қадр намудем Фарзона аст. Ва албатта бо ташаббуси худи сарвари давлат ӯ Шоири халқии Тоҷикистон шуд. Дигар сини кадом нависандаи халқии мо аз шаст поёнтар аст?

Бачаҳои давраи истиқлол нисбат ба мо бедортаранду тафаккурашон низ дигар аст.

-Шояд бархе дар Шӯравӣ танҳо барои ҳаққи қалам менавиштанд. Имрӯз барои чӣ бошад? Барои обрӯ, шуҳрат ё ифшои дарди дилу меҳр ба адабиёт?

Ҳам ину ҳам он. Лекин онҳоро ҳам бояд эътироф кард. Насли калонсоли мо бояд ҷавононро муаррифӣ кунанд. Медонед, як бузургии Турсунзода дар он буд, ки Турсунзода ҳама навиштаҳои ҷавононро мехонданд. Он кас агар намехостанд на Лоиқ сар мезад, на Бозор на Гулрухсор…

- Шумо ба он назар ҳастед, ки насри замони истиқлол истеъдодҳои нокушодаи зиёд дорад?

-Чизи бисёр албатта камбуди бисёр дорад. Агар биринҷ бисёр бошад, дар дарунаш кӯрмак низ бисёртар аст. Ду кило биринҷ ду каф кӯрмак дорад, 10 кило биринҷ 5 -каф. Лекин 9- килои дигар биринҷ аст-ку… Мисли ҳамин ҳам адабиёти давраи истиқлоли мо адабиёти беҳамто аст, ки мо эътироф накардем. Мо умедвор будем, ки истиқлол биёд мо чӣ корҳое анҷом медиҳем. Бингаред, дар ҳоле ки аксари рӯшанфикрони мо дар Бухорову Самарқанд нобуд шуда буданд, мо дар солҳои сиюму чилум адабиёти советии тоҷикро навишта будем. Аммо то имрӯз намедонем, ки дар адабиёти истиқлоли мо киҳо ҳастанд?

Агар адабиёти истиқлолро нависем ҳам онҳоеро ворид мекунем, ки синнашан аз 60-сола боло аст. Давраи Шӯравиро хубияш дар он буд, ки талабот ба адабиёт бештар буд. Масалан як Садои Шарқ 64 ҳазор нусха мунташир мешуд. Мехонданд худи мардум ҳам баҳо медоданд. Акнун китобҳо 200-300 нусха нашр мешаванд. Лекин ба ҳаминаш ҳам шукр гуфтан даркор, ки вай бо пули худаш нашр мекунад. Вай метавонист ҳамон пулро сарфи корҳои беҳуда кунад. Аз он ки шумораи китобҳо бисёр аст, бо боварӣ метавон гуфт, ки дар дарунаш асарҳои хуб ҳам ҳастанд.

-Ташаккур барои суҳбати хуб.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi