21:16:35 01-уми Июни 2025 сол

ЁДБУДИ ҶУМЪА ОДИНА: АДИБИ МУНТАҚИДИ НИЗОМИ ШӮРАВӢ

juma odinaТабли лолӣ мезанам бар косаи сарҳои холӣ,

К-эй хамӯшон, в-эй кафанпӯшон,

Гушначашмони ҳақири масту урён мехурандам.

Гурги танҳоям миёни рамаи ваҳшӣ,

Гусфандон мехурандам, гусфандон мехурандам...

 

Ин мисраъҳо дар маҳфили бузургдошти 80-умин солгарди таваллуди Ҷумъа Одина ба ёди ин адиби шӯҳратёри тоҷик қироат шуд, ки румони пурсарусадояш “Гузашти айём” дар даврони Шӯравӣ сонсур шуда, вале муаллифро пас аз марг соҳиби ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кард. Маҳфили адабӣ барои таҷлил аз ин адиби пуровоза рӯзи панҷшанбеи 11 ноябр дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

 

Ҳарчанд аз Ҷумъа Одина ба замми достонҳои пурхонандаи “Авроқи Рангин” ва “Иншо дар мавзӯъи озод”, маҷмӯъаи ҳикояҳои зиёде боқӣ мондааст, “Гузашти айём”, танҳо румони комили ин нависанда, ба муаллифаш шӯҳрати саросарӣ овард. Пас аз он ки “Гузашти айём” аввалин бор дар соли 1978 ба теъдоди 14 ҳазор нусха дар Тоҷикистони шӯравӣ интишор ёфт, ин китоб бо фармони раҳбарони ҳизби кумунисти вақт сонсур шуд ва ба коми оташ рафт.

 

Гуфта мешавад танҳо 11 адад аз ин китоб ба дасти Ҷумъа Одина расид ва нависанда дигар ҳеҷ гоҳ чопи ин асари худро надид. Дар ҳоле ки Ҷумъа Одина дар асари сактаи севвуми қалбӣ дар соли 1982 даргузашт, румони ӯ танҳо дар замони бозсозии Горбачёвӣ ё "перестройка" дар соли 1989 рӯйи чоп омад. Ҷумъа Одина, ки хонаводааш дар даҳаи 1930 ба иттиҳоми “кулак” будан ба сарзамини Ставрополи Русия бадарға шуда буд, аз синни як то 15-солагӣ дар Ставропол зиндагӣ ва таҳсил кардааст.

 

Вай дар “Гузашти айём” воқеъаҳои даҳаи 1930, яъне давраи саркӯби Истолинро ба риштаи тасвир кашидааст, ки ба мақомоти давр писанд наомад. Ба гуфтаи Худойназар Асозода, адабиётшиноси тоҷик, сабаби аслии саркӯби сиёсии Ҷумъа Одина офаридани тимсол ё образи манфии Қосим Бобоев, як кумунист ва тасвири ахлоқи ношоями бархе аз занони кумунист дар румони "Газашти айём" буд.

 

Вай меафзояд: "Ба истиснои хонуми Мерган Салимов, қаҳрамони асар, дигар занҳо дар асар сабукрафтор ва сабукфикр тасвир ёфтаанд."

 

Гурухсор, шоъираи тоҷик, мегӯяд: "Дар он замон ҷасорати Геракл лозим буд, ки занҳои ҳизбиро руспӣ ва мардҳояшро бадмаст тасвир бикунӣ."

 

Вай афзуд: "Ҷумъа Одина медонист, ки бахту саъодат ва оромиро (ба хотири ин китоб) намебинад, аммо ба гулӯи ҳақиқат корд нагузошт. Кӯтоҳ ва пурмаънӣ зиндагӣ кард ва дар радифи он афродест, ки зиндагиаш баъди сараш сар шуд."

 

Гулрухсор ин шеърро қироъат кард:

 

Рақсидаву варзида чу Варзоб биё,

Рахшандаву бахшанда чу афтоб биё,

Субҳ омаду дидае надидаш серӣ,

Зангулаи хуни мардуми хоб биё...

 

Ва гуфт: "Ҷумъа Одина зангулаи хуни мардуми хоб буд, аммо мардум ин зангуларо нашуниданд, онҳое ин садоро шуниданд, ки забони оҳанини зангулаҳоро мебуранд."

 

Замоне, ки румони “Гузашти замон” сонсур шуд, Гулҷаҳон Бобосодиқова котиби кумитаи марказӣ оид ба корҳои идеологии Тоҷикистон буд. Ба ин хотир аксари адибоне, ки дар маҳфили Ҷумъа Одина ширкат доштанд, маҳз ӯро муқассири мушкилоте донистанд, ки ин нависанда дар заминаи сонсур аз сар гузаронд. Вале худи хонуми Бобосодиқова ин иддаъоро рад карда ва дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки дар тӯли солҳои пас аз фурӯпошии Шӯравӣ иттиҳомоти мухталифе алайҳи ӯ дар заминаҳои гуногун матраҳ шудаанд.

 

Вай гуфт: "Инҳо ҳамааш иғвогарӣ ва тӯҳмат нисбат ба ман буд. Ман танҳо ҳашт сол котиби кумитаи марказӣ будам, вале тамоми гуноҳҳои таърихи шӯравиро ба сари ман бор мекунанд!"

 

Хонуми Бобосодиқова афзуд, ки ҳеҷ хусумати шахсӣ нисбат ба Ҷумъа Одина надошт, вале дар замони Шӯравӣ се маврид дар румони "Гузашти айём" боъис шуд, ки ин китоб наметавонист ба сабабҳои идеологӣ иҷозаи чоп биёбад. Вай гуфт мавориди аслии мавриди нигаронии ҳизб инҳо буд:

 

- Тасвири хонаводаҳои тоҷик дар Самарқанд, ки дар хона ба забони тоҷикӣ сӯҳбат карда, вале дар берун аз хона ба забони ӯзбакӣ ҳарф мезананд,

 

- Саҳнаи таҷовузи зане рус дар қабристон,

 

- Бадмастии котиби райком...

 

Хонуми Бобосодиқова шарҳ дод, ки ин нуктаҳо аз нигоҳи ҳизб хусумати миёни халқҳои тоҷику ӯзбак, тоҷику русро бармеангехт ва майхорагии “котиби райком” низ метавонист ба эътибори ҳизб латма занад.

 

Аммо Саттор Турсун, адиби дигари тоҷик, ки дар маҳфили адабии Ҷумъа Одина суханронӣ мекард, мӯътақид аст, ки сонсур дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон бештар ранги шахсӣ дошт, то сиёсӣ. Вай аз ҷумла гуфт: "Шумо бовар накунед, ки кормандони ҳизбӣ китобҳои моро маҳкам (манъ) мекунанд. Кормандони ҳизбӣ аксаран ба ин чиз ақлашон намерасад."

 

"Ҳар коре, ки бо китобҳои мо мекарданд, кормандони сонсур на, балки ҳамкоронамон мекарданд. Пасту баландиҳоро дар сари ҳунармандон, эҷодкорон, адибон ҳамин ҳамкорони тӯҳматгар, бахил ва кинаварон меоранд!"

 

Саттор Турсун аз бархе аз рӯзномаҳову муҳаққиқон интиқод кард ва хитоб ба ширкаткунандагони маҳфили Ҷумъа Одина, ки аксаран ҷавонон буданд гуфт: "Ин ки дар саҳифаҳои рӯзномаҳо имрӯз мехонем, ки адабиёти тоҷики асри 20 чизе надошт, дурӯғ аст ва тӯҳмат."

 

Вай афзуд: "Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улузода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис, Ҷумъа Одина ва чанд тани дигар, ки дар қайди ҳаётанд, барои насри адабиёти тоҷик хидмати бузурге анҷом додаанд."

 

Баҳром Фирӯз, яке дигар аз адибони фақиди тоҷик, ки бо Ҷумъа Одина дӯстӣ дошт, дар бораи вай чунин навишта буд: "Адиби шодравон Ҷумъаи Одина дар зиндагӣ на таърифу тавсиф шуниду на ба унвоневу ҷоизае сазовор гашт."

 

"Аммо ман аминам, бадъи сад сол ҳам, агар авлоди мо аз осори адибони имрӯз шаш–ҳафт китоберо мутолеъа кунанд, яке аз он китобҳо осори ӯ хоҳад буд..."

 

Шамсияи Қосим, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3574-2010-11-15-07-10-19.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854