12:42:25 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«КУ ШЕЪР, КИ ТАР ШАВАД, ДИЛИ ХАЙРАНДЕШ»-2

- Солҳои пеш шеъри «Очаҷон»-и шумо якубора миёни ҷавонон маҳбубият пайдо кард. Ҳофизони ҷавон онро ба оҳанг дароварда, бо як сӯз ва завқи беандоза месуруданд. Ин шеър чи гуна тавлид ёфт ва бори аввал аз ҷониби кадом ҳофиз суруда шуд?

- Ман дар ҳаёти худ мушоҳида кардам, ки агар шоир бевосита сӯзи дили худро тавре гуфта тавонад, ки дили худаш тар шавад, он шеъри тамоми мардум хоҳад шуд. Ҳар як шеър ё суруди ман, ки дар ҷумҳурӣ миёни ҷавонону ҳофизон ва дигару дигарҳо маъмуланду мақом доранд, бевосита сӯзи худам ҳастанд. Шеъри «Очаҷон»-ҳам сӯзи дил буд, ки солҳои мушкиливу азоб рӯи сафҳа тавлид ёфт. Маоши хуб намеёфтем, аз як хона ба хонаи дигар кӯч мебастем. Дар як шаҳри Кӯлоб ҳашт бор кӯч бастам. Мегӯянд, ки агар кас се бор кӯчад, хонавайрон мешавад. Ин сурудро бори аввал Шарофиддин Ҷӯраев, ки тахаллуси Дарвеш ҳам дошт, ба оҳанг дароварда, дар сабки рок- рокенрол бо санъати хеле баланд хонда буд ва аввалин Шоҳҷоизаро дар Фестивали Сурудҳои Осиё, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардида буд, ба даст овард.

 

Баъд онро корманди радиои «Садои Душанбе» Шарифи Шайдо гоҳ-гоҳ бо дутор ба сабки хоси худаш машҳур карда буд. Ёд дорам, дар шаҳраки Баҳораки кишвари Афғонистон меҳмон будем. Зимни дар кӯчаҳояш қадам задан, эҳсос кардам, ки лаҳҷаи гуфторашон ба шеваи мо хеле монанд аст. Дар он ҷо дар рӯи курпачаҳо нишаста баъди анҷоми сӯҳбатҳои расмӣ гуфтанд, ки «акнун навбат ба шоирон». Чун навбат ба ман расид, ҳамин шеъри «Очаҷон»-ро хондам ва дидам, ки он ба аҳли нишаст хеле писанд омад, ҳатто дар ҳар бандаш кафкубии дуру дароз карданд.

- Имрӯзҳо як шеъри дигаратонро бо номи «Эй Очаи ҷон» овозхони шинохта Ҷумъахон Сафар басо бо сӯзу гудоз мехонад. Дар бораи ин шеъратон чӣ гуфта метавонед?

 

- Сабаби тавлиди шеъри «Эй очаи ҷон» ин буд, ки устод Ҷумъахон Сафар, ки модарашон дугонаи модарам буданд, медонистанд, ки ман модарамро якунимсол бемордорӣ карда будам. Вақте модарашон бистарӣ буданд, ба ман гуфтанд, ки ҳамон рӯзҳои бемадориву азобе, ки ту бо модарат дидӣ, имрӯз ба сари ман низ омадааст. Ва хоҳиш кард, ки дар ҳамин бора шеъре эҷод кунам. Шабе сӯзи дилам боло гирифту хоҳиши устод иҷро шуд.

 

Вақте бо ӯ дар тамос шуда шеърро хондам, илтимос карданд, ки гӯшаки телефонро намонам ва онро навишта гирифтанд. Як ҳафта баъди занги телефон модарашон вафот карданд ва якбора сӯзу гудози марги модараш бо ин шеър омехта шуд. Дар он вақт сад рубоии устод Сафармуҳаммади Маҳзун бо номи «Ҷоно, падару модарат аз ёд набар» чоп шуда буд ва ду рубоӣ аз ин китоб барои рези суруд гирифта шуд.

 

Ду рубоии Маҳзун ҳамчу рез тамом мешаваду баъд суруди ман сар мешавад. Яъне мисле, ки самолёт аввал ба замин каме рафта, баъд ба фазо мепарад, дар ин суруд рафтани заминиаш аз Маҳзун асту парвози осмониаш аз ман. Баъдан бо ҳамроҳии устод Ҷумъахон Сафар ба ин суруд аз рубоиҳои худам рез ворид карда, онро ба албоми «Таронаҳо Хайрандеш» ҷой додам.

 

- Дар ҷумҳурӣ маҳфили зебое таҳти унвони «Маҳфили адабии Хайрандеш» амал мекард. Аз таъсис, рушду нумӯъ ва тақдири имрӯзаи ин маҳфил мегуфтед?

 

- Чӣ тавре, ки моҳӣ бе об зиндагӣ карда наметавонад, ман ҳам бе маҳфил зиндагӣ карда наметавонам. Солҳои донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи миллӣ буданам, рӯзе дар толори донишгоҳ бо иштироки устодон Бозору Лоиқу Гулрухсор маҳфили пуршукӯҳи хотирмоне баргузор гардид. Дар ин маҳфил чавонони эҷодкор шеъргунаҳои хомаи хешро дар ҳузури онҳо қироат карданд. Яке аз он ҷавонон сармуҳаррири ҳозираи нашрияи «Ҷумҳурият» Камоли Қурбониён буд, ки соли аввали донишҷӯияш шеърҳои хуб мешавишт. Пас аз шунидани эҷодиёти ҷавонон устод Бозор Собир «баъзе ҷавонони эҷодкори деҳотиро шеърҳояшон мисли харбузаи лалмӣ ширин аст» гуфта, ду мисра шеъри Камоли Қурбониён:

 

Эй ташнаи ишқу ҳунару меҳру вафо,

Гар об биҳоҳӣ, дили Кӯлоб биё

 

-ро мисол оварданд. Пас аз ин маҳфили пуршукӯҳ дар дилам меҳре пайдо шуд, ки маҳфиле бо номи «Дили Кӯлоб» ташкил намуда, бачаҳои эҷодкори Кӯлобро ба он фаро гирам. Он солҳо дар кӯчаи ба номи Фучуки ноҳияи Роҳи оҳан (ҳоло Шоҳмансур) дар хонаи апаи Гулсара – бонуи меҳрубони файзободие, ки хеле эҳтиромаш мекардем, зиндагӣ мекардам. Ҳар рӯзи шанбе мо дар хонаи апаи Гулсара маҳфили «Дили Кӯлоб»-ро барпо мекардему ӯ бароямон хӯрок омода мекард.

 

Ҳарчанд аъзои ин маҳфил кам буданд, вале имрӯз адибону қаламкашони ҷолиб шуданд. Ба мисли Абдуқодири Раҳим, Камоли Қурбониён, Салими Хатлонӣ, Фарҳоди Аброр (набераи Сайдалӣ Вализода). Ин маҳфил то хатми донишгоҳ давом кард. Баъди соли 1987 дар шаҳри Кӯлоб Маҳфили Хайрандешро созмон додам, ки он соати 7-и бегоҳ шурӯъ шуда, 12 ё 1-и шаб анҷом меёфт. Чун маҳфил поён меёфт, шаҳри Кӯлобро накҳати атрогини ҷавонию зебоии шеъру меҳр фаро мегирифт.

 

Устод Пиримқул Сатторӣӯҳашон шод бод!) дар шаҳри Қӯрғонтеппа маҳфиле бо номи «Гулбарг» доштанд. Вақте соли 1993 ба он ҷо рафтам, аҳли адаби Вахшонзамин пароканда буд. Онҳоро сарҷамъ оварда, «Маҳфили Хайрандеш»-ро дар ин ҷо ҳам бунёд гузоштам ва рӯзномаи маҳфилро бо номи зебои маҳфили устоди зиндаёд Пиримқул Сатторӣ «Гулбарг» ном ниҳодам. Охир-ул-амр, 7-ноябри соли 1987 «Маҳфили Хайрандеш»-ро ташкил кардам ва 7-ноябри соли 2007 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 20-солагиашро ҷашн гирифта ба фаъолияташ нуқта гузоштам.Алқисса, расо 20 соле, ки дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб маҳфилҳо мегузаронидам, солҳои тиллоии ҳаёти мананд. Минбаъд мехоҳам асарҳои боарзиш барои адабиёт эҷод кунам.

 

Дарё нилу нил, нилу нили Хайрандеш,

Ку шеър, ки тар шавад дили Хайрандеш.

Бар шоиру шеър агар туро бошад меҳр,

Эй дӯст, биё ба маҳфили Хайрандеш.

 

Сӯҳбаторо Валиҷон БАЁНӢ,

ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi