18:01:22 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

КОРВОНИ СУРУДИ ЗАФАР БА ДУРОДУР РАВОН АСТ

Корвони пурборе аз миёни қуллаҳои осмонбӯс, аз бари талу тепаҳои гулпӯш гузашта, солору бардам ба сӯи паҳндаштҳо, ба шаҳру деҳкадаҳои обод меравад ва дар сари ҷилави он бузургмарде хуштабассум нишаста ва ба роҳгузарон, ба хурду бузург, ба кошонаи мардум ҳадя мебарад. Солори бузург бо садои зангӯлаи корвон тараннум мекунад:

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад…

Устод Зафар Нозим беш аз 50 сол аст дар саҳнаи ҳунари тоҷик майдондорӣ мекунад. Ва 50 сол аст, ки садои марғуладори ширину гуворо, завқу салиқаи хос бо таронаҳои дилнишини устод Зафар бар фарози ин кӯҳандиёр муждаи нишот, ҳикмати бузурги форсӣ ва шӯру шавқи тоҷикӣ мерасонад. Дар саҳнаи ҳунари Меҳани мо мактаби қудратманде ҳузур дорад, ки онро «Мактаби Зафар» меноманд. Ва ин мактаби бошукӯҳ ва адабпарварро даҳҳо ҳунарамандон шогирдӣ кардаву имрӯз худ устоде шудаанд.

ЗАФАР НОЗИМ АЗ МИЁНИ ОТАШ ГУЗАШТААСТ

Мактаби ҳунар, хоса суруду мусиқии сабки анъанавии форсии тоҷикӣ дар солҳои пас аз барқарории Ҳукумати Шӯравӣ низ дар водии Рашт (Вилояти Ғарм) хеле қудратманду побарҷой буд. Дар солҳои аввали Ҳукумати Шӯравӣ дар маркази вилояти Ғарм ҳунармандони маъруфи минтақаҳои Рашту Дарвоз ва Бадахшон ҷамъ омада буданд, ки онҳо соҳиби мактабе бо равияву усул ва мақому мароми хос буданд. Ин мактаб ҳунармандони маъруферо чун Ҳоҷӣ Абдулазизу Шарифи Ҷӯра ба дунёи ҳунари суруду мусиқӣ овардааст, ки шӯҳрату овозаи ҳунарашон то гӯшаҳои дуродури қаламрави тоҷикнишин ва шаҳрҳои тоҷикнишини Бухорову Самарқанд, Фарғонаву Қӯқанд расидааст. 

Солҳои баъдӣ ҳам мактаби ҳунарии Ғарм даҳҳо ҳунармандони маъруфро ба камол расондааст, ки дар миёни онҳо 7 тан Ҳофизони Халқии Тоҷикистон чун Иброҳими Кобулӣ, Зулфиқори Исмоил, Фозил Одил, Саймуддин Бурҳон ва чанде дигар солҳои зиёд дар саҳнаи ҳунар қудратмандӣ кардаанд, вале ба далели нотавонбинӣ ва саддҳое, ки ҳукумати вақт гузошта буд, натавонистанд вориди саҳнаҳои бузурги ҷумҳурӣ шаванд. 

Аслан, дар он замони қудрати яккатози шӯравӣ ҳам дар сари қудрати сиёсӣ ва ҳам дар сари қудрати фарҳанги Тоҷикистон касоне буданд, ки аз як сӯ, тобеи сиёсати бегонаҳо ва аз сӯи дигар мардуми ғайритоҷик буданд, ки то метавонистаанд роҳро барои мардуми таҳҷоӣ танг мекарданд. Ин ҷараён пастхамиҳое дорад, ки ҳанӯз ҳам дар мавриди он сухани ҷиддие гуфта нашудааст.  

Ҳукумати Шӯравӣ дар пайи сиёсати муғризонае қаламрави тоҷикнишин – давлати Бухороро миёни қавмҳои бодиянишин тақсиму тарака кард ва дар як гӯшаи дури ин қаламрав Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистонро ташкил дод. Табиист, ки тарси русҳо аз ташкили давлати муқтадире зери фармони тоҷикҳо ба унвони халқи таърихдору давлатдор дар паҳлӯи Ирону Афғонистон буд, ки аз ояндаи он хатар эҳсос мекард. 

Русия дар ташкили ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар муқобили тоҷикон аз сиёсати пантуркистон, ки дар ин даврони таърихсоз намояндаҳои аршади он чун Анварпошшо аз Туркия ба ин қаламрав равон шуда буданд, кор мегирифт. Дар паҳлӯи ин, ба ҷумҳурии тозатаъсиси Тоҷикистон шумораи зиёди кадрҳои раҳбарӣ аз ҷумлаи тотору нуғай, бошқирду ӯзбак сарозер шуданд, ки бештарини онҳо аз ақвоми туркҳои муғулӣ буданд. Дар Тоҷикистони ҷавон ду самти роҳбарӣ пайдо шуд:

Яке роҳбарии умури сиёсӣ, ки ба дасти ҳазорон ҳазор русҳои омада буд ва дигаре роҳбарии умури фарҳангу маънавиёт, ки барои ин соҳа дар баробари кадрҳои аз Русия омада ҳазорон тан турктаборон ба унвони саромадони фарҳангу маънавиёт то ошпазу самбӯсафурӯш аз Осиёи Миёна ба ин ҷумҳурии тозабунёд ворид шуданд. Ҳадафи ҳамаи онҳо дур нигоҳ доштани мардуми бумии тоҷик аз фарҳангу забони худ, бахусус аз мардуми форсзабони Ирону Афғонистон ва дигаре ҷорӣ кардани анъана, русум ва забони русиву ӯзбакӣ дар ин гӯшаи дунё буд. 

Ба ҳамин далел, то охирин рӯзҳои мавҷудияти Шӯравӣ ҳамеша муншии севуми ҳукумати Тоҷикистон, ки умури фарҳангу маънавиётро роҳбарӣ мекард, намояндаи ӯзбактаборҳо буд ва дар ҳар ташкилоте яке аз муовинон низ ҳатман аз ҳамин гурӯҳ таъйин мешуд. Мутаасифона, ин сиёсат имрӯз ҳам побарҷой аст.

Сиёсате, ки аз тарафи роҳбарони шӯравӣ барои мардуми тоҷик тарҳрезӣ шуда буд, ба дасти шарқшиносону олимон ва ҳамон кадрҳои омада дар Тоҷикистон пиёда мешуд: интернатсионализми қатъӣ бо ҳама халқҳо, ғайри тоҷикон, мухолифати шадид бо халқҳои форсзабони он сӯи Омӯ, тарбияи фарҳанги ҷудоии милливу забонӣ бо Ирону Афғонистон, тарвиҷу ташвиқи забонҳои ғайр дар баробари забони форсии тоҷикӣ… 

Ва пас аз гузашти солҳо мебинем, ки тарроҳони ин барномаи барои миллати мо душманона то андозае муваффақ шуданд. Дар натиҷа дар Тоҷикистон насли наве ба дунё омадааст, ки аз таъриху фарҳанги худ бехабар, бо мардуми тоҷик бегона ва комилан «интернатсионалист» аст ва бо мардумони форсизабони дунё эҳсоси душманӣ мепарварад. Тарғибгарони ин ғояҳо дар ҳама сохторҳои ҳукумат реша гирифта, то имрӯз худро «русзабон» медонанд ва ба муқобили ҳама гуна андешаи солими миллӣ дастаҷамъона сару садо бармехезонанд.  

Ҳукумати Шӯравӣ тамоми умури сиёсиву иҷтимоии қаламрави таҳти тасарруфашро зери назорати қатъӣ дошт ва аз ҳар гуна тағироте дар ҳама арсаҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маскав гузориш мешуд. Ба хусус, таҳаввулоти Ҷумҳурии сусиёлистии собиқи Тоҷикистон барои Кремл ва ҳар гуна дигаргуние дар собиқ вилояти Ғарм ба вуҷуд меомад, асбоби нигаронии шадиди ҳукумати Тоҷикистон мешуд. 

Зеро агар аз як сӯ, Ҳукумати Шӯравӣ аз равобити Тоҷикистон бо кишварҳои дигари форсизабон эҳсоси хатар мекард ва аз сӯи дигар, зиндагии мардуми минтақаи вилояти собиқи Ғарм, ба истилоҳи имрӯзӣ навоҳии Рашт ва Кӯлоб ба далели бастагии зиёди хуниву забонӣ ва фарҳангиву динӣ бо кишварҳои форсизабон барои ҳукумати Тоҷикистон хатарзо буд. Ҳамчунин мавзӯи рушди фарҳангу забони миллӣ дар гирдоби фишори пантуркизм афтода буд, ки бахусус ҳама гуна роҳ барои эҷоди фазои боз дар манотиқи тоҷикнишини Вахшу Кӯлоб, Рашту Дарвоз ва Бадахшон баста буд. 

Ва бар асари мавҷудияти ҳамин гуна сиёсат шӯҳрату овозаи Зафар Нозим ба унвони зода ва парвардаи Раштонзамин дар ҳавзаи фарҳанги форсӣ барои зимомдорони давр хеле ногувор буд. Ба ҳамин далел, онҳо то тавонистанд барои ӯ ва ҳама касони ба ӯ монанд дар ин минтақа мушкил эҷод кардаанд. Дар ҳамин раҳгузар, дар даврони ҷанги дохилӣ душмани дар каминнишаста бо баҳонаҳои худсохта боз ба маҳаллоти тоҷикнишин ҳамлавар шуд ва ҳазорон танро беамон кушт. 

Хонаи устодро ҳам ба коми оташ кашиданд. Бахусус устод Зафар Нозим дар ин ҷараён ба садамаҳои бештар рӯбарӯ шудааст ва мӯй дар гирдоби ин осиёби душманона сафед кардааст.

СУРУДҲОЯШ ЧУН ҒАЗАЛҲОИ 
САЪДӢ СОФУ РАВОНАНД

Ба саҳнаи ҳунари Тоҷикистон ворид шудани устод Зафар қиссаи рангинест. Моҳи августи соли 1958 ҷавони 18-солае бо як рубоби тоҷикӣ ва як табла рӯи саҳна меояд ва ҳангоми иҷрои суруде бо номи «Имрӯз не, фардо биё» ҳанҷараи ширинаш дили шунавандаҳоро тасхир мекунад. Баъдтар ин садо ва шукӯҳи ин таронаҳои зебо саросари кишвар ва қаламрави забони форсиро тасхир мекунад. 

Зафар Нозим аз мактаби ҳунарманди волову нодиракори кишварамон Шарифи Ҷӯра гузаштааст, то худ ба як гавҳари ноёб дар ҳунару фарҳанги тоҷик сабзидааст. Вай дар солҳои аввали эҷодиёташ чун ҳама ҳунармандони насли ҷавон бештар сурудҳои шӯху пурҳаяҷон месуруд. Аммо дар паҳлӯи ин, сурудҳое бар пояи эҷодиёти классикони адабиёт чун Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Абдулқодири Бедил мақоми устувор доштанд, ки дертар онҳо ҷанбаи аслии таронаҳояшро ташкил кардааст. 

Истеъдоди воло, ҳунари худодод ва заковати хоси устод Зафар, ки садои хушу гуворои беназираш дар сари ин ҳама салиқаҳои дигар меистад, мактаби эҷодиашро аз рӯзи нахуст дилнишину солор гардондааст. ӯ чун донандаи хуби адабу фарҳанг ба қадри сухан, ба сафои ботинии шеъру ғазал хуб сарфаҳм меравад. Он ҷое, ки шеър маънии ишқу ҷавонӣ дорад, оҳанги Устод шӯху тарабангез садо медиҳад, аммо чун шеър маънои фалсафиву рӯҳонӣ дошта бошад, оҳанги суруд солору ботамкин мешавад. 

Таронаҳое чун «Духтари Ҳойит», «Шолгули зарин», «Ишвагар», «Хона надорад», «Рафтам ба ҷустуҷӯят» ва даҳҳо таронаҳои дигар хеле оҳанги шӯху ширин, дилрабову тарабангез доранд, ки дар замири ҳар шунавандае шавқи ноаёни ҷунбишеро ба вуҷуд меоранд. Аммо сурудҳое чун «Савдои зулфат», «Интизорӣ», «Сорбон», «Эй рафта зи дил», «Модар», «Нафси саркаш», «Уқоби кӯҳӣ» ва хелеҳои дигар чун андешаи пурбори дили шоир, чун ҳузни ботамкини қалби сароянда бори гарони маънӣ мекашанд. 

Ҳамин заковати устод Зафар шунавандаҳои закитабъро ба сӯйи дарку тафоҳум ва ҷазби маъниҳои баланди шоирона кашидааст. Хелеҳо дар пайи шунидани сурудаҳои Зафар Нозим ба сӯйи эҷодиёти шоирони ҳикматофарин рафтаву аз девони онҳо ғазалҳои рангин аз бар кардаанд.

Таронаҳои устод Зафар Нозим, – ҳикоят мекунад Қаҳрамон Ҳотамов, муаллими кӯҳансол аз ноҳияи Рӯдакӣ, – дӯстони овони ҷавониам, ҳамсӯҳбати айёми бузургсолиам ва тасаллибахши мавриди пиронсолиам ҳастанд. Ман муаллими риёзӣ ҳастам ва гоҳе печиши оҳангҳои Устодро чун мушкилоти риёзӣ мебинам. Таронаҳои устод Зафар Нозим ҳанӯз аз овони ҷавонӣ дар дилам эҳсоси гарме ба шеъру адаб бедор карда буд. Дар натиҷа, ман на танҳо матни сурудҳои ӯ, балки хеле аз ғазалҳои рангини классиконро ҳифз кардам, ки барои ин таъсиру ташвиқ аз ин хунёгари мумтоз сипосгузорам.

ФАННЕ, КИ ЗИНДАГОНИСТ

Суруди устод Зафар Нозим оҳанги гиру дори зиндагист, гоҳе шӯху саркаш, бори дигар солору ботамкин. Агарчи зиндагӣ моро ба сӯйи хушиҳо, ба манзили суруру нишот савқ медиҳад, лаҳзаи дигар таронаи устод моро ба дунёи андешаҳои мушкилоти зиндагӣ мекашад:

Фанне, ки зиндагонист, сад фанн бувад дар ин фанн,
Яъне, ки хол-хол аст монанди соярӯшан.


Устод Зафар Нозим дар баробари хидмати арзанда дар рушду такомули ҳунари касбии тоҷик дар ҷодаи тарбияи насли ҳунарманди кишвар низ пойгоҳи устувор бино кардааст. Дар гӯшаву канори кишварамон аз миёни наслҳои гуногун чандин тан ҳунармандон ҳастанд, ки худро шогирд ва пайрави Зафар Нозим медонанд ва бо ҳамин шеваву оҳанг суруд мехонанд. 

Саидқул Билолов, Муродбеки Насриддин, Парда Қосим худро шогирд ва парвардаи мактаби ҳунарии Зафар Нозим медонанд ва ҳамеша бо ин ҳунарманди қадршинос ҳампаҳлӯ ҳастанд. Хоса Саидқул Билолов, ба унвони оҳангсози беназир ва аз ҳунармандони саршиноси кишварамон устод Зафар Нозимро аз поягузорони асилу аз ҷумлаи парчамбардорони ҳунару фарҳанги тоҷик меномад. Саидқул Билолов мегӯяд, мухлиси ҳунари шеъри баланду оҳангҳои нотакрори Зафар Нозим аст. 

Гузашта аз ин устод ба бунёди ансамблҳои «Наврӯз»-и Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар соли 1961, дертар дастаи фолклории «Чаман» ва баъдтар гурӯҳи ҳунарии «Ганҷина» асос гузоштааст, ки аз эҷодиёти ин гурӯҳҳо суруду таронаҳои зиёде дар ганҷинаи ҳунари кишварамон сабт шудааст. 

Бавижа ҳунармандони ансамбли «Ганҷина», ки дар солҳои 80-уми садаи гузашта зери роҳбарии устод Зафар Нозим ташкил шудааст, дар саҳнаи ҳунару фарҳанги кишварамон хидмати арзандае кардаанд. Дарку салиқаи устод Зафар, ки аз муҳаббати бепоёни ӯ ба мардуми тоҷик дарак медиҳад, дар роҳу равиши ин гурӯҳ ҷою мақоми хос дорад. «Ганҷина» таронаҳои маҳаллии мардумро, ки дар қаламрави забони форсии тоҷикӣ ё аз байн рафта буданд, ё дар ҳоли нобудшавӣ қарор доштанд, ҷамъ ва аз нав зинда кард. 

Дар миёни ин ганҷинаи ҷамъовардаи ансамбл таронаҳои ҳунарии арзишманд ва касбӣ кам нестанд. Дар баробари даҳҳо таронаҳои маҳаллии мардуми тоҷик либосу ороишоти мардумони минтақаҳои тоҷикнишин аз Хоразму Бухорои бостон то Хатлону Бадахшон, Рашту Зарафшон ва Суғд ҳунар ва фарҳанги саҳнаи мусиқии дерини мардуми тоҷик дубора эҳё ва ба ҳофизаи насли нави мардуми кишвар ворид шуд. Ҳоло ки хеле аз ҳунармандони мо сурудҳои маҳаллӣ ва пешини мардумро иҷро мекунанд, дар назди заҳмату ковишҳои ансамбли «Ганҷина» қарздоранд. 

Ӯ МАРДЕСТ ФУРӮТАН ВА САРБАЛАНД

Устод Зафар Нозим дорои хислатҳои шоистаи инсонист, ки ин хасоил боиси эътибору эҳтироми бештари шахси ӯ дар ҷомеаи кишвар шудааст. Вай шахсиятест кушодарӯй, саховатманд, ботамкин, вале бурдборӣ ва сари баланд, ки аз хасоили отифии як инсони комил аст, салоботу шукӯҳи ӯро дар назди мардум ва ҳаводоронаш бештар муқаддам гардондааст. 

Дар таърих шахсиятҳои бузурге бо доштани чунин хасоил гирифтори гуна-гуна мушкилот шудаанд ва устод Зафар Нозим ҳам дар ин раҳгузар бо садамаҳое аз сӯйи мақомдорони баланд гирифтор шудааст.

– Солҳои пеш, боре дар Масков консерти калони ҳунармандони тоҷик баргузор шуд, – қисса мекунад Устод, - Ҷаббор Расулов муншии аввали Ҳизби Камунисти Тоҷикистон, Абдулаҳад Қаҳҳоров раиси Шӯрои Вазирон ва Мирзо Раҳматов вазири фарҳанги Тоҷикистон низ дар он ҷамъомади калон ширкат доштанд. Маро ҳам барои иштирок дар консерт ба он ҷо бурда буданд. Ҳангоми аз меҳмонхона ба Кохи Кремл рафтан номи ҳамаи иштирокчиёнро аз рӯйхати махсус хонданд, аммо номи ман дар он рӯйхат набуд. Ҳама ба автобус савор шуданду рафтанд, ман танҳо дар кӯча мондам…  

Пеш аз баргузории консерти ифтихориаш ба муносибати 50-солагии фаъолияти ҳунарӣ дар саҳнаи тоҷик ба ҳузури устод ба Филармонияи давлатӣ даромадам. Дар миёни сӯҳбат қиссаи галстуки бабочкаро гуфту хандид. 

– Соли 1970 тантанаҳои 100-солагии Ленин мегузашт, – қисса кард Устод. – Дар толори театри Опера ва балет консерти калон баргузор шуд. Ман ба толори омодагии консерт, ки дар пушти пардаи саҳна буд, ворид шудам. Меҳрубон Назаров – вазири фарҳанг рост истода буд ва яке аз калонҳои муҳими ҳукумат рӯи курсӣ менишаст. Ман салом гуфтам, калони ҳукумат ба ҷойи ҷавоби салом ба русӣ «ҳа, хулиган, бе галстук ба саҳна набаро!» гуфт. 

Ман ҳам ба русӣ гуфтам «хулиганҳо галстук намебанданд», вай хеле асабонӣ шуд. Меҳрубон Назаров супориш дод, ки як дона галстук биёранд. Он замон ҳунармандон галстуки навъи «бабочка» мебастанд. Вазир галстукро ба гардани ман гузаронд. Маро ба саҳна ҳидоят карданд. Ҳамон солҳо таронаи «Ассалом»-ро эҷод карда будам, ки дар Тоҷикистон хеле машҳур шуда буд. Бо мисраи аввали «Ассалом», ки аз авҷ шурӯъ мешуд, ба саҳна баромадам. 

Ман, ки бастани галстукро хеле бад медидам, нафасгир мешудам. Баробари иҷрои суруд дастамро ба гарданам бурдам ва банди галстукро кандам ва онро рӯи сабзаҳои саҳна партофтам. Қаҳри калон дурудароз будааст. Барои муддати 12 сол дигар рӯи саҳна ва радиову телевизионро барои ман баст. Ман танҳо ҳақ доштам ба шаҳру деҳоти берун аз пойтахт ба гастролу консерт рафта барои ҳукумат пул биёраму бас…  

Ҳунарманди асилро ҳар нобаробарии замона, ҳар ноҷӯрии ҳунар нороҳату ношод мекунад. Як муддате ба радиову телевизиони кишвар таронаҳои кӯчабозорӣ ҳуҷум оварда буданд, ки дар ҳамин маврид соли 1998 бо устод сӯҳбате доштам.

– Садову симо, – гуфт устод Зафар Нозим, – минбари тамаддуну фарҳанги миллат аст ва набояд он саҳнаи ҳунари камарзиш ва бесалиқа шавад. Зеро пахши як таронаи камарзишу беҳунарона ҳам дар аксар маврид дар қалби ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ҷой мегирад ва ин раванд умумӣ мешавад ва сатҳи ҳунардӯстии ҷомеаро поин мебарад.

Дар замони истиқлоли Тоҷикистон ва бо дигар шудани ҳукумат устод Зафар Нозим барои талошу кӯшишҳояш дар пешрафти ҳунару фарҳанг бо нишонҳои «Шараф» ва «Дӯстӣ», «Ситораи Президент» ва унвони пурифтихори Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мушарраф шудааст. 

Ва дар ин паҳндашт ҳанӯз корвоне ҳомили ҳадяҳову бахшишҳое аз миёни кӯҳу камар, талу теппаҳо гузашта аз манзиле ба манзиле меравад. Ва дар сари ҷилави ин корвон пире нишастааст солору ботамкин. Ин марди ботадбир устоди ҳунари тоҷик Зафар Нозим аст ва корвони «Суруди Зафар» ба сӯйи оянда равон аст.

Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА,
ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi