17:54:16 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АҲМАД ЗОҲИР: «РИЁЗАТ МАРО АҲМАД ЗОҲИР КАРД!»-2

  

 

Аз як дӯсти ҳунарманди дигари падарам пурсидам, ки:

Риёзат чист?

Он марди мӯҳтарам гуфт:

Бирав, зиндагиномаи устод Бисмиллоҳхон, шаҳнойнавози ҳиндиро мутолиа кун.

Ба сафорати Ҳиндустон рафтам аз дафтари фарҳангии сафорат зиндагиномаи устод Бисмиллоҳхонро хостам. Аз китобхонаи сафорат зиндагиномаи устодро ба ман сипурданд. Онро низ хондам. Ва дар охирин сатри зиндагиномаи устод Бисмиллоҳхон навишта шуда буд, ки:

Хонандаи азиз! Тавқиф накун! Ҳолу аҳволи худованди риёзатро бештар бихон то маънии дурусти риёзатро бидонӣ ва ба он бипардозӣ!

Рафтам зиндагиномаи устод Равӣ Шанкарро низ мутолиа кардам. Ин мутолиот ду се соли маро дар бар гирифт.

Падарам зиракона медид, ки ман дар чи баҳре ғарқам! Вай аз ин ғарқ шуданам эҳсоси хурсандӣ мекард ва аз он лаззат низ мебурд. Падарам медид, ки дар ман як ғурур табиӣ ҷавлона зада. Ишқу имоне дар ман рахна карда.

Ман низ рӯз то рӯз мақсуди падар ва руфақояшро дарёфт карда мерафтам. Воқеан, ошноӣ бо худовандони риёзат бароям болу пар дода буд.

Ва аммо, то ин дам, ин ҳама болу парам ва пар заданҳоям бидуни ҳадаф буд. Ҳанӯз пеши худ таъйин накардаам, ки чаро ман илми риёзатро пай карда ва тай карда равонам. Риёзатро дар чи роҳ ба кор мебарам?

То он гаҳе шабе падарам наздиктарин дӯстони худро даъват кард, ки устоди гиромӣ ҷаноби Зиё Қоризода ва устоди меҳрабонам Сорбон соҳиб низ дар ин шабнишинӣ ташриф доштанд. Устодони дигаре, ки пасонтарҳо устод ва ҳамкори доимии ман шуданд, низ ташриф доштанд. Падарам мехост, ки ман дар ин шаб як дақиқа ҳам аз ҷоям ҳаракат накунам. Ман низ завқи қадрманди падарамро баҳои фаровон медодам ва ҳатто як бор аз ҷоям шӯр нахӯрдам.
 
Маҷлис аз матолиби бисёр сода шурӯъ шуд. Вале маҷлис бо чи матонат ва бо чи маҳорат ба вожае, ки маро дар тамоми умр сахт дар гарави худ гирифт, фуруд омад.

Ин вожа ҳамон вожаи муқаддаси риёзат буд.

Яке аз ёрони хуби падарам гуфт:

Риёзат чист?

Агар чи ин саволи ом буд, ба таври мушаххас аз каси ё аз ман ба амал наёмада буд.

Аммо бо шунидани калимаи риёзат кӯҳи ханда бар ман ҳамла кард, чунон ҳамла кард, ки фард-фард ба шумули падарам механдиданд ва ҳам ҳеҷ касе намедонист, ки чаро механданд? Ман ки бо риёзат ошно шуда будам ва талошҳои ман барои маърифат ба вожаи риёзат ба самар расида буд, худ ба худ ба як капсули хандаву фарҳат бадал гашта будам.

Бинобарин, ман то лаҳазоти марг низ механдидам.

Ин риёзатшиносӣ дарҳои ишқ ва имонро ба рӯи ман гушуда буд.

Зиндагиро бароям он қадар содда ва басит сохта буд, ки дигар вожаҳои чун пул, сарват, шӯҳрат баҳои худро ба наздам аз даст дода буданд. Аммо пайваста дилам мезад, ки барои худ роҳе тайин кунам то бо риёзат султони роҳи худ шавам, ки шудам.

Вале то он шаб, дасте ба кадом олаи мусиқӣ набурда будам. Ба хондани овозе шурӯъ накарда будам, ба кори дигар низ назар наяндохта будам. Ва на медонистам, ки дар ин шаб шикор мешавам. Шикор шудам. Аммо чи шикори муқаддасе!

Баъд аз хандаҳои давомдор ва мазанок, яке аз аҳли маҷлис ба таври мушаххас аз ман пурсид, ки бачем худат аз риёзат чӣ медонӣ? Ман ки мунтазири чунин савол будам, зону задам, исорае ончиро, ки аз зиндагии худовандони риёзат омӯхта будам, ба забони худ, яъне забони содда баён кардам. Ин шарҳ ва баён ҳудуд сеюним соат тӯл кашид.

Гапҳоям ба аҳли маҷлис он қадар ҷолиб шуд, ки кас ёди аз хӯрданию нӯшиданӣ накард. Аммо падарам бо шӯхии падарона бароям гуфт:

Ташаккур, ҷони падар, он қадар ба мо гап додӣ, ки дигар иштиҳои нону обро аз мо гирифтӣ. Иҷозат бидеҳ ки нон бихӯрем. Кокоҳоят «гушна» шуданд.

Ва гуфт: Ҳанӯз шаб ва шабҳои дигар зиндаанд. Дар вақфаи гапу нон аҳли маҷлис он қадар ба ман табрик гуфтанд ва муҳаббатам доданд, ки аз сару рӯйи ман арақ мерехт.

Хайр, нон хӯрда шуд. Дастурхони мусиқӣ ҳамвор гардид. Ҳама фатво доданд, ки имшаб устоди гиромӣ Сорбон бихонад. Сорбон, ки ҳанӯз марди сиҳатманду солим буд ва овози ҷовидониаш солимтар ба хондан шурӯъ кард.

Дар ин шаб, созу овози Сорбон маро бе май маст сохта буд ва бе ёр девона!

Пеши худ мегуфтам:

Ин Худо ҳаст, ки бо Сорбон якҷо мехонад.

Ин Сорбон дар вуҷуди ман чунон ишқ рехт, чунон ки Шамс дар вуҷуди Мавлоно!

Фардо, ки тарафи мактаб мерафтам, ба падарам гуфтам: Мехоҳам овозхон шавам, мехоҳам Сорбон шавам.

Падарам бисёр содда ҷавоб гуфт:

Бачем, ҳоло ки риёзатро шинохтӣ, метавонӣ овозхон шавӣ. Ҷои бим нест. Бори дигар мақсуди падарро ба дурусти дарк кардам, ки бо риёзат метавон чизе шуд. Баъд, шабҳо то субҳ менавиштам. Шеър меомӯхтам. Фасоҳати забону адои калимотро ба дурустӣ ёд мегирифтам.

Мусиқӣ тамрин мекардам. Садбор пеши худ ва пеши устодони худ мехондам ва як бор барои мардум. Ин аст, риёзат.

Бинобарин, ман шудам Аҳмад Зоҳир! Ҳар касе ин кӯчаҳоро ба дурусти тай кунад, аҳли риёзат шавад, мешавад Аҳмад Зоҳир! Аммо роҳи солҳоро дар рӯзҳое чанд паймудан, роҳи ман нест.

Доктор Багромвол: Дӯсти азиз, аз ин тавзиҳот ман низ омӯхтам, ки бидуни риёзат инсон ба ҳеҷ коре муваффақ нахоҳад шуд. Агар касоне бидуни риёзат худро муваффақ медонанд, бидон, ки пуқхонаҳое беш нахоҳанд буд. Бале?

Аҳмад Зоҳир: Бале, рафиқ азиз, ҳамин тавр!

Доктор Багромвол: Пас ишқро касб бояд кард?

Аҳмад Зоҳир: Бале! Ҳунар то он ҷое пеш бурда шавад, ки худ ба ишқ табдил гардад. Ин ишқу ин ҳунар бидуни риёзат ба даст омада наметавонад.

Доктор Багромвол: Як мисол биёваред?

Аҳмад Зоҳир: Мавлонои Балхӣ, ки имрӯз Мавлонои дунё шуда. Варна раҳравони мактаби Мавлоно бисёр буданд.

Доктор Багромвол: Дар мавриди илму сиёсат чӣ?

Аҳмад Зоҳир: Ҳеҷ фарқ намекунад. Ҳазорон марксист мурд, аммо Карл Маркс намурд. Чун ӯ риёзат кашид ва мутолиоти худро то қуллаи илм ва сиёсати он рӯз расонид.

Доктор Багромвол: Бародар, ҳасодат чист?

Аҳмад Зоҳир: Ҷаҳл аст.

Доктор Багромвол: Кина чист?

Аҳмад Зоҳир: Шикаст аст.

Доктор Багромвол: Интиқом чист?

Аҳмад Зоҳир: Шикастро ба шикаст ҷавоб гуфтан аст.

Доктор Багромвол: Инқилоб чист?

Аҳмад Зоҳир: Вазъи шаклёфтаи интиқом.

Доктор Багромвол: Гоҳе инқилобӣ будаӣ?

Аҳмад Зоҳир: Бале, аз даврони шинохтан, то ба қатл расидан.

Доктор Багромвол: Таъбират аз инқилоб фарқ накард?

Аҳмад Зоҳир: На.

Доктор Багромвол: Пас нақшат чӣ буд?

Аҳмад Зоҳир: Навоварӣ!

Доктор Багромвол: Навоварӣ чӣ гуна муяссар мешавад?

Аҳмад Зоҳир: Бо риёзат.

Доктор Багромвол: Дар теорӣ?

Аҳмад Зоҳир: Дар теорӣ ва протик.

Доктор Багромвол: Қатлро шикаст таъриф мекунӣ?

Аҳмад Зоҳир: Бале, аммо шикаст зидди инқилоб.

Доктор Багромвол: Туро магар инқилобиҳо ба қатл нарасониданд?

Аҳмад Зоҳир: (Хандаҳои қаҳ-қаҳа ва истеҳзоомез!)

Доктор Багромвол: Рафиқ, ин хандаҳои истеҳзоомез чист?

Аҳмад Зоҳир: Инқилобӣ навро намекӯшад.

Доктор Багромвол: Гуфта мешавад, ки духтари Ҳафизуллоҳ Амин туро дӯст дошт. Ба хусус ба вақте, ки ӯро ба бародараш ё ба иборати дигар ба писари кокояш писари Абдуллоҳ Амин ба занӣ доданд, мавзӯъ авҷ гирифт.

Аҳмад Зоҳир: На, дӯсти азиз. Дӯстони мо набояд гапи душманони моро зарбулмасал бисозанд. Худат бигӯ, ҷанозаи ман ба шонаҳои чӣ касоне қарор дошт? Ҷанозаи маро кадом насл бадрақа кард? Шумо магар шоҳид набудед, ки чандин ҳазор духтару писар бо ашку зорӣ ҷанозаи маро дар баробари чашмони падарлаънаттарин авомили хориҷӣ ба дӯш кашиданд?

Оё ҳамаи духтароне, ки ба сари ҷанозаву қабри ман ашк рехтанду яхан дариданд, ҳама ошиқи ман буданд? Ҳама мехостанд, ки бо ман ҳамбистар шаванд? Ин навъ қазоват ҷафои бузург аст, ба насли ҷавон. Аммо дарин шак набуду нест, ки насли ҷавон аз олими худ, аз оқили худ, аз нависандаи худ, аз шоири худ, аз мусаннифи худ, аз навозандаи худ ва дар ниҳоят аз овозхони худ меомӯзад. Кӯҳнаро тарк мекунад ва ба нав мегарояд. Ин тағийроту ин гароишотро набояд душманона таъбир кунем. Набояд ва набояд ҳарфи ҷоҳилонаи душманони худ ва мардуми худро то огоҳона дар маърази эълон қарор бидиҳем.

Доктор Багромвол: Дӯсти гиромӣ, мешавад, ки як мисол биёваред?

Аҳмад Зоҳир: Бале, дур наравед. Саре ба Тоҷикистон бизанед, бубинед, ки дару девори ҷавонони тоҷикӣ аз аксҳои ман ва тайпу рикордҳояшон аз сидиҳои ман пур аст. Пас мантиқи душманони кӯрдил ва ҷоҳили мо худ ба худ ба пучӣ ва беарзишӣ рӯй меорад. Мисолҳои бисёре дорам.

Аммо, ба қавли маъруф агар дар хона кас аст, як ҳарф бас аст.

Доктор Багромвол: Мамнун, дӯсти гиромӣ. Бале, шумо бо табари ҷаҳолат дуним шудед, мешавад аз лаҳазоти марг бароям қисса кунед?

Аҳмад Зоҳир: На танҳо худам, балки падарам, кокоҳоям, дӯстонам, дарк мекардем, ки як рӯз не як рӯз душманони миллати Афғонистон, ки ба виҷдонтарин душманони моанд, бо ханҷари ҷаҳлу ҷаҳолат ҳанҷараамро хафа сохтанианд.

Баъд аз он ки ман пешвои инқилоби мусиқӣ ва овоз шудам ва бо навовариҳоям кӯҳна нигаҳдоронро ба ҷанги алайҳи худ таҳрик кардам, ҳамин ки фурсате насибашон шуд, ханҷари ҷаҳлу интиқом аз наём кашиданду мағзамро пошиданд.

Доктор Багромвол: Дар лаҳзоти марг, ки сахттарину дардноктарин марг ҳам буд, бештар барои кӣ фикр мекардӣ?

Аҳмад Зоҳир: Ҳақиқаташ, барои падарам.

Доктор Багромвол: Барои чӣ?

Аҳмад Зоҳир: Чун падарам, ҷомеаи кӯҳна ва ҷаҳли кӯҳнапарастонро бештар аз дигарон дарк ва ташхис карда буд. 

У мефаҳмид, ки ҷоҳилу авбош як рӯзе маро ба қатл хоҳанд расонид. Дар лаҳазоти маргам, дарк мекардам, ки падарам бештар аз дарди марги ман, дард мекашад. Ман дар чанд соат ҷон сипурдам. Аммо падарам то охирин рамақи ҳаёт ҷон меканд.

Доктор Багромвол: Таассуфи дигаре, дорӣ?

Аҳмад Зоҳир: Бале, барои ҳазорон ҳазор ҷавони ватан, ки монанди ман ба қатл расиданд?

Доктор Багромвол: Сирф?

Аҳмад Зоҳир: На, ба ҳоли падарон, модарон, хоҳарон, бародарон ва дӯстонашон!

Доктор Багромвол: Сирф?

Аҳмад Зоҳир: На, ба ҳоли миллате, ки сармояҳои худро аз даст дода равон аст.

Доктор Багромвол: Сирф?

Аҳмад Зоҳир: На, ба ҳоли касоне, ки аз ин ҳама қурбониҳо ва талафот наёмӯзанд.

Доктор Багромвол: Сирф?

Аҳмад Зоҳир: На, таассуфи бузургу амиқи ман барои ҷоҳилон аст, ки намехоҳанд чизе биёмӯзанд ва дар худ тағйир биёваранд.

(Давом дорад) 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi