08:56:28 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22
24 25 26 27 28 29 30
31            

МИРЗОВАТАН МИРОВ: «ПОЁНИ ШАБИ СИЁҲ САФЕД АСТ» «ФИШОР-2» НЕСТ, ВАЛЕ…

Саҳну долони Театри  давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидовро инак тақрибан беш аз як моҳ аст, ки қариб ҳар рӯз серодам дидан мумкин аст. Ин ҳама мардумро ба ин ҷо тамошои намоишномаи «Поёни шаби сиёҳ сафед аст» гирди ҳам меорад. Мирзоватан Миров, саррежиссёри Театр, ки муаллифи сенария ва коргардони ин намоишнома мебошад, дар сӯҳбат бо хабарнигор сомона андешаҳои худро пиромуни асари тозаи саҳнавии хеш иброз доштааст.

- Мӯҳтарам Мизоватан Миров, кадом ангезаҳо шуморо водор сохт, ки  намоишномаи «Поёни шаби сиёҳ сафед аст»-ро  рӯи саҳна биёред? Амалӣ кардани чунин кор нақшаи театр буд, ё хоҳиши худи Шумо  ва ё супориши касе?

/images/stories/2011/12/02_mirzivatan_mirov_11211.jpg- На, ин супориши касе набуд. Тақрибан 10-15 сол пеш овозхони шинохтаи кишвар Ҳотами Равшан хоҳиш карда буд, ки  кӯмакаш кунем то театри эстрадаи як овозхонро бисозад. Ҳамон вақт имконият пайдо нашуд, ки орзуҳои Ҳотам амалӣ бишаванд. Чанд сол баъд боз дар як сӯҳбат ба ин мавзӯъ баргаштем. Ба ӯ гуфтам, ки дар ин масъала кӯмакат карда метавонам, ба шарте, ки дар театр кор кунӣ. Ба театр омад.

Дар аввал ният доштем, ки дар асоси таронаҳои Ҳотами Равшан барои ҷавонон як намоишномае, чи тавре ки ҳоло мегӯянд, монанд ба шоу бисозем.  Бо ин мақсад баъзе омодагиҳоро низ гирифтем. Вале мавзӯи ахлоқи ҷомеъа, махсусан ахлоқи ҷавонон, дар марҳилаи кунунӣ на танҳо дар кишвари худамон, балки берун аз Тоҷикистони азиз низ  диққати мани коргардони театрро дар ин авохир бештар ҷалб мекардагӣ шуд.

Ва андешае пайдо шуд, ки суруду таронаҳои шӯху рақсӣ, теззарбу суръати миёнаашро як тараф гузошта, дар асоси сурудҳои  панду ахлоқиву орифонаи бар ашъори  Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Шайх Аттору Мавлоно Балхӣ, Ҷомӣ эҷодшуда, мо як намоиши тақрибан яксоата омода бисозем. Дар муддати ду сол маводи зиёде ҷамъ шуд. Аз байни ин ашъори олӣ ҳамон қисматашро ҷудо кардем, ки метавонад аз саҳнаи театр садо бидиҳад. На ҳама шеър, матн метавонад аз саҳнаи театр садо бидиҳад. Зеро мувофиқи мазмуни он коргардон бояд амал пайдо кунад, ҳаракат пайдо кунад, ки аз мантиқ берун набошад. Мазмуни умумиро пурра созад.

-  Чуноне, ки мебинем дар намоишнома на танҳо шеърҳои шоирони классик, балки ашъори шоирони муосири тоҷик низ истифода шудаанд.

-Бале, матну шеърҳои шоирони имрӯза марҳум устод Лоиқ Шералӣ, марҳум Сафармуҳаммад Аюбӣ, Муҳаммад Ғоиб, Назри Яздонӣ, ки мувофиқ ба афкору андешаи мо ва андешаи шоирони классик буданд, дар ин намоишнома истифода шуданд. Ин асосан  ҳамон ашъорест, ки бо рӯзгори имрӯзаи мо созгор аст. Масалан  шеъри устод Лоиқ Шералӣ  «Ману ту» дар бораи он аст, ки мо худамон Ватанамонро бо дасти худамон вайрон кардем. Мо аз пушти афкори дигарон рафтем, моро дигарон ба ҳамдигар ҷанг андохтанд.  Овардани ин шеър танҳо нақли ҳодисаҳои солҳои навадум намебошад, балки аз саҳнаи театр  имрӯз хондани он як навъ ҳушдорест барои имрӯзиён, ки  эй мардум, ҳушёр бошему ин ҳодисаҳоро такрор накунем. Мо бояд дар андешаи худ низ мустақил бошем.

 

 

 Дар намоишнома мо аз фоҷиаи «Рустаму Сӯҳроб»-и Фирдавсӣ ёдовар мешавем. Ёдовар мешавем, ки чӣ гуна Сӯҳроб бо дасти падараш Рустам кушта мешавад ва мегӯем, ки миллате, ки чунин шоҳасари ҷаҳонӣ дорад, сад афсӯс, ки  ҳанӯз ҳам панд нагирифтааст. Мо худ, дар гузаштаи на чандон дур шоҳиди он будем, ки чӣ гуна падар писарро тирборон намуд, бародар бародарро корд зад. Мо бо ин спектакл на танҳо мегӯем, ки кори бад шуд, балки ҳушдор медиҳем, ки хавфи такрор шудани ҳамин ҳодисаҳо ҳоло ҳам вуҷуд дорад. Ҳодисаҳои имрӯзи шимоли Африқо, мамолики араб, махсусан Либиё, оё барои мо сабақ нестанд? Чунин ҳодиса дар ҳар кишваре, ки халқаш муттаҳид набошад, якмаром набошад, дар фикри ободиву ҳифзи осудагии Ватан набошад, метавонад рух диҳад. Агарчи шоҳи Либиё бо кадом роҳе ба сари қудрат наомада бошад ҳам, чи қадар золиме набошад ҳам, вале мамлакаташ осуда буд. Ғарб тавонист дар ҳамин мамлакати осуда тафриқа эҷод кунад ва мардумро ба ҳам душман кунад. Чунон бо ҳам душман шаванд, ки хуни ҳамдигарро бирезанду мамлакати хешро ба харобазор табдил бидиҳанд. Ин қадар бинову иншоотҳои мӯҳташаму зарҳалӣ куҷо шуданд? Ин ҳама вайрониву валангорӣ дигар ба кӣ даркор?

-Пас  ҳадафи асосии  намоишнома  мардумро огоҳ кардан аст?

/images/stories/2011/12/02_hotami-ravshan_11211.jpg-Бале, мардум, махсусан ҷавонон, ноогоҳ ҳастанд, бехабар аз фитнаву дасисаи душман ҳастанд. Ин чизро бояд ба онҳо гуфт. Мо дар ҳолати хеле аҷибу ғарибе қарор дорем. Бар зоҳири мардуми Тоҷикистон агар назар кунӣ гӯё ҳама чиз хуб аст. Либосҳои хуб дорем, галстук дорем, дар тозагиву озодагии шаҳр ҳам гап нест. Вале агар бар ботини инсонҳо назар афканем, ба рафтору кирдори онҳо нигоҳ кунем, дар ҳама ҷо, дар хона, дар бозор, дар ҷои кор, мебинем, ки ахлоқамон коста шудаст. Ва ин костагии ахлоқро аз ҷорӯбкаш шурӯъ карда то  дар  рафтору кирдори роҳбарони  боломақом дида метавонем. Аз ин чиз ман ҳамчун коргардон дар ҳаросам, дар талвосаам. Мо душман мегӯему  дар бораи тафриқаандозии душман. Агар душмани берунӣ ҳам натавонад  бо мо коре кунад. ҳамин душмани дарунӣ, ҳамин ахлоқи косташуда, моро метавонад ба сӯи фалокат бубарад, касофативу бебаракатиро дар ҷомеъа ба бор биёрад.

-Вокунишҳои нахустини тамошобинонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Имрӯз (11-уми ноябри соли 2011) маротиба 14-ум спектаклро ба намоиш гузоштем. Толори театри ҷавонон  ҳамеша аз тамошобин пур буд. Шодем, ки вокунишҳои аввал мусбатанд. Мардум хуб қабул карданд. Барои таҷриба талабаҳои яке аз мактабҳои шаҳрро ба ин намоишнома оварданд. Омӯзгорон ва хонандагони мактаб баъд аз дидани намоишнома ибрози миннатдорӣ намуданд.

-Намоишнома суфта шуд дигар?

Кор болои спектакл ҳанӯз давом дорад. Қариб баъди ҳар як намоиш мо як фикреро, як андешаеро, як тағйиротеро бо дарназардошти вазъи ҷомеъаи муосири натанҳо  мо, балки ҷомеи баналмилалӣ  ба ин намоишнома ворид мекунем. Масалан дар робита бо ҳодисаҳое, ки дар Либия рух доданд, дар  атрофи Афғонистону Эрон мегузаранд, чанд шеъри аллома Иқболро  дар мавзӯи  дурӣ ҷустан аз макру фиреби Ғарб, эҳтиёт шудан аз ҳиллаву найранги он, дар мавзӯи хештаншиносӣ  ба ин спектакл дохил кардем.

-Шумо гуфтанӣҳастед, ки андешаи худро тавассути ин намоишнома ба ин ё он таҳаввулоти ҷиддие, ки дар ҳаёти мо рух медиҳанд, дар ҷомеъаи байналмилалӣ ба вуқӯъ мепайвандад ва он таҳаввулот метавонад болои ҷомеъаи мо таъсиргузор бошад, имкон доред баён намоед ва тамошобинонро  як навъ ҳушдор бидиҳед?

/images/stories/2011/12/02_az-namoish11211.jpg-Бале. Албатта мо наметавонем тамоми спектаклро тағйир бидиҳем, вале ҷо -ҷо сухани рӯз гуфтан, онро ба ҳаёти имрӯзаи мо пайваст кардан имконпазир аст. Ба фикри ман ворид кардани ин гуна иловаҳо  аз манфиат  холӣ намебуд. Вақте, ки ман спектакли «Чашмони бародари қиёматӣ»-и устод Нурмуҳаммад Табаровро рӯи саҳна овардам, ин дарди ман, дарди муаллиф, дарди ҳамаи мо буд. Беадолатии додситонҳо, бетафовутии мардум нисбати амали худ, яъне  содир кардани гуноҳ  мавзӯи асосии  намоишномаро ташкил медоданд. Қаҳрамони асар дар байни мардум ҳамчун «барқи шамшер», «хазинаи панд», «ситораи танҳо»  шинохта шуда буд. Вале шоҳ ҳамин шахсияти барҷастаро сагбон монд. Шоҳ аз олим ва файласуф дур шуд. 

Бо ин амалаш аз панду ҳикмат, аз  адолат дур шуд,  аз хираду ҳақиқат дур шуд. Ин намоишномаро, мутаассифона онҳое, ки аслан барои онҳо равона шуда буд ва кору бори онҳоро инъикос мекард, (ман дар назар дорам кормандони ҳифзи ҳуқуқ (прокуратура, суд, милиса), кормандони дигар соҳаҳо (вазорати дифоъ, вазорати корҳои хориҷаро), онҳо тамошо накарданд. Бубинед, қаҳрамони мо барои фаҳмидани он ки ҷазои додааш чи қадар сангин аст, худ ба зиндон меравад ва дар пушту пӯсти худ  андозаи ҳукми содир намудаашро месанҷад.  Месанҷад, ки бори гарони тозиёнаи  зиндон чӣ гуна вазн дорад. Ин сабақи бебаҳоест барои он давру барои ин давр низ. Вале мутаассифона, касе он намоишномаро  аз масъулони ҳамин соҳа надид. Аммо дар Афғонистон гарм пазируфта шуд. Дар Украина онро хуб истиқбол гирифтанд…  «Поёни шаби сиёҳ сафед аст»- ҳам айнан ҳамин хел шуда истодааст. Мактаббачаҳо меоянд тамошо мекунанд, вале…

-Шояд камбудиро дар худи намоишномаҳову дар театр ҷустуҷӯ бояд кард?

-Ман шукри Худо, дар соҳаи театр беш аз чил сол ҳаст, ки заҳмат мекашам ва сатҳи намоишномаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои  хориҷ аз онро медонам. Ин асар барои имрӯз аст. Инро бояд аз дастгоҳи иҷроияи Президент сар карда то вазорату кумитаҳо кӯшиш намоянд, омада бинанд. Хушбахтона, ин намоишномаро мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Саид Пиров ва вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ тамошо карданд ва писандиданд. Бо тавсияи онҳо мо ба муассисаву ташкилотҳое, ки дидани ин намоишнома барои  кормандони онҳо зарур ва муфид аст, мактуб навиштем ва хоҳиш кардем, ки дар вақти барояшон муносиб ин намоишномаро омада тамошо кунанд. Ин спектакл кори якрӯзаву дурӯза нест. Ин машаққату заҳмати дусолаи ман бо коллектив аст. Дар ин намоишнома мо нуқтаи назари мухталифро ироа кардаем.  Чи тавре, ки мегӯянд ишораҳо ҳам ба шоҳ ҳасту ҳам ба гадо. Аз ин нуқтаи назар агар ин асарро бинанд бисёр хуб аст. Шаб дар телевизион суханронии як масъулеро шунидам, ки мегуфт: « Театрҳои мо чизе надоранд, ки тамошо кунӣ. Фақат мазҳака нишон медиҳанд ва ғайраву ҳоказо». О бародар, ту дар умрат ба театр наравӣ, бо набзи театр шинос набошӣ,  репертуари театрро надонӣ, ки  як сол пеш чӣ дошт, ҳоло чӣ дорад,  чӣ гуна дар бораи театр аз оинаи нилгун ва матбуоти даврӣ  гап мезанӣ? Биёед ба театр, намоишномаҳоро тамошо кунед, агар маъқул нашуд, баҳсу мунозира мекунем.


-Оё хостаҳои шуморо ҳунармандон рӯйи саҳна оварда тавонистанд? Киҳо нақшҳои асосиро бозиданд? Аз натиҷаи кори онҳо Шумо оё қаноатманд ҳастед?

-Як мушкили хеле сангине, ки ҷомеъаи моро баъди кашмакашиҳову муборизоти солҳои 90-ум пеш омад, аз  шеъру адаб ва умуман аз китоб дур мондани насли наврас, ҷавонон буд. Ҳатто кормандони соҳаи фарҳанг низ, ба хусус ҳунармандони театр, кам шеър ва китоб мехонанд.  Азбаски ин намоишнома бо назм аст ва  асосан аз осори шоирони классик, фаҳмидани он ҳатто барои худи ҳунармандони театр мушкил аст. Мо луғатро кушода  калимаҳои ҳар як байту мисраъи мушкилфаҳмро дида маънидод кардем. Дар тарзи дурусти  талаффузи шеър  низ корҳое анҷом гирифтанд. Тақрибан  шаст- ҳафтод дар сади хостаҳои мо дар ин самт ба  ҷо оварда шудаанд. Вале ҳанӯз ҳам бисёр корҳоро бояд анҷом дод, ки намоишнома боз суфтатару беҳтар бошад. Ҳотами Равшан 15-20 сол буд, ки Донишгоҳи ҳунарҳои зеборо хатм карда буд ва аз  фаъолият дар театр дар канор монда буд. Ӯ бештар  ҳамчун  овозхон маъруфият дошт. Ҳадафи дигари мо ин кушодани ҳунари актёрии Ҳотам буд. Хушбахтона, ба ин чиз низ муваффақ шудем.

 

Албатта рӯзҳои аввал камбудиҳо бештар мушоҳида мешуданд, вале аз намоиш то намоиш ин камбудиҳо ислоҳ мегардиданд. Бешубҳа, Ҳотам садои хуб ва ҳунари овозхонии хуб дорад. Мутаассифона, дар театрҳои мо ба  масъалаи овозхонии актёрҳо кам аҳамият медиҳанд ва баъдан ҳамин ҳунари онҳо ба тадриҷ рӯ ба фаромӯшӣ меорад. Мисолҳои зиёде дар ин бобат овардан мумкин аст. Мо нагузоштем, ки истеъдоди сарояндагии Ҳотам хор шавад. Аслан ман дар куҷое, ки кор карда бошам,  хоҳ дар Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ, хоҳ дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмуд Воҳидов кӯшиш кардам, ки бахши мусиқии спектаклҳоро таҳким бахшам. Дар ин спектакл низ ҷанбаи мусиқии он пурқувват аст. Баъди ҳар чанд дақиқаи сухан ва амал садо додани суруди Ҳотам ва ба хусус боз таронаҳое, ки бар ашъори  шоирони классик эҷод шудаанд, тамошобинро намегузорад дар тӯли ин намоишнома хаста шавад.

-Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки театр ҷои пандгӯӣ нест, ҷои шиорпартоӣ нест. Аммо ин намоишномаи Шумо саропо аз панду ҳикмат ва шиорпартоӣ иборат аст.  Дар ин бора чӣ фикр доред?

-Дар ҳақиқат, чунин андеша дар миёни баъзе аз кормандони фарҳангӣ вуҷуд дорад. Вале ақидаи ман дигар аст. Ман ба он фикр розӣ шуда наметавонам. Бале он замоне, ки  театрҳо аз гуфтани панду ҳикмат ва додани шиорҳои рӯз парҳез мекарданд, дигар замон буд. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки зарур аст андешаи худро  аз саҳнаи театр ба тамошобин дар ҳар шакли қобили қабули тамошобин  иброз намоем. Агар натиҷааш ба манфиати мардум ва ҷомеъа бошад чаро мо аз гуфтани панд ва ё додани шиор худдорӣ кунем?

-Бозёфти Шумо дар ин спектакл аз чӣ иборат аст?

-Дар ин спектакл ҳашт нафар нақши хорро мебозанд. Хор аз давраҳои антиқа, аз спектаклҳои Эсхил ва Сафокол  сар карда то ба имрӯз истифода мешавад. Дар саҳна як нафар низ метавонад вазифаи хорро иҷро кунад, сад нафар ҳам. Хори намоиширо омода сохтан хеле мушкил аст.Ҳар як актёр табъу завқи худро дорад, услуби гӯиши худро дорад ва ҳамаи инро як кардан, ки як шакли овозкашиву ифода кардан  дошта бошанд, хеле мушкил  аст. Фикр мекунам, ки мо ба ин муваффақ шудем.

- Дигар ҳунармандон нақшҳояшонро чӣ гуна иҷро кардаанд?

/images/stories/2011/12/02_lahza-az-namoish11211.jpg-Назирмад Мӯсоев ҳунарпешаи дар гузашта шинохтаи тоҷик, 15- сол буд, ки аз саҳна ба канор рафта буд. Аниқтараш бори рӯзгор ӯро чун даҳҳо ҳампешагонаш маҷбур сохта буд, ки барои таъмини зиндагонии аҳли хонаводааш пешаи худро иваз кунад. Ӯ чанд муддат ба тиҷорат машғул буд. Инак бо фарорасии каме беҳбудӣ дар ҳаёти оилавиаш боз ба саҳнаи театр баргашт. Нақше, ки дар ин намоишнома ӯ бозӣ кард, яъне намояндаи зиёиёни солҳои 30-40-ум, аввалин нақши ӯ баъди бозгашташ ба театр мебошад.  Бо вуҷуди танаффуси зиёд дар таҷрибаи кориаш нақши худро хуб иҷро кард. Ман аз бозии ӯ хеле розӣ ҳастам. Дар нақши намояндаи зиёиёни солҳои 60-70-ум Абдулмӯъмин Шарифӣ, Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ, бозӣ мекунад. Абдулмӯъмин аз ӯҳдаи бозии нақши хеш дар ин спектакл низ чун ҳамеша ба хубӣ баромадааст.

-Замоне, аниқтараш охири солҳои 80-уми асри гузашта, шумо як намоишномаи марҳум Сафармуҳаммад Аюбиро бо номи «Фишор» рӯи саҳна оварда будед. Дар ҳамон намоишнома ҳам сухан аз камбудиҳои ҷомеъаи шӯравӣ мерафт. Он давраи пеш аз фурӯпошии давлати шӯравӣ буд.  Намоишнома хеле хуб пазируфта шуд. Ғолиби чандин озмунҳои ҷумҳуриявиву байниналмилалӣ низ гардид. Ба фикри Шумо оё байни  «Фишор» ва «Поёни шаби сиёҳ сафед аст» ягон робитаи мантиқӣ вуҷуд дорад? Оё метавонем намоишномаи имрӯзаро «Фишор- 2» номем?

-Не, намоишномаи имрӯзаро мо «Фишор- 2» номида наметавонем. Зеро он дигар чиз буд, замона низ дигар буд ва мо низ дар дигар кишвар зиндагӣ мекардем. Вале аз нуқтаи назари он ки «Фишор» камбудиҳои ҷомеъаро танқид мекард ва ин ҳам имрӯз аз хусуси нуқсонҳои ҳаёти иҷтимоӣ ҳарф мезанад, як шабоҳатеро  дар байни ин ду намоишнома дидан мумкин аст. Мо дар он спектакл симои  ҳақиқии корманди амниятӣ, прокурор, раиси колхоз ва ғайраро, ки дар як ҷумҳурии ғайримустақил кор мекарданд ва ахлоқашон фасод шуда буд, нишон дода будем. Дар намоишномаи «Фишор» тамоми қаҳрамонҳо, ба ҷуз Ҳафизи барқӣ ҳама манфӣ буданд. Ҳафиз ҳам баъди он ки барқ ӯро мезанад, дилбин мешавад ва гузаштаву ояндаи одамонро мебинад. Дар он ҷо пешгӯӣ карда будем, ки фасод сабаби шикасти ҷомеъаи шӯравӣ хоҳад шуд. Дар «Поёни шаби сиёҳ…» ҳам дар як эпизод ҳушдор медиҳем, ки яке аз сабабҳои шикасти империяи Искандар, империяи Сосониён ва ҳамон империяи Шӯравӣ фасоди ахлоқӣ  дар ҷомеъа буд. Дар ин бора дар намоишномаи «Чашмони бародари қиёматӣ» низ сухан меравад, ки болотар аз ин хусус гуфтем. Аз ин ҷиҳат «Поёни шаби сиёҳ сафед аст» бо «Чашмони бародари қиёматӣ» робитаи мантиқӣ дорад ва як навъ идомаи он мебошад.

-Ташаккур барои сӯҳбат

Мусоҳиб Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi